Место союзов в английских и таджикских текстах

Секция

Филологические науки

Ключевые слова

союзы
место союзов
английские и таджикские тексты

Аннотация статьи

В статье рассматривается место союзов в английских и таджикских текстах. Отмечается, что исследуемая тема является одной из актуальных в сравнительном языкознании. 

Текст статьи

Яке аз воситаҳои асосии алоқа ва нишондиҳандаи мутаносиби ҷумлаҳои алоҳида дар таркиби воҳидҳои бузургтар пайвандакҳо мебошанд. Пайвандакҳо натанҳо барои муттаҳидсозии қисмҳои ҷумлаҳои мураккаб хизмат мерасонанд, балки дар дараҷаи муайян ба аниқнамоии муносибатҳои маъноӣ, ки дар қисмҳои матн вуҷуд доранд, ёрӣ мерасонад. Пайвандакҳо, махсусан пайвандакҳои тобеъкунанда, одатан пеш аз ҷумлаҳои мустақил ва инчунин пеш аз сарсатр меистанд. Ҷумлаҳои мустақил, ки бо ёрии пайвандакҳои пайвасткунандаи ва, инчунин, ҳам, низ инчунин and пайваст мешаванд, ки маънои “номбаркунӣ”-ро ифода мекунанд. Ин маъно ба як гурӯҳ робитаҳои маъноӣ пурра мешаванд. Инҳо робитаҳои замонӣ, сабаб, натиҷа, мақсад ва шарт маҳдуд мебошанд. Пайвандакҳои пайвасткунанда ба пайдарпаии вуқӯъҳои амал, ҳолат ва ҳодиса мусоидат мекунанд. The initiator was passionately describing to her the misery of the Calabrian peasantry. And she sat listening silently, her chin resting one hand her eyes on the ground [8, c.147].

Ҷавоне, ки аз Ломбардия омада буд, ба ӯ камбағалӣ ва гадоии деҳқонони вилояти Калабрияро ҳикоя мекард. Ва духтарак манаҳашро ба дасташ такя карда, ба замин нигоҳкунон хомуш менишаст. Алоқаи байни ҷумлаҳои мустақил ва сарсатрҳои дар матнҳо бо ёрии такрори пайвандакҳо дар оғози ҳар як ҷумла ё сарсатре, ки хоси ҳам забони тоҷикӣ ва ҳам англисӣ мебошад ба вуқӯъ мепайвандад. Дар матнҳое, ки бо воситаи пайвандакҳои хилофӣ сохта шудаанд, мазмунҳои хилофӣ, муқоисавӣ – хилофӣ, муқобилгузорӣ ифода мешаванд. Пайвандакҳои зерини хилофӣ дар сохти матн иштирок мекунанд: аммо, вале, лекин, балки - (но), вагарна, ҳоло он ки, ва ҳоло он ки, бошад.

Пайвандакҳои аммо, лекин воситаи нишондиҳандаи хилофӣ мебошанд. Пайвандакҳои аммо ва лекин қариб муродифанд ва дар нутқи адабӣ ва гуфтугӯӣ истифода мешаванд. Montanellis voice was rather low. But full and resonant with a silvery purity of tone that gave to his speech a peculiar charm - Овози Монтанелли паст. Аммо пур ва оҳангдор буд. Софии симини оҳанги сухан ба гуфтори ӯ форамии махсусе мебахшид. Гулҳои калони гулобӣ ё сафед ва накҳати гуворои настаран диққати касро ҷалб мекунанд. Лекин гули настаранаро кандан осон нест. Навда, думча ва ҳатто раги мобайни барги онро хорҳои тез пӯшидаанд. The composition of natural water is also greatly influenced by the climate [8, c.322].

Пайвандакҳои матнсози вақте ки, ҳамин ки, ҳаргоҳ ки, ҳар вақте ки, ҳар замоне ки, даме ки барои нишон додани муносибатҳои замонии воҳидҳои матн хизмат мекунанд. Пайвандакҳои зеро, чунки, аз сабаби он ки, азбаски ва зеро ки натанҳо барои пайвасти ҷумлаҳои алоҳидаи матн хизмат мекунанд, балки тобишҳои маъноии сабабро, ки дар дохили қисмҳои ҷумлаҳо вомехуранд, ифода мекунанд. Пайвандакҳои то, то ки, то ин ки, барои он ки, бо мақсади он кива ғайраҳо муносибатҳои мақсадро дар дохили матнҳои гуногун нишон медиҳанд.

