Главная
Конференции
Современное общество и личность: проблемы взаимодействия, вызовы и перспективы развития
Формы и методы формирования навыков здорового образа жизни учащихся в образовате...

Формы и методы формирования навыков здорового образа жизни учащихся в образовательных учреждениях

Секция

Педагогика и психология

Ключевые слова

формирование здорового образа жизни
методы и формы воспитания

Аннотация статьи

В статье автор рассматривает вопросы мобилизации учащихся к ведению здорового образа жизни, акцентируя внимание на создании интереса, формировании положительных эмоций в процессе обучения, воспитании нравственного отношения к своему здоровью и осознании того, что здоровье – важная ценность для человека и необходимое условие для достижения жизненных целей.

Текст статьи

Инсон – ин ягонагии ногусастании биологӣ ва иҷтимоӣ мебошад. Шахси фаъол ва мақсаддошта намегузорад, ки руҳу танаш танбалӣ кунад, муддати дароз ҷавонӣ ва зиндадилиро нигоҳ дошта, ҳатто дар пирӣ низ қувваи созандаи эҷодиашро давом медиҳад. Дар муқобил, беғайратии иҷтимоӣ, даст кашидан аз қуллаҳои мақсад, набудани машғулияти дӯстдошта, бефаъолиятӣ, ба олами ғуссаҳо рафтан, руҳафтодагӣ, афсурдаҳолӣ шахсро ба таназзул оварда мерасонад. Дар ин бора биологи машҳури давлати Канада, профессор Ганс Селя гуфтааст: “Барои он ки ба зиндагиамон маънӣ бахшем, мо бояд дар назди худ як масъалаи душвор ва дарозмуддат гузорем. Мо бояд чунин хел ба мақсад расем, ки аз мо кори душворро талаб кунад. Набудани чунин мақсад - ин вазъи руњиест, ки инсонро ба захми меъда, сактаи дил, фишори баланд ва ё ба ягон хел ҳолати бенишот меоварад”.

Чӣ бояд кард, ки фаъолияти иҷтимоии меҳнатиро бештар намуда, барои пешрафти ҷомеа саҳм гузошт. Қувва дар организм ҳангоми ҳаракат ба вуқуъ меояд. Инсонро табиат барои фаъолияти ҷисмонӣ офаридааст, ки ба он ҳамаи узвҳо ва система бо якдигар мутобиқ карда шудаанд. Зиёда аз ними вазни танро дастгоҳи ҳаракат ташкил медиҳад: скелет ва мушакҳо. Қалб ва хунгардӣ, системаи нафаскашӣ ва асаб, системаи ҳозима ва ғадудҳои дохила - ҳамаи ин тарзе сохта шудааст, ки фаъолияти мунтазами мушакҳоро ба амал меоваранд. Сигналҳое, ки аз мушакҳои ҳаракатдиҳанда ба майнаи сар ворид мешаванд, дар марҳилаҳои муайяни ҳаёти кӯдак, барномаҳои ташаккулёбии ирсии организми ӯро ба миён меорад. Агар ин масъаларо бештар бинем, бояд қайд кард, ки фаъолияти ҳаракат дар инсони даврони ибтидоӣ ҳолати руҳиро ба миён оварда, дар инсони замони ҳозира бошад, дар моҳҳо ва солҳои аввали зиндагӣ тараққӣ мекунад. Ташаккули тарзи ҳаёти солим ва муносибати масъулиятнок нисбат ба саломатӣ аз сатҳи маърифату маданияти аҳолӣ вобастагии зиёд дорад. Муносибати нодурусти инсон нисбат ба ҳаёту саломатӣ, пешаи тарзи ҳаёти носолим инсонро саодатманд намесозад.

Қайд кардан зарур аст, ки ҳолати саломатӣ танҳо аз фаъолияти бахши тандурустӣ вобаста нест, вай бо таъсири байниҳамдигарии омилҳои маҷмуӣ, фардӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, экологӣ, вазъи зиндагӣ ва интихоби фардӣ асоснок карда шудааст. Ҳар як инсон ба гирифтани иттилоот ҳуқуқ дорад ва бояд оид ба пешгирии бемориҳо ва мустаҳкам намудани саломатӣ донишҳои зарурӣ дошта бошад, ки принсипи асосии ташаккули ҳаёти солим мебошад.

