Ташаккули фарҳанги касбии омузгори оянда – раванди махсус, муташаккил, мунтазам, мақсаднок мебошад ва дар марҳилаи инкишофи фаъолияти педагогӣ ҳамчун мувофиқ ба стандартҳои расмии педагогӣ муайян мегардад. Аз худ намудани фарҳанги касбии омузгори оянда шарти зарурии самаранокии фаъолияти касбӣ ба ҳисоб рафта, дар салохиятҳои Стандарти давлатии таҳсилоти олии касбӣ ифода ёфтаанд. Муҳимтарин самти тадқиқоти илмии муосир, ки таваҷҷуҳи бисёри аз олимони ин соҳаро ба худ ҷалб намудааст.
Қайд кардан ба маврид аст, ки аҳамияти назариявӣ ва амалии тадқиқоти муаллифони дар боло зикршуда хеле назаррас аст. Бо вуҷуди ин, то ҳол маводи ба қадри кофӣ мукаммале, ки барои халли масъалаи ташаккули фарҳанги касбии омузгорони оянда зарур аст, ҷамъ оварда нашудааст. Зеро Асоси андешаҳои баёнгардида, метавонад аҳамияти маводи мазкурро муайян намояд. Аз ин лиҳоз метавон гуфт, ки зидиятҳои байни талаботи объективӣ ки дорои фарҳанги баланди касбӣ дорад бештар ба назар мерасад. Фарҳанги касбиро ҳамчун тағйирот дар навгониҳои таълимӣ хисобидан мумкин аст. Мо асарҳои олимон О.А. Абдуллина, С.И. Архангелский, Е.В. Бондаревская, В.А. Кан-калик, Н.В. Кузмина, В.А. Сластенин ва дигаронро тахлил кардем, бо вуҷуди ин, дар онҳо таърифи ягона ва аз тарафи умум эътирофшудаи фарҳанги касбии муаллими оянда мавҷуд нест [1, c. 208; 13, c. 190].
Таҳлили асарҳои илмӣ ба мо имкон медиҳад, ки самти таҳсилоти педагогии мафҳуми "фарҳанги касбӣ"-и омӯзгори ояндаро мураттаб сохта, моҳият ва таркиби онро муайян намоем, ва шароитҳои педагогию навгонщое, ки дар ҷараёни таълим пайдо мегарданд, ҷустуҷу намоем. Асоси афкори олимон дар фарҳанги касбии муаллими оянда чун системаи мураккаб муайян гардида, тавассути мавҷудияти захираи кофии педагогӣ дар таҷрибаи фаъолияти эҷодӣ баррасӣ карда мешаванд. Дар асоси ин сифатҳои муҳими фарҳанги касбӣ, ки ба омӯзгори оянда хосанд нишон дода мешавад. Тартиби шароити рушди фарҳанги касбии омӯзгор ҳамчун асосҳои педагогии ташкили самараноки ҷараёни таълим дар донишгоҳ (шароитҳои беруна) аз он далолат медиҳад, ки раванди инкишоф бояд ба як низом ворид карда шавад. Ба мисол шуда метавонад шакли идоранамоӣ ва инкишофи рушдӣ педагогӣ. Барои ташкил кардани мақсад ҳадафҳои инкишофи фарҳанги касбии омузгорон дар муҳити донишгоҳ, бояд табдили фаъолияти таълимию маърифатӣ дар асоси амалу воситаҳо ва натиҷаҳо мутобиқат намоянд. Мо чунин меҳисобем, ки яке аз шартҳои муҳими педагогӣ ин ташаккули фарҳанги касбии омузгор ба ҷараёни таълимӣ ворид намудани амсилаҳои назариявӣ мебошанд, ки системаи гузариш аз фаъолияти таълимӣ ба касбиро муқаррар менамоянд, дар асоси моделҳои омӯзиши А.А. Вербитский [10, c. 2].
