Главная
Конференции
Цифровизация общества: трансформация повседневных практик и исследовательских перспектив
Формирование нравственных ценностей профессиональной культуры специалистов образ...

Формирование нравственных ценностей профессиональной культуры специалистов образовательных учреждений старших классов

Секция

Педагогика и психология

Ключевые слова

теоретический анализ
мультикультурная образовательная среда
опыт мультикультурного сотрудничества

Аннотация статьи

В данной статье рассматриваются вопросы формирования нравственных ценностей профессиональной культуры специалистов образовательных учреждений старших классов.

Текст статьи

Мусаллам аст, ки ошкор намудани моҳияти арзишҳои маънавӣ-ахлоқии донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти таҳсилоти миёнаи касбӣ муайян намудани мафҳумҳои асосии «фарҳанг», «фарҳанги касбии мутахассис», «арзиш», «арзишҳои маънавӣ-ахлоқи»-ро тақозо менамояд. Тамоюлҳои арзишӣ дар фаъолияти касбӣ заминаҳои таҳия ва қабулкардаи ҷомеа барои баҳодиҳии таъйиноти меҳнат, ҷанбаҳои он, низоми арзишҳои маънавӣ, мафкураҳои касбӣ, қоидаҳои одоби касбӣ мебошанд. Соҳибкасби муосир бояд на танҳо дорои миқдори муайяни донишу маҳоратҳо, балки шуури рушдёфтаи ахлоқӣ низ бошад, ки дар баробари муносибатҳои умумимаънавӣ арзишҳои касбиро низ дар бар мегирад. Соҳибкасбӣ маҳорати пешгӯӣ кардани паёмадҳои фаъолияти касбӣ, ба зимма гирифтани масъулияти шахсиро барои онҳо талаб мекунад [1].

Дар педагогика моҳияти фарҳанг дар асоси муносибати шахсиятӣ–фаъолиятӣ шарҳ дода мешавад. Дар ин замина фарҳанги инсон ҳамчун як томи ягона фаҳмида мешавад, ки инҳоро дар бар мегирад: а) фарҳанги ботинӣ, ки маҳз бо хусусиятҳои шахсиятӣ, фаъолиятӣ ва интерактивии шахс, ки дар оила ва низоми маориф тарбия дода шудаанд, муайян карда мешавад, б) таҳсилотгирифта ҳамчун маҷмӯи донишҳое, ки бо низомнокӣ, васеъӣ, фарогирӣ ва амиқӣ тавсиф меёбад.

Бояд қайд кард, ки ин тавсифи умумии иҷтимоии фарҳанг аст, дар ҳоле ки дар мавриди тафсири психологии худи он воридшавии худи шахс ҳамчун субъекти фарҳанг, ҳамчун субъекти азхудкунӣ ва рушди он зарур аст. Аз ин рӯ, ба мафҳуми дар боло овардашудаи фарҳанг илова кардан лозим меояд, ки ин «маҷмӯи арзишҳо, меъёрҳо ва идеалҳоест, ки шахс дар ҷараёни фаъолияти фаъоли ҳаётӣ ва фаъолияти муштараки худ бо одамони дигар аз худ карда, истифода мебарад», мебошад [3]. 

Саволе ба миён меояд: ин арзишҳо чӣ гунаанд? Ҳама гуна арзишҳои касбӣ яке аз муҳимтарин талаботҳои ҷомеаи касбӣ – талабот ба муттаҳидшавиро барои ҳалли вазифаҳои касбӣ қонеъ мегардонанд. Нақши калон дар қонеъ гардонидани ин талабот ба идеалҳо, ки ҳамчун меъёри он чӣ бояд бошад амал мекунад, ҳамчун меъёри асосии арзёбӣ, ки ҳадафи олии фаъолиятро ифода мекунад, тааллуқ дорад.

Арзишҳои касбӣ, ки шарт ва натиҷаи фаъолияти дахлдор мебошад, дорои сатҳҳои гуногуни мавҷудият: фардӣ-шахсиятӣ, касбӣ-гурӯҳӣ, иҷтимоӣ-педагогӣ мебошанд. Арзишҳои касбии гурӯҳӣ аз маҷмӯи ғояҳо, консепсияҳо, меъёрҳое иборат мебошанд, ки фаъолияти касбиро танзим ва роҳнамоӣ мекунанд. Ин арзишҳо ҳамчун дастур барои фаъолиятҳо дар гурӯҳҳои муайяни касбӣ амал мекунанд. Арзишҳои шахсиятӣ-касбӣ аз ташаккулҳои мураккаби иҷтимоӣ–психологӣ иборат мебошанд, ки дар онҳо ҳадафҳо, ангезаҳо, ормонҳо, муносибатҳо ва дигар хусусиятҳои ҷаҳонбинонаи шахсияте инъикос ёфтаанд, ки низоми тамоюлҳои арзишҳои онро ташкил медиҳанд. Тамоюли арзишҳои ахлоқӣ ба шахсият на ҳамчун низоми донишҳо, балки ҳамчун низоми ташаккулҳои маърифатӣ дода шудааст, ки бо ҷузъҳои эҳсосотӣ-иродавие алоқаманд аст, ки онро шахсият ба сифати дастури ботинии худ, ки фаъолияти онро бедор карда, роҳнамоӣ мекунад, қабул мекунад.

