Главная
Конференции
Современное общество и личность: проблемы взаимодействия, вызовы и перспективы развития
Отрицательные частицы таджикского языка и их выражение в английском языке

Отрицательные частицы таджикского языка и их выражение в английском языке

Секция

Филологические науки

Ключевые слова

отрицательные частицы
наречия
местоимения
отрицательные местоимения
время

Аннотация статьи

В данной статье рассматриваются вопросы изучения отрицательных частиц таджикского языка и их выражения в английском языке.

Текст статьи

Муқаддима

Ҳиссача аз ҷумлаи ҳиссаҳои ёридиҳандаи нутқ ба шумор рафта, ҳамчун воҳиди услубии гуфтор хизмат мекунад. Пеш аз он, ки дар барои ҳиссачаҳои инкорӣ маълумот диҳем, лозим донистем то дар хусуси омӯзиши ин ҳиссаи нутқ дар забонҳои муқоисашаванда ишорае намоем.

Ҳиссачаҳо дар забони англисии муосир аз ҷиҳати омӯхта шудан, таърихи дуру дароз дошта бошанд ҳам, вале на ҳама забоншиносон дар асарҳои илмии хеш ин ҳиссаи нутқро ба таври алоҳидаги ҷой додаанд.

Дар забоншиносии тоҷик омӯхта шудани ҳиссачаҳо, таърихи тӯлонӣ надоранд. Аз нигоҳи А.Халилов ба омӯхтан ва таҳлилу тадқиқи онҳо олимони тоҷик, асосан, аз солҳои 1940 сар кардаанд, ки то он замон ин гурӯхи калимаҳоро ҳиссаҳои гуногуни нутқ (исм, феъл, шумора, зарф ва ғайра) мешумориданд [8].

Оид ба ҳиссачаҳо, бори аввал, соли 1940 дар китоби дарсии «Грамматикаи забони тоҷикӣ» (барои мактабҳои ҳафтсола) маълумоте дарҷ гардид, ки аз қоидаҳои хеле мухтасари умумӣ иборат аст: «Ҳиссачаҳо хиссаи номустакили нутқ аст, ки барои ба ҷумла ва ѐ ба аъзоҳои вай додани маънои камтар дигар (оттенка) кор фармуда мешаванд. Мисол: ҳатто, наход, магар, фақат, не, на, охир, ки, –мӣ, –а, –чӣ ва аира».

Дар ин китоб пайвандаки тобеъкунандаи «ки» ҳам ҳиссача шуморида шудааст. Аз ҷиҳати вазифа онҳоро ба ду гурӯҳ тақсим намуда, ба гурӯхи якум, ҳиссачаҳоеро, ки ба чузъҳои ҷумла чигунагии муносибати гӯяндаро таъкид мекунанд (наход ки, фақат) ва ба гурӯҳи дуюм, ҳиссачаҳоеро, ки барои сохтани калимаҳои нав хизмат мекунанд, дохил кардаанд.

Муаллифони «Грамматикаи забони тоҷикӣ» нашри соли 1944, ҳиссачаҳоро ба ду гурӯҳ («ҳиссачаҳое, ки ба фикри дар ҷумла баѐн кардашуда чй хел муносибат доштани гӯяндаро ифода мекунанд: наход ҳамин китобро хонда бошӣ» ва «ҳиссачаҳои монанди суффикс ва префиксхо ба калима шакли нав медароранд: бо ҳиссачаи на шакли манфии феъл сохта мешавад. Бо ёрии ким ҷонишинҳои номуайян сохта мешавад: ким–кӣ, ким–чӣ, ким–куҷо. Ҳиссачаҳои –чӣ, –ку, –дия низ ба ҳамин гурӯҳ дохил мешаванд») тақсим кардаанд» [8].

Дар илми забоншиносии муосир масъалаи омӯзиши ҳиссачаи инкории «на» басо муҳим аст. Бо вуҷуди он, ки миқдори бисёри забоншиносон доир ба ин масъала ақидаҳои гуногунро пешкаш намуданд, ин масъала то ҳол ба пуррагӣ дида баромада нашудааст.

Маҳс чунин навъи тадқиқот дар ҳаллу фасли масъалаҳои илми забоншиносӣ моҳиятеро ба вуҷуд меоварад. Муқоисаи ҳиссачаи инкории «на» дар забонҳои англисӣ ва тоҷикӣ масъалаи муҳим маҳсуб меёбад.

Қобили қайд аст, ки оид ба вазифаҳои грамматикии ҳиссачаи инкории «на» амалан тадқиқотҳои гуногун аз ҷониби олимон забоншиноси рус ба анҷом расидааст, ки натиҷаи он дар адабиётҳои гуногун нашри худро ёфтаанд.

Ҳссачаи инкорӣ яке аз мафҳумҳои асосӣ дар илми забоншиносӣ ба ҳисоб меравад. Бинобар ин, бояд қайд кард, ки масъалаи омӯзиши инкор бисёрҷабҳа буда, шохаҳои зиёде дорад.

Ҳиссачаи инкории забони англисӣ ва тоҷикӣ ҳамчун воситаи асосии баёни инкор дар ҷараёни сӯҳбат ва муҳокима истифода бурда мешавад.оид ба таҳқиқи вижагиҳои грамматикии ҳиссачаҳо саҳми яке аз олимони забоншиноси тоҷикбасо муҳим аст.