Моҳияти шарти педагогӣ собит менамояд, ки моҳияти омӯзиш чун субъекти фаъолияти таълимӣ тартиб дода шуда, ки мақоми донишҷӯ дар он муайян карда шавад. Мазмуни фаъолияти касбиро дар система ва вазифаҳои таълимӣ дар масъалаҳои касбӣ дарҷ мегарданд. Мақсад ин аз таъмини шахсии омузгори оянда ва фарогирии ӯ аз инкишофи фаъолияти касбӣ иборат дониста мешавад. Тавассути рушди эҷодии шахсияти мутахассис ин аз бой намудани таҷрибаи иҷтимоӣ сурат мегирад. Таъсири фарҳанги касбии педагогиро мо бояд ба тамоми соҳаҳои шахсияти мутахассиси оянда баррасӣ намамоем. Мақсад аз он иборат аст, ки такмили самараноки ташаккули фарҳанги касбӣ метавонад чун қисмати тарбия дар шахсияти омузгор пайдо гардад. Шарти асосии берунию дохилии педагогӣ, ин аз принсипи муттахидшавӣ ва ташаккули самарабахшии фарҳанги касбии мутахассисони оянда далолат медиҳад. Моҳияти он дар ягонагии донишҳои умумии илмӣ муайян гардида метавонад. Асоси далелҳо, падидаю конуниятҳо барои рушди фанҳои давраҳои махсус ва умумии касбӣ зарур буда метавонанд. Шарти асосию дохилии ташаккули фарҳанги касбии омузгорони оянда, дар ташаккули хавасманди мувофиқанд. Моҳият дар он аст, ки натиҷаи чунин фаъолият дар муайян будани шахс ба даст оварда мешавад, ки мақсадҳои фаъолияти уро ба эҳтиёҷоти дохилии вай табдил медиҳад. Ҳадаф, ин аз баланд бардоштани тамоюли касбии шахсияти донишҷу дар донишгоҳ мебошад, ки дар фароҳам овардани шароити психологию педагогии ӯ, пурра зоҳир мегардад муайян месозад. Ҳар як донишҷу ба раванди ташаккули фарҳанги касбӣ ҳар чӣ бештар бояд ҷалб карда шавад. Дар татбиқи воситаҳои инфиродии таълим, шаклу усулҳои кор дар дарсҳо метавонад дар истифодаи курсҳои махсуси инноватсионӣ ифода ёбад. Таъмини рушди сифатҳои муҳими касбии мутахассисони ояндаро тавассути барраси намудани маълумоти мушаххас муайян месозанд. Шартҳои дохилии педагогӣ дар доираи инкишофи фарҳанги касбии донишҷуён дар вазифаҳои тарбиявию педагогӣ ба назар гирифта мешаванд. Фаъолияти таълимю тарбиявии донишҷуён дар ҷустуҷуи ҳалли аслии эҷодӣ аз вазифаҳои умумии педагогӣ иборатанд. Мақсад аз он ташаккули ибтидои эҷодӣ дар байни мутахассисони оянда ба ҳисоб рафта ҳамчун қисми фарҳанги касбӣ ба ҳисоб меравад. Ташаккули бомуваффақияти фарҳанги касбии омузгори ояндаро тавассути татбиқи шартҳои зерини педагогӣ чунинанд:
- берунӣ – ворид сохтани моделҳои назариявие, ки мувофиқ дар раванди таълиманд; -таъсири касбӣ ва педагогӣ ба тамоми соҳаҳои шахсият; -принсипи интегратсия дар сохтмони мазмуни таълим; -таъсироти омилхои гуногуни иҷтимоӣ, психологӣ;
- дохилӣ – рушди ҳавасмандии мувофиқ; – татбиқи муносибати тафриқавӣ, инфиродӣ-шахсӣ дар таълими донишҷуён; – татбиқи вазифаҳои таълимӣ ва педагогии дорои хусусияти эвристикӣ, тадқиқотӣ, эҷодӣ дошта дар раванди таълим; – ба ҳисоб гирифтани хусусиятҳои психологӣ;- бедор намудани шавқу ҳавас, ва эҳтиёҷот.
Ҳамин тавр, хулоса кардан мумкин аст, ки иҷтимоишавии муосири вазъият омодагии кадрҳои педагогии дорои салоҳияту маҳорату малака ва баландихтисосро тақозо менамояд, ки ҳаҷми зарури донишҳои гуманитарӣ ва ҳуқуқшиносиро азхуд кардаанд, доираи тасаввуротро дар бораи дастовардҳои навтарини илму амалияи ҳуқуқшиносӣ, дар бораи қонунҳо ҳамчун шакли мавҷудияти инсон, механизмҳои иҷтимоӣ ва шахсиятии ҳуқуқ, дар бораи танзими ҳуқуқӣ ва муносибатҳои ҳуқуқӣ, зарурати рафтори қонунӣ васеъ намоянд.