Пеш аз таҳлили низоми арзишҳои донишҷӯён, маънои мафҳуми «арзиш»-ро муайян мекунем.

Пас, ин истилоҳе, ки мафҳумҳои зиёдеро ҷамъбаст мекунад – арзиш – чӣ маъно дорад? Дар посух ба талаботи дархостҳои афзудаи амалияи ҷамъиятӣ ва маърифат иҷтимоӣ дар асри XX аксиология – илм дар бораи арзишҳо ба вуҷуд омад. Дар сароби пайдоиши аксиология мутафаккирони барҷаста В. Винделбанд, Г. Риккерт, Н. Гартман, М. Вебер, Э. Гуссерл, М. Шелер, Э. Кассирер, М. Хайдеггер истода буданд.

Аз ҷониби файласуфон арзиш ҳамчун категорияе ҳисобида мешавад, ки ба аҳамияти инсонӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии падидаҳои муайяни воқеият ишора мекунад, ки аз нигоҳи неку бад, ҳақиқату ғайриҳақиқат, зебоиву зиштӣ, ҷоизу мамнӯъ, одилонаю ғайриодилона баҳодиҳӣ карда мешаванд; усулҳо ва меъёрҳое, ки дар асоси онҳо падидаҳои дахлдор (муносибатҳо, баҳодиҳиҳо, мамнӯъиятҳо, ҳадафҳо ё лоиҳаҳо) баҳодиҳӣ карда мешаванд.

В.И. Андреев мафҳуми арзишҳои маънавию ахлоқиро аз тариқи идеал баррасӣ мекунад, ки аз инҳо иборат аст:

  • тасаввурот дар бораи амсилаи мусбати барои мо ҷолибтарини шахсият;
  • амсилаи меъёрӣ ва матлуби шахсият мувофиқи он ақидаҳо дар бораи сифатҳо ва хислатҳои шахсият, ки бояд ҳамчун ҳадафи ниҳоии рушди шахсият баррасӣ шавад [2].

Дар асоси таҳлили адабиёти педагогӣ хусусиятҳои асосии арзишҳои маънавию ахлоқиро фарқ кардан лозим аст:

  • ба тарбияи ҳастаи шахсият нигаронида шудаанд (Т.И. Петракова);
  • дар таҷрибаи шахсиятӣ асос ёфтаанд (Е.В. Бондаревская, З.И. Василева);
  • ба одами якпорча – ба ақл, ирода, хиссиёти ӯ нигаронида шудаанд;
  • аз маҷмӯи принсипҳои умумии рафтори одамон нисбат ба ҳамдигар, табиат, ҷамъият, ба хотири некӣ «ба хотири оне, ки ҳалол ва муфид аст, чизе, ки қарзи одам, гражданин, оиладор аз мо талаб мекунад», иборат мебошад (В.И. Дал);
  • арзишҳои ахлоқӣ аҳамияти худро дар танзими муносибатҳои торафт мураккабшавандаи инсонӣ тақвият медиҳанд.

Аз аҳамияти хоса дар раванди тайёр кардани донишҷӯ, ба назари мо, он чиз бархӯрдор аст, ки ба кадом афзалиятҳои аксиологӣ дар раванди таҳсилоти касбӣ афзалият дода мешавад. Дар сохтори ҳар гуна низоми тарбиявӣ арзишҳо мавқеи махсусро ишғол намуда, асоси он, ки ба он тамоми ҷузъҳои боқимондаи низом такя мекунанд, маҳсуб меёбад. Арзиш дар ин ҷо падидаҳои маънавие мебошанд, ки маънои шахсиятӣ дошта, ҳамчун дастурамал барои рафтори инсон хизмат карда, муносибатҳои ҳаётӣ ва касбии донишҷӯён – мутахассисони ояндаро ташаккул медиҳанд.

Арзишҳои касбӣ ҷузъи на танҳо шуур, балки рафтор низ мебошанд. Онҳо моли ҳаёти маънавии фард маҳсуб ёфта, ба эътиқодоти ӯ табдил меёбанд. Тамоюлҳои арзишии инсон динамикӣ мебошанд: онҳо бо синну сол, бо андӯхти таҷриба, гирифтани таҳсилот ва ғайра тағйир меёбанд.

Вазифаи асосии арзишҳо ва тамоюлҳои арзишӣ вазифаи танзимкунанда, яъне танзими рафтори шахсият дар шароити муайяни иҷтимоӣ мебошад. Ба ақидаи А.Г. Здравомислов ва В. Ядов, мавҷудияти тамоюлҳои арзишии тасбитёфта камолоти инсонро тавсиф намуда, устуворӣ ва босуботии ӯро таъмин менамояд [4]. Вазифаи дигари муҳими арзишҳо вазифаи пешгӯӣ мебошад, зеро дар асоси онҳо таҳияи мавқеъи ҳаётӣ ва барномаҳои фаъолияти ҳаётӣ, эҷоди симои оянда, дурнамои рушди шахсият амалӣ карда мешавад.