 Дида баромадани методҳо ва шаклҳои ташаккули малакаҳои тарзи ҳаёти солим барои он лозим аст, ки мафҳумҳои “метод” ва “шаклҳо” – ро муайян намудан муҳим мебошад. Метод (аз истилоҳи юнонӣ methodos – роҳи тадқиқот – назария, омӯзиш) – воситаи ба даст овардани ягон хел мақсад, ҳалли масъалаҳои аниқ, ҷамъи усулҳои амалӣ, ё ин ки азхудкунии назариявии ҳақиқати атроф мебошад. Шаклҳои ташкили таълим -ин фаъолияти омӯзгор ва хонандагон дар тартиботи муайян дар амал татбиқ мегардад. Дар дарсҳо методҳои дидактикии анъанавӣ истифода бурда мешаванд: даҳонӣ; аёнӣ; амалӣ.

Дар методҳои даҳонӣ бештар истифода мешаванд:

  • фаҳмонидан, ҳангоми баёни мавзуи нав;
  • шарҳдиҳӣ ва эзоҳ, барои бартараф намудани хатогиҳо ва нофаҳмоиҳо; ҳикоя ва нақл.

Дар рафти истифодаи методҳои баёни шифоҳии донишдиҳӣ аз тарафи муаллим ва фаъол гардонидани талабагон, омӯзгор маълумотҳои заруриро ба хонандагон фаҳмонида, аввалин ҷараёни донишгирии онҳоро идора мекунад ва дар асоси он имкониятҳои маърифатии талабагонро инкишоф медиҳад. Ин метод аз рӯи имконияту ҷиҳатҳои маънавии тарбия хеле бой мебошад. Сухани пурэҳсоси аз ҷиҳати ғоявӣ боварибахши муаллим ба хонандагон дорои қувваи бузург мебошад. Методи эзоҳ бо шарҳ додан, таҳлил намудан ва исбот кардани қоидаҳои гуногуни маводи таълимӣ вобастагӣ дорад. Дастрасии фаҳмиш аз бисёр ҷиҳат ба услуби баёни мавод вобаста аст. Дар эзоҳ нутқи омӯзгор бояд фаҳмо, боварибахш ва диққатҷалбкунанда бошад.

Методи ибрат – сабақаҳои зиндагиро гӯянд, ки бачагон тавассути пайравӣ аз атрофиён мегиранд. Инсон аз азал хусусияти тақлидкунӣ дорад, ба пешсафони ҷамъият пайравӣ намудан эҳтиёҷи қонунӣ ва ҳаётии ӯст. Дар рӯзгори имрӯзаи мо бештар онҳое намунаи ибрат шуда метавонанд, ки идеалҳоро дар худ таҷассум намуда, дар фаъолияти зиндагӣ шоёни таҳсини умум гаштаанд. Пайравӣ– ин ба идеали ибратшаванда монанд амал кардан аст.

Методи бозӣ - агар ба нақши бозӣ дар ташвиқоти тарзи ҳаёти солим баҳо дода натавонем, барои муваффақиятҳои калонро ба даст овардани одамони ҷисман пассив таъсир расонида наметавонем. Бозиҳо бояд чунин хел интихоб карда шаванд, ки табъи хонандагонро болида намоянд, онҳоро хушҳол гардонанд, имконияти истироҳат карданро ба вуҷуд овардан лозим аст. 

Методи мусобиқа - ин метод барои инкишофи қувваҳои ҷисмонӣ ва баланд бардоштани фаъолиятнокии хонандагон таъсироти худро мерасонад.

Мусобиқа – ин яке аз роҳҳои баланд бардоштани интизом, рафтор, муносибати шууронаи мактабиён мебошад. Он баҳри пешсафӣ, ноилшавӣ ба натиҷаҳои дилхоҳ ва ба ҳаммусобиқа ёрии беғаразона расонидан нигаронида мешавад. Мусобиқа ақибмонҳоро ба дараҷаи пешқадамон мебардорад, ба инкишофи фаъолияти эҷодӣ, ташаббускорӣ, оғози навоварӣ, ҳис кардани масъулиятшиносӣ ва дар руҳи дастҷамъӣ тарбиякунӣ руҳбаланд мегардонад. Вазифаи асосии методи супориш – таъмин намудани ташаккули дурусти муносибат ба тарзи ҳаёти солим мебошад. Суҳбат - методи диалогии муаллим бо талабагон нисбати шуурона рафторкунӣ дар тарбия мебошад. Ин методи сермаҳсул ва маъмули тарбия барои бачагон бештар мавриди истифода қарор мегирад. 

Методи ҳавасмандкунӣ. Ин воситаи муайян намудани баҳои мусбии аҳли ҷомеа ба рафтор ва кирдори одамон мебошад. Он бо воситаи раҳматнома, мукофот ба роҳ монда мешавад. Ситоиши муаллим бояд арзанда ва мақбули умум бошад.

