Главная
Конференции
Цифровизация общества: трансформация повседневных практик и исследовательских перспектив
Использование дидактических игр в школе для повышения интереса учащихся к обучен...

Использование дидактических игр в школе для повышения интереса учащихся к обучению

Секция

Педагогика и психология

Ключевые слова

учебная деятельность
дидактические игры
формирование умений и навыков
развитие мышления и речи

Аннотация статьи

Статья посвящена вопросу повышения качества обучения на занятиях посредством использования игр. 

Текст статьи

Дар синну соли мактабӣ фаъолияти таълимӣ нақши махсусро иҷро менамояд, хонандагон аз ҳодисаҳои маърифатии олам ба омӯзиши илмии он мегузаранд, раванди васеъ намудан, пайдарпаӣ ва чуқур гардонидани донишҳо оғоз мегардад. Фаъолияти таълимӣ дар ин синну сол барои аз тарафи хонандагон аз худ намудани роҳу усулҳои ҳалли масъалаҳои гуногуни фикрӣ ва ахлоқӣ шароитҳо ба вуҷуд меорад, дар асоси ин системаи муносибатҳои бачагонро ба олами иҳотакарда ташаккул медиҳад. Бозиҳои дидактикӣ яке аз намудҳои самараноки фаъолият аст, ки ба мо имкон медиҳад то нишондиҳандаҳои самаранокии маҳсулнокии хонандагонро то ҳадди имкон нигоҳ дорем. Дар бозиҳо, хонандагон дар андозаҳои гуногун қарор мегиранд: ҳамкорӣ, тобеият, назорати мутақобила ва ғайра. Дар рафти бозиҳо тафаккури мантиқии бачагон, малакаҳои онҳо ва хотираашон инкишоф меёбанд. В.А. Сухомлинский навиштааст: “Бе бозӣ инкишофи ақлонӣ пурра намегардад. Бозӣ – ин тирезаи калони равшан мебошад, ки ба олами маънавии бачагон ҷамъи тасаввуротҳо ва мафҳумҳо мерезад. Бозӣ – ин шарорае мебошад, ки гулхани кунҷковӣ ва маърификуниро дармегиронад” [4, c. 168].

Адабиёти педагогӣ ба хусусиятҳои намудҳои алоҳидаи бозиҳо ва имкониятҳои таълимӣ ва тарбиявии онҳо диққати ҷиддӣ медиҳад.

Вазифаҳои асосии бозиҳо: таълимӣ, ки рушди хотира, диққат, тафаккур ва ғайраро дар бар мегирад; тарбиявӣ – иборат аз он, ки бозӣ барои тарбияи кӯдакон имконият фароҳам меорад; – инкишофдиҳандагӣ, он ба назарияи Л.С. Виготский такя мекунад, ки дар шакли мутамарказ бозӣ тамоюлҳои рушдро дар бар мегирад, дар он идрок, хотира, тафаккур фаъолона инкишоф меёбанд, сифатҳо, маҳорат ва малакаҳои ахлоқӣ инкишоф меёбанд; ташаккулдиҳанда, ки тавассути дониш бо истифодаи мунтазами бозиҳо ташаккулҳои босифати зеҳнӣ (қобилиятҳои маърифатӣ, тафаккури мантиқӣ) ва соҳаи ахлоқӣ (ғояҳои ахлоқӣ, сифатҳо, меъёрҳои рафтор) ба роҳ монда шуда, мактаббачаи хурдсол дар бораи муҳити зист ва ҳаёти инсон дониш пайдо мекунад; муоширатӣ (иттилоот, гуфтугӯӣ), ки гуруҳҳои бозингаронро муттаҳид мекунад, робитаҳои эмотсионалӣ, муносибатҳои хайрхоҳона барқарор мекунад, ҳиссиёт ва муносибати ахлоқиро ташаккул медиҳад; танзимкунанда, ки иборат аз он аст, ки шароит ва қоидаҳои намудҳои гуногуни бозиҳо барои хонанда талабҳои муайяне мегузоранд, ки рафтор, муоширати шифоҳӣ, амалҳо, ҳаракатҳои ӯро ба танзим медароранд, ба ташаккули таҷрибаи ахлоқӣ, танзими ахлоқии рафтори онҳо таъсир мерасонанд; фароғатӣ, ки дар гуруҳи бозингарон фазои мусоид фароҳам меорад, бозиро ба як чорабинии ҷолиб, диққатҷалбкунанда, тарбиявӣ табдил медиҳад [1, c. 12].

Дарси бебозиро тасаввур кардан мумкин нест. Ш.А. Амонашвили гуфтааст: “Бе бозии дидактикӣ дар дарс диққати бачагонро ба омӯзиш ҷалб кардан мумкин нест, онҳо фақат дар раванди ин бозиҳо метавонанд иштирокчиёни фаъоли дарс гарданд. Омӯзгорони мактаб дар рафти дарсҳо бояд аз бозиҳои дидактикӣ истифода баранд” [2, c. 14]. Педагоги машҳури давраи шуравӣ А.С. Макаренко истифодаи бозиҳои дидактикиро тавсия додааст: “Бозиҳо ба тарбияи ақлии бачагон низ таъсирот мерасонанд. Дар рафти бозиҳо мушкилиҳои ба вуҷудомада паси сар мешаванд, онҳо барои дастрас гардидан ва шавқовар гузаштани дарсҳо ёрӣ мерасонанд, шавқи кории хонандагонро зиёд мегардонанд, фаъолияти донишазхудкунии онҳоро осон менамоянд. Бозиҳои дидактикӣ яке аз шаклҳои беҳтарини шавқмандгардонӣ ва ҷалби хонандагон ба маводи таълим ба шумор мераванд ва хонандагонро ба эҷодкорӣ ҳидоят менамоянд” [3, c. 172].

Дар ҳамаи синну соли мактабӣ бозӣ шарти муҳимтарини инкишофи ҳаматарафаи хонандагон ва яке аз воситаҳои асосии таълим ва тарбияи онҳо мебошад.

Бозиҳо чунин вазифаҳоро иҷро менамоянд: инкишофи фаъолияти маърифатии хонандагон; инкишофи сифатҳои иродавӣ; васеъ намудани тасаввуротҳо дар бораи гирду атроф; инкишоф додани маҳорат ва малакаҳои гуфтугӯӣ; ташаккул додани ахлоқ; бартараф намудани ҳиссиётҳои манфӣ дар хонандагон.

Бозӣ – ин худинкишофдиҳии ақл ва эҷодиёт аст. Дар бозӣ бачагон аз як тараф муошират ба якдигар ёрӣ расонидан, манфиати дастаи худро ҳимоя намуданро омӯзанд, аз тарафи дигар – дар шароити мусобиқавӣ баён намудани фикрҳоро меомӯзанд. Бозӣ барои баланд бардоштани самаранокии дарс ва дар як вақт барои инкишофи шахсияти хонандагон мусоидат менамояд. Бозиҳои дидактикӣ аз рӯи қоида дар ҳаёти хонандагон мавқеи муҳим доранд. Мундариҷаи онҳоро на нақш, на вазъияти бозӣ, балки қоида ва супоришҳо ташкил медиҳанд. Интихоби бозӣ зинаи минбаъдаи фаъолияти омӯзгор буда, аз ӯ маҳорати баландро талаб менамояд. Бозӣ аз омӯзгор риояи як қатор талаботҳои зеринро тақозо менамояд: иштирокчиёни бозӣ бояд ягон навъи душвориро паси сар намоянд, супоришҳои осон не, балки мувофиқи имконро ҳал намоянд; мазмуни бозӣ қадри имкон бояд шавқовар бошад; қоидаи бозӣ барои ҳар як иштирокчӣ фаҳмо бошад ва қатъӣ риоя гардад; зимни бояд руҳияи мусбат ва болида ҳукмфармо бошад [5, c. 16].

Фаъолияти таълимӣ ҳамсафари доимии талаба дар тамоми муддати дар мактаб хонданаш мебошад. Дар ҷараёни фаъолияти таълимӣ хусусиятҳои равонӣ ва шахсии хонанда ташаккул меѐбад. Фаъолияти мактаббачагон дар ҷараёни бозӣ метавонад ба инкишофи нутқи онҳо мусоидат намояд. Бозиҳои дидактикӣ қувваи бузург ва ниҳоят хубу ивазнашавандаи инкишофи ақлии бачагон аст, он фаъолияти равонии хонандагонро муътадил намуда, шавқу ҳавасашонро ба дарс, хоса ба омӯзиши фанҳо зиёд намуда, имконоти фарогирии маводро бештар сохта, хасташавиро рафъ менамояд ва раванди омӯзишро осон мегардонад. Муошират бо иштирокдорони бозӣ – шарти асосии бозӣ мебошад.

Ҳамин тавр яке аз роҳҳои муассири раванди беҳдошти сифати омӯзиш дар дарсҳо истифодаи бозиҳо мебошад, ки он дар раванди таълим вазифаҳои асосии методиро амалӣ менамояд. Ҳангоми бозӣ бачагон бояд худро озод ҳис кунанд ва аз иштирокашон дар он қаноатманд бошанд. Бозиҳои дидактикӣ шавқовар буда, беихтиёр хонандаро ба дарс ҷалб менамоянд. Ҳавасмандии хонандаро ҳангоми дарс таъмин менамояд ва аз нигоҳи равонӣ ӯро барои иҷрои фаъолияти минбаъда тайёр менамоянд.

Қисми таркибии бозӣ вазифаҳои он мебошад, ки аз тарафи хонандагон дар раванди бозӣ амалӣ гардонида мешаванд. Вазифаҳо, хусусиятҳои бозии дидактикӣ ва самтҳои омӯзиши мавзуъро дар раванди фаъолияти маърифатӣ ва нутқи хонандагон муайян месозанд. Вазифаҳо алоқамандии таълим ва бозиро инъикос менамоянд. Бозиҳои дидактикӣ метавонанд вазифаҳои таълимро иҷро намоянд ва ҳамзамон ҳамчун фаъолияти бозӣ ташаккул ёбанд. Амал намудан дар бозӣ асоси бозиҳои дидактикиро ташкил медиҳад. Ҳар чӣ қадар мазмун ва амали бозӣ гуногун бошад, ҳамон қадар зиёдтар тавваҷуҳи хонандагонро ба худ ҷалб менамояд ва масъалаҳои таълимию тарбиявии бозӣ бомуваффакият роҳи ҳалли худро меёбанд. Амалҳои бозиро ба хонандагон омӯзонидан лозим, танҳо дар ҳамин ҳолат бозӣ хусусияти таълимӣ мегирад ва пурмазмун мегардад.

Яке аз қисмҳои дигари бозӣ қоидаи он мебошад. Бо истифодаи қоидаи бозӣ муаллим раванди бозӣ, инкишофи нутқ, фаъолияти маърифатӣ ва рафтори хонандагонро идора менамояд. Қоидаҳои бозӣ хусусияти таълимӣ, ташкилкунандагӣ ва муназзамиро доранд. Қоидаҳои гузаронидани бозӣ барои тавзеҳ ва тарзи гузаронидани он ёрӣ расонида, муносибати онҳоро ба бозӣ муайян ва қавӣ сохта, роҳҳои фаъолияти бачагонро дақиқ менамоянд, онҳо низом, пайдарпаии амалҳои бозӣ ва муносибати байни хонандагонро муайян менамоянд. Қоидаҳо фаъолияти нутқ ва маърифатии хонандагонро ташкил менамояд. Ҳаминро бояд кайд намуд, ки фарогирӣ ва иҷрои қоидаҳои бозӣ осон ва зуд ба даст намеояд. Муаллим вазифадор аст, ки қоидаҳои бозиро ба хонандагон омӯзонад. Аз ин рӯ, чунин талабот оид ба гузаронидани бозиҳои дидактикӣ ба миён меоянд: бозӣ бояд хусусияти таълимро инъикос намояд; бозӣ бояд ба кушодани мавзқи дарс кӯмак намояд ва дониши хонандагонро системанок ва афзун гардонда, малакаҳои забондонии онҳоро ташаккул диҳад; бозӣ бояд шавқовар, пурмазмун ва маърифатӣ бошад; дар ҳалли ин ё он масъала хонандагонро ба фаъолияти мустақилона водор сохта, боиси рушди тафаккур гардад; хонандагонро аз масъалаҳои асосии мавзуи дарс дур насозад; дар баробари масъалаҳои таълимӣ масъалаҳои тарбиявиро низ фаро гирад; аз ҷиҳати равонӣ ба синну соли хонандагон мувофиқ бошад [5, c. 17].

Ҳамин тавр, ба дарс дохил шудани бозиҳои дидактикӣ ва лаҳзаҳои бозӣ раванди таълимро ҷолиб ва фароғатӣ мекунад, дар хонандагон табъи болидаи корӣ ба вуҷуд меорад, бартараф кардани мушкилот дар азхудкунии маводи таълимиро осон мекунад.

Список литературы

  1. Выготский Л.С. Игра и её роль в психологическом развитии ребёнка: Вопросы психологии. – М.: Просвещение, 2000. – 134 с. 
  2. Миронова Р.М. Игра в развитии активности детей. Мн., 1989. – С. 45.
  3. Раҳимов Б. Макаренко А.С. дар бораи таълиму тарбия. – Душанбе, 1991. – 248 с.
  4. Сластенин В.А. и др. Общая педагогика часть 1-2. – М. 2003. – 254 с. 
  5. Маллаев Д.М. Теоретические проблемы игровой деятельности // Вестник ДГПУ. 1999. – № 1. – С. 16-25.
  6. Юнусов Й. Педагогика. Хуҷанд, Меъроҷ, 2011. – 335 с.

Поделиться

192

Гулмадов Ф.., Асророва Н. Ч. Использование дидактических игр в школе для повышения интереса учащихся к обучению // Цифровизация общества: трансформация повседневных практик и исследовательских перспектив : сборник научных трудов по материалам Международной научно-практической конференции 30 сентября 2024г. Белгород : ООО Агентство перспективных научных исследований (АПНИ), 2024. С. 46-49. URL: https://apni.ru/article/10156-ispolzovanie-didakticheskih-igr-v-shkole-dlya-povysheniya-interesa-uchashihsya-k-obucheniyu

Обнаружили грубую ошибку (плагиат, фальсифицированные данные или иные нарушения научно-издательской этики)? Напишите письмо в редакцию журнала: info@apni.ru

Похожие статьи

Другие статьи из раздела «Педагогика и психология»

Все статьи выпуска
Актуальные исследования

#50 (232)

Прием материалов

7 декабря - 13 декабря

осталось 4 дня

Размещение PDF-версии журнала

18 декабря

Размещение электронной версии статьи

сразу после оплаты

Рассылка печатных экземпляров

31 декабря