Главная
АИ #37 (219)
Статьи журнала АИ #37 (219)
Анализ развития промышленных предприятий Согдийской области

Анализ развития промышленных предприятий Согдийской области

Рубрика

Экономика и управление

Ключевые слова

cтремительная индустриализация страны
трансформационный кризис
социально-экономические проблемы

Аннотация статьи

В данной статье рассматриваются вопросы, связанные с анализом развития промышленных предприятий Согдийской области. Отмечается, что исследуемая тема является одной из актуальных в экономике Таджикистана.

Текст статьи

Таҳлили тараққиёти корхонаҳои саноатӣ ба субут расонида, тағйирёбии тараққиёти прогрессивӣ ва регрессивӣ арзёбӣ гардид. Ба таҳлили истилоҳи “тараққиёт” диққати махсус дода шудааст. Таҳқиқи шароит ва тағйирёбӣ дар равандҳои иҷтимоӣ-иқтисодии тараққиёти корхонаҳои саноатӣ пешниҳод гардидааст. Мушоҳидаи зернизомҳо, таҳлили захираҳо ва дараҷаи тараққиёти иқтидорҳои корхонаҳои саноатӣ сурат гирифтааст. Тағйирёбии ҳаҷми умумии маҳсулоти саноатӣ ва нишондиҳандаҳои он ба ҳар сари аҳолӣ оварда шудааст. Ҳаҷми маҳсулоти саноатӣ ва суръати афзоиши истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят зикр шудааст. Муайян карда шудааст, ки инкишофи корхонаҳои мавҷуда метавонад ба сифати “муҳаррик” тамоми ҷумҳуриро аз бӯҳрони тӯлонӣ раҳо дода, рушди иқтисодии устуворро таъмин намояд.

Масъалаи асосии иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи муосир, чӣ хеле ки аз Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси олӣ бармеояд, ин саноатикунонии босуръати кишвар ба ҳисоб меравад [1]. Дар вохӯрӣ бо саноатчиён ва соҳибкорон Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки дар самти расидан ба ҳадафи чоруми миллӣ – саноатикунонии босуръати кишвар, дар минтақаҳо шароитҳои мусоид муҳаё карда шуда, рушди соҳаи мазкур ҳаматарафа аз тарафи мақомоти идоракунии маҳаллӣ дастгирӣ карда шавад [2].

Дар замони муосир масъалаи асосии иқтисодиёти Тоҷикистон ин дарёфти роҳҳои самарабахши таъминоти стратегияи саноатикунонии босуръати мамлакат ба ҳисоб меравад. Ҳалли амалии ин масъала бевосита бо бартараф намудани оқибатҳои бӯҳрони трансформатсионӣ ва шиддатёбии суръати афзоиши ҳаҷми истеҳсолот дар бахши аслии иқтисодиёт ба ҳисоб меравад. Танҳо дар ҳамин асос ҳалли бисёр мушкилоти иҷтимоӣ ва иқтисодӣ имконпазир мегардад.

Дар марҳилаи муосир дар адабиёти иқтисодӣ ба тараққиёти низомҳои иқтисодӣ диққати калон зоҳир карда мешавад. Истилоҳи “тараққиёт” одатан бо ибораҳои: тараққиёти иқтисодӣ, тараққиёти иҷтимоӣ-иқтисодӣ истифода мешавад.

Дар корҳои илмӣ, ки ба муаммои тараққиёт бахшида шудаанд, қайд карда мешавад, ки он принсипи умумии ҳамагуна низоми иқтисодӣ ба ҳисоб меравад. Ин ҷараёни тағйирёбии бебозгашт ва қонунӣ мебошад, ки ба пайдоиши дигаргуниҳои миқдорӣ, сифатӣ ва сохтории низом оварда мерасонад.

Натиҷаи тараққиёт ҳолати сифатан нави объект мебошад, ки тағйирёбии хислат, таркиб, сохторро тавсиф медиҳад, яъне ин тағйироти унсурҳо ва алоқаҳои он аст.

Таҳлили муносибатҳои назариявӣ имкон дод, ки як қатор ҷиҳатҳои низоми тараққиёт ба тартиб оварда, низомбандӣ карда шавад.