Такрори пайвандакҳои мақсад ба матн тобиши ифоданокӣ ва таъсирнокии онро таъин мекунанд. When Montanelli awoke the text morning, Arthur had disappeared. He had started before day break for the higher pastures “to help Gaspard drive up the goats” – Саҳари Монтаннели аз хоб бедор шуд, ки Артур дар ҷогаҳаш нест, = пеш аз тулӯи офтоб ба кӯҳ рафта буд. То ки ба Каспар барои ба чарогоҳ рондани бузҳо ёрӣ диҳад.

Пайвандакҳои ҳарчанд, гарчанде, гарчанде ки, бо вуҷуди он ки, бошад, бар хилофи он ки, сарфи назар аз он ки, қатъи назар аз он ки барои пайвасти ҷумлаҳои алоҳидаи таркиби матн истифода мешаванд ва барои аниқ намудани муносибатҳои хилофии байни ҷумлаҳо хизмат мекунанд. I argued with him make than once. But he wouldn’t listen. No use banging your head against a brick wall-let him learn the hard way, I say. – Баманчӣ, – гуфтбобо, – ман як бор – ду бор гап задам, гӯш накард. “Ҳарчанд задам, дар- нагирифт”, “дидӣ, ки нашуд, мон, ки равад” гуфтаанд.

Пайвандакҳои гӯё, гӯё ки, монанди оне ки, чунонки, чи хел ки, чи тавре ки ва монанди инҳо вазифаи пайвасткуниро иҷро намуда маъноҳои муқоиса, монандӣ, муқобилгузорӣ, ҳолат, манбаъиҷараёни амалро ифода мекунанд. Дар ин роҳ тӯдаҳои барф набуданд, лекин ба ҷои онҳо сар то сари роҳро яхи сахти сиёҳчаранг фурӯгирифта буд. Гӯё ки асфалт карда бошад. Барфи бисёр бо суми аспу кори равандагон ва бочархи оҳандори аробаҳо молиш хӯрда фарши “асфалтӣ” шуда буд. Now for the hysterics downstairs, he muttered as he tramped noisily away. I suppose it will be tears there.

Дар мисоли зерин барои пайвасти қисмҳои матнҳо ва инчунин барои ифодаи маънои шарт дар матн пайвандакҳои шартӣ ба монанди агар, ба шарте ки ва пайвандакҳои англисии if истифода мешаванд. Ба фонди луғавии хеш қабул кардани калимаҳоро мақбули ҳамзабонон гуноҳ нест. Баръакс, хурсанд мешавем. Ба шарте ки баробари суфтаву зебо буданаш мантиқ, маънои аниқу равшан дошта бошад.

But I can’t stand the way he behaves to you. If it weren’t for the scandal it would make in the party first to beg a man to come and then to quarrel with him – Фақат ин, ки ба як шахсе, ки худи мо даъват карда овардем, моҷаро кардан барои мо масуб нест. Агар ин тавр мебуд, ман аз ӯ эзоҳ металабидам, ки боиси бадрафториаш нисбат ба шумо чист.

Нисбат ба забони тоҷикӣ, дар забони англисӣ пайвандакҳои тобеъкунанда, ки алоқаи байни қисматҳои матнро иҷро мекунанд, камтар вуҷуд доранд. Ба ингуна пайвандакҳо: that's why because, although, though дохил мешаванд.

“Better tell him you have fallen wild in love with me”. “Why didn’t of that?” “Nobody does. That’s why it’d work”. “Беҳтар он аст то ӯ ба ӯ гуям, ки ту аз ақл берун маро дӯст медорӣ”, “барои чӣ ман дар ин бора фикр накардаам?” “Ҳеҷ кас фикр намекард. Барои ҳамин ин амалӣ мешавад”.

Дар ҷумлаи мазкур алоқаи синтаксисиро пайвандаки that’s why иҷро менамояд. Ғайр аз пайвандак, алоқаи синтаксисӣ байни қисматҳои матн бо ёрии такрори ҷонишини бешахси ин ба амал бароварда мешаванд. Дар забони англисӣ ин алоқа бо ду ҷонишини бешахси that, it ифода мешаванд.

Although six years older. Blake had always seemed to be an adult to her. Perhaps it was he was so serious and reserved. – Ба ин нигоҳ накард, ки Блейк шашсол аз ӯ калотар буд, ба назари вай Блейк калонсол менамуд. Эҳтимол, ин аз он сабаб буд ки ӯ чунон ҷиддӣ ва дурандеш буд. Пайвандаки because, вазифаи пайвасткуниро иҷро намуда маънои сабубу- натиҷаро ифода менамояд. Ҳар ду қисми ин ҷумла мубтадои умумӣ доранд. Агар дар қисми асосӣ мубтадо бо исми хос ифода шуда бошад, дар қисми дуюми ҷумла ҷонишини шахсии he вазифаи мубтадоро иҷро намудааст [6, c.117].

