Главная
Конференции
Актуальные вопросы гуманитарных и общественных наук: диалог и взаимодействие
Роль английской фразеографии в реализации фразеологических словарей различных ст...

Роль английской фразеографии в реализации фразеологических словарей различных структурных языков

Секция

Филологические науки

Ключевые слова

фразеология
фразеография
фразеологические словари
сопоставительное языкознание

Аннотация статьи

В статье рассматриваются пути и методы совершенствования фразеологических словарей различных языков на основе изучения и использования опыта составления таких словарей на примере английского языка.

Текст статьи

Дар замони муосир ҳамаи миллатҳо, аз ҷумла, тоҷикон ба фарҳангҳои фразеологии русӣ ва англисӣ эҳтиёҷ доранд, зеро зарурати ба таври мукаммал, на танҳо чун воситаи муошират, балки чун забони илм ва тамаддуни ҷаҳонӣ омӯхтани забонҳои мазкур ба миён омадааст. Бинобарон фарҳангҳои фразеологии забонҳо набояд аз ҳамдигар тафовутҳои ҷиддӣ дошта бошанд, ба ифодаи дигар, дар раванди ҷаҳонишавӣ ҳамчун муҳимтарин падидаи тамаддунсоз майл ба коркарди принсипҳои ягонаи луғатҳои фразеологӣ ба шумор меравад. Яке аз роҳҳои ҳалли ин масъала ба таври муқоисаи типологӣ омӯхтани дастовардҳои фразеографии забонҳои маъруф, ба мисли забонҳои русӣ ва англисӣ мебошад, зеро мустақим таҳқиқ кардани хусусиятҳои фразеографии забонҳо, масалан, забони тоҷикӣ муддати тӯлонӣ талаб менамояд. Бахусус дар вазъи дараҷаи нокифояи имрӯзаи таҳқиқи фразеология ва фразеография, ки бисёр масъалаҳои онҳо ҳанӯз баҳсноканд, муяссар шудан ба комёбии саҳеҳ ва мукаммал мушкил аст. Аз ин нуқтаи назар, омӯхтан ва дар амалияи фарҳангнигории тоҷик ба кор бурдани таҷрибаи ғаноманди фарҳанги маъруфи фразеологии англисӣ айни муддао мебошад. «Фарҳанги фразеологии англисӣ-русӣ»-и А.В. Кунин [3] аз тарафи олимони соҳа ҳамчун яке аз мукаммалтарин луғатномаҳои муосир шинохта шудааст. Он дорои муқаддимаи муфассал буда, дар даҳ банд муҳимтарин масъалаҳои танзими луғатро амсоли интихоб, сохтори мақолаҳои луғавӣ, шакли қайди фразеологизмҳо, ишоратҳо, тарҷума, шарҳ, истинод (ҳавола) ва м. инҳоро ба таври мукаммал дар бар мегирад. Хеле муҳим аст, ки андешаҳои дар муқаддимаи фарҳанг баёнкардаи муаллиф дар қисмати амалии фарҳанг татбиқ шудаанд. Аз ҷумлаи чунин масъалаҳои муҳим интихоб ва зикри мисолҳо дар фарҳанг мебошад, ки шарҳу тафсири онҳо ҳам барои мураттибони фарҳангҳои фразеологӣ ва ҳам истифодабарандагони ин навъ фарҳанг муфид аст.

Чунончи:

1. Ҳамаи воҳидҳои фразеологӣ таҳти констант ё ҷузъи константӣ оварда шудаанд. Дар мавриди мавҷудияти калимаҳои мустақилмаъно – константҳо калимаҳои ёридиҳанда – артиклҳо, ҷонишинҳо, пешояндҳо, пайвандакҳо – чун констант ба кор намераванд.

2. Вокабулаҳо, яъне калима – константҳо дар фарҳанг аз рӯйи алифбо ҷойгир шудаанд, дар ин маврид хосиятҳои сермаъноӣ ё омонимии онҳо ба назар гирифта нашудааст. Танҳо омографҳои навъи bow [bau] ва омофонҳои навъи march – March, ба сифати моддаи алоҳида бо ададҳои римӣ зикр гардидаанд.

3. ВФ бо сохтори мухталиф, ки дар таркиби худ исм доранд, таҳти он исм ҷой дода шудаанд, амсоли closed (ё sealed) book зери book, doubting Thomas зери Thomas, may your shadow never grow less зери shadow, (as) ugly as sin зери sin.

