Секция

Филологические науки

Ключевые слова

Firdausi
Shahnameh
Humay and Humayun
Khoja Kirmani
poem

Аннотация статьи

The article is devoted to the influence of Ferdowsi's "Shahnameh" on the poem of the 14th century Persian-Tajik poet Khoja Kirmani "Humay and Humayun". It is noted that, while creating this poem, Khoja Kirmani follows in the footsteps of Ferdowsi in expressing moral principles, describing the battlefield and expressing the epic spirit. In some parts of Khoja's poem "Humay va Humayun", the epic style of Ferdowsi's "Shahnameh" is clearly visible. In his poem, Khoja makes many references to the names of the heroes of "Shahnameh" and the events of this work, which is an indicator of Khoja's inspiration and commitment to the epic tale of Ferdowsi and its wise and moral message.

Текст статьи

Таъсири шахсият ва сухани Фирдавсӣ дар таҷрибаи эҷодии ҳамаи суханварони муосир ва мутааххири ӯ ва бисёре аз адибони бузурги олам ба таври барҷаста ошкор аст. Ҳеч шоиреро дар адабиёти форсу тоҷик намебинем, ки таҳти таъсири “Шоҳнома” қарор нагирифта бошад ва ишороте аз Фирдавсӣ ва талмеҳоте ба “Шоҳнома” накарда бошад. Зеро андешаву афкор ва тасовиру ибтикороти ҳунарие, ки Фирдавсӣ дар ин асар анҷом додааст, воқеъан шоистаи пайравиву дунболаравист. Хоса, шоироне, ки ба сурудани достонҳои ҳамосиву таърихӣ ва ё тасвирҳои қаҳрамониву далерӣ мепардозанд, дар бисёр мавридҳо аз “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ ва тасвирҳои ӯ намуна мегиранд. Чунончӣ, Хоҷуи Кирмонӣ дар овони ҷавонӣ ва оғози кори шоирӣ достони«Сомнома»-ро ба сабку сиёқи «Шоҳнома» ва пайравӣ аз Фирдавсӣ навиштааст. Бино бар қавли Мансур Растагори Фасоӣ Хоҷу ибтидо «Сомнома»-ро сохтааст ва баъдан дар номи бархе аз маконҳо дигаргунӣ эҷод карда ва бо афзудани муқаддимоту муаххароту ҳазфи бахшҳое аз «Сомнома» достони «Ҳумой ва Ҳумоюн»-ро падид овардааст[4]. Муҳаққиқи зикршуда меафзояд, ки баррасӣ ва муқоисаи дақиқи ин ду китоб нишон медиҳад, ки вақте Хоҷу «Ҳумой ва Ҳумоюн»-ро ба унвони достони ошиқона аз танаи «Сомнома» ҷудо карда, шоире пухта ва соҳибтаҷриба будааст ва дар пардохти достони ахир ниҳояти завқу ҳушёриро ба кор бурда, ва дар натиҷа ҳама ҷо дар муқоиса абёти «Ҳумой ва Ҳумоюн» санҷидатар, устувортар ва дилпазиртар аз «Сомнома» ҷилва мекунад, зеро Хоҷу як бори дигар дақиқан ва бо риояти меъёрҳои нақди шоирона тамоми достонро арзёбӣ карда, номҳо, саҳнаҳо ва вақоеъро бар ҳасби зарурат ва иқтизои завқи салим мавриди таҷдиди назар қарор дода, бахшҳоеро ҳазф ё изофа карда ва нишон додааст, ки метавон аз як асари адабӣ сурате дигарро арза дошт, ки дар айни баргузида будан, дар 90 дарсад аз маворид бо матни дигар ташобуҳ дошта бошад ва аҷаб он аст, ки то кунун ҳамаи муҳаққиқон ин ду китобро ба унвони ду асари мухталиф ва мустақил ва муҷаззо муаррифӣ кардаанд ва ба наҳваи сохтору ташобуҳоти мавҷуд дар онҳо муталақан таваҷҷуҳ накардаанд[4]. Воқеъан мазмуну мундариҷаву матлаби достони «Сомнома» бо «Ҳумой ва Ҳумоюн» дар аксар маврид яксон ва якранг мебошанд. Бо таваҷҷӯҳ ба таҳқиқи анҷомшуда достони «Ҳумой ва Ҳумоюн» шакли тағйирёфтае аз «Сомнома»-и Хоҷуст, ки шоир онро дар айёми ҷавонӣ навиштааст, аммо дар замони камолоту номварӣ онро ба сурати асари мустақил (бо костану афзуданҳо, пайвастану буриданҳо, тағйири номҳою маконҳо…) даровардааст, ки зоҳиран ҳеҷ рабте ба «Сомнома» надорад ва асаре тозаю навоварона аст. Бино бар ин, вақте ки мо ин ду асари дар зоти худ мустақилро бо ҳам муқосиа мекунем, ба вузуҳ мебинем, ки шоир тамоми нуқсонҳои дар «Сомнома» ҷойдоштаро дар «Ҳумой ва Ҳумоюн» ислоҳ намудааст[4].

