Распространение персидской культуры в Китае

Секция

Филологические науки

Ключевые слова

распространение персидской культуры
Китай

Аннотация статьи

В данной статье рассматриваются вопросы распространения персидской культуры в Китае. Отмечается, что исследуемая тема является одной из актуальных в современном китаеведении. 

Текст статьи

Мусаллам аст, ки манобеи илмӣ ва таърихӣ бар он ишора мекунанд, ки маҳз, тариқи Шоҳроҳи абрешим анвои зиёди меваҳо аз Осиёи Миёна ба манотиқи Чин ворид шудаанд. Ва аз манотиқи Чин низ ба Осиёи Миёна, хусусан водии Фарғона ва Хуҷанд колои чинӣ бо анвои мухталиф дохил мешуданд. Чунончи, «Аз шаҳрҳои шарқии Хуҷанд, ки ҷузъи вилояти Фарғона буд, анвои филизот, сангҳо, нафт, сойири маводи хом… дохил мешуданд. Бино бар ин, бозор ва маҳалли шарқии шаҳр борандози ин навъ воридот будааст. Дарвозаи шимолии шаҳр маҳалли вуруди тилло ва нуқра, барда ва соири колоҳое буд, ки аз сарҳадоти дури Фарғона – Ӯзканду Хутан, Қошғару Ахсикат ва Чоч меомад» [1, c.172].

Интишор, таъсир ва ҳуввияти адабиёти форсӣ дар ҷаҳон бебаҳс аст. Дар тасдиқу таъкиди ин ақида на фақат муҳаққиқони форсизабон, балки эроншиносону мусташриқони дунё афкори ҷолибу мудаллал пешниҳод кардаанд. Сол ба сол домани таҳқиқи ин мавзӯъ фаротар рафта, донишмандон боз ҳам маводи ҷолиберо мавриди таҳқиқ ва мутолиа қарор медиҳанд, ки боиси густариши шинохти манзалати адабиёти форсӣ дар офоқ аст.

Таҳқиқи адабиёти форсӣ дар қаламрави Қошғар ва нуфузи адабиёти форсу тоҷик дар адабиёти ӯйғур бо асноди ҳайратовар ва маводи ҷолиб қудрати забони дарию тоҷикӣ ва манзалати адабиёти форсиро таҷассум менамоянд. Дар ин бахши рисола муаррифии сарчашмаҳои адабиёти ӯйғур, дарёфти манҳаҷу марҷаи майли суханварони Туркистони Шарқӣ ба адабиёти форсизабон, муайян кардани сабабҳои убур ва интишори адабиёти форсу тоҷик дар сарзамини Қошғар, анъанаҳо ва муштаракоти адабӣ, бақои забон ва адабиёти форсӣ дар адабиёти ӯйғур дар назар аст. Чун сухан аз тавсиаи забон ва адабиёти форсу тоҷик дар яке аз гӯшаҳои олам меравад, сараввал заминаҳои таърихии онро, ки бевосита ба таърихи этникӣ, яъне ташаккулёбии халқи тоҷик ва ӯйғур мансуб аст, бояд ёдовар шуд.

Дар ин бобат ба чанд назарияҳои мавҷуд метавон ишора кард. Аммо ҳадафи мавзӯи ҳозир муқоисаи ин тадқиқот набуда, интихоби андешаи дақиқтар ва санҷида дар ин маврид мебошад.

«Далелҳои сершумори таърихӣ, археологӣ ва этнографӣ тасдиқ менамоянд, ки дар замонҳои қадимтарин, аниқтараш, ҳазорсолаҳои сеюм ва дуюми то милод аҷдоди тоҷикҳо – тоифаҳои эронинажод ва эронизабон сарзамини паҳноварро аз Аврупои Ҷанубӣ-Шарқӣ, яъне соҳилҳои шимоли баҳри Сиёҳ ва даштҳои Авруосиё то Туркистони Шарқӣ (ноҳияи имрӯзаи Шинҷони Хитой) ва аз назди Урал то ҷануби Эрон фаро мегирифт. Бино ба мулоҳизаи устувор ва ба ҳақиқат наздик, аҷдоди тоифаҳои гуногуни бо ҳам хешутабори ҳиндуэронӣ то замони аз ҳам ҷудошавӣ дар ҳудуди имрӯзаи Осиёи Миёна ва ноҳияҳои ҳамсарҳади он зиндагӣ карда, сипас як гурӯҳи онҳо ба Ҳиндустон, гурӯҳи дигараш дар Осиёи Сағир ва дар Эрони Fарбӣ маскан гирифтанд. Аз тоифаҳои эронии сарзамини имрӯзаи Осиёи Миёна: суғдҳо, бохтарҳо, хоразмиҳо, портҳо, марғиён, уструшаниҳо, фарғонагиҳо, сакоиҳо, массагетҳо ва қабилаҳои сершумори Туркистони Шарқӣ аҷдоди бевоситаи тоҷикҳо буданд» [3, c.29].

Пешрафти ҳунарҳои хаттӣ, аввалин чопхонаҳо, ихтирои коғаз низ дар замини ӯйғур бо суръат пеш рафт. Ҳарчанд то имрӯз кашфиёти мошинаи чоп бо номи Гютенберги олмонӣ (асри XV) шуҳрат дорад, баъзе таҳлилҳо ихтирои дастгоҳи аввалини чопи китобро ҳанӯз садҳо сол пеш ба ӯйғурҳо мутааллиқ медонанд. Ба қавли профессор Лазло, тамаддуни ӯйғур бар он комёб буд, ки на танҳо чопи китобро кашф кунад, балки ихтирои коғазе, ки аз чиниён медонанд, аслан мутааллиқ ба ӯйғурони қадим будааст [2, c.99].

Ин матлаб, ки хулосаи аксари донишмандон аст, аслан аз китоби куҳанбунёди Авесто сарчашма мегирад. Дар дафтари шашуми Вандидот, фаргарди якум ба суханони Аҳура Маздо мутаваҷҷеҳ мешавем, ки мегӯяд: «Нахустин сарзамину кишвари неке, ки ман – Аҳура Маздо офаридам, Эронвиҷ буд…» [3]. Эронвиҷ ҳамон Аирянаваеҷа аст, ки ба маънии «сарзамини эрониён» ё «паноҳгоҳу пойгоҳи аслии эрониён» омада ва эрониёни куҳан аз оғоз дар он ҷо мезистаанд.

Авестошиноси маъруф Ҷалили Дӯстхоҳ бо дар назаргирии натиҷаи пажӯҳиши бостоншиносону эроншиносон мегӯяд, ки Эронвиҷе, ки Авесто ситоиш мекунад, ҳамоно заминҳои Осиёи Миёна ва ҳудуди Хоразм будааст. Ӯ андешаи худро аз ташаккули этникии мардумон чунин баён мекунад:

«Сарзамини модар ва пойгоҳи аслии қабоили ҳиндуэронӣ ба эҳтимоли зиёд хиттаи Осиёи Миёна будааст. Тақсими ин қабоил ба шуъбаҳои ҳиндӣ ва эронӣ ношӣ аз кӯчҳои пайдарпаи онон буд. Нахустин бор гурӯҳе аз онҳо аз роҳи Афғонистони имрӯзӣ ба сӯи Ҳинд кӯч карданд (қабоили ҳиндӣ) ва пас аз онҳо қабоиле, ки дар Осиёи Миёна боқӣ монда буданд, ба сӯи сарзаминҳои Эрон ва Афғонистони кунунӣ кӯчиданд (қабоили эронӣ). Зистгоҳи ҷадиди қабоили эронӣ аз кӯҳҳои Қафқоз ва саҳроҳои Осиёи Миёна дар Шимол то каронаҳои дарёи Уммон ва Халиҷи Форс дар ҷануб ва аз Афғонистону бахше аз флоти Помир ва даҳанаи руди Синд дар ин шоҳасари туркӣ дар робита бо адаби форсу тоҷик муҳаббати уламои форсизабонро ба мардуми ӯйғур таъкид ва баён медорад ва аз назари аҳамияти илмӣ бо асари Маҳмуд Қошғарӣ ҳамсанг аст. Муҳаққиқон ба он хулоса омадаанд, ки асар маълумоти тиббӣ ва фалсафиро тавассути кутуби Абуалии Сино тафсир кардааст.

Асноди таърихӣ собит месозанд, ки ҳанӯз дар асрҳои миёна дар манотиқи Чин маҳз аз зумраи мардуми ӯйғур котибони беҳтарин бархостаанд. Маълум мегардад, ки то ислом ва пас аз зуҳури он низ ӯйғурҳо табақаи босаводи мардум ба шумор мерафтаанд. Ҳатто Чингиз тарбияи бархе аз фарзандони худро ба хотири соҳибсавод кардан ба муаллимони ӯйғур вогузор мекард. Яке аз сабабҳои рӯй овардани муғулҳо ба фарҳанги исломӣ марбут ба муаллимони мусалмони эшон буд. Яке аз забонҳои муоширати дипломатии кишвари Чин дар асрҳои миёна бо Мовароуннаҳру Хуросон забон ва хати ӯйғурӣ будааст. Маълум мешавад, ки ҳатто императори Чин раддияи худро ба Амир Темур нисбати ҳамлаи ӯ ба забони ӯйғурӣ равона карда буд… [3].

Ҳамин тариқ, метавон гуфт, ки ӯйғурҳо фарҳангу маданияти ғанӣ ва хоси худро офариданд, ки аз адабиёту ҳунари мардуми форснажод ва мероси гаронбаҳои он ба хубӣ баҳравар буд ва дар навбати худ санъати меъморӣ, осори мусиқӣ ва адабиёти ӯйғурҳо низ бешак, ба тамаддуни кишварҳои Шарқ таъсир расонидааст, ки таҳқиқ ва тааммул дар ин масъала нуктаҳои тоза ва ҷолибе рӯи кор меорад.

Дар поёни ин боб метавон ба хулосае расид, ки вуруди анъанаҳои адабиёти форсӣ ба адабиёти ӯйғур бо роҳҳои мухталиф сурат гирифтааст:

  1. Таваҷҷуҳи махсуси шуарои форсизабон ба кишвари Чин, ки вуфури истифодаи Хутану Хито аз он дарак медиҳад, зодаи Чин будани як зумра шахсиятҳои бадеии достонҳои форсӣ, дар ин кишвар барои наҷот паноҳ ҷустани зумраи дигар ва асноди дигаре амсоли ин гувоҳи муҳаббати мардуми эронитабор ба ӯйғурҳо буд, ки боиси омӯзиши ин адабиёт аз ҷониби ӯйғурҳо гардид.
  2. Анъанаи таблиғи дӯстии халқҳо ва иттифоқи нажодҳо барои густариши равобити форсу ӯйғур мусоидат намуд.
  3. Таваҷҷуҳи донишмандони турк ба тоҷикон ва эҳтироми онҳо ба ин миллат аз асри ХI ба баъд дар сарчашмаҳои муътабаре, мисли «Қутадғу билик»-и Юсуф Хос Ҳоҷиб, «Девону луғат-ит-турк»-и Маҳмуд Қошғарӣ зуҳур меёбад.
  4. Яке аз омилҳои муҳими вуруди анъанаҳои адабиёти форсӣ ба адабиёти ӯйғур ва рушди равобити фарҳангӣ сафари суханварон ба кишварҳои ҳамдигар мебошад, ки ба хотири сайр, тиҷорат ва муҳоҷирати меҳнатӣ сурат мегирифт ва бад-ин минвол адабу фарҳанги форсӣ дар миёни мардуми ӯйғур интишор меёфт.
  5. Интишори адабиёти форсу тоҷик дар қаламрави Чин тавассути Шоҳроҳи абрешим дар заминаи муносибатҳои тиҷоратӣ ва иқтисодӣ, динӣ, фарҳангӣ ва илмӣ сурат гирифт.

Агар рушди адабиёти миллии халқи тоҷикро дар асри IХ марбут ба сиёсати одилона ва маърифатҷӯёнаи давлати Сомониён донем, чунин густариш дар адабиёти миллии ӯйғур ба асри ХVI - ба замоне ки давлати Саидия ба сари қудрат омада, барои дар қаламрави Қошғар дар тамоми мадрасаҳо ҷорӣ карда шудани тадриси адабиёти форсу араб чун фанни таълимӣ қарор кард, иттифоқ афтод.

Список литературы

  1. Муродӣ Н. Вуруди адаби форсу тоҷик ба сарзамин ӯйғур // Паѐми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон. – Ҷ.4.– Душанбе: Сино, 2012. – С. 172-176.
  2.  Муродӣ Н. Дар ҷустуҷӯи Хароботӣ // Паѐми Донишгоҳи омӯзгорӣ. – Ҷ.4. – Душанбе, 2012. – С. 99-103. 
  3. Муродӣ Н. Залилӣ ва «Девон»-и ӯ // Номаи донишгоҳ. – Хуҷанд: Ношир, 2011. – С. 27-34.

Поделиться

95

Ахмедова Г. Д., Махсудова А. Х., Косимова М. Д. Распространение персидской культуры в Китае // Актуальные вопросы гуманитарных и общественных наук: диалог и взаимодействие : сборник научных трудов по материалам Международной научно-практической конференции 28 ноября 2024г. Белгород : ООО Агентство перспективных научных исследований (АПНИ), 2024. С. 5-8. URL: https://apni.ru/article/10559-rasprostranenie-persidskoj-kultury-v-kitae

Обнаружили грубую ошибку (плагиат, фальсифицированные данные или иные нарушения научно-издательской этики)? Напишите письмо в редакцию журнала: info@apni.ru

Похожие статьи

Актуальные исследования

#52 (234)

Прием материалов

21 декабря - 27 декабря

осталось 6 дней

Размещение PDF-версии журнала

1 января

Размещение электронной версии статьи

сразу после оплаты

Рассылка печатных экземпляров

17 января