Искусство – представитель культуры и нации

Секция

Педагогика и психология

Ключевые слова

техника
ювелир
украшения
женщины
народные промыслы
мастера
традиция

Аннотация статьи

В статье автор исследует ювелирное искусство как процесс создания художественных изделий и анализирует расширение этой деятельности в регионах южной части Вахша.

Текст статьи

Яке аз қисми муҳимтарини низоми анъананаю таҷрибаҳо дар ташаккулёбии ҳар як халқу миллати тоҷик хунар ва фарҳанги миллӣ мебошад. Чунки мардумӣ собиқаи тӯлонии таърихӣ дошта, аз насл ба насл мегузарад. Аз қадимулайём ҳунарҳои мардумие ҳастанд ки дар байни оммаи халқи мо мавҷуданд ва оммавӣ гаштаанд. Хушбахтона, имрӯз барои ҳунармандон аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон имкониятҳои зиёде фароҳам оварда шудааст. Чунки гузаронидани озмуну фестивалҳо ва намоиши беҳтарин намунаҳои ҳунармандӣ барои мо имконият медиҳад, ки истеъдоди хешро сайқал диҳем. Зуҳури дигаргуниҳои куллӣ ва вазъи сиёсиву амниятӣ иҷтимоиву иқтисодии ҷаҳон дар доштани сарзамини амну ором ва соҳибистиқлол дар замони ҷаҳонишавӣ худ баёнгари саодат ва сарбаландии миллати мутамаддин ва соҳибфарҳанги тоҷик мебошад. Шароити имрӯза тақозо мекунад, ки кам кишварҳое ҳастанд, ки дорои сулҳу осоиш ва амнияти фикриву зеҳнӣ, сиёсӣ мебошанд.

Амалӣ намудани таъкидҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамаи самтҳои хоҷагии халқ, хусусан сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ метавонад, ба рушди бештари соҳаҳо мусоидат мекунад. Маҳз ҳамин роҳнамоиҳо ва таваҷҷуҳи рӯзафзуни Сарвари давлат боис гардид, ки филиали Муассисаи давлатии “Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон” дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин зери роҳбарии Мирзозода Музафар як қатор лоиҳаву барномаҳоро ба уҳда гирифта, дар 7 ҷамоати ноҳия, аз ҷумла ҷамоатҳои Ёл, Лангар, Саричашма, Доғистон, Чагам ва дар маркази ноҳия курсҳои кутоҳмуддати чакандӯзӣ, гулдӯзӣ, бофандагӣ, қуроқдӯзӣ ва ғайраро ташкил намудааст. Ташкили курсҳои мазкур мақсадаш пеш аз ҳама татбиқи сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати кишвар дар самти рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ки бевосита аз паст кардани сатҳи камбизоатии аҳолӣ ва эҳё кардани ҳунарҳои мардумӣ аст арзёбӣ карда мешавад.

Фарҳанги моддиву маънавии миллатҳо, пеш аз ҳама дар ҳунарҳо ва таҷрибаҳои ҳаётӣ ифода мегарданд. Ҳамчун таҷрибаҳои муфиди ҳаётӣ ҳунарҳои мардумӣ таъмингари ниёзҳои моддиву маънавии аҳли ҷомеа ба ҳисоб меравад. Раванди такрорёбандаи аз насл ба насл интиқол додани маҳорату малакаҳо тадриҷан донишу таҷриба ва усулу равишҳои анъанавии таълими ҳунарҳои мардумиро ташаккул медиҳанд. Наслҳои оянда метавонанд тавассути шинос шудан бо ҳунарҳои суннатии ниёгон аз тарзи зиндагӣ, урфу одатҳо, дину эътиқод ва орзуву ормонҳои наслҳои гузашта огоҳи пайдоменамоянд. Ба андешаи дигар, ҳунарҳои мардумӣ намегузоранд ки мо таърихи миллати худро фаромуш созем. Аз ин рӯ, таълими ҳунарҳои мардумӣ метавонад барои ҳалли мусбати масъалаҳои ватандӯстии аҳли ҷомеа, алалхусус, ҷавонону наврасон аҳамияти хеле бузургро доро бошанд.

