Главная
Конференции
Актуальные вопросы гуманитарных и общественных наук: диалог и взаимодействие
Сравнительный анализ подлежащого придаточного предложения в английском и таджикс...

Сравнительный анализ подлежащого придаточного предложения в английском и таджикском языках

Секция

Филологические науки

Ключевые слова

придаточное предложения
английский и таджикский языки
сравнительное языкознание

Аннотация статьи

В данной статье проводится сопоставительный анализ придаточных предложений в английском и таджикском языках. Отмечается, что данная тема является одной из наиболее актуальных в области сравнительного языкознания.

Текст статьи

Муқаддима

Ҷумлаи пайраве, ки ҷонишини ба вазифаи мубтадои сарҷумла омадаро шарҳ медиҳад, ҷумлаи пайрави мубтадо ном дорад. Ин навъи ҷумла чунин сохтори предикативиест, ки онро хабари сарҷумла тавсиф менамояд, яъне ба сифати мубтадои ҷумлаи дигаре хизмат мекунад. Аз руи сохтор ҷумлаи пайрави мубтадоро ба 2 гурӯҳ ҷудо мекунанд:

1. Ҷумлаи пайраве, ки дар аввал омада ба ҳодисае далолат мекунад, ки вазъияту ҳолати онро хабару ҷумлаи дигар ифода менамояд:

What is bred in the bone will come out in the flash. Чизе, ки бо хун даромад бо ҷон медарояд. Он чиро корӣ, ҳамонро мегирӣ.

Дар ҷумлаи англисӣ “What is bred in the bone” вазифаи синтаксисии мубтадоро иҷро мекунад, ки хабараш “will come out” мебошад, яъне ҷумлаи аввал мубтадою хабари худро дорад, вале ҷумлаи дуюм хабар дораду мубтадо надорад, мубтадои он ҷумлаи содаи аввал маҳсуб мешавад.

2. Навъи дуюми ҷумлаи пайрави мубтадо баъди сарҷумла ҷойгир мешавад. Сарҷумла бошад, ҳамаи мубтадои расмӣ дорад, ки он бо чонишин “it” аст. Баъди “It” хабари номии навъи “is evident”, “was happy” истифода мешаванд. Баъди чунин сохторҳои синтаксисӣ пайвандак ва ҷумлаи пайрави мубтадо ҷойгир мешавад, он бо сарҷумлаи навъи зикршуда бе пайвандак низ алоқаманд шуда метавонад: It seemed incredible that one so young shoud have done so much – (Ин) шигифтангез менамуд, ки чунин як шахси ҷавон ҳамин тавр корҳои зиёдеро иҷро карда бошад. It was unexpected that he was very hard up. – Ғайричашмдошт буд, ки ӯ хеле бепул мондааст. It was evident that he did not understand. – Ҳувайдо буд, ки ӯ онро нафаҳмид.

Дар ин мисолҳо ҷумлаи якуми бешахс сарҷумла ва гурӯҳи предикативии дуюм ҷумлаи пайрави мубтадо маҳсуб мешавад. Ин иддаоро метавон тавассути таболули зерини синтаксисӣ собит кард: That he was very hard up was unexpected – Он чи кӣ вай хеле бупул мондааст, маълум буд.

Дар забони тоҷикӣ низ тарҷумаи ин навъ сохторҳои синтаксисиро метавон ба ҷумлаҳои мураккаби тобеъ бо ҷумлаи пайрави мубтадо дохил кард.

Чунончи, ҷумлаи «Ҳар кас ки бештар кор кунад, вай ҳамон қадар ҳам бештар музд мегирад». Ҳар кас ки бештар кор кунад ҷумлаи пайрави мубтадо буда, вай ҳамон қадар музд мегирад сарҷумла мебошад. Ҷумлаи пайрави ин ҷумла мубтадои сарҷумла (ҷонишини вай)-ро шарҳ медиҳад. Дар ҷумлаи мураккаби тобеъ «Ҳар кас ки ба замин меафтид, ӯ кушта шуда ҳисоб меёфт» низ ҷумлаи пайрави ҳар кас ки ба замин меафтид мубтадои сарҷумларо, ки бо ҷонишини шахсии ӯ ифода шудааст, эзоҳ медиҳад.