Методҳои аёнӣ бо истифодаи намоишдиҳии бевосита ва бавосита ба роҳ монда мешавад. Дар ташаккул додани малакаҳои тарзи ҳаёти солим методҳои тарғиботӣ ва ташвиқотӣ нақши муҳим мебозанд. Таҳти ин методҳо воситаҳои таъсирот ба одамоне, ки дар ташаккул додани шавқу завқ, талабот ва боварӣ ба саломатии худ бештар аҳамият медиҳанд, фаҳмида мешавад.

Методҳои амалӣ. Дар фанни таълимӣ китоби дарсӣ ва китобҳои ёрирасон дорад, ки онҳо барои мактаббачагон манбаи муҳити сабақомӯзӣ, машқу мустаҳкамкунии дониш ба шумор мераванд. Маҳорату малакаҳо дар натиҷаи такрор машқкунӣ ҳосил мегардад. Ҳамаи фанҳои таълимӣ машқҳои ба худ хос дорад. Моҳияти ин метод аз он иборат аст, ки бачагон амалиётро борҳо такрор мекунанд, яъне нисбати маводи омӯхташуда машқҳои амалӣ мегузаронанд ва бо ҳамин роҳ дониши худро аниқ мегардонанд, маҳорат ва малакаҳо ҳосил мекунанд, қобилияти эҷодӣ ва истеъдодашонро инкишоф медиҳанд.

Методҳо ва шаклҳои таълим ба талабагон таъсири тарбиявӣ низ мерасонанд. Вазифаи омӯзгор дар ин бобат аз он иборат аст, ки фаъолияти азхудкунии маводҳои таълимиро тавре ташкил намояд, то ки таъсири инкишофёбандагӣ ва тарбиявиро ба хонандагон таъмин намояд. Ҳамин тавр, метод ва шаклҳои ташаккули малакаҳои тарзи ҳаёти солими хонандагонро мо дида баромада, ба чунин хулоса омадем: методҳо ва шаклҳои гуногун барои ташаккул додани малакаҳои тарзи ҳаёти солим арзи вуҷуд доранд; ба методҳои ташаккул додани малакаҳои тарзи ҳаёти солим дохил мешаванд: ҳавасмандгардонӣ, суҳбат, машқ, намунаи ибрат, бозиҳо, мусобиқаҳо, лексияҳо ва ғайра; ҳамаи методҳо ба ташаккул додани тарзи ҳаёти солим, зиёд гардонидани ҳаҷми донишҳо дар бораи тарзи ҳаёти солим ва муносибат ба саломатии худ нигаронида шудаанд; шаклҳои ташаккул додани тарзи ҳаёти солим: соати синфӣ, барномаи бозиҳо, баҳсу мунозираҳо, машғулиятҳои гуруҳӣ, суҳбатҳо, мизҳои мудаввар ва ғайраҳо мебошанд.

Ҳамин тавр, омилҳои пешбарандаи ташаккул додани тарзи ҳаёти солим ва қобилияти мустаҳкам намудани саломатии хонандагон ташкили дурусти тартиби рӯз, машғулиятҳои маданияти ҷисмонӣ дар ҳавои кушод, даст кашидан аз одатҳои зарарнок ба шумор мераванд. Бо ёрии шакл ва методҳои гуногун малакаҳои тарзи ҳаёти солим дар хонандагони муассисаи таълимӣ ташаккул дода мешаванд.

Список литературы

  1. Консепсияи миллии маълумот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон. – Душанбе: 2002. – 28 с.
  2. Бальсевич В.К. Физическая культура для всех и каждого. – М.: Физкультура и спорт, 1988. – 208 с.
  3. Беляева А.В. Организация физкультурно-оздоровительной работы учащихся в образовательных учреждениях. – М., 2005. – 178 с.
  4. Быховская И.М. Образование и культура здоровья. – М., 2005. – 246 с.

Поделиться

186

Исломов О. А., Абдурахмонов Г. З. Формы и методы формирования навыков здорового образа жизни учащихся в образовательных учреждениях // Современное общество и личность: проблемы взаимодействия, вызовы и перспективы развития : сборник научных трудов по материалам Международной научно-практической конференции 31 октября 2024г. Белгород : ООО Агентство перспективных научных исследований (АПНИ), 2024. С. 47-50. URL: https://apni.ru/article/10346-formy-i-metody-formirovaniya-navykov-zdorovogo-obraza-zhizni-uchashihsya-v-obrazovatelnyh-uchrezhdeniyah

Обнаружили грубую ошибку (плагиат, фальсифицированные данные или иные нарушения научно-издательской этики)? Напишите письмо в редакцию журнала: info@apni.ru

Другие статьи из раздела «Педагогика и психология»

Все статьи выпуска
Актуальные исследования

#52 (234)

Прием материалов

21 декабря - 27 декабря

осталось 6 дней

Размещение PDF-версии журнала

1 января

Размещение электронной версии статьи

сразу после оплаты

Рассылка печатных экземпляров

17 января