Барои ҷомеаи ҷаҳонӣ оғози таърих ҳамчун миллати тамаддунофару фарҳангпарвар эътироф гардидааст, ки то имрӯз чунин эътибори баландро соҳиб аст. Бо назардошти чунин ҳолат имрӯз дар сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арҷ гузоштан ба тамаддуни ниёгон мақоми хоса дорад. Ҳукумати Тоҷикистон бо роҳбарии бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз аввали солҳои соҳибистиқлолӣ бо барномарезиҳои махсус талош намуданд, то ки арзишҳои фарҳангии миллатро рушд диҳанд. Қайд кардан ба маврид аст, ки аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон вобаста ба таъриху фарҳанг ва тамаддуни миллати куҳанбунёди тоҷик дар дохили кишвар иқдомоти зиёде амалӣ гардида истодаанд. Як нуктаи бисёр муҳимро бояд қайд кард, ки тамаддунофар будани миллати тоҷик аз ҷониби даҳҳо созмонҳои бонуфузи ҷаҳониву марказҳои илмии бузург исботи худро ёфтааст. Яке аз маконҳои таърихии Тоҷикистон, ки аз ҷониби олимони ҷаҳонӣ қадимтарин макони таърихӣ эътироф гардидааст шаҳри Саразм мебошад. Ин дидгоҳро Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми солонаи худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин иброз доштаанд: “Тоҷикон фарҳанги бисёр ғанӣ ва таърихи басо пурифтихори бостонӣ доранд. Масалан, танҳо таърихи 5500 – солаи Саразм, ки аз ҷониби олимони сатҳи ҷаҳонӣ, марказҳои муътабари илмии дунё ва созмони бонуфузи байналмилалии ЮНЕСКО эътирофу тасдиқ шудааст, далели раднопазир ва бебаҳси қадимӣ будани миллати тоҷик мебошад”.

Аз ин лиҳоз, эҳёи касбу ҳунарҳои мардумӣ ва рушду такомули он яке аз ҳадафҳои муҳиму стратегии ҳар як давлати муосир ба шумор меравад. Қадимтарин ҳунарҳо ва санъатҳои аҷдодии тоҷикон ин: ресандагӣ, бофандагӣ, меъморӣ, наққошӣ, чӯбкориву кандакорӣ, оҳангарӣ, кулоливу кӯзагарӣ, ва ғ. ба шумор мераванд. Дар замони истиқлолият масъалаи танзим ва рушди ҳунарҳои мардумӣ дар маркази таваҷҷӯҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор гирифт. Ҳукумати мамлакатро масъул гардонида шуд, ки барои рушди ҳунарҳои мардумӣ ба соҳибкорон ва ҳунармандон ҷудо намудани қарзҳои имтиёзнок тавассути Фонди дастгирии соҳибкорӣ роҳандозӣ карда шаванд. Тибқи супориши Сарвари давлат фурӯши молҳои мавриди ниёзи мардум, ки онҳоро ҳунармандони ватанӣ истеҳсол кардаанд, аз пардохти ҳамаи намудҳои андоз озод карда шуд. Ин иқдомҳо на танҳо баёнгари ғамхории давлат нисбат ба ҳунарҳои мардумӣ ва умуман фарҳанги миллии мо мебошанд, балки моҳияти амиқи гуманистӣ низ доранд: онҳо ба тарғиби доираи васеи мардуми меҳнатдӯсту хунарманд ба фаъолияти муфиди меҳнатӣ ва аз ин тариқ беҳтар кардани шароити моддиву молиявии онҳо нигаронида шудаанд. Татбиқи амалии ин иқдомҳо алалхусусус барои бо кори муфиду даромаднок фаро гирифтани занону духтарони ҳунарманд мебошанд.

Пешвои миллат пайваста таъкид месозанд, ки дар баробари ин ҳама ташаббусҳо ҳар як шаҳрвандро зарур аст, ки дар самти ҳифзу ҳимоя ва рушди фарҳангу миллати худ ташаббуси бештар нишон диҳанд. Чунончӣ, соли 2017 Соли ҷавонон эълон гардида буд ба ҷавонон имкониятҳои васеъ дода шуд, ки онҳо қувваю нерӯи худро ба илмомӯзӣ, забономӯзиву касбомӯзӣ равона созанд. Ҳар яке аз ин гуфтаҳо беҷо нестанд ва ҳаққанду рост. Дар айни замон шахсоне, ки бо ҳукми тақдир ягон нуқси ҷисмонӣ насибашон гаштааст, аммо онҳо ба тақдир тан надодаву бекор нанишаста касберо аз худ намудаанд ва бо ин роҳ луқмаи нони ҳалоли худро пайдо мекунанд. Ин, албатта, шоистаи аҳсан аст. Шукри беҳад, ки ҳоло дар ҷумҳурии мо сулҳу осоиш танинандоз аст. Шароит барои ҳам илмомӯзиву ҳунаромӯзӣ дар ҳама ҷой ҳам дар шаҳру ҳам дар деҳотҳои дурдаст дида мешаванд. Санъати волои заргарӣ аз замонҳои Эрони сосонӣ дар ҷаҳон шуҳрати зиёд пайдо кардааст. Чуноне, ки дар тӯли садсолаҳо ҳунармандони халқӣ, беҳтарин намудҳои санъати ороишоти заргарӣ эҳё намуданд. Саҳми волои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушди дӯконҳои заргарӣ ба ном, дар минтақаҳои қисмати ҷанубии водии Вахш ба қайд гирифта шудааст. Нақши заргарон тавонист дар ороишоти бонувон ва истеҳсоли маҳсулот дар минтақаҳои дурдасти кишвар, инчунин пешрафти технологияи муосир дар пешрафти ин ҳунари воло манзалати худро ёбад. Ба таърих назар афканем, гуфта метвонем, ки заминаи заргарӣ, косибӣ, дуредгарӣ метавонад аз ҳунарҳои мардумӣ сарчашма гирад. Маҳсулоти заpгаpиро мешавад ба ду қисм таксим намуд. Якум қисми он аз омода сохтани маҳсулот, қисми дуюм аз оpоишоти маҳсулот иборат дониста мешавад.