Бояд гуфт, ки дар бораи инкор ва вазифаҳои он дар тадқиқотҳои забоншиносони тоҷик намунаҳои зиёде ба миён мерасад. Дар бораи инкор ва маъноҳои он дар ҷумла ягона ақидае ба назар нарасидааст ва он ниёз ба тадқиқ аст, зеро вазифаи инкор нисбатан вазифаи васеъро дар ҷумла ба дӯши худ гирифтааст, вай метавонад ба вазифаи пешванд, ҳиссача, пайвандак, ҳангоми такрор омадан, истифода бурда шавад.

Дар ҷумлаи забони англисӣ инкор бо ёрии ҳиссачаи инкории «not» ифода шудааст ва дар ҷараёни тарҷума ба забони тоҷикӣ низ бо воситаи ҳиссачаи инкории «на» баён карда мешавад.

Масалан: That is not very pleasant. Indeed, it is not even decent – Дар ҳақиқат, ин рафтори беадабона. На он қадар хуб аст (Это не очень приятно. В самом деле, это даже неприлично).

Дар забони англисӣ инкор дар ҷумла метавонвд ба вазифаи чунин сараъзо ва аъзои пайрави ҷумла ояд:

1. Мубтадо

Мисол: A woman become like their mothers. That is their tragedy. No man does. That’s his tragedy – Ҳамаи занҳо (акси модаронро мегиранд) ба модаронашон монанд мешаванд. Ин аст як фоҷиаи онҳо. На ягон мард ба ин кор дахолат мекунад. Ин аст фоҷиаи ӯ (Все женщины становятся похожими на своих матерей. В этом их трагедия. Ни один мужчина не делает этого. В этом его трагедия).

2. Пуркунанда

Мисол: I know nothing, Lady Blacknell – Хонум Блекнел, ман ҳеҷ чизро намедонам (Я не знаю ничего, леди Блэкнел).

3. Ҳоли замон

Масалан: I never saw a woman so altered; she looks quite twenty years yonger – Ягон занеро ман надидаам, ки то ин андоза дигаргун шуда бошад; Ӯ аз синну солаш бист сол ҷавонтар ба назар мерасад. (Я никогда не видел женщину так сильно изменившуюся; она выглядит на двадцать лет моложе).

Қайд кардан ҷоиз аст, ки ҳиссачаи инкори дар забони англисӣ таснифоти худро дорад. Масалан, олимони забоншиноси рус Бархударов Л.С., ва Штеллинг Д.А. ибораҳои ифоданоки инкориро ба се гурӯҳи асосӣ тақсим намуданд:

1. Ҷонишинҳои инкорӣ

Масалан: Nobody wanted to talk about it after that – Пас аз ин ҳодиса ягон нафар оид ба ин сухан рондан намехост (После этого никто не хотел говорить об этом).

2. Зарф

Масалан: Never thought that he was a spy – Ҳеҷ гоҳ фикр намекардам, ки ӯ ҷосус аст (Никогда бы не подумал, что он шпион).

3. Ҳиссачаҳои инкорӣ ба монанди neither … nor, not … nor.

Масалан: But neither of you knew him as I did – Касе аз шумо ӯро мисли ман намедонист.

Ҳамин тавр, таҳқиқи системаи гуногунсатҳи забонҳои тоҷикӣ ва англисӣ барои кушодани моҳияти маъноии категорияи инкор мусоидат мекунад.

Список литературы

  1. Васильева Н.М. Теоретическая грамматика. Ускоренный курс. – М.: Высшая школа, 1991. – 293 с. 
  2. Гак В.Г. Теоретическая грамматика французского языка. – М.: Высшая школа, 1979. – 304 с. 
  3. Забони адабии ҳозираи тоҷик. Қисми 1. Зерир таҳрири: Ш.Рустамов, Ҳ. Каримов, А. Маниёзов, А. Мирзоев, Д. Тоҷиев, Р. Ғаффоров. – Душанбе: Дониш, 1985. – 354 с. 
  4. Камолиддинов Б. Хусусияти услубии сарфу наҳви забони тоҷикӣ. –Душанбе: Маориф, 1992. –128 c.
  5. Маъсумӣ Н. Очеркҳо оид ба инкишофи забони адабии тоҷик. Душанбе: Пайванд, 2011. – 385 с. 
  6. Реферовская Е.А. Теоретическая грамматика современного французского языка. – Л.: Просвещение, 1973. – 430 с. 
  7. Степанов Ю.С. Структура французского языка. Морфология, словообразование, основы синтаксиса в норме французской речи. – М.: Высшая школа, 1965. –182 с. 
  8. Халилов А. Ҳиссачаҳо дар забони адабии ҳозираи тоҷик. – Душанбе: Дониш, 1977. – 144 с.

Поделиться

128

Шамсиева Л. У. Отрицательные частицы таджикского языка и их выражение в английском языке // Современное общество и личность: проблемы взаимодействия, вызовы и перспективы развития : сборник научных трудов по материалам Международной научно-практической конференции 31 октября 2024г. Белгород : ООО Агентство перспективных научных исследований (АПНИ), 2024. С. 6-8. URL: https://apni.ru/article/10347-otricatelnye-chasticy-tadzhikskogo-yazyka-i-ih-vyrazhenie-v-anglijskom-yazyke

Обнаружили грубую ошибку (плагиат, фальсифицированные данные или иные нарушения научно-издательской этики)? Напишите письмо в редакцию журнала: info@apni.ru
Актуальные исследования

#52 (234)

Прием материалов

21 декабря - 27 декабря

осталось 6 дней

Размещение PDF-версии журнала

1 января

Размещение электронной версии статьи

сразу после оплаты

Рассылка печатных экземпляров

17 января