Тараққиёт ҳамчун ҷараён дорои самте мебошад, ки он бо мақсади таъсиррасонии идоракунӣ муайян карда мешавад. Агар тағйирёбӣ мусбат бошад – тараққиёт прогрессивӣ ба ҳисоб меравад, агар манфӣ бошад, он гоҳ тараққиёт регрессивӣ мешавад. Аз рӯи шакл, тараққиёт метавонад таҳаввулӣ ва инқилобӣ бошад. Аз рӯи механизмҳо тараққиёт ба экстенсивӣ ва интенсивӣ ҷудо мешавад. Аз рӯи намуд онро ба асиметрӣ, мутобиқатӣ ва бетараф ҷудо мекунанд.

Дар тараққиёти асиметрӣ низомҳои калидӣ номутаносиб рушд мебошад. Тараққиёти мутобиқатӣ мавҷудияти тавозунро муайян мекунад, ки дар он ҳар як унсури низом имконияти тараққӣ карданро дорад. Асимметрияи саноатӣ ба ҳар як низоми иқтисодӣ хос буда, натиҷаи ҷараёнҳои тараққиёт ва рушди дар он ба миён ояндаро ифода мекунад. Мисол, аз сабаби тақсимоти нобаробари қувваҳои истеҳсолкунанда, таҷаммӯи онҳо мувофиқи логистикаи самаранок ва ҷойгиршавии марказҳои ашё, тамоюли шаҳришавии аҳолӣ ва ғайраҳо, соҳаҳои хоҷагидорӣ дар минтақаҳои кишвар нобаробар тақсим мешавад, ки фарқро дар дараҷаи тараққиёти корхонаҳои саноатии алоҳида муайян менамояд. Чунин тараққиёти маҳдуд ба марҳилаи таҳаввулии макони муосири иқтисодӣ хос аст. Фарқиятҳои байни корхонаҳо натиҷаи фарқгузории маконҳои иқтисодӣ мегардад. Дар адабиёти иқтисодӣ сабабҳои гуногуни чунин ҳодисаро аз ҳам ҷудо мекунанд, ки ба пайдоиш ва шиддатёбӣ мусоидат менамоянд, лекин натиҷа дар ҳама гуна ҳолат як аст – таъсири манфӣ ба тараққиёти низоми муносибатҳо байни субъектони бизнес, нобаробарии имкониятҳои танзими мустақилона [6, с.237].

Мувофиқи ақидаи тарафдорони назарияи рушди кумулятивӣ сатҳи тараққиёти иқтисодӣ, самаранокии корхонаҳо аз ҳисоби фишангҳои дохилии минтақа гузаронида мешавад. Дар ин ҳолат сиёсати паст намудани фарқият дар сатҳи тараққиёти иқтисодии корхонаҳои саноатӣ ва ё баробаркунии сатҳи тараққиёти иқтисодии корхонаҳо зарур аст, ки давлат барномаи тараққиёти иқтисодиро ташкил намояд. Вобаста ба ин зарур аст, ки дар барномаи тараққиёти иқтисодӣ кӯмак ва дастгирии корхонаҳои саноатии қафомонда ба эътибор гирифта шаванд [7, с.156].

Низоми корхонаҳои саноатӣ баробари унсури сохтории иқтисодиёти мамлакат ва минтақаҳои он буданаш, як қатор хусусиятҳои фарқкунанда дорад, ки саҳми онҳоро дар натиҷагирии умумииқтисодӣ муайян менамояд. Тадқиқи шароит ва тағйирёбии ҷараёнҳои иҷтимоӣ-иқтисодии тараққиёти саноатӣ нишон медиҳад, ки ҳар як корхонаи саноатӣ муҳит ва сохтори ташкилии махсус ва муносибатҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, истеҳсолӣ, институтсионалӣ ва ғайра дорад, ки хусиятҳои инкишофёбӣ ва идоракуниро муайян менамоянд. Муайян намудани низоми корхонаҳои саноатиро метавон ҳамчун низоми номутаносибии сохторӣ шарҳ дод. Нобаробарӣ дар ҳамаи ҷиҳатҳои фаъолияти корхонаҳои саноатӣ, ба монанди фаъолияти молиявӣ, кадрӣ, техникӣ, ташкилӣ, инвеститсионӣ, захиравӣ ва ғайра ба назар мерасад. Дар давраи муосир дар ҷодаи тараққиёти устувори корхонаҳои саноатӣ, нисбат ба коркарди муносибатҳои самаранок, ба баланд намудани фаъолнокии инвеститсионӣ, ҳамгироии корхонаҳои саноатӣ дар сатҳи миллӣ ва бозори ҷаҳонӣ диққати махсус дода мешавад, ки тараққиёти муътадили унсурҳои зарурии низомиро таъмин менамояд [5, с.39].