Пайвандаки although ҷумлаи пайрави хилофиро ифода мекунад. Ҳамчун пайвандаки although, пайвандаки though пайвандаки хилофии тобеъкунанда мебошад. Бар замми ин пайвандак дар мисоли мазкур алоқаи синтаксисиро инчунин такрор омадани ҷонишини шахсии she дар ҳар як қисми ҷумлаи мураккаб ба иҷро мерасонад.

Таҳқиқи сохти синтаксисии ҷумлаи мураккаб бо алоқаи пайвасткунандагӣ аз он гувоҳӣ медиҳад, ки на ҳамаи пайвандакҳои тобеъкунандае, ки дар грамматикаи забони адабии тоҷикӣ ва забони адабии англисӣ ҳастанд, метавонанд вазифаи пайвасткунандагиро иҷро намоянд. Ин, ба ақидаи мо, аз он сабаб аст: якум ин ки аксари пайвандакҳои тобеъкунанда дар ҳолати мавқеи пеш ифода мешаванд. Пайвандакҳое, ки ҳолати мавқеи пешро ифода мекунанд, наметавонанд вазифаи алоқамандкуниро иҷро намоянд, аз дигар тараф алоқаи синтаксисии байни ин ҷумлаҳои пайрав ва сарҷумла бо мустаҳкамии истисноиаш фарқ мекунад.

Аз баррасии фасли мазкур чунин натиҷагирӣ кардан мумкин аст: Пайвандакҳо воситаҳои зиёд истифодашаванда ва паҳншудаи грамматикӣ дар сохтани матн мебошанд. Пайвандакҳо инчунин барои аниқ нишон додани муносибатҳои маъноии қисматҳои матн хизмат мекунанд. Яке аз воситаҳои асосии алоқа ва нишондиҳандаи мутаносиби ҷумлаҳои алоҳида дар таркиби воҳидҳои бузургтар пайвандакҳо мебошанд. Пайвандакҳо на танҳо барои муттаҳидсозии қисмҳои ҷумлаҳои мураккаб хизмат мерасонанд, балки дар дараҷаи муайян ба аниқнамоии муносибатҳои маъноӣ, ки дар байни қисаҳои матн вуҷуд доранд, ёри мерасонад.

Дар забони англисӣ пайвандаки “and” ба “ва”-и тоҷикӣ муродиф буда, онҳо аз ҳам аз ҷиҳати имло фарқ мекунанд. Агар баъд аз пайвандаки англисии “and” аломати вергул гузоштан ҳатмӣ бошад, дар забони тоҷикӣ чунин нест. На ҳамаи пайвандакҳои тобеъкунандае, ки дар забонҳои англисӣ ва тоҷикӣ ҳастанд, метавонанд вазифаи пайвасткунандагиро дар матн иҷро карда бошанд.

Список литературы

  1. Аракин В.Д. Практический курс английского языка 1 курс. – М.: Гуманит. изд. центр ВЛАДОС, 1998. – 536 с.
  2. Бозидов Н. Пайвандакҳо дар забони адабии ҳозираи тоҷик. Душанбе, Маориф, 1985. – 108 с.
  3. Верба Л.Г. Грамматика современного английского языка. Справочник. Киев: Логос, 2001. – 368 с. 
  4. Рустамов Ш. Мушкилоти синтаксис. Душанбе: Маориф, 1988. – 344 с.
  5. Усмонов К.У. Грамматикаи назарии забони англисӣ. Душанбе, 2009. – 251 с.
  6. Шахобова М.Б. Опыт сопоставительного исследования строя таджикского и английского языков. Душанбе: Дониш, 1985. – 252 с.
  7. Steinbeck J. The Winter of Our Discontent. M.: Vyssaya Skola, 1985. – 367 p.
  8. Stevenson R.L. Treasure Island. Foreign Languages Publishing House. M., 1963. – 231 p.

Поделиться

206

Ибрагимова М. И., Рашидова Д. А. Место союзов в английских и таджикских текстах // Современные тенденции развития науки и образования: вызовы и перспективы : сборник научных трудов по материалам Международной научно-практической конференции 14 октября 2024г. Белгород : ООО Агентство перспективных научных исследований (АПНИ), 2024. С. 38-41. URL: https://apni.ru/article/10264-mesto-soyuzov-v-anglijskih-i-tadzhikskih-tekstah

Обнаружили грубую ошибку (плагиат, фальсифицированные данные или иные нарушения научно-издательской этики)? Напишите письмо в редакцию журнала: info@apni.ru

Похожие статьи

Актуальные исследования

#52 (234)

Прием материалов

21 декабря - 27 декабря

осталось 6 дней

Размещение PDF-версии журнала

1 января

Размещение электронной версии статьи

сразу после оплаты

Рассылка печатных экземпляров

17 января