Дар раванди омодагии касбӣ дар мутахассисони оянда ташаккул додани шуури ҳуқуқӣ зарур аст, ки ба шарофати он шахси ҷавон ба мақсад мувофиқ будани интихоби варианти рафторро дар фаъолияти касбӣ шарҳ дода метавонад. Шуури ҳуқуқии касбӣ ба мутахассиси ҷавон имкон медиҳад, ки ба касби ояндааш мутобиқ шавад, функсияҳои касбиро азхуд кунад, фаъолона ба ҳамкории касбӣ ҳамроҳ шавад. Бинобар ин, мақсади асосии таҳсилоти ҳуқуқӣ бояд ташаккули шуури ҳуқуқии касбӣ гардад, ки ба густариши ҷаҳоншиносии касбии мутахассисони оянда мусоидат намояд. Вусъат бахшидани раванди таълим дар муассисаҳои таъсилоти олии касбӣ ба дуруст роҳандози кардани масоили марбут ба тарбияя. Ҷиҳати дар рӯҳияи ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ, ватандорӣ, инсонпарварӣ, худогоҳии миллӣ ва арҷгузори дар миёни донишҷуён нақши босазое гузорад. Нақши муҳимро дар мустаҳкам кардани робитаи байни хонавода ва муассисаҳои таҳсилотӣ оиди ҷиҳати дуруст татбиқ кардани талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” – ро омӯзгор муайян менамояд. Чун тақозои замон аст, ки омӯзгорону олимони соҳаи таълим ва илмро ҳамқадами ҷомеа муарифи месозад. Илм бояд ба халқ хизмат кунад то ба пешрафти давлату кишвар мусоидат намуда, ба талаботи бозори меҳнат рақобатпазир тарбия намояд.
Аз суханрониҳои Пешвои миллат метавон мушаххас кард, ки имрӯз омӯзгори муассисаи таҳсилоти олии касбӣ метавонад вобаста ба талаботи замон ва фазои ҷаҳонии таҳсилот бояд сунин сифатҳоро доро бошад: -воситаҳои техникӣ ва кор бо техналогияи муосирро тавонад ва то дар раванди баргузории машғулиятҳои дарсӣ самаранок истифода барад; -то ҳадди муошират карда тавонистан як ё ду забони хориҷиро аз худ кунад; -барои тақвият бахшидан ба такмили ҷаҳонбинӣ, фаросати гуфтор дар як сол на кам аз панҷ асари бадеиро омузад; -ба талаботи бозори меҳнат рақобатпазир бошад; -дар муҳлати панҷ сол аз курси бозомузии ихтисос гузашта, дониши соҳавӣ ва ва касбияти худро такмил диҳад; -усулҳои нави таълимро дар раванди баргузории машғулиятҳо самаранок истифода барад; -дар баробари иҷрои сарбории таълимӣ ба пажӯҳиши корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ машғул шавад.
Ба андешаи М.О. Громкова дар такмили касби омӯзгори оянда, пеш аз ҳама ба дарки касби интихобкарда, ки он танҳо бо ба даст овардани миқдори муайяни дониш, малака, маҳорат маҳдуд намешавад, балки тағйироти тамоми соҳаи арзишӣ-ҳавасмандгардонӣ, рушди қобилият ва сифатҳои касбӣ бо он ки омӯзгор тавонад нақшҳои интизоридоштаи дар симои касбиаш нуҳуфтаро қонеъ гардонад, дар бар мегирад [12, c. 105-108].
Бояд қайд кард, ки сифатҳои инсонии омузгори оянда бениҳоят лозим ва зарурист, чунки барои ба вуҷуд овардани муносибатҳои мусоид дар раванди таълим, метавонад шарти муҳими касбӣ гарданд. Низоми шароитҳои педагогии ба ҳам алоқаманди ташаккули фарҳанги касбии донишҷуёни донишгоҳи омузгорӣ, ки дар асоси тадқиқоти васеи назариявии олимони хориҷиву ватанӣ ҷудо кардаем, тамоми шароитҳоро фаро гирфта наметавонанд. Чунин гуногунии шароитҳо танҳо аз руи баҳодиҳии якҷояи муаллимон ва донишҷуён хубтару беҳт буда метавонанд. Касби омӯзгорӣ имрӯзҳо фарогири се ҷузъи бо ҳам иртиботдошта бошад: фаъолияти педагогӣ, муоширати педагогӣ ва шахсият. Ҷузъи сеюм, яъне шахсият омили муҳимест, ки мақоми касбии омӯзгорро дар фаъолияти педагогӣ ва муоширати педагогӣ муайян месозад. Фаъолияти эҷодӣ-инфиродии омӯзгор сатҳи олии фаъолияти ӯ ба ҳисоб меравад. Ин сифати муҳим ба дараҷаи рушди шахсият вобастагии бениҳоят калон дорад.