Аз ин рӯ, Хоҷуи Кирмонӣ дар достони “Ҳумой ва Ҳумоюн” ҳатто вазни ҳамосаро дар достони ошиқона истифода намудааст. Хоҷу дар асари мавриди таҳлил аз шахсияти таърихиву адабӣ ва осори Фирдавсӣ баҳраҳои фаровон бурдааст, ки метавон онро дар нуктаҳои зерин мушоҳида намуд:

1. Дар ибтидо бояд ќайд намуд, ки маснавии “Њумой ва Њумоюн” дар вазни мутаќориби мусаммани мањзуф ё маќсур ба таќлид аз вазни “Шоњнома”- и Фирдавсї суруда шудааст.

2. Дар достони Хоҷу Њумой маљбур мешавадбо ФаѓфуриЧин биљангад, то битавонадЊумоюнроба даст оварад, ин абёти “Њумой ва Њумоюн”ёдоварииабёти “Шоњнома”-и Фирдавсӣаст.

Хољу:

Зи гардон сияњ гашт чашми сипењр,
Зи сањми далерон биларзид мењр [2, с.528]
Зи бас сар ки шањзода аз тан биканд.
Замин гуфт:” То кай?” Замон гуфт: “Чанд?” [2, с531].

Фирдавсї:

Сияњ шуд зи гарди сипањ офтоб,
Зи пайкони алмосу парри уќоб.
Ќазо гуфт гиру ќадар гуфт дењ,
Фалак гуфт: ањсанту мањ гуфт: зењ! [10]

3. Хољуи Кирмонї дар “Ҳумой ва Ҳумоюн” мисли Фирдавсїдар лобалоињаводиснуктањоиахлоќиизиёдеробаён мекунадва ба хонандапанд медињад:

«Њумой ва Њумоюн»:

Бувад расми ин чархи бадмењри пир,
Ки гањ чун камон асту гоње чу тир.
Зињӣдањри пурњиллаипурфусус,
Ки гањ сандарус асту гањ обнус [2, с.451-452].

«Шоњнома»:

Љањоно чи бадмењру бадгавњарї,
Ки худ парварониву худ бишкарї.
Љањоно саросар фусусию бод,
Ба ту нест марди хирадманд шод
[8, с.247].

Боз ҳам аз “Шоҳнома”:

Чунин аст кирдори гардуни пир:
Гаҳе чун камон асту гоҳе чу тир.
[9, с.247].

«Њумой ва Њумоюн»:

Чунин аст оини гардонсипењр,
Ки гоњаш бувад кинаву гоњ мењр.
Ќароре нагирад љањон бар касе,
Ки бодаш љањонро љањонљў басе.
Гање суру гоње дар ў мотам аст,
Муќим аз паси шодмонї ѓам аст[2, с.564].

4. Хољу дар маснавии «Њумой ва Њумоюн» барои тасвири майдони ҷанг, моҷароҳо, ҳарбу пархошиқаҳрамонон, умуман баёни руҳи ҳамосӣаз пайи Фирдавсїмеравадва дар ин гуна тасвирҳо мо эҳсос менамоем, ки Хоҷу сахт зери таъсирилаҳни ҳамосии “Шоҳнома” мондааст. Дар достониХоҷу ҷанге падид меояд, пас муаллифи достон сањнањои набарду размро тавсиф мекунад ва аз алфозе чун чакочоки тир, шафошофи шамшер, ѓарши кўс ва овои ной, пили маст ва ғайра истифодамекунад. Чунончӣ:

Чакочоки тиру шафошофи теғ
Зада оташи саҳм дар ҷоми меғ[2, с.529].

