Главная
Конференции
Современное общество и личность: проблемы взаимодействия, вызовы и перспективы развития
Интеллектуальное и речевое развитие – основная цель самостоятельной учебной деят...

Интеллектуальное и речевое развитие – основная цель самостоятельной учебной деятельности учащихся (теоретический аспект)

Секция

Педагогика и психология

Ключевые слова

интеллектуальное и речевое развитие
самостоятельная образовательная деятельность учащихся

Аннотация статьи

В данной статье рассматриваются теоретические вопросы интеллектуального и речевого развития, как основной цели самостоятельной образовательной деятельности учащихся. Отмечается, что соответствующая тема считается одной из актуальных. 

Текст статьи

Дар ҷаҳони муосири зудтағйирёбанда ва пур аз тазодҳо шаҳрвандон бояд дорои сифатҳои ташаббускорӣ, навоварӣ, татбиқсозӣ, тағйирпазирӣ, уҳдабароӣ, масъулиятшиносӣ ва созандагию эҷодӣ бошанд. Дар зинаи таҳсилоти ибтидоӣ, бахусус, дар дарсҳои забони модарӣ барои муваффақ шудан ба ин сифатҳо фаъолияти мустақилонаи омӯзишӣ ба хотири рушди зеҳн ва нутқи хонандагон заминаи мусоид фароҳам меорад.

Таҷрибаи байналмилалӣ ва шароити кунунии Тоҷикистон нишон медиҳад, ки имрӯз танҳо бо дониш мусаллаҳ будан кифоя нест. Вобаста ба талаботи бозори меҳнат ва инкишофи босуръати муносибатҳои иҷтимоӣ ва иқтисодӣ дониш, маҳорат ва малакаи худро дар амал истифода карда тавонистан яке аз омилҳои ба замони муосир мутобиқгардонии талабагон ба шумор меравад. Талабагон бояд мақсаднок ва ба таври мушаххас хонанд, нависанд, дар иҷрои кори мустақилона ба ҷустуҷӯ, кунҷковӣ ва эҷодкорӣ рағбат пайдо кунанд. Барои мустақилона омӯхтан ҳавасманд бошанд ва дар фаъолиятҳои таълимӣ, масалан, хондан, навишатан ва фаъолиятҳои дигари таълимӣ фаъол бошанд, аз варақаҳои машқу мисолҳо пайваста истифода баранд. Баъзан ба талабагон имконият дода шавад, ки барои хондан ва таҳлили китоби хондаашон омода бошанд.

Дар таҳияи лоиҳавии китоби бадеӣ иштирок карда, китоби бадеиро барои хондан ва навиштан интихоб намуда, муносибати шахсии худро нисбат ба мазмуни он пешгӯйӣ карда тавонанд. Саволҳо таҳия намуда, дараҷаи фаҳмиши худро тавассути варақаҳои таҳлилӣ баланд бардоранд. Дар таҳлил ва муҳокимаи асари бадеӣ фаъолона иштирок намуда, андеша ва ақидаи худро ҳимоя намоянд. “Сифатҳои нисбатан барҷастаи зеҳни шахсият инҳоянд: кунҷковӣ, ҷӯяндагӣ ва амиқии ақл, муҳаррикӣ, мантиқӣ ва исботкунандагӣ” [5, с. 7]. Ҳар як фанни таълимӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, бахусус, синфҳои ибтидоӣ душвориҳои махсуси худро дорад. Аз ин ҷост, ки ба ҳар як омӯзгор лозим аст, ки илова ба методҳои тахассусӣ методҳои умумии фанҳои гуногунро низ хуб донад, чунки донистани методҳои гуногун ба омӯзгор имконият медиҳад, ки барои аз худ намудани донишҳо ва дар ҳаёт татбиқ намудани онҳо саҳмгузор бошад. Таълим ҳамон вақт самарабаш мешавад, ки фаъолияти мустақилона дар робитаи мутақобилаи байни омӯзгор ва хонанда қарор дошта бошад.

Ба ин хотир омӯзгорони синфҳои ибтидоӣ бо шогирдони худ фаъолиятҳои мушкилу зарурии хондан, навиштан, баёни маънӣ (гуфтор), ба хотир гирифтан (аз ёд кардан), ҳисоб кардан (ҳалли мисолу масъала), расм кашидану суруд хондан ва иҷрои машқу ҳаракатҳои ҷисмониро маҳз дар заминаи ташаккули зеҳн ва тафаккури бедор ташкил намоянд. Зеро асрори рушди шахсияти мустақил ва ҷӯяндаи кӯдак, асосан, дар низоми фикрӣ, яъне дар “кашфи” маънӣ нуҳуфтааст:

Ин сухан пӯст асту маънӣ мағзи он,

Ин сухан чун нақшу маънӣ ҳамчу ҷон [2, с. 418].