Сифатҳои беҳтарин шахсият аз манфиатҳо, муносибатҳое, ки инсонро метавонад ба фаъолияти касби водор созад вобастагӣ калон дорад. Таълиму тарбия дар назди омӯзгори имрӯза вазифа мегузорад, ки ҳар як нобарории ба амал омада дуруст ҳал карда шавад. Барои муваффақ гардидан дар раванди фаъолияти омӯзгории худ дозм аст, ки ӯ назария ва амалияро дуруст омӯзад. Дар доираи фанни таълимии худ маҳдуд нагашта, аз дастоварду муваффақиятҳои илмҳои соҳавӣ, бархурдор гардад. Донишҷӯён метавонанд мусаллаҳ буданро бо чунин сифатҳои касбӣ муайян созанд. Омӯзгор мавзӯъҳои омӯхташавандаро дар асоси барномаи таълимӣ меомӯзанд. Барои бартараф намудани камбудиҳои онҳо маслиҳатҳои дуруст медиҳад. Саволҳое, ки аз ҷониби донишҷӯён пешниҳод мегардад омӯзгор худро бояд дағал нишон надода посух гардонад.
Омили дигари ташаккули арзишҳои омӯзгори ҷавон ин ахлоқи педагогӣ мебошад. Дар робита бо ин муҳаққиқи рус В.И. Андреев бо ба эътибор гирифтани қоидаҳои ахлоқии барои ҳар як омӯзгор хеле муҳимро дар асоси принсипи “Зарар нарасонед” пешниҳод мекунад, ки зикри онҳо ба мақсад мувофиқ аст:
- Нисбати шогирдони худ беэҳтиромӣ накунед ва бештар аз дастовардҳо ва муваффақиятҳои онҳо ҳарф занед;
- Бо донишҷӯён муноқиша накунед ва онҳоро ба ҳамкорӣ даъват намоед;
- Аз донишҷӯён шикоят накунед, аммо роҳи ҳалли ҳама гуна ҳолатҳои душворро ҷӯед;
- Нисбати донишҷӯёни худ бадгумонӣ набаред;
- Сирри шогирдонатонро фош накунед, агар эътимод дошта бошанд;
- Донишҷӯёнро аз иҷрои супориш ва вазифаҳои зиёд, ки имконнопазир мебошанд, маҷбур нанамоед;
- Чунин далелро истисно накунед, ки дар баъзе ҳолатҳо донишҷӯён аз шумо зирактар мешаванд;
- Шитобкорона баҳои ду ба донишҷӯ нагузошта, завқи ӯро бедор намоед;
- Талаботи муқарраршударо барои ҳама наҷуед, балки мувофиқи шароит эҷодкорона амал кунед;
- Новобаста аз он, ки шумо чӣ гуна муваффақияти педагогӣ ба даст овардаед, аз худ нагузаред. Ба хотир бигиред, ки барои шумо ҳам захира ва ҳам ҷиҳати худинкишофдиҳии эҷодӣ мавҷуд мебошанд [3, c. 264].
Ба хотири он ки соҳаи маорифи кишвар рушд кунад, мақому манзалати омӯзгор дар ҷомеа баланд гардад, мутахассисони ватанӣ дар сатҳи бозори ҷаҳонии меҳнат рақобатпазирии худро нишон диҳанд мо бояд ба мардуми кишвар зиндагии шоистаро сазовор гардонем Омӯзгорон вазифадоранд, ки тарбия кардани шогирдонро дар рӯҳияи худогоҳию худшиносӣ, ҳимояи манфиатҳои миллӣ, таҳкиму пойдории забони давлатиро эҳтиром намудан саҳмгузор бошанд.