4. Агар дар таркиби ВФ ду ё зиёда исмҳои константӣ вуҷуд дошта бошад, дар ин сурат моддаи фразеологӣ зери исми аввал оварда шудааст: beer and scittles зери beer, between the devil and the deep (blue) sea зери devil ва ғайра.

5. Агар исми аввал дар таркиби ВФ константӣ набошад, дар ин сурат ифода аз рӯйи калимаи мустақилмаънои дуюм ба қайд гирифта шудааст: a bit (ё piece) of one's mind зери mind, angels (ё devils) on horsеback зери horseback ва ғайра.

6. Агар дар таркиби ВФ исм мавҷуд набошад, дар ин ҳолат ифода аз рӯйи константи аввал ва ё ягона ба қайд гирифта мешавад: come (get, go, hit, ё strike) home зери home, high and mighty зери high ва ғайра.

7. Агар дар таркиби ВФ констант калимаи ёридиҳанда бошад, дар ин ҳолат ифода таҳти калимаи ёридиҳанда меояд: (oh) my eye (даҳ. eyes; инч. my hat, stars, word (ё world) зери

8. Агар ВФ танҳо аз калимаҳои ёридиҳанда иборат бошад, дар ин сурат ифода аз рӯйи константи аввал дода шудааст: as it were зери as, over and above зери

9. Ҳамаи қаринаҳои ВФ ба як лона мансубанд; қаринаҳои гуногунтаркиб ҳампаҳлу дар қавсайни доирашакл, қаринаҳои яктаркиба, ки одатан аз ҳам бо як калима фарқ мекунанд, аз рӯйи алифбо маъмулан дар қавсайни доирашакл пас аз қаринаҳои якум ҷой дода мешаванд:

all cats are grey in the dark (ё in the night)

close (ё shut) one’s eyes to smth. (инч. turn a blind eye on ё to smth.)

be out (ё take leave) of one’s senses

burst (ё split) one’s side (with) laughing (ё with laughter; инч. laugh till one’s sides split laugh to split one’s sides)

put your hand (ё stretch your arm) no further than your sleeve will reach.

Агар ин ё он калима дар таркиби ВФ нозарур бошад, (яъне ин ВФ бо айни калима, ё бе он ба кор бурда шавад), дар ин сурат ин калима дар қавсайни доирашакл оварда шудааст: (down) on the nail.

Агар бо дефис навиштани ВФ имкон дошта бошад, дар ин сурат он ҳампаҳлу дар қавсайни доирашакл оварда шудааст: arty and crafty (инч. arty ; and – crafty).

10. Ҳамаи ВФ дар дохили моддаҳои фразеологӣ бо тартиби алифбо дода шудаанд. Дар ҳолатҳои зарурӣ артикл дар аввали ифода оварда мешавад, вале он дар тартиби алифбоӣ ба назар гирифта намешавад.

11. Маъноҳои гуногуни ВФ бо ададҳои арабӣ бо қавс зикр ёфтааст: appeal to Caesar:

  • кит. ба ҳукумати олӣ, ба мансабдори олӣ муроҷиат кардан;
  • сиёсӣ. Бо даъват ба интихобкунандагон, дар интихоботи умумӣ муроҷиат кардан.

12. Агар ВФ ба иҷрои вазифаҳои мухталифи грамматикӣ нигаронида шуда бошад, ба он ишорати грамматикӣ гузашта шудааст: high a low:

  • n phr. одамони дониши ҳархела дошта;
  • adv phr дар ҳама ҷо.

13. Агар ВФ бо яке аз маъниҳо бо пешоянд истеъмол ёбад, дар ин сурат ин пешоянд бо ҳарфҳои равшан пас аз адад оварда шудааст: make arrangements:

  • (with snd.) бо касе шарт бастан; бо касе ба мусолаҳат омадан;
  • чораҳо андешидан; супориш додан, мусоидат кардан.

14. Агар маъноҳои мухталифи ВФ ба субъекти ҷондор ё беҷони амал мансуб бошад, дар ин сурат ба ин маъниҳо шарҳ бо курсив дода шудааст: must have come out of the Ark 1) (of smth ̴̳ аз моҳ афтод; 2) (of smth) ̴̳ таърихи садсола.