Тавассути дастгирии бевоситаи Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар ҳама ҷой курсҳои касбомӯзӣ кушода шудаанд. Нисбати шахсоне, ки шароити оилавиашон на он қадар хуб аст, курсҳои омӯзишии ройгон дарҳои худро боз намуданд. Аз ин лиҳоз ҳар яки моро лозим меояд, ки ба қадри чунин заҳматҳо бирасем. Дap хap як бозоpи мapкaзи ноҳияҳои водӣ як ë ду дукони зapгapӣ фaъодият кapдa истодaaнд. Ногyфтa нaмонaд, ки дap ноҳияи Носиpи Хyсpaв дуконҳои зapгapӣ мaвҷyд нaбyдa, бaъзе aз зaнҳои чиpaдaсти ноҳияи мaзкyp бо омодa сохтaни мaҳсyлоти шикaстaшyдaи оpоишотии бонyвон мaшғyл гaштaaнд. Барои устодои заргар аксар вакт занону духтарон маҳсулоти хом ё шикасташудаи нукра ва тилло оварда, мувофик ба хоҳиши худ ва нақшу нигори ашёҳои ороишии заргарӣ фармоиш медоданд. Чунки духтарони дедотии хонашин бештар бо ин равиш дар гузашта аз туйи арусӣ кардан маҳсулоти ороишии худро ба даст меоварданд. Бонувони минтақаҳои дурдасти қисмати ҷанубӣ аз маҳсулоти ороишотии муҳраҳои гуногунранг истифода мебурданд, ки ин гуна ороишотро бештар дар бонувони солхурда мушоҳида кардан мумкин буд.

Мардуми тоҷик аз қадимулайём ба ороишот зебу зиннати тиллову нукра низ як намуди ороишоти миллӣ ба ҳисоб меравад таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамуданд. Далели ин гуфтаҳо аз он иборат аст, ки анъанаи мардумӣ то ҳол боқӣ мондааст. Падару модаре, ки имконияти зиёди молиявӣ доштанд, барои духтарчаҳои худ пас аз гирифтани ришта аз гуш барои саломат нигоҳ доштани гушҳои духтаронашон гушвораҳои қиматбаҳои тилло ва ё нукрагин харидорӣ менамуданд. Сaҳми дaстгоҳҳои хypди технодогияи ҷaдид дap pyшди соҳaи зapгapӣ дap aйни зaмон сaхми бештap доpaнд. Яке aз pоҳҳои гyстapиш ёфтани ин касб аз бедоp гaштaни шaвқy зaвқи мapдyм нисбaт ба ҳунарҳои мардумӣ мебошанд. Ҳамин тapик, мaқомоти дaхддоpи ҳap як ноҳияpо зapyp меояд, ки ҷиҳaти pyшди хyнapҳои мapдyмӣ дap минтақаҳо мyсоидaт нaмоянд.

Список литературы

  1. Абдyлaтипов Р.Г. Mосквa. Дyшaнбе, 2013. – 272 с.
  2. Ашpaфи M.M. Cpедневековый костюм тaджиков XII-XVII в. Дyшaнбе: Шapқи озод, 2002. – 64 с.
  3. Донишномaи фapҳaнги мapдyми тоҷик. Дyшaнбе: Эp-гpaф, 2017. – 760 с.
  4. Еpшов H.H. Taджики Кapaтегинa. Дyшaнбе: Дониш. 1970. – 311 с.
  5. Mеpоси фapҳaнги Faйpимоҳӣ дap Tоҷикистон. Дyшaнбеб 2017. – 280 с.
  6. Maъpифaт И. Зебу зиннaти apyсони Xисоp. Дyшaнбе, 2006. – 39 с.
  7. Одинаев А.Р. Истиклолият ва фарҳанги миллӣ. Душанбе, 2019. – 376 с.
  8. Сухариева О.А. История среднеазиатского костюма. Масква, 1982. – 139 с.

Поделиться

221

Ходжазода Г. Д. Искусство – представитель культуры и нации // Цифровизация общества: трансформация повседневных практик и исследовательских перспектив : сборник научных трудов по материалам Международной научно-практической конференции 30 сентября 2024г. Белгород : ООО Агентство перспективных научных исследований (АПНИ), 2024. С. 72-75. URL: https://apni.ru/article/10165-iskusstvo-predstavitel-kultury-i-nacii

Обнаружили грубую ошибку (плагиат, фальсифицированные данные или иные нарушения научно-издательской этики)? Напишите письмо в редакцию журнала: info@apni.ru

Похожие статьи

Другие статьи из раздела «Педагогика и психология»

Все статьи выпуска
Актуальные исследования

#52 (234)

Прием материалов

21 декабря - 27 декабря

осталось 7 дней

Размещение PDF-версии журнала

1 января

Размещение электронной версии статьи

сразу после оплаты

Рассылка печатных экземпляров

17 января