Мушкилоти тараққиёти корхонаи саноатӣ дар замони муосир яке аз масъалаҳои муҳим ба ҳисоб меравад. Бинобар ин чунин тараққиёт бояд на танҳо мувозинати саноатиро бо истифода аз захираҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, экологӣ ва молиявӣ, балки, тавозуни натиҷаҳо ва эҳтиёҷоти корхонаи саноатӣ, озодии иқтисодӣ ва бехатарӣ, тавозуни манфиатҳои иқтисодии ҳама субъектони ҷараёнро таъмин намояд.

Амалигардонии чунин консепсия дар ҳолати мавҷудияти мақсад ва масъалаҳои истифодаи иқтидори корхонаҳои саноатӣ имконпазир мегардад. Ҳангоми гузаронидаи таҳлили захиравӣ ва нишондиҳандаҳои тараққиёти корхонаҳои саноатӣ дар навбати аввал мушоҳида намудани зернизомҳо зарур аст, ки барои тараққиёти корхонаҳои саноат аҳамияти калидӣ доранд: иқтидори табиӣ- захиравӣ, сармояи меҳнатӣ, зернизоми истеҳсолӣ, таъминоти молиявӣ. Ин гуфтаҳоро бо он исбот кардан мумкин аст, ки маҷмӯи иқтидори иҷтимоӣ-иқтисодии корхонаи саноатӣ тараққиёти субъекти хоҷагидорӣ, фаъолияти истеҳсолии он, инчунин сатҳ ва сифати коргарро муайян менамояд.

Бо баробари ин ворид намудани иқтидор ба низоми корхонаҳои саноатӣ ҷалб намудани имкониятҳои истифоданашударо дар назар дошта, дар он натиҷаҳои истифодаи захираҳо инъикос мешаванд. Ба ибораи дигар зернизоми идоракунӣ дар асоси захираҳои мавҷудбуда иқтидорро ташаккул дода, онҳоро барои ба даст овардани натиҷаҳо ҷалб менамояд.

Список литературы

  1. www.president.tj Паѐми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, 26.12.2018.
  2. www.president.tj Вохӯрии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо саноатчиѐн ва соҳибкорон. 14.10.2019.
  3. http:// www.stat.tj Омори солонаи вилояти Суғд. Хуҷанд, Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 2020. – 497 с.
  4. Боровик А.С. Концептуальные основы модернизации региональной экономики. // Региональная экономика. – М., 2010. – № 25. – С. 46-49.
  5. Ищенко М.М. Региональное управление неоднородными социально-экономическими системами субъектов РФ.: автореф...дис. д-ра экон. наук: 08.00.05. – М., 2012. – 39 с.
  6. Киселева Н.Н. Адаптивное управление социально-экономическим развитием сельских территорий регионов Северо-Кавказкого федерального округа. – М.: Изд-во Российской академии естествознания, 2013. – 534 с.

Поделиться

97

Абдуллаева М. У. Анализ развития промышленных предприятий Согдийской области // Актуальные исследования. 2024. №37 (219). С. 53-55. URL: https://apni.ru/article/10069-analiz-razvitiya-promyshlennyh-predpriyatij-sogdijskoj-oblasti

Актуальные исследования

#42 (224)

Прием материалов

12 октября - 18 октября

осталось 4 дня

Размещение PDF-версии журнала

23 октября

Размещение электронной версии статьи

сразу после оплаты

Рассылка печатных экземпляров

5 ноября