Сайри таърихӣ ба сарчашмаҳои афкори педагогӣ оид ба фаъолияти мустақилонаи омӯзишӣ бозгӯйи онанд, ки дар Юнони қадим бачаҳо аз синни 7 то 13-14-солагӣ ба мактаб қабул карда мешуданд. Дар мактабҳои куҳнаи тоҷикӣ бошад, падару модар фарзандони худро аз синни 6 солагӣ ба мактаб мебурданд. “Дар мактабҳои куҳнаи Осиёи Миёна аз ҷумла дар мактабҳои куҳнаи тоҷикӣ аз ҳам ҷудо будани хонишу хат, ки мувофиқи анъанаи асримиёнагӣ ва майлу хоҳиши ҳомиёни дин давом карда меомад, яке аз сабабҳои асосии бемуваффақиятии проссеси таълим ва бесаводии аксарияти хонандагон буд” [6, с. 73]. Ба ақидаи Арасту се хели ҷон мавҷуд аст: ҷони наботот, ҷони ҳайвонот, ҷони ақлӣ, ки илова бар хосиятҳои ҷони набототӣ ва ҳайвонӣ хислати тафаккур ва фикр карданро низ дорад. Мувофиқи таълимоти ӯ ба ин се навъи ҷон аз давраи хурдсолӣ се хел тарбия: тарбияи ҷисмонӣ, тарбияи ахлоқӣ, тарбияи ақлӣ зарур аст. Я.А. Коменский аз давраи хурдсолӣ бо кори хоҷагидорӣ ва меҳнат одат кунонидани бачагон ва барои ин кор бо асбобҳои рӯзгор ва тарзи истифодаи онҳо шинос намудани онҳоро маслиҳат медиҳад. Ба ақидаи Я.А. Коменский, “тарбияи ахлоқии бачагони синни томактабӣ аз тарбияи тозагӣ, меҳнатдӯстӣ, ҳурмату эҳтиром кардани калонсолон, росткорӣ, боадолатӣ ва фазилати аз ҳама муҳим – ба одамон муҳаббат доштан мебошад” [3, с. 38-39].

Хизмати шоистаи Я.А. Коменский аз он иборат аст, ки вай аввалин шуда доир ба тарбияи томактабӣ бо номи “Мактаби модарӣ” раҳнамо тартиб додааст. Ба ақидаи ӯ дар мактаб муддати омӯзиши забони модарӣ бояд шаш сол бошад. Дар он замон муҳлати таҳсил дар мактаби ибтидоӣ ду-се сол буд ва он бо ёд додани талими хат, хондан ва ҳисоби одӣ маҳдуд мегардид.

Хизмати Я.А. Коменский аз он иборат буд, ки вай аҳаммияти мактаби ибтидоиро ҳамчун мактаби забони модарӣ баланд бардошт, дар он давомнокии курси таълимро муайян кард. Дар мактабҳои ибтидоӣ мазмуни таълимро донишҳо оид ба фанни география, геометрия, табиатшиносӣ бо дохил кардани таълими суруд ва меҳнати дастӣ ташкил медод.

Я.А. Коменский талаб мекард, ки хонандагон баъди омӯхтани забон (грамматика) ба омӯхтани илмҳои воқеии – табиатшиносӣ, математика, фалсафа (этика ва диалектика) гузашта, тамоми курс бо омӯхтани риторика (ровигӣ) анҷом дода шавад. Чунки хонандагон дар натиҷаи омӯхтани пайдарпайи фанҳо ба зебоии нутқ, мазмуннокӣ ва амиқии он муваффақ хоҳанд шуд.

Я.А. Коменский аввалин касе буд, ки принсипи аёниятро аз ҷиҳати назариявӣ асоснок кард. Вай аёниятро на фақат ҳамчун воситаи тамошо (биниш), балки ҳамчун воситае медонист, ки барои беҳтар ва равшан дарк кардани чизҳо ва ҳодисаҳо ҷалб намудани тамоми ҳиссиётро таъмин мекунад. “Ҳар он чизе ки имкон дорад, барои дарки эҳсосот пешниҳод карда шавад: ба воситаи узвҳои биноӣ, бӯёӣ, шунавоӣ, чашовӣ, ломиса. Агар ягон ашёро бо чанд ҳиссиёт эҳсос кардан мумкин бошад, бигузор барои дарки он якбора чанд узви ҳиссиёт ба кор андохта шавад” [4, с. 40].

