Главная
Конференции
Инновационные подходы к решению современных научных проблем
Роль физического воспитания и спорта в здоровье человека

Роль физического воспитания и спорта в здоровье человека

Секция

Педагогика и психология

Ключевые слова

здоровое поколение
система образования
физическая культура
спорт
физические упражнения
здоровая окружающая среда
здоровье человека

Аннотация статьи

В статье выражается важность роли физического воспитания и спорта для здоровья человека, здоровой окружающей среды и особенностей здорового образа жизни. Также упомянуты пути достижения физического, медицинского и психического здоровья, популяризации спорта среди молодежи и обеспечения ее здоровья.

Текст статьи

“Ҳар фарде, ки ҳисси баланди миллӣ, нангу номуси ватандӯстиву ватанпарастӣ дорад, - қайд намудаанд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, - бояд дар муҳайё намудани шароити беҳтари таълиму тарбияи насли наврас амали хайре анҷом диҳад”. Ин ғоя дар Паёмҳои солонаи Сарвари давлат ба мардуми кишвар пайваста ифодаи худро ёфтаву таълиму тарбияи насли бомаърифату соҳибҳунар ва ба анъанаҳои неки гузаштагон сазовору содиқ ба камол расонидани кӯдакон аз вазифаҳои муҳим ба шумор меравад.

Насли ҷавон дар ҳама давру замон қувваи пешбарандаи ҷомеа буда, ояндаи миллату давлат ба онҳо вобаста аст. Дар давоми 33 соли Истиқлолияти давлатӣ дар самти баланд бардоштани нақши ҷавонон дар ҳаёти ҷомеа, муҳайё сохтани шароити мусоид барои таълиму тарбияи онҳо, илму касбомӯзӣ тамоми шароити зарурӣ муҳайё буда, инчунин барои амалӣ намудани ташаббусҳои ҷавонон аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаи мусоид фароҳам оварда шуд.

Баъди ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ дар кишвар муносибат ба соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш ҳамчун омили тандурустиву танумандӣ ва воситаи муаррифии давлати соҳибистиқлол моҳияти нав пайдо кард. Бо таваҷҷуҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ғамхориҳои ҳамешагии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иншооту толорҳои барҳавои ба талаботи замони муосир ҷавобгӯ бунёду навсозӣ гардида, ба рушди соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш заминаи мусоид фароҳам омадааст.

Қабл аз ҳама, таъкид кардан бамаврид аст, ки дар солҳои охир ба шарофати барқарории сулҳу осоиштагии кишвар ва амалӣ шудани сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдат, Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар қатори ҳамаи соҳаҳо ба ҳифзи сиҳатии омма эътибори дучанд дода мешавад. Зеро, чуноне Сардори давлат бамаврид зикр кардаанд, “Ҷомеаи солим аз фардҳои ҷисман ва руҳан солим ташаккул меёбад”.

Таърихи давлати соҳибихтиёри тоҷикон собит намудааст, ки халқи мо дорои чунин Пешвои комилан мардумист. Аз ин хотир, муттаҳидию сарҷамъии ҷавонон дар атрофи Роҳбари давлат гарави сулҳу субот ва рушди ҷомеаи Тоҷикистон аст.

Ҳамагон хуб медонем, ки кишвари бузургро танҳо миллати солим ва насли солим бунёд карда метавонад. Ташвиқу тарғиби тарзи ҳаёти солим дар байни наврасону ҷавонон низ яке аз масъалаҳои муҳим ба шумор меравад. Зеро наврасону ҷавонон ҳар қадар солиму бардам бошанд, давлат ва миллат низ ба ҳамон андоза нерӯманд мегардад.

Имруз мо дар роҳи солиму бардам ба воя расидани насли наврас дигаргунихои чиддӣ дида истодаем, зеро дар мамлакати мо дар системаи таълиму тарбияи бачагону наврасон шароити кофӣ ва имкониятдои калон фароҳам оварда шудааст. Маҳз дар тарбияи насли наврас ва ташаккули шахсияти комил дар низоми маориф дарҳои имкониятҳои бузург барои варзиш боз мешаванд.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бобати тарбия намудани ҷаҳонбинӣ, ифтихори беназири миллӣ, тафаккур ва ифтихори миллӣ бисёр корҳои мусбат ба ҷо оварда мешаванд. Тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар инкишофи ҳаматарафаи насли наврас ва ҷавонон аҳамияти калон дорад. Дар дарсҳои тарбияи ҷисмонӣ хислатҳои ихтиёрии ҷавонон, хушахлоқӣ, меҳнатдӯстӣ, интизом мустаҳкам гардида, хислатҳои ахлоқӣ ташаккул меёбанд. 