15. Ҳамаи тавзеҳот, шарҳҳои этимологӣ, истисноҳо пас аз тарҷумаи моддаи фразеологӣ дода шудаанд. Дар ҷойи аввал дар қавсайни даврашакл тавзеҳот, сипас, дар қавсайи росткунҷа шарҳи этимологӣ, пасон истинод дода шудааст.

16. Агар ВФ якчанд маъно дошта бошад, дар ин сурат тавзеҳот, шарҳи этимологӣ, истиноди бисёрҷониба, ки ба тамоми ВФ дахл доранд, бо маънои якум ҷой дода шудаанд: 319. make a bead set:

  • шикор. Бо пойи қафо рост истодан (дар бораи саг); ниг. инч. S-317;
  • (at smb) ҳуҷум кардан ба касе;
  • (against smb.) танқид кардан, масхара кардан, ба шӯр овардани касе;
  • (at smb.) касеро моил кардан.

17. Аксари ВФ шоҳид доранд. Пас аз ҳар як иқтибос муаллиф, асар, боб, дар асарҳои саҳнавӣ амалиёти саҳна зикр гардидааст.

18. Дар иқтибосот баъзан ихтисор ҷой дорад, ки бо сенуқта ишорат мешавад. Барои дақиқияти маънӣ ба ҷойи ҷонишинҳои шахсӣ дар тарҷума исмҳои хоси қаҳрамонҳои асарҳо оварда шудаанд.

19. Пас аз қисмати асосии фарҳанг рӯйхати ҳамаи ВФ бо зикри мавқеи ҳар як воҳид зери ҳарф ва рақам дода шудаанд.

20. Ҳамаи ВФ дар рӯйхат танҳо як маротиба аз рӯйи алифбо зикр ёфтаанд. Дар мавриди мавҷудияти шакли have ҷузъи факултативӣ (got) дар низоми алифбоӣ ба эътибор гирифта нашудааст.

21. Ба сифати вокабула ҷузъҳои ВФ (исм, сифат, феъл, зарф) хидмат мекунанд, дар мавриди набудани онҳо ин вазифаро ҷузъи дигари аввали ивазнашаванда иҷро кардааст: as to A-386 зери as; for one F-656 зери for; but what B-1115 зери but

22. ВФ феълӣ зери феъли нахустин ё ягона оварда шудааст: kick the backet B-1036 зери kick; cut and run C-1148 зери cut.

Ҳамин тавр, асосҳои методологии фаҳмиши ВФ, ки дар нимаи дуюми асри XX ташаккул ёфтааст ва татбиқи он дар фразеографияи англисӣ ба таври ҷамъбастӣ дар «Луғати фразеологии англисӣ-русӣ» (нашри 4)-и А.В. Кунин бо мушаххасии ба луғатнигорӣ хос баён гаштааст.

Список литературы

  1. Аюпова Р.А. Проблемы лексикографического описания фразеологических единиц (на материале английского, русского и татарского языков): дис. … д-ра филол. наук. – Казань, 2009. 360 с.
  2. Воҳидова Н.А. Фарҳанги фразеологӣ ҳамчун сарчашмаи таҳқиқ ва таълими фразеология // Маводи конференсияи илмӣ-амалӣ. Хуҷанд: Меъроҷ, 2019. С. 281-285.
  3. Кунин А.В. Большой англо-русский фразеологический словарь. Изд. 5-е. – М.: Живой язык, 1998. 942 с.
  4. Мамадназаров А. Принципы составления современных переводных словарей в таджикской лексикографии. Душанбе, 2013. 180 с.

Поделиться

86

Вохидова Н. А., Ахмаджонова М. Р. Роль английской фразеографии в реализации фразеологических словарей различных структурных языков // Актуальные вопросы гуманитарных и общественных наук: диалог и взаимодействие : сборник научных трудов по материалам Международной научно-практической конференции 28 ноября 2024г. Белгород : ООО Агентство перспективных научных исследований (АПНИ), 2024. С. 12-15. URL: https://apni.ru/article/10569-rol-anglijskoj-frazeografii-v-realizacii-frazeologicheskih-slovarej-razlichnyh-strukturnyh-yazykov

Обнаружили грубую ошибку (плагиат, фальсифицированные данные или иные нарушения научно-издательской этики)? Напишите письмо в редакцию журнала: info@apni.ru
Актуальные исследования

#52 (234)

Прием материалов

21 декабря - 27 декабря

осталось 6 дней

Размещение PDF-версии журнала

1 января

Размещение электронной версии статьи

сразу после оплаты

Рассылка печатных экземпляров

17 января