Главная
Конференции
Наука и образование в XXI веке: интеграция и инновации
Средства отрицания в английском и таджикском языках

Средства отрицания в английском и таджикском языках

Секция

Филологические науки

Ключевые слова

средства отрицания
английский и таджикский языки

Аннотация статьи

В данной статье рассматривается вопрос изучения средств отрицания в английском и таджикском языках.

Текст статьи

Воситаи инкорро дар забони тоҷикӣ забоншиносон таҳқиқ намуда, дар асарҳои илмӣ фикру ақидаҳои худро баён намудаанд. Забоншиносони тоҷик Б. Камолиддинов, Б. Ниёзмуҳаммадов, Р. Ғаффоров, Ф. Зикриёев, К. Усмонов, Д. Тоҷиев, Ш. Рустамов оид ба роҳ ва воситаҳои асосии ифодаи инкор тадқиқотҳои зиёд гузаронида, ақидаҳои худро дар адабиётҳои илмӣ инъикос намудаанд. Тадқиқ намудани воситаи ифодаи инкор дар забонҳои тоҷикӣ ва англисӣ масъалаи муҳим мебошад. Дар рафти муошират кардан категорияҳои инкорӣ яке аз ҳодисаи грамматикии мушкил ба ҳисоб рафта хусусиятҳои грамматикӣ ва лексикии забони омӯхташударо дар назар дорад. “Инкор” ҳамчун истилоҳ таркиберо дар ҷумла нишон медиҳад, ки алоқаи муқарраршудаи таркиби ҷумлаҳо дар воқеият ҷои худро надорад ё ҷумлаи тасдиқие, ки аз тарафи гӯянда изҳор мешавад мухолифи ҳақиқат аст. Дар “Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ”-и С. Назарзода воситаи инкорро ҳамчун калима ё морфемае, ки маълумоти манфиро ифода менамояд, муайян кардааст: Мисол “на” (“ҷавоб надод, сухан нагуфт”) “бад” (“бадбахт, бадтолеъ, бадбахтӣ) ва ғайраҳоро ифода мекунад.

Дар забони тоҷикӣ воситаи инкор метавонад бо калимаи инкорӣ ё префикс ифода ёбад (мисол ҳиссача ё пешванди инкории “не”). Инкор ин рад кардан, қабул накардан, зид будан ва ғайраро ифода мекунад. Моҳияти воситаи инкор дар забонҳои муқоисашаванда аз он иборат аст, ки инкор намудани алоқаи байни аъзоҳои ҷумларо ифода карда, маълумоти манфӣ медиҳад. Воситаи инкор дар забон яке аз категорияҳои муҳимтарини забон буда, ҳамчун универсалияи забон таҳлил кардан мумкин аст, зеро воситаи инкор дар ҳамаи забонҳо мавҷуд буда, намуд ва роҳҳои ифодакунии гуногун дорад. Инкор бо чунин ҷамбаҳои забонӣ алоқаманд аст: лексикӣ, грамматикӣ, семантикӣ, синтаксисӣ ва ғайра. Инкор аз нуқтаи назари семантикӣ аз рӯи маъно гуногунҷабҳа буда, доираи васеи маъноҳои инкор, яъне ғоиб будан, розӣ набудан, зид буданро дар бар мегирад.

Тадқиқотчиён О.В. Мурашова, В.А. Семушина ду намуди инкорро қайд намудаанд:

  • маънои умумии инкор – набудан ё вуҷуд надоштан;
  • муносибати шахсии инкор – розӣ набудан, рад кардан, нафаҳмидан ва ғайра.

Аз лиҳози илми мантиқ ифодаи шаклҳои инкор яъне шакл ва мундариҷаи он ( нестӣ, ғайб ва ғайра) мебошад. Воситаи инкор аз ду ҷанба иборат аст: мусбӣ ва манфӣ. Дар илми забоншиносӣ байни ин ду тафовут маъноҳои семантикие, ки барои тасдиқ ва инкор кардан пешниҳод шудааст маълум аст. Ин далелҳо аз он шаҳодат медиҳад, ки фикрҳои мусбӣ ва инкорӣ на ҳамавақт дар муносибати мутақобил мебошанд. Барои ифодаи шакли мантиқӣ дар нутқ ҳамзамон шаклҳои гуногуни инкорӣ пайдо шуданаш имконпазир аст (лексикӣ, грамматикӣ ва фонетикӣ). Воситаҳои ифодаи инкорӣ категорияи мантиқие мебошад, ки дар баёни фикрҳои инкорӣ истифода бурда мешаванд ва он асосан ба ду гурӯҳ ҷудо мешавад: эксплицитӣ ва имплицитӣ. Гурӯҳи аввали воситаи инкории эксплицитивӣ бо воситаи қоидаҳои грамматикиву лексикӣ ва гурӯҳи дигар шакли инкории имплицитивӣ бо воситаи баъзе калимаҳо ва ибораҳои фразеологӣ инчунин воситаи сохти инкории семантикӣ, яъне кадоме, ки шакли мусбии муносибро надорад ифода мекунад [2, 123].