Хоҷу дар достон гоње чун Фирдавсї аз дев, аз кирдорињои ин махлуқи патёра сухан ба миён меоварадва ба достон руҳияи афсонавуқиссаро мебахшад. Дар “Ҳумой ва Ҳумоюн” низ мисли “Шоҳнома” ќањрамонидостон барои ин ки далеривубебокивупилтаниашошкор шавад, бояд ба љанги дев биравад, ӯромағлуб бинамояд, то мақсуди дилашроҳосил намояд. Чунончӣ, дар достониХоҷу «деви зангии одамхорба номи Самандун»ва «деви Занди ҷоду», дучор мешавем, ки Ҳумой бо онҳо дар набард мешавад. Агар Ҳумой духтаришоњро наљот дињад, то мањбуби дилњо шавад.

Бар иловаи ин ҳама дар “Ҳумой ва Ҳумоюн” истифодааз маводи «Шоҳнома»-ро метавонзиёд ба мушоҳида гирифт. Ҳангоми баррасивутаҳлили асар хонандабарало эҳсос менамояд, ки исми қаҳрамонҳои ҳамосаи Фирдавсӣяке ҷузъи тасвиротибадеӣва баёни гӯяндаи “Ҳумой ва Ҳумоюн” қарор гирифтааст.

Хоҷу дар достонихуд ишорањоизиёде ба номњои ќањрамонони«Шоњнома»ва воќеотиин асар менамояд, ки ифодакунандаииродатисуханварба достонњоиФирдавсїва паёми њикамивуахлоќиидостонсароитўсї мебошад. Ин симоҳо барои равшантару муассиртар баён шудани матлаби шоир мусоидат кардаанд. Ба ин минвол дар маснавии “Ҳумойва Ҳумоюн” –и Хоҷуи Кирмонӣаз Ҷамшед, Сиёвуш, Кайковус, Кайқубод, Кайхусрав, Манучеҳр, Фаридун, Сӯҳроб, Бежан, Исфандиёр, Афросиёб, Заҳҳок ва амсоли онҳо борҳо ёд мешавад:

Шањи додгустар - Фаридун бимурд,
Бубин, эй бародар, ки бо худ чї бурд?! [2, с.351].
Ба зиндони маѓриб асир офтоб,
Чу Бежан ба зиндони Афросиёб [2, с.358].
Хури роњибу оташи барњаман,
Ба дастон чу Суњроби рустамфикан [2, с.542].
Ки соѓар магар љоми гетинамост,
Ки бар дасти Љамшеди гетикушост?! [2, с.546].

Гузашта аз ин гоҳо дар “Ҳумой ва Ҳумоюн” одоби њарб, мунозираипањлавонон, усули њикоятинабард, тасвирилањзањоибархўрдилашкар ё қаҳрамононњамон қолаби «Шоњнома»мемонанд. Ба ин тартиб истифода аз маводи «Шоҳнома»-ро дар «Ҳумой ва Њумоюн»-и Хољуи Кирмонї бармало метавон мушоҳида кард.

Дигар падидае, ки таъсиру бардоштҳои Хоҷуро аз “Шоҳнома”-и Фирдавсӣбештар аён менамояд, ин тасвирҳои гуногунишабу рӯз ё баромаданиофтоб дар достони мавриди таҳқиқаст. Тасвиришабу рӯз ё сар бар задани офтоб дар “Шоҳнома” бо садҳо тобишу ҷилои нав ба риштаи назм кашида шудаанд, ки ба гуфти устод Айнӣадабиётшиноситурк ЗиёпошшоиУсмонӣдар ин бора қайд намудааст, ки Фирдавсӣ“тулӯи офтобродар 120 ҷой бо 120 ранг тасвир кард, ки яке бар дигаре монанд нест”[1, с.103]. Дар достони“Ҳумой ва Ҳумоюн” низ бо паҳлӯгардониҳои нави тасвиритулӯи офтоб ба чашм мерасанд, ки ба сабку тариқаи Фирдавсӣанҷом ёфтааст. Ин ҷо низ Хоҷу дар пайравиитасвирҳои Фирдавсӣвомонда, манзараҳои ҷолибероаз ин ҳаводиситабиӣ- тулӯи офтоб ба тасвир овардааст. 

Чунончӣ:

Чу ҷамшеди шарқӣбияфкандҷом,
Шаҳи занг сар бар зад аз роҳи Шом [2, с.358].
Чу аз боми гардандачархи бунафш,
Шаҳи шарқбарзад дурафшондирафш [2, с.376].
Уқоби сапеда чу пар баркашид,
Ғуроби шаб аз ошён барпарид.
Хур аз теғи кӯҳоташе барфурӯхт,
Шаби тираро ҳамчу ҳинду бисӯхт [2, с.395].
Шаҳи машриқаз теғи куҳтеғзад,
Сари теғбар чавшанимеғзад [2, с.407].
Чу султони анҷум баромадба гоҳ,
Зи моҳӣмусалламшудаш то ба моҳ [2, с.418].
Чу гулчеҳри ин хиргаҳи чанбарӣ,
Баромад ба авранги нилуфарӣ [2, с.486 ].

