Подчинительные союзы в сложных придаточных предложениях

Секция

Филологические науки

Ключевые слова

союзы
место союзов
английские и таджикские тексты

Аннотация статьи

В статье рассматривается место союзов в английских и таджикских текстах. Отмечается, что исследуемая тема является одной из актуальных в сравнительном языкознании.

Текст статьи

Пайвандак ҳиссаи ёридиҳандаи нутқ буда, аъзоҳои чидаи ҷумла ва ҷумлаҳои соддаи таркиби ҷумлаҳои мураккабро ба ҳам алокаманд менамояд. Дар китоби грамматикаи забони тоҷикӣ омадааст: Пайвандакҳо ҳиссаи ёридиҳандаи нутқ буда, аъзоҳои ҷумлаи содда ва ҷумлаҳоро ба ҳам мепайванданд. Ҷумлаи пайрави мубтадо ҷонишини ифодашудаи сарҷумларо эзоҳ медиҳад. Дар забони англисӣ ҷумлаи пайрави мубтадо бо сарҷумла тавассути пайвандакҳои that, whether, if ва калимаҳои пайвасткунандаҳои who (whom), whose, what, which, when, where, how, why пайваст мешавад. That he has made a mistake is strange; Whether they will come today is not known yet.

Ҷумлаи пайрави мубтадо дар забони англисӣ одатан дар аввал меистад. Он метавонад баъд аз хабар низ ҷой гирад, дар ин ҳолат пеш аз хабар ҷонишини it, ки вазифаи мубтадои расмиро ифода мекунад меистад:

It is important that he should return tomorrow.

It is not known yet whether they will come today.

Ҷумлаи пайрави мубтадо дар забони тоҷикӣ дар таркиби ҷумлаи мураккаби тобеъ дар аввал, байн ва охири сарҷумла омада метавонад. Ҷумлаи пайрав аз сарҷумла бо аломати вергул ҷудо карда мешавад.

  • Дар аввали сарҷумла: Ҳар кас ки ҳар кадоми онҳоро даст гирифта диҳад, вай ба сари ҳар ғулом як тилло мегирад [7, c.40].
  • Дар байни сарҷумла: Онҳое, ки хонаҳояшон дар ҳамон тараф буд, омадаанд.
  • Пас аз сарҷумла: Аз гуфтаҳои янгаам ба ман маълум буд, ки падари онҳо баққоли деҳаи худ буд [7, c.137].

Ҷумлаи пайрави хабар хабарҳои номии бо ишораҷонишинҳо ифодаёфтаи сарҷумларо эзоҳ медиҳад.

Дар забони англисӣ ҷумлаи пайрави хабар бо сарҷумла тавассути пайвандакҳои that, whether, if, as, as if ва калимаҳои пайвасткунанда who, what, which, when, where, how, why пайваст мешавад.

The trouble is that I have lost his address.

The weather is not what it was yesterday.

Як хислати Қорӣ Нурулло ин буд, ки ҳар чизи навбаромадаро маҳз барои навбаромад дӯст медошт [7, c.41].

Сабаби ҷанг ҳамин шуд, ки имшаб бой дар хонаи Махфират буд.

Ҷумлаи пайрави хабар пас аз сарҷумла ҷой мегирад ва дар забони тоҷикӣ аз сарҷумла бо вергул ҷудо карда мешавад.

Ҷумлаи пайрави пуркунанда дар таркиби ҷумлаи мураккаби тобеъ объекти муҳокимаро ифода намуда, хабари сарҷумларо пурра мекунад. Вай бар эзоҳи калимаю таркибҳои ҳамнисбати ба вазифаи пуркунандаи сарҷумла ифодаёфта низ омада метавонад.

Дар забони англисӣ он тавассути тавассути пайвандакҳои that, whether, if ва калимаҳои пайвасткунанда who (whom), whose, what, which, when, where, how, why ифода меёбад.

Ҷумлаи пайрави пуркунанда ба саволҳои what? about what? for what? ҷавоб медиҳад.

He told us that he felt ill [8].

He asked us what we thought of it [9].

I’ll ask him to find out where they live.

Воқеа аз ҳамин сар шуд, ким ан бо модарам ҷанг карда, аз хона гурехтам.

Ҷумлаи пайрави пуркунанда, одатан, хабарҳои феъли сарҷумларо эзоҳ медиҳад. Чунончи, Соҳибкор пурсид, ки аз куҷо омадам.

Ҷумлаи пайрави пуркунанда дар таркиби ҷумлаи мураккаби тобеъ ду ҷои муқаррарӣ дорад.

  1. Пас аз сарҷумла омада, бо верул ҷудо карда мешавад: Падарам маҷбур шуд, ки масъаларо бо насиҳат ҳал кунад.
  2. Пеш аз сарҷумла омада, аз он бо вергул ҷудо карда мешавад: Падарам кай омаданд гуфта пурсид [7].

Ҷумлаи пайрави муайянкунанда дар таркиби ҷумлаи мураккаби тобеъ барои шарҳу эзоҳ, муайян кардани сифату аломат ва хусусиятиу характери предмет меояд, ки он дар сарҷумла ба вазифаи ягон аъзо ё гурӯҳи аъзоҳо омада бошад. Вобаста ба исми эзоҳшаванда ҷумлаи пайрави муайянкунанда ду ҷои муқаррарии ифода дорад – пас аз сарҷумла ва дар байни сарҷумла – пас аз аъзои эзоҳшаванда. Дар забони англисӣ ҷумлаи пайрави муайянкунанда ба саволҳои what? which? ҷавоб медиҳад. Сарҷумла ва ҷумлаи пайрав тавассути пайвандакҳои зерин пайваст мегарданд: who, whose, which, that, when, where, why.

The man who was here yesterday is a painter.

I know the man whom you mean [9].

Our representative, whose letter I showed you yesterday, will return to Moscow at the end of the week.

The Battle of Stalingrad, which was the greatest battle of all time, ended in the historic victory of the Soviet Army.

The reason why he did it is plain.

Оташе, ки мардуми меҳнаткаши Хуҷанд ба муқобили шоҳ, боