Главная
АИ #47 (229)
Статьи журнала АИ #47 (229)
Употребление именных сложных глаголов с архаичным компонентом в таджикском литер...

Употребление именных сложных глаголов с архаичным компонентом в таджикском литературном языке XI века

Рубрика

Филология, иностранные языки, журналистика

Ключевые слова

морфологические особенности
именные сложные глаголы
архаичный компонент
таджикский литературный язык

Аннотация статьи

В данной статье рассматриваются морфологические особенности именных сложных глаголов с архаичным компонентом в таджикском литературном языке XI века на примере произведения «История Байхаки». Подчеркивается, что в «Истории Байхаки» используется ряд именных сложных глаголов, которые выполняют функцию вспомогательных глаголов и сохраняют самостоятельное значение.

Текст статьи

Муқаддима

Дар забони тоҷикӣ феълҳои таркибӣ, ба хусус таркибии номӣ вобаста ба пайдо гардидани эҳтиёҷ ба онҳо ба вуҷуд омадаанд. Ин навъи феълҳо нисбат ба ду хели дигар (содда ва сохта) дар давраҳои хеле баъд пайдо гашта, бо мурури замон мақоми яке аз роҳҳои асосии ғанӣ гардидани луғоти феълиро касб карданд. Ташаккул ва тадриҷан мавқеи бештарро соҳиб шудани ин гурӯҳи феълҳо ба вуқӯи дигаргунӣ дар сохти забони тоҷикӣ алоқамандӣ дошта, дар натиҷаи суст шудани хусусиятҳои флективӣ дар ин забон, сифатан тағйир ёфтани он ва ба гурӯҳи забонҳои аналитикӣ табдил ёфтанаш вобастагии зич дорад. Забоншинос Б. Сиёев ба масъалаи усули сохташавии чунин хели феълҳо дахолат намуда навиштааст, ки «моҳияти ин тарзи феълсозӣ дар он аст, ки як гурӯҳи феълҳо дар мавриди суст шудани маънии аслиашон ҳамчун ҳиссаи ёридиҳанда бо ҷузъи феълӣ ва ё номӣ таркиб шуда, шакл ё таркибҳои ҷудогона месозанд» [4, c.126].

Ташаккули феълҳои таркибии номӣ дар забони тоҷикӣ мисли як силсила забонҳои дигари эронӣ (курдӣ, осетинӣ, помирӣ, мунҷонӣ, яғнобӣ ва ғайраҳо) ҳодисаи тасодуфӣ набуда, он эволютсияи муайянеро паси сар намудааст. Бино ба ишораҳои муҳаққиқон, ин намуди калимасозии феъл дар забони тоҷикӣ аз охири асрҳои пешазмелодӣ оғоз шуда, бо такомул ёфтани забон тадриҷан рӯ ба афзунӣ овард.

Феълҳои таркибии номӣ муддате чанд баробари муодилҳои соддаи худ ба кор рафтанд ва дар қарнҳои баъдӣ нисбат ба онҳо имтиёз пайдо намуданд. Дар ин хусус проф. Д.Саймиддинов хуб таъкид намудааст: «Теъдоди феълҳои таркибии номӣ, бинобар осори давраи аввали форсии миёна маҳдуд буда, дар нахустмарҳалаи пайдоиш ва ташаккули ин қолаб танҳо чанд феъл мутадовил будааст. Ин қабил феълҳо низ аслан зимни маънои гурӯҳе аз феълҳои содда падид омада, ҳамчун муодили таркибии онҳо дар баёни ҳамон як маъно ба кор рафтаанд… Аммо тайи рушд ва ташаккули забони форсии миёна теъдоди ин таркибҳо дар чунин қолаб аз роҳи истифодаи дигар ҷузъҳои номиву феълӣ тавсиа пайдо кардааст. Аз ин рӯ ин равиш дар ташаккули луғати феъли форсии миёна ва пайдоиши маъноҳои тоза дар он дорои нақш ва арзиши вижа мебошад» [4, c.163].

Қисми асосӣ

Дар оғози ташаккули ин гуна феълҳо вожаҳои ба сифати ҷузъҳои номӣ истифодашавандаашон аз калимаҳои зер иборат буданд: асоси номии иддае аз феълҳои соддаи номӣ, асоси номии теъдоде аз шаклҳои каузатив, исмҳои аз асоси замони ҳозираи феълҳо бо ёрии пасвандҳо бунёдгардида, сифатҳо ва сифатҳои феълӣ ва монанди инҳо.

Дар давраи нави инкишофи забони форсӣ-тоҷикӣ шумори феълҳои таркибии номӣ афзуда, сабаби чунин зиёд гардидани онҳо ба матрук шудани муодилҳои соддаашон алоқамандӣ дорад. Дар ин давра ба сифати ҷузъи номӣ воҳидҳои луғавии аз забони арабӣ иқтибосшуда ба кор рафтаанд. Ин ҷараён, чунонки забоншинос С. Ҳалимов ҳам таъкид намудааст [5, c.18], дар нимаи садаи XI ривоҷ гирифт. Маводи аз «Таърихи Байҳақӣ» гирдомада чунин хулосаи муҳаққиқи номбурдаро исбот менамояд. Маводи асари мазкур водор месозад, ки ин гурӯҳи феълҳо ба таври зер ба риштаи таҳлил кашида шаванд.

Маводи аз таърихномаи Байҳақӣ гирдомада ва таҳлили онҳо нишон медиҳад, ки ҳамаи ин гуна афъоли асари номбурда дар феълсозӣ нақши баробар ва ягона надоштаанд. Аз рӯи ҳисоби мо, тавассути феълҳои зикрёфта дар «Таърихи Байҳақӣ» чунин миқдори афъоли таркибии номӣ сохта шудаанд: бо мондан -3 адад; бо гузоштан -1 адад; бо пайвастан -1 адад; бо дидан -3 адад; бо гуфтан -1 адад; бо овардан -4 адад; бо бурдан -1 адад; бо рафтан -5 адад; бо бастан –3 адад; бо афтодан -5 адад; бо гирифтан -8 адад; бо фармудан -1 адад.

Чунин навъи феълҳои асар аз рӯи усули ташаккулашон, дар навбати худ, ба ду гурӯҳ ҷудо мешаванд:

  • Афъоли ёвар, ки фақат бо вожаҳои кӯsнашудаи ба сифати ҷузъи номӣ омада ҳамроҳ гардида, феъли таркибии номӣ сохтаанд. Ба силсилаи чунин воҳидҳои луғавӣ феълҳои мӯҳмал гузоштан (тарк кардан, иҷро нанамудан), мӯҳмал мондан (бекор мондан), қазф афтодан (дур афтодан), ҳазимат афтодан (шикаст ёфтан), пазира рафтан (ба ҷанг рафтан), лаҷоҷ рафтан (ситеза кардан) ва монанди инҳо мансуб ҳастанд: Подшоҳ зобит бояд, ки чун мулке ва буқъате бигирад ва онро забт натвонад кард ва зуд даст ба мамолики дигар ёзад ва ҳамчунон бигзарад ва онро мӯҳмал гузорад, ҳама забонҳоро дар гуфтани он ки вай оҷиз аст, маҷоли тамом дода бошад [1, 11]. Ва сӯи Хуросон меравем, ки султони бузург гузашта шуд ва кори мамлакате сахт бузург мӯҳмал монд он ҷо [1, c.16]. Ночор моро боз бояд гашт ва он чӣ гирифта омадааст, мӯҳмал монад [1, c.92]. Булҳасан панҷ бихӯрд ва ба шашум сипар бияфканд ва ба сотгини ҳафтум аз ақл бишуд ва ба ҳаштум қазфаш афтод ва фаррошон бикашидандаш (1, 891). Ва муаззами лашкари амир Сабуктегинро нек бимолиданд ва наздик буд, ки ҳазимат афтодӣ [1, c.261]. Валекин чӣ кунанд, ки чунон нараванд, ки бо қазо муғолабат наравад [1, c.247].
  • Афъоле, ки ба сифати ҷузъи номии онsо ба ҷуз вожаи архаистӣ инчунин калимаҳои маъмул низ истифода гардидаанд. Аз хусуси унсурҳои луғавии маъмули ин гуна феълҳо дар фасли оянда мулоҳизаронӣ хоҳад шуд. Дар ин гуна воҳидҳои луғавӣ дар вазифаҳои ҷузъи ёвар феълҳои гирифтан, бастан, овардан мавриди истифода қарор гирифтаанд.

Ба қатори афъоле, ки ҷузъи номии онҳоро вожаҳои архаистӣ ташкил медиҳанд, воҳиди луғавии ҳисор гирифтан (дар қалъа нишастан) метавонад дохил шавад: Ва ҳазиматиён чун ба деҳ расиданд, онро ҳисор гирифтанд ва сахт устувор буд ва бисёр кӯшкҳо буд… [1, c.141]. Ва Абдуллоҳ масҷиди Маккаро ҳисор гирифт ва ҷанги сахт шуд ва манҷаниқ сӯи хона равон шуд [1, c.237].

Бояд гуфт, ки вожаи гирифтан ҳамчун феъли ёвар ҳанӯз дар матнҳои порсии миёна истифода шуда, афъоли таркибии номии сар гирифтан «оғоз шудан», хашм гирифтан «хашм гирифтан», хвамн гирифтан «хоби касе бурдан», гевог гирифтан «ҷой гирифтан», афзун гирифтан «рушд кардан», зӯр гирифтан «нерӯманд шудан», воз гирифтан «дуои пеш аз хӯрок кардан» ва монанди инҳоро сохтааст [3, 170].

Дар таърихномаи мавриди таҳлил тавассути феъли бастан ва вожаи озин унсури луғавии озин бастан бунёд ёфтааст, ки маънои «оростан, ороиш додан»-ро дорад: Ва амир бор дод рӯзи одина ва чун бор бигусаст, Хоҷа Алии Микоил гуфт: «Зиндагонии худованд дароз бод, он чӣ фармони олӣ буд дар маънии хавозаҳо ва озин бастан, рост шуд, фармони дигар ҳаст?» [1, c.384]. Ва ин хонаро озин баста буданд сахт азим ва фарох ва он ҷо танӯре ниҳода буданд, ки ба нардбон фаррошон бар он ҷо рафтандӣ [1, c.656].

Феъли овардан дар «Таърихи Байҳақӣ» аз ду вожаи аввал бо ҳамин хусусияташ фарқ дорад, ки ӯ дар ташаккули феълҳои таркибии номӣ фаъолтар аст. Чунончи, дар асар феълҳои нисор овардан (тӯҳфа кардан), муғолата овардан (сафсатта кардан) дучор меоянд: Ва он рӯз то шаб низ нисор меоварданд (2, ҷ.13, 19744). Ва Сурӣ пурсид, муғолата овардам ва гуфтам: «Амир гуфт дармондагон муҳол бисёр гӯянд» [1, c.877].

Хулоса

Дар таърихномаи мавриди таҳлил теъдоди афъоли ёвари ғайрифаъол низ кам нест. Бархе аз онҳо дар забони форсии миёна дар феълсозӣ фаъол буданд, вале дар давраи нави инкишофи забони тоҷикӣ чунин хусусияти худро аз даст доданд. Баробари ин, дар асри XI (шояд барвақттар ҳам бошад) як қатор феълҳо дар ду вазифа: ҳам ба сифати вожаи мустақилмаъно, ҳам феъли ёридиҳанда ба кор рафтаанд. Дар вазифаи дуюм мавради истифода ‐арор гирифтани чунин воҳидҳои луғавӣ бисёр кам мушоҳида мешаванд.

Список литературы

  1. Байҳақӣ, Абулфазл. Таърихи Байҳақӣ. Тасҳеҳи дуктур Алиакбари Файёз. Чопи саввум. 1375. 1088 с.
  2. Деҳхудо А. Луғатнома. Ҷилдҳои 1-14. – Теҳрон. 1372-1373.
  3. Саймиддинов Д. Вожашиносии забони форсии миёна. Душанбе, 2001. 310 с.
  4. Сиёев Б. Очерк доир ба таърихи феъли забони адабии тоҷик. Душанбе, 1968. 163 с.
  5. Ҳалимов С. Таърихи забони адабии тоҷик (асрҳои ХI-ХII). Душанбе, 2002. 95 с.

Поделиться

63

Мирмухамедов О. Т. Употребление именных сложных глаголов с архаичным компонентом в таджикском литературном языке XI века // Актуальные исследования. 2024. №47 (229). Ч.I.С. 97-99. URL: https://apni.ru/article/10568-upotreblenie-imennyh-slozhnyh-glagolov-s-arhaichnym-komponentom-v-tadzhikskom-literaturnom-yazyke-xi-veka

Обнаружили грубую ошибку (плагиат, фальсифицированные данные или иные нарушения научно-издательской этики)? Напишите письмо в редакцию журнала: info@apni.ru

Похожие статьи

Актуальные исследования

#49 (231)

Прием материалов

30 ноября - 6 декабря

Остался последний день

Размещение PDF-версии журнала

11 декабря

Размещение электронной версии статьи

сразу после оплаты

Рассылка печатных экземпляров

24 декабря