Барои мисоли ифодаи инкории эксплицитиви чунин ҷумлаҳоро метавон пешниҳод кард. Boo wasn’t crazy…. “I don’t want to go home,” she suddenly cried in distress and anguish”.

Дар ҷумлаҳои зерин шакли инкории эксплецитивӣ бо феъли «to be» дар замони гузашта бо ёрии ҳиссачаи инкории «not» ифода карда шудааст.

Мисолҳои шакли инкории имплицитӣ:

His absence was very strange.

The lack of knowledge let him down.

He failed to appear at the moment.

“Stop talking!”

Дар мисолҳои зерин калимаҳои absence, stop, fail to ва lack of шакли инкории семантикӣ доранд, мафҳуми ғайб, норасогиро ифода менамоянд ва аз ҳамин сабаб таҷассум кардани шакли инкории имплицитивӣ ва ҳиссачаи инкории феъли «to be»-ро талаб намекунад. Ғайр аз ин инкор кардан бо воситаи шакли эксплицитивӣ (аз лиҳози лексикӣ бо воситаи аффиксҳо, ҳиссачаҳо ва қоидаҳои грамматикӣ) инчунин (бо калимаҳои инкории семантикӣ ва сохтҳои гуногуни синтаксисӣ) ба амал меояд. Чи хеле, ки маълум аст забон – таърихан инкишоф ёфтани системаи овозҳо, воситаи грамматикӣ ва луғавӣ, ки барои муошират кардан, мубодилаи афкор ва якдигарфаҳмӣ дар ҷамъият хизмат мекунад иборат аст [4, 45]. Ҳамаи забонҳо хусусан забони англисӣ – ин системае мебошад, ки аз хусусиятҳои ба худ хоси грамматикӣ, ҳиссаҳои мустақили нутқ аз морфология ва синтаксис иборат мебошад.

Боиси зикр аст, ки шаклҳои инкорӣ дар забони англисӣ бисёрҷабҳа мебошад ва дарк намудани он хело мушкил аст. Аз тарафи забоншиносон тадқиқотҳои зиёд оид ба ин масъала гузаронида шудааст, вале шаклҳои инкорӣ то ҳол масъалаи кам омӯхташуда мебошад. Ба туфайли вуҷуд доштани миқдори зиёди роҳ ва усулҳои гуногуни шаклҳои инкории забони англисӣ дар ҷумлаҳо ва аъзоҳои ҷумла чунин муаммо ба миён меояд: дар кадом ҳолат истифода бурдани воситаи инкор дуруст аст. Истилоҳи «инкор»-ро ба илми фалсафа олим Гегель А. В. ворид кардааст. Вале бояд қайд намуд, ки ӯ ба он маънои идеалисти ворид намудааст. Ба ақидаи ӯ дар асоси инкор кардани ягон мафҳум инкишоф ёфтани идея ва фикр ба миён меояд. К. Маркс ва Ф. Энгельс истилоҳи «инкор»-ро ба таври материалистӣ тафсир кардаанд. Ба ақидаи онҳо шаклҳои инкорӣ қисми ҷудоинопазири инкишофи худи воқеияти материалисти мебошад. Шаклҳои инкорӣ барои инкишофи илм ва аз бар кардани ягон мафҳуме хос аст. Ақидаҳои назариявии илмии мукаммал ақидаҳои кӯҳнаи олимонро бартараф менамояд. Қобили қайд аст,ки шаклҳои инкорӣ ин натиҷаи ташаккулёбии ботинӣ мебошад

Маълум мебошад, ки ашьёҳо ва падидаҳо бо ҳам муқобил ҳастанд ва дар асоси ихтилофи ботинӣ барои ташаккул ёфтан барои худ шароитеро барои гузаштан ба сифати беҳтарин муҳайё месозанд. Шаклҳои инкорӣ бартараф намудани ақидаҳои кӯҳна дар асоси мухолифати ботинӣ ва натиҷаҳои худинкишофдиҳӣ ба амал меояд. Нисбат ба шарҳдиҳии метафизикӣ «инкор» қатъшавиро таъкид менамояд инчунин дар ихтилоф будани ҳудудҳои таъғирёбии этапҳои дигарро шарҳ медиҳад [5, 79].

Аз лиҳози илми мантиқ шакли инкор ин амалиёти мантиқи буда, он мулоҳизоти ҳақиқиро бо ғайривоқеӣ муқобил мегузорад. Инчунин қайд карда шудааст, ки ақидаи инкори аз ғайб будани обьект шаҳодат медиҳад. Сабаб дар он аст, ки мавҷуд набудани яке аз обьектҳо аз мавҷуд будани обьекти дигаре шаҳодат медиҳад. Дар илми забоншиносӣ мафҳуми инкор бо ақидаҳои гуногун муайян карда шудааст. Чун падидаи субьективии психикаи инсон шакли инокориро пайравони консепсияи психологи маънидод мекунад. Шаклҳои инкор амалиёти муоширати буда, фикреро инкор ё ислоҳ менамояд. Яъне мақсади он на аз баёни фикри нав балки рад кардани фикре мебошад. Дар мулоҳизотҳои инкорӣ шаклҳои инкорро метавон ба мазмун ва мундариҷаи он инчунин ба муносибати субъект ва предикат равона кард. Дар забоншиносӣ шаклҳои инкорро бо ҳиссачаи «не» ифода мешавад. Мо метавонем ягон фикре ақидаеро тасдиқ ваё инкор намоем. Вале ин ду амалиётро баробар иҷро намудан ба мақсад мувофиқ нест.

Шаклҳои инкорӣ – ба ҳамаи забонҳои ҷаҳон хос мебошад ва аз категоряҳои семантикӣ иборат буда, он аз муайян кардан бо воситаи элементҳои семантикӣ иборат нест.

Шаклҳои инкорӣ- ҷузъи маъновии ҷумла буда, он ифода кардани робитаи байни аъзоҳои ҷумларо муайян месозад. Шахси гӯянда инкор менамояд ва ҳамзамон метавонад ҷумлаҳои тасдиқиро рад намояд.

Одатан фикри баёншуда дар чунин ҳолатба вуҷуд меояд.

Шаклҳои инкорӣ – бо англисӣ – negation – бо воситаи лексика, фразеология, синтаксис ва дигар воситаҳои забоние, ки василаҳои баёни фикрро дар бар мегирад иборат нест.

Шаклҳои инкорӣ аз якчанд намудҳо иборат мебошанд:

  • мутлақ (absolute negation) яъне ба баёни фикр ва синтаксис тааллуқ дорад;
  • синтаксис (syntaxique) ё ин ки пайвандаки пайвасткунанда (conjunctive).

Шакли пайвандаки пайвасткунандаи инкорӣ метавонад ба мафҳуми инкории лексикӣ ва ё ба ҷумлаи инкории фразеологӣ вобаста бошад.

Ҳамин тариқ, ҳиссачаи инкорӣ яке аз мафҳумҳои асосӣ дар забоншиносӣ ба ҳисоб меравад. Бинобар ин, бояд қайд кард, ки масъалаи омӯзиши инкор бисёрҷабҳа буда, шохаҳои зиёде дорад. Ҳиссачаи инкории забони англисӣ ва тоҷикӣ ҳамчун воситаи асосии баёни инкор дар ҷараёни сӯҳбат ва муҳокима истифода бурда мешавад.

Список литературы

  1. Васильева Н.М. Теоретическая грамматика. Ускоренный курс. – Москва: Высшая школа, 1991. – 293 с. 
  2. Гак В.Г. Теоретическая грамматика французского языка. – М.: Высшая школа, 1979. – 304 с. 
  3. Забони адабии ҳозираи тоҷик. Қисми 1. Зерир таҳрири: Ш. Рустамов, Ҳ. Каримов, А. Маниѐзов, А. Мирзоев, Д. Тоҷиев, Р. Ғаффоров. – Душанбе: Дониш, 1985. – 354 с. 
  4. Камолиддинов Б. Хусусияти услубии сарфу наҳви забони тоҷикӣ. –Душанбе: Маориф, 1992. – 128 c.
  5. Маъсумӣ Н. Очеркҳо оид ба инкишофи забони адабии тоҷик. Душанбе: Пайванд, 2011. – 385 с. 
  6. Реферовская Е.А. Теоретическая грамматика современного французского языка. – Л.: Просвещение, 1973. – 430 с. 
  7. Степанов Ю.С. Структура французского языка. Морфология, словообразование, основы синтаксиса в норме французской речи. –М.: Высшая школа, 1965. – 182 с. 
  8. Халилов А. Ҳиссачаҳо дар забони адабии ҳозираи тоҷик. – Душанбе: Дониш, 1977. – 144 с.

Поделиться

117

Шамсиева Л. У. Средства отрицания в английском и таджикском языках // Наука и образование в XXI веке: интеграция и инновации : сборник научных трудов по материалам Международной научно-практической конференции 12 ноября 2024г. Белгород : ООО Агентство перспективных научных исследований (АПНИ), 2024. С. 37-40. URL: https://apni.ru/article/10499-sredstva-otricaniya-v-anglijskom-i-tadzhikskom-yazykah

Обнаружили грубую ошибку (плагиат, фальсифицированные данные или иные нарушения научно-издательской этики)? Напишите письмо в редакцию журнала: info@apni.ru

Похожие статьи

Актуальные исследования

#52 (234)

Прием материалов

21 декабря - 27 декабря

осталось 6 дней

Размещение PDF-версии журнала

1 января

Размещение электронной версии статьи

сразу после оплаты

Рассылка печатных экземпляров

17 января