Я.А. Коменский китоби дарсии худ – “Дари кушодаи забонҳо ва тамоми илмҳо”-ро (-1631) мувофиқи принсипҳои дидактикӣ таҳия карда, як қатор ҷумлаҳои тадриҷан аз ҷиҳати грамматикӣ мураккабшавандаро интихоб намуда, ба ин васила онро аз китоби дарсии сирф забон ба китоби дарсие, ки кӯдакро бо донишҳои соҳаҳои гуногуни барояшон фаҳмо шинос мекунад, мубаддал гардонд. Дидактикаи Жан-Жак Руссо ба он асос ёфтааст, ки дар заминаи инкишофи мустақилият, малакаҳои мушоҳидакорӣ ва хушфаҳмӣ дар кӯдак ташаккул меёбад. “Ҳама чиз барои дарк кардан ба дараҷаи аёнияти васеъ ба ихтиёри бача гузошта шавад” [1, с. 59].

Раванди мантиқии грамматика дар омӯхтани забон дар нимаҳои асри XVIII аз тарафи олими машҳури рус М.В. Ломоносов тартиб дода шуд, ки он аввалин грамматикаи забони русӣ буда, қоидаҳои дурустнависиро дар бар мегирифт. Грамматикаи Ломоносов дар байни одамони босаводи асри XVIII оид ба мустақилона омӯхтани забони русӣ шавқу завқи забономӯзии одамонро зиёд намуд. “Дар аввалҳои асри XIX дар асоси грамматикаи М.В. Ломоносов аз тарафи Востоков ва Грача грамматикаи нав тартиб дода мешавад” [7, с. 155].

Педагоги машҳури рус Буслаев соли 1844 «О преподавании отечественного языка» асаре навишта, системаи грамматикаи мантиқиро сахт танқид карда буд. Мувофиқи методикаи Буслаев грамматика бояд бо хониш, инкишофи нутқ, услуби ҷумлабандӣ ва таърихи адабиёт якҷоя ва дар алоқаманди таълим дода шавад.” Дар афкори методистони рус дар робита ба фаъолияти мустақилонаи кӯдак солҳои 70-уми асри XIX доир ба методикаи хониш як раванди дигар ба вуҷуд омад, ки онро хониши “калимаэзоҳдиҳӣ” меномиданд ва ин метод принсипҳои аз тарафи Ушинский коркардшудаи хониши эзоҳиро халалдор мекард.

Ҳамин тавр, дар ҳар як давраи нави таърихӣ, вобаста ба ташаккули ҷамъияти инсонӣ шумораи одамони босавод зиёд шудан мегирад, талаботи маданию маърифатии одамон меафзояд. Дар одамон кӯшиши мустақилона омӯхтани савод, ёд гирифтани касбу ҳунар рӯ ба афзоиш меорад.

Список литературы

  1. Икромова Ф. Дарсҳои хониш ва инкишофи нутқ дар синфи 2. – Душанбе: Маориф, 1987.
  2. Иматзода Лутфия Махмадулло. Инкишофи нутқ ва аҳамияти он дар омӯзиши ибтидоии забони // Паёми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон. Бахши илмҳои педагогӣ. №2 (67) 2021. – С. 190-199.
  3. Исмоилов Ш. Баъзе масъалаҳои забони тоҷикӣ дар мактаб. – Душанбе: Маориф, 1984. 96 с
  4. Камолов Н. Методикаи тартиб додан ва истифода бурдани ҷадвали забони тоҷикӣ. -Душанбе: Маориф, 1975. – 56 с.
  5. Қурбонов Р. Мулоҳизаҳо доир ба методикаи таълими шашсолаҳо / Маҷалаи Мактаби советӣ, №6. 1985. – 64 с.
  6. Сабуров Х.М.Таҳсилоти ибтидоӣ: мазмун, вазифа ва талаботи ҷомеа. Хуҷанд: Меҳроҷ, 2014. – 260 с.
  7. Тағоев С. Машқҳо доир ба ташаккули нутқи мадании хонандагон / Маҷалаи Мактаби Советӣ, № 6, соли 1988. – 64 с.

Поделиться

144

Рахматуллоев Д. Н. Интеллектуальное и речевое развитие – основная цель самостоятельной учебной деятельности учащихся (теоретический аспект) // Современное общество и личность: проблемы взаимодействия, вызовы и перспективы развития : сборник научных трудов по материалам Международной научно-практической конференции 31 октября 2024г. Белгород : ООО Агентство перспективных научных исследований (АПНИ), 2024. С. 76-79. URL: https://apni.ru/article/10404-intellektualnoe-i-rechevoe-razvitie-osnovnaya-cel-samostoyatelnoj-uchebnoj-deyatelnosti-uchashihsya-teoreticheskij-aspekt

Обнаружили грубую ошибку (плагиат, фальсифицированные данные или иные нарушения научно-издательской этики)? Напишите письмо в редакцию журнала: info@apni.ru

Другие статьи из раздела «Педагогика и психология»

Все статьи выпуска
Актуальные исследования

#52 (234)

Прием материалов

21 декабря - 27 декабря

осталось 6 дней

Размещение PDF-версии журнала

1 января

Размещение электронной версии статьи

сразу после оплаты

Рассылка печатных экземпляров

17 января