Ҷумлаи пайрави мубтадо бештар бо мубтадоҳои таркибии ҳар кас, ҳар чиз, ҳар он чӣ ва кадом кас сар мешаванд ва пайвандаки ки мубтадои таркибиро дигари пайрави мубтадо мепайвандад:

Ҳар кас ки ба дасташ қалам гирифта чизе менависад ё дар пеши халқ баромада нутқ мекунад, вай бояд кушиш кунад, ки забони асари он ба хонандагон ва шунавандагон фоҳмо бошад. Ҳар кас ки ҷавоб дода натавонад, вай бой додагӣ вай бой додаги ба ҳисоб меёбад.

Дар таркиби сарҷумлаи ҷумлаи мураккаби тобеъ бо пайрави мубтадо доимо омадани ҷонишинҳои эзоҳшаванда шарт нест. Мисол: ба иштирокчиёни маҷлис равшан шуд, имсол роҳбарият хеле хуб кор кардааст. Аз гапу калоча, гирифтумони аҳли давра маълум буд, ки аз даричаи девори дӯкон дар миён илтифотро аз онҳо дареғ надоштанд.

Ҷумлаи пайрави мубтадо баъзан ба сарҷумла бо интонтсия низ тобеъ мешавад:

Ҳар кӣ н-омӯхт аз гузашти рӯзгор,

Ҳеҷ н-омӯзад зи ҳеҷ омӯзгор.

Дар ин мисол ҷумлаи ҳеҷ н-омӯзад зи ҳеҷ омӯзгор сарҷумла буда, мубтадо зикр наёфтааст. Аз мазмуни ҷумла маълум мешавад, ки мубтадо ҷонишини шахси сеюми танҳо – вай мебошад ва ҷумлаи ҳар ки н-омӯхт аз гузашти рӯзгор пайрави мубтадо буда, ба сарҷумла ба воситаи интонатсия тобеъ гаштааст.

Фарқияти ҷумлаи пайрави мубтадо дар забони англисӣ ва тоҷикӣ дар тартиби ҷойгиршавии ифодаҳо ва мепҳваришҳои синтаксисӣ аён аст. Дар забони англисӣ сохти асосии ҷумла мубтадо + феъл + объект мебошад. Дар забони тоҷикӣ бошад метавонад сохтори сохтори мубтадо + объект + феъл дошта бошад.

Хулоса

Аз ин бармеояд ки, забони англисӣ бо тартиби доимии ифодаҳо маънои осонтар ва возеҳтарро пешниҳод мекунад, дар ҳоле ки забони тоҷикӣ бо манфиатҳое ба интихоби тартиби гуногун иштирок мекунад.

Список литературы

  1. Каримҷон Усмонов, Усмонова Малоҳат. Синтаксиси муқоисавии забонҳои англисӣ ва тоҷикӣ. – Хуҷанд: Нури маърифат, 2017. – 136 с.
  2. Ниёзмуҳаммадов Б. Забони адабии ҳозираи тоҷик. – Душанбе: Ирфон,1970. – 266 с.
  3. Айни 3.С. Дохунда. – Душанбе: Ирфон,1984. – 432 с.
  4. Улуғзода С. Субҳи ҷавонии мо. – Душанбе: Ирфон,1967. – 486 с.
  5. Айнӣ С. Ёддоштҳо. – Душанбе: Ирфон,1958. – 447 с. 
  6. Ҷалил Р. Шикасти тилисмот. - Душанбе: Ирфон,1968. – 400 с.

 

Поделиться

99

Бобоева З. Х., Рахмонова М. Н. Сравнительный анализ подлежащого придаточного предложения в английском и таджикском языках // Актуальные вопросы гуманитарных и общественных наук: диалог и взаимодействие : сборник научных трудов по материалам Международной научно-практической конференции 28 ноября 2024г. Белгород : ООО Агентство перспективных научных исследований (АПНИ), 2024. С. 9-11. URL: https://apni.ru/article/10575-sravnitelnyj-analiz-podlezhashogo-pridatochnogo-predlozheniya-v-anglijskom-i-tadzhikskom-yazykah

Обнаружили грубую ошибку (плагиат, фальсифицированные данные или иные нарушения научно-издательской этики)? Напишите письмо в редакцию журнала: info@apni.ru

Похожие статьи

Актуальные исследования

#52 (234)

Прием материалов

21 декабря - 27 декабря

осталось 6 дней

Размещение PDF-версии журнала

1 января

Размещение электронной версии статьи

сразу после оплаты

Рассылка печатных экземпляров

17 января