Ин гуна тасвирҳо, ки бо салиқаю завқи фирдавсиёнаманзум шудаанд, метавонадбурҳони қотеи таъсирпазирииХоҷу аэ “Шоҳнома”бошад.

Дар “Шоҳнома” қасам ё савгандхӯрданро ҳамчун яке аз анъанаҳои шифоҳии мардумӣхеле зиёд ба мушоҳида гирифтанмумкин аст. Қаҳрамонони“Шоҳнома” бо қасам хӯрдан асосан дуруст будани андеша ё гунаҳкор набуданихудро собит мекунанд.Онҳо ба ҷуз Худо, боз ба номи ситораву моҳу хуршед ва ҳатто шабу рӯз савгандёд менамоянд, ки ин аз ақидаи сайёрапарастивугароишионҳо ба оини митроӣдарак медиҳад.

Тахмин намудан мумкин аст, ки зуҳури қасамномаиҲумой, дар фасли “Посух додани Ҳумой Ҳумоюнро”дар заминаиҳамон қасамияҳои “Шоҳнома”-и Фирдавсӣаст, ки минбаъддар назми тоҷик бо шеваву тарзи нав идома ёфт. Қасами Ҳумой на ба номи Худовандва ё илоҳаву муқаддасотидигар, балки бо аносиризебандаиқаҳрамони ғиноӣ–қадду чашму мижгонузулф, рӯю мӯй ва ғ. аст. Ҳумой, ки ошиқи Ҳумоюн аст, ба номи аъзои зебандаивуҷуди қаҳрамони лирикӣсавгандёд менамоядва онҳоро тавсиф менамояд:

Ба шамшоди тўбохиромат ќасам,
Ки шуд ростиро ба олам алам.
Ба оњуи сайёди шерафканат,
Ба сўфори мижгони ханљарзанат.
Ба хунрезбодоми бодоми ту,
Ба ошўби зулфи дилороми ту.
Бад-он љодуафсои бобилфиреб,
К-аз ў бурд љодуи Бобил фиреб.
Ба рўят, ки бе нур шуд нор аз ў,
Ба мўят, ки чун мўр шуд мор аз ў.
Бад-он рўз, к-аз шаб бувад зевараш,
Бад-он шаб, ки бо рўз бошад сараш.
Ба афсуни он афъии муњрабоз,
Ки бар моњ гардад шабони дароз [2, с.466].

Хоҷу дар ин ҷо тамоми ҳунари сухаороиихешро ба қалам овардаастДар зимн бояд гуфт, ки чунин тасвирҳои ҷолиб намунаиолии ашъори тавсифииадабиётифорсӣ-тоҷикӣмебошад, ки дар манзумаҳои ошиқона бештар ба мушоҳида мерасанд.

Адабиётшиноси тоҷик Б.Раҳматов дар бораи вижагиҳои сохтории“Ҳумой ва Ҳумоюн” андеша ронда, таъкид менамояд, ки “аз ибтикоротидигари Хољу дар масоилисохторииасар ин аст, ки ў зимни достони«Њумой ва Њумоюн»ќасамномаиаљибероаз забони Њумой забт мекунад, ки минбаъд аз тарафи дигар маснависароён, бавижа соќиномасароён, пайваста њамчун рукни асосии соќиномањои њаљман тавил истифода мешуд .Ин мухтассоти жанрии соќинома, ки аз асри њабдањ ба баъд байни шоирони соќиномасаро роиљ гашт, асоси худро дар достони мазкури Хољу ёфтааст” [2, с.12].

Ҳарчанд вожаи “қасам” ва “савганд”аз ҷиҳати теъдодиистифодадар достонӣба чашм намоён нестанд.

Њамин гуна, дар маснавии «Ҳумой ва Њумоюн»-и Хољуи Кирмонїтаъсириандеша ва баёни Фирдавсї, агарчи ба монандидостонҳои Низомии Ганҷавӣзиёд нест, аммо тасвирусабки суханвариТӯсӣравшанутобнок ба назар мерасад. Дар ин замина муҳаққиқи эронӣРизозодаШафақбар ҳақишорат фармуда, ки дар ин маснавӣ(“Ҳумой ва Ҳумоюн”) гузаштааз Низомӣтаъсирисабки “Шоҳнома” комиланмаҳсус аст [3, с.294].