Зарур аст, ки ҳамаи муаллимону мураббиёни тарбияи ҷисмонӣ дарк кунанд, ки тарбияи ҷисмонӣ кори шахсии ҳар як ҷавон не, балки талаботи ҷамъият аст. Саломатии мо на танҳо барои худамон, балки барои дигар одамон ва Ватан чизи аз ҳама муҳим мебошад. Дарсҳои тарбияи ҷисмонӣ бояд яке аз ҳадафҳои доимӣ ва шахсии ҳаёти ҳаррӯзаи ҳар як донишҷӯ гардида, дар самти такмили ихтисос, муҳаббат ва ҳифзи Ватан яке аз вазифаҳои пуршарафи ӯ гардад. Истифодаи дониш, маҳорат ва малакаи дар дарси тарбияи ҷисмонии мактабҳои олӣ гирифташуда дар ҳаёти ҷавонон мавқеи муҳимро ишғол мекунад.

Дар раванди тайёрии варзишӣ бо мақсади ба воя расонидани насли аз ҷиҳати ҷисмонӣ ва руҳӣ солим, солиму қавӣ ба воя расонидани ҷавонон вазифаҳои зерини амалӣ ва ташкилиро ҳал кардан зарур аст:

  • мақсади асосии тарбияи насли ҷавони ҷисман солим ва ҳаматарафа инкишофёфта дуруст ва мунтазам ташкил намудани машғулиятхои тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар маҳалҳо мебошад;
  • таваллуди кӯдаки солим ва беҳбуди саломатии модарон тавассути ташкили мунтазами машқҳои ҷисмонӣ;
  • бо мақсади беҳтар намудани саломатии занон, тарғиби тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар байни онҳо;
  • ташкили чорабиниҳои гуногуни варзишӣ барои инкишофи ҷисмонӣ ва маънавии донишҷӯён;
  • ноил шудан ба дараҷаи ба талаботи ихтиёрӣ ва ҳаётии одамон табдил додани тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш;
  • бачагоне, ки ба варзиш машғуланд, аз ҷиҳати руҳӣ ва маънавӣ солим ба воя расида, аз ақидаҳои гуногуни идеологӣ, терроризм, мутаассиб, нашъамандӣ ва ҷинояткорӣ дур мебошанд;
  • муваффакиятхое, ки тавассути варзиш ба даст оварда мешаванд, дар байни ҷавонон ҳисси худшиносӣ ва ифтихори миллӣ инкишоф медиҳанд.

Аз гуфтаҳои боло хулоса баровардан лозим аст, ки Тоҷикистони соҳибистиқлол бо қадамҳои боварибахш сӯи ояндаи дурахшон пеш меравад. Пешрафти таълиму тарбия барқарор намудани хусусиятҳои миллӣ, нигоҳдории арзишҳои офаридаи гузаштагон, равнақу ривоҷи худшиносӣ ва ифтихори миллӣ, ватанпарастӣ ва фаҳмиши арзишҳои умумибашариро тақозо менамояд. 

Ҳамчунин, пеш аз ҳама маданияти тарзи ҳаёти солими инсон дар фаъолияти амалии ҳаётӣ, ки дар натиҷаи дониши махсуси шахс, сатҳи тарбияи ҷисмонӣ, тарбия ва худтарбиякунӣ, таълиму тарбия ба даст омадааст, таҷассум меёбад, ҳавасмандкунӣ, омӯзиши мустақилона, инчунин саломатии ҷисмонӣ ва психофизиологӣ - он як қисми фарҳанги системавӣ мебошад, ки арзишҳои иҷтимоӣ ва маънавиро муайян мекунанд.

Список литературы

  1. Бойко В.В. Целенаправленное развитие двигательных способностей человека. – М.: ФиС, 1987. – 208 с.
  2. Лубышева Л.И. Физическая и спортивная культура. М. 2005 г.
  3. Раҳмон Э. Уфуқҳои Истиқлол. – Душанбе: “Ганҷ-нашриёт”, 2018. – 436 с.
  4. Спортивные игры / Под ред. В.В. Марущака. - М.: Воениздат, 1985. – 269 с.
  5. Эмомалӣ Раҳмон Истиқлолияти Тоҷикистон ва эҳёи миллат. Ҷилди даҳум-Душанбе: “Ирфон”, 2011. – 576 с. 

Поделиться

77

Шарипов Ш. Б. Роль физического воспитания и спорта в здоровье человека // Инновационные подходы к решению современных научных проблем : сборник научных трудов по материалам Международной научно-практической конференции 11 сентября 2024г. Белгород : ООО Агентство перспективных научных исследований (АПНИ), 2024. С. 57-60. URL: https://apni.ru/article/10055-rol-fizicheskogo-vospitaniya-i-sporta-v-zdorove-cheloveka

Похожие статьи

Актуальные исследования

#41 (223)

Прием материалов

5 октября - 11 октября

осталось 3 дня

Размещение PDF-версии журнала

16 октября

Размещение электронной версии статьи

сразу после оплаты

Рассылка печатных экземпляров

29 октября