Аҳроми зинанизомии арзишҳои олӣ бо «инсон» тоҷгузорӣ мешавад, он ҳадаф ва ченаки ҳамаи чизҳо мебошад. Инсон, олами гирду атрофро бо маънӣ пур карда, онро азхуд карда, ғаришайъӣ гардонида, ҳар дафъа ба он ченаки нави арзишӣ-маъноӣ дода, ҳар дафъа гӯё онро аз нав тавлид карда ва ба ин васила худро тавлид карда, худро дар ин олами инсонӣ меёбад.

Дар таҳқиқоти мазкур арзишҳои ахлоқии фаъолияти касбии донишҷӯ аз ҷониби мо ҳамчун он хусусиятҳояш фаҳмида мешаванд, ки ба донишҷӯ имкон медиҳанд талаботҳои маънавию ахлоқии худро қонеъ гардонида, ҳамчун дастур барои фаъолнокии иҷтимоӣ ва касбии ӯ, ки ба дастёбӣ ба ҳадафҳои аз ҷиҳати ҷамъияти муҳими инсопарварона нигаронида шудааст, хизмат мекунанд.

Дар зинанизоми арзишҳое, ки ба шуури касбии мутахассисони оянда хос аст, гурӯҳеро ҷудо кардан мумкин аст, ки дохилшавии арзишҳои касбӣ ба сохтори арзишҳои умумибашарӣ ё арзишҳои ҷомеаи додашуда (арзишҳои ахлоқӣ, дониш, иттилоот, фарҳанг, илм, маориф, китоб, санъат, арзишҳои зебоишиносӣ ва ғайра) ва гурӯҳи арзишҳои касбӣ: идеалхо, анъанахо, меъёрҳои функсионалӣ ва мақомиро инъикос мекунад.

Натиҷаи қонунманди диалектикаи ҳаёти инсон, азнавсозии муносибатҳои ӯ бо олам, пеш аз ҳама, бо худ, бо одамони дигар, бо ҷамъият азнавбаҳодиҳии доимии арзишҳо мебошад. Тамоюли нави пешбарандаи арзишӣ, ки ба сифати алтернативаи пештара маал мекунад, на танҳо қодир аст низоми арзишҳои маънавию ахлоқиро бозсозӣ кунад, балки қувваи таъсири ангезандаи онҳоро низ тағйир диҳад. Дар натиҷаи шароити берунӣ ва дохилӣ дар асоси механизми ташаккулёфтаи психологии тафриқа ин ё он арзишҳо ба амал дохил шуда, мубрам мегарданд. 

Хусусиятҳои арзишҳои маънавию ахлоқии донишҷӯёни коллеҷ дар параграфи оянда баррасӣ хоҳанд шуд.

Список литературы

  1. Карпова, Е.М. Поликультурная образовательная среда как средство социального воспитания старшеклассников // Педагогика. – 2001. – №4. – С. 18-26.
  2. Шедровицкий, Г.П. Система педагогических исследований (методологический анализ) [Текст] // Г.П. Щедровицкий Педагогика и логика. – М.: Касталь, 1993. – С. 16-198.
  3. Шиянов, Е.Н. Идеи гуманизации в контексте отечественной теории личности [Текст] // Е.Н. Шиянов И.Б. Котова. Ростов-на-Дону: РИОАО «Цветная печать», 1995. – 310 с.
  4. Яспер, К. Смысл и значении истории [Текст] // Яспер Карл – М.: Республика, 1994.– 452 с.

Поделиться

165

Аюбзода М. З., Каримова Д. А. Формирование нравственных ценностей профессиональной культуры специалистов образовательных учреждений старших классов // Цифровизация общества: трансформация повседневных практик и исследовательских перспектив : сборник научных трудов по материалам Международной научно-практической конференции 30 сентября 2024г. Белгород : ООО Агентство перспективных научных исследований (АПНИ), 2024. С. 42-45. URL: https://apni.ru/article/10117-formirovanie-nravstvennyh-cennostej-professionalnoj-kultury-specialistov-obrazovatelnyh-uchrezhdenij-starshih-klassov

Обнаружили грубую ошибку (плагиат, фальсифицированные данные или иные нарушения научно-издательской этики)? Напишите письмо в редакцию журнала: info@apni.ru

Другие статьи из раздела «Педагогика и психология»

Все статьи выпуска
Актуальные исследования

#47 (229)

Прием материалов

16 ноября - 22 ноября

осталось 5 дней

Размещение PDF-версии журнала

27 ноября

Размещение электронной версии статьи

сразу после оплаты

Рассылка печатных экземпляров

10 декабря