***

ТАЪСИРИ ФИРДАВСЇ БА «ҲУМОЙ ВА ҲУМОЮН»-И ХОЉУИ КИРМОНӢ

Чакида. Мақола ба таъсирпазирии Хоҷуи Кирмонӣ аз “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ дар навиштани достони “Ҳумой ва Ҳумоюн” бахшида мешавад.Қайд мешавад, ки Хоҷуи Кирмонӣ дар сурудани достони мазкур ифодаи нуктаҳои ахлоқӣ, тасвири майдони ҷанг ва баёни руҳи ҳамосӣ аз пайи Фирдавсӣ меравад. Хоҷу дар достони худ ишораҳои зиёде ба номҳои қаҳрамонони «Шоҳнома» ва воқеоти ин асар менамояд, ки ифодакунандаи иродати суханвар ба достонҳои Фирдавсӣ ва паёми ҳикамиву ахлоқии достонсарои тўсӣ мебошад.

Калидвожаҳо: Фирдавсӣ, “Шоҳнома”, “Ҳумой ва Ҳумоюн”, Хоҷуи Кирмонӣ, достон.
 

Список литературы

  1. Айнӣ, С. Куллиёт [Матн]: иборат аз понздаҳ ҷилд / С. Айнӣ; тартибдиҳанда ва ба чоп тайёркунанда К. Айнӣ; муҳаррир Р. Ҳодизода. – Душанбе: Ирфон, 1964. – Ҷ.11. – К.1. – 437 с.
  2. Кирмонӣ, Х. Хамса [Матн] / Х. Кирмонӣ; таҳия ва тавзеҳи Б. Раҳматов, О. Оқилов, Ш. Олимова. – Хуҷанд: Хуросон, 2017. – 880 с.
  3. Ризозода, Ш. Таърихи адабиёти Эрон [Матн] / Ш. Ризозода. – Теҳрон: Оҳанг, 1369. – 423 с.
  4. Саидзода Ҷ.«Сомнома»-и Хоҷу ва суннатипайравӣба “Шоҳнома”//www.farazh.tj/sahifai-asosy/tarih/somnoma-i-ho-u-va-sunnati-pajrav-ba-sho-noma/
  5. Сафо, З. Ҳамосасароӣ дар Эрон [Матн] / З. Сафо. – Теҳрон, 1369. – 675 с.
  6. Фирдавсӣ, А. Шоҳнома [Матн]: иборат аз 9 ҷилд / А.Фирдавсӣ; таҳияи К. Айнӣ; З. Аҳрорӣ; Б. Сирус. – Душанбе: Адиб, 1987. – Ҷ.1. – 476 с.
  7. Фирдавсӣ, А. Шоҳнома [Матн]: иборат аз 9 ҷилд / А.Фирдавсӣ; таҳияи К. Айнӣ; З. Аҳрорӣ; Б. Сирус. – Душанбе: Адиб, 1987. – Ҷ.2. – 319 с.
  8. Фирдавсӣ, А. Шоҳнома [Матн]: иборат аз 9 ҷилд / А. Фирдавсӣ; таҳияи К. Айнӣ; З. Аҳрорӣ; Б. Сирус. – Душанбе: Адиб, 1989. – Ҷ.6. – 552 с.
  9. Фирдавсӣ, А. Шоҳнома [Матн]: иборат аз 9 ҷилд / А. Фирдавсӣ; таҳияи К. Айнӣ; З. Аҳрорӣ; Б. Сирус. – Душанбе: Адиб, 1989.– Ҷ.7.–656 с.
  10. https://ganjoor.net/ferdousi/shahname/mahmood/sh8

Поделиться

181

Ashurova M. M. The influence of Ferdowsi on Khoja Kirmani's “Humay and Humayun” // Цифровизация общества: трансформация повседневных практик и исследовательских перспектив : сборник научных трудов по материалам Международной научно-практической конференции 30 сентября 2024г. Белгород : ООО Агентство перспективных научных исследований (АПНИ), 2024. С. 5-10. URL: https://apni.ru/article/10154-the-influence-of-ferdowsi-on-khoja-kirmanis-humay-and-humayun

Обнаружили грубую ошибку (плагиат, фальсифицированные данные или иные нарушения научно-издательской этики)? Напишите письмо в редакцию журнала: info@apni.ru
Актуальные исследования

#52 (234)

Прием материалов

21 декабря - 27 декабря

осталось 6 дней

Размещение PDF-версии журнала

1 января

Размещение электронной версии статьи

сразу после оплаты

Рассылка печатных экземпляров

17 января