Ислоҳоти системаи маорифи ҷомеаи муосир моро водор месозад, ки барои ҳалли масъалаҳои таълиму тарбияи насли наврас дар замони ҳозира аз андешаю ақидаҳои педагогон ва донишмандон истифода бурда, дар ташаккули шахсияти онҳо тарбияи милллиро ба роҳ монда, ба мақсади рушди ҳамаҷонибаи тарбия онро ба маҷрои дуруст равона созем. Махсусан, дар ин самт мо такя ба яке аз шахсиятҳои барҷастаи халқи рус Константин Дмитриевич Ушинский менамоем. Ушинский К.Д. дар дилу дидаи на танҳо халқи рус, балки дар дилу дидаи ҷаҳониён ҷойгузин аст. Педагоги барҷастаи рус барои хонандагони сини хурди мактабӣ ва бачагони синни томактабӣ ҳамчун “нависандаи бачагона”, барои омӯзгорон –“муаллими халқ” ва барои ҳар яки мо “муаллими муаллимони рус” шинохта шудааст.
Фаъолият ва хизматҳои шоёни Константин Дмитриевич Ушинскиро дида олимон ва адибон баҳогузорӣ намудаанд, аз қабили Л.Н. Модзалевский “ин муаллими ҳақиқатан халқии мост”, Ломоносов “олими халқи мост”, Суворов “фармондеҳи халқи мост”, Пушкин “шоири халқии мост” ва Глинка “композитори халқии мост” [2, с. 502].
Фаъолияти педагогии К.Д. Ушинский аз моҳи августи соли 1846 ба литсеи Демидови Ярославск таъин карда шуд, оғоз шуда буд. Педагоги бузурги рус Ушинский дар Ярославск ба вазифаи профессори илмҳои камералӣ ба муҳлати се сол то сентябри соли 1849 дарс дода ва барои ислоҳи курси куҳнашудаи таълим боиси норозигӣ байни профессорон гардид. Ушинскийро ба «худсарона» тағйир додани барномаи таълим, барои «руҳияи худхоҳӣ ва итоат накардан ба ҳукуматдорон», «барои озодии фикр ва ба ихтиёри хонандагони литсей додани инҳо» айбдор карданд. Соли 1948 аввалин асари илмии худ «Дар бораи тарбияи камералӣ»-ро нашр карда буд, ки дар он масъалаҳои муҳими методӣ ҷойи дода шуда буд. Ушинский дар он системаи таълимӣ омӯзиши фанҳоро дар донишкадаҳои олии системавӣ сахт танқид карда, принсипи тараққиёти пешқадами ҷамъиятро ба миён гузошт. Ушинскиро бо сабаби ибрози андешаҳои пешқадамонааш аз литсей озод намуданд.
Моҳи ноябри соли 1854 Ушинский бо даъвати директори институти ятимхонаи ба номи Ганчинский ба ҳайси муаллими калони адабиёти рус ва фанҳои хуқуқӣ таъин карда шуда буд. Пас аз шаш моҳи фаъолияти худ ӯ дар институт ба вазифаи инспектори синфӣ таъин шуд. Ин донишкадаи ба номи Ганчинский муассисаи калони таҳсилоти миёнаи касбии ҳуқуқӣ буда, зиёда аз 600 нафар шогирдонашонро барои вазифаҳои гуногун дар идораҳо ва вазоратҳо омода мекарданд.
Аввалин мақолаҳои педагогии худро Ушинский дар ин иниститут бо номи – «Дар бораи манфиатҳои адабиёти педагогӣ», «Се унсури мактабҳо», «Дар бораи халқият, дар тарбияи ҷамъиятӣ» – ро руйи қалам оварданд, ки онҳо дар рӯзномаи «Халқ» ба табъ расидаанд.
К.Д. Ушинский дар асарҳои худ меҳнат ҳамчун асоси тарбия, дар бораи нақши забони модарӣ дар таълим, дар бораи алоқаи назария ва амалия, дар бораи педагогика ва алоқаи он бо дигар илмҳо, дар бораи тарбия ва тарбияи ахлоқ, дар бораи таълими занон ва инчунин дар бораи шахсияти омӯзгорон фикру андешаҳои хешро баён намудааст. Дар ин самт мо пеш аз ҳама албатта, идеяҳои тарбияи миллӣ, ислоҳоти мактаби давлатӣ, коркарди барномаҳои таълимӣ, тарбия дар руҳияи башардӯстона ва ғояҳои ватанпарастию меҳнатдӯстии Ушинскиро, ки ақидаҳои асосии педагогии ӯро ташкил медиҳанд, номбар кардан мумкин аст.
Идеяи тарбияи миллии Ушинский, ки асоси назарияи пешқадамонаи педагогӣ дар мубориза барои ислоҳоти маорифи халқ гардида, чунин навиша буд, маориф, ки худи халқ ба вуҷуд овардааст ва ба принсипҳои халқӣ асос ёфтааст, он қувваи тарбиявие дорад, ки дар беҳтарин системаҳои ба ақидаҳои абстрактӣ асосёфта ё аз дигар халқҳо гирифта нашудааст.
Қайд намудааст, муаллими бузург, – ҳеч як омӯзгор, мураббӣ набояд фаромуш кунад, ки вазифаи асосии онҳо ба хонандагон таълим додани шуурнокӣ мебошад, меҳнат ва уҳдадорӣ аз додани худи объект муҳимтар аст.
Дар таълим ва тарбия хусусияти ҳар як халқ, яъне урфу одат, география ва хусусиятҳои таърихиро ба назар гирифтан лозим аст. Педагоги барҷастаи халқи рус К.Д. Ушинский қайд карда буд, ки “Миллат – омӯзиш ва эҳтиром ба забони модарӣ ва таърих дорад ва чунин тарбия дар бачагон ҳисси ватандӯстӣ, ҳифзи Ватан ва ифтихори миллиро ташаккул медиҳад. Забон воситаи муоширати байни одамон «Забон алоқаи зиндатарин, фаровонтарин ва пойдортаринест, ки наслҳои куҳан зинда ва ояндаи халқро ба як бутуни бузурги ҳаётии таърихӣ мепайвандад ва на танҳо кувваи зиндаи халқро ифода мекунад, балки маҳз ҳамин ҳаёт аст”, – гуфта буд, педагоги бузурги халқи рус К.Д. Ушинский [3].
Ушинский дар мақолаи худ «Дар бораи дарсдиҳии ибтидоии забони русӣ» (соли 1864) чунин гуфта буд: Дарс мувофиқи методи таълим бояд аз се вазифа иборат бошад:
- Инкишофи нутқи бача;
- Бачагонро роҳнамун намудан баҳри азхудкардани забони модарӣ;
- Аз худ кардани мантиқи забон.
Ӯ методи овози аналитикӣ-синтетикӣ, хаттӣ хонишро тавсия намуда буд, ки аввалин дарсҳояшон аз рӯйи китоби таълифнамудааш “Каломи модарӣ” (“Родное слово”) ба роҳ монда шуда буд.
Дар системаи педагогии Ушинский назарияи “Халқият” гузошта шуда, дар мақолаи соли 1857 ба табъ баровардааш «Дар бораи халқият ва тарбияи ҷамъиятӣ» зикр карда буд: «Барои ҳама танҳо як майли умумии модарзодӣ мавҷуд аст, ки тарбия ҳамеша ба он такя карда метавонад», вай ҳамон чизи халқ ба вуҷуд оварда ва бунёдёфта мебошад, ко мо онро халқияти тарбия меномем. Дар илми педагогика ҳар як омӯзгор на танҳо ба таҷрибаи хеш, балки ба таҷрибаҳои дигарон низ такя карда, дар таълиму тарбияи наслҳои наврас ва ҷавонон принсипи алоқаи назарияро бо амалия мепайвандад. «Ҳар гуна санъат, он омодагии дуру дарози махсуси назариявӣ ва амалиро талаб мекунад, санъати таълиму тарбия хусусияти ба худ хос дорад, ки раванди таълиму тарбия амалияро талаб менамояд». Таълимро К.Д. Ушинский ҳамчун як қисми санъат нишон дода, робитаи назария ва амалияро дар раванди мураккаби омӯзиш муттаҳид сохтааст.
«Муаллимон набояд дар як вақт дар ду ҷой, дар дигар донишгоҳҳои таълимӣ кор кунад, балки зарур аст, ки ба корҳои семинарияҳои муаллимон машғул шаванд ва ин семинарияҳоро дар тамоми шаҳру ноҳияҳо ташкил намудан лозим аст», - Ушинский дар мақолаи «Лоиҳаи семинарияи муаллимон» (соли 1861) нақшаи барои мактабҳои ибтидоӣ тайёр кардани муаллимонро тартиб дода, ин андешаҳоро баён намуда, пешниҳод карда буд.
Ушинский раванди омӯзишро ба ду давра тақсим кардаст:
Давраи якум – бачагон дар ин давра бо роҳбарии омӯзгор ашёҳо ва ҳодисаҳоро мушоҳида карда, дар бораи онҳо тасаввуротҳои умумӣ ҳосил мекунад ва ин давра се зинаро дар бар мегирад:
Зинаи якум – дарки ашё ва ҳодисаҳо таҳти роҳбарии муаллим; Зинаи дуюм – дастрасии маълумот тавассути таассурот ва муқоиса оиди ашё ва ҳодисаҳо; Зинаи сеюм – комил кардани дониши хонандагон ба воситаи шарҳу эъзоҳи омӯзгор; Давраи дуюм – ҷамъбаст ва мустаҳкам намудани донишҳои азхудкардаи хонандагон.
Ушинский муқобили тақсим кардани вазифаҳои тарбия дар байни тарбиятгар ва омӯзгор буда, таълимро ҳамчун муҳимтарин воситаи тарбия мешуморид. Ушинский дар системаҳои педагогӣ ба шакли асосии таълим, яъне ба дарс эътибори ҷиддӣ додан лозим аст ва омӯзгори пӯхтакор машғулиятҳои таълимиро бо роҳҳои гуногун ташкил намояд: додани донишҳои нав, машқҳо, такрори мавзуъҳои гузашта, ба ҳисоб гирифтани донишҳо, корҳои хаттӣ ва дуруст тақсим кардани лаҳзаҳои дарс. Ҳар як дарс бояд мақсади муайян, вазифа ва хусусияти тарбиявӣ дошта бошад.
Асоси системаи педагогии Ушинскийро демократикунонии системаи таълиму тарбия ташкил медиҳад. «Агар педагогика одамро аз ҳар ҷиҳат тарбия карданӣ бошад, пас вай бояд пеш аз ҳама вайро ҳам аз ҳар ҷиҳат шинохт». Ушинский чунин мешуморад, ки назарияи педагогика бояд ба қонунҳои фалсафа, психология, анатомия ва физиология асос ёбад ва инчунин бо ин илмҳо алоқаи ногусастанӣ дорад ва тарбияро раванди бошууронаи мутаносибаи шахсият муайян кардааст. Асоси тарбияро дар инсондӯстӣ ва эҳтироми шахсият медонад. «Таълим санъат аст, вале санъати осон нест» қайд кардааст, К.Д .Ушинский. Ӯ худписандӣ, мансабпарастӣ, бекорхӯҷагӣ, ғаразнокӣ, мунофиқӣ ва айбҳои дигари амсоли инро ба зери тозиёнаи сахти танқид гирифтааст. Ушинский асоси тарбияи инсонро тарбияи ахлоқӣ ташкил медиҳад гуфта ва тарбия бояд дар бача хислат ва иродаи мустаҳкам, табоварӣ, устуворӣ ва ҳисси вазифашиносиро парварад.
Воситаҳои тарбияи ахлоқиро Ушинский дар тарбия ин намунаи шахсии омӯзгор, бовар кунонидани маҳорати педагогӣ, чораҳои пешгирӣ, ҳавасмандкунӣ ва ҷазо муайян кардааст. Ушинский воситаҳои тарбияи маънавиро аз инҳо иборат медонист:
- Таълим (дар ин бобат китобҳои таълимии ӯ хеле аҷоиб мебошад, ки дар онҳо инкишофи нутқ, донишдиҳӣ ва тарбияи маънавии хонандагон бо ҳамдигар моҳирона мутобиқ кунонида шудаанд);
- Намунаи шахсии омӯзгор (бо ифодаи образноки ӯ “ин шуои самарабахш офтоб барои дилҳои ҷавон мебошад, ки бо ҳеҷ чиз иваз кардан номумкин аст);
- Эътиқод, ки ба он ӯ аҳамияти хеле калон додааст;
- Бо хонандагон моҳирона муомила кардан (одоби педагогӣ);
- Чораҳои пешгирӣ кардан;
- Ҳавасноккунӣ ва танбеҳдиҳӣ.
Системаи олии педагогиро педагоги барҷастаи рус ба вуҷуд овард, ки масъалаҳои асосии таълиму тарбияро дар бар мегирад.
Асар ва мақолаҳои асосии таълифнамудаи педагоги бузурги рус: ‒ мақола «Дар бораи манфиатҳои адабиёти педагогӣ» (1857); ‒ мақола «Дар бораи миллат дар маорифи халқ» (1857); ‒ мақола «Дар бораи воситаҳои паҳн кардани маориф тавассути савод» (1858); ‒ мақола «Меҳнат ба маънои руякӣ ва тарбиявии он» (1860); ‒ «Олами бачагон ». (1861); ‒ мақола «Асарҳои педагогии Н.И. Пирогов» (1862); - «Каломи модарӣ» барои соли 1 ва 2 таҳсил (1864); ‒ мақола «Дар бораи таълими ибтидоии забони русӣ» (1864); ‒ «Дар бораи зарурати русӣ гардондани мактабҳои русӣ» (1867); ‒ «Инсон ҳамчун предмети тарбия». «Таҷрибаи антропологияи педагогӣ» ҷилди I (1868), ҷилди II (1869); ‒ «Назари умумӣ дар бораи пайдоиши мактабҳои халқии мо» (1870); - «Каломи модарӣ» барои соли 3-юми таҳсил бо «Роҳнамо»-и он (1870) аҳамияти таълимию тарбиявӣ дошта, то ҳол қимати худро гум накарданд.
Хулоса, барои тараққиёти ҷамъиятии Россия ва дигар кишварҳои ҷаҳон фикру мулоҳизаҳои дидактикию тарбиявии педагоги барҷастаи рус К.Д. Ушинский аҳамияти муҳим дорад. Махсусан, дар масъалаи тарбияи оилавӣ, ки ба падару модарон зарурати азхуд кардани асосҳои донишҳои педагогию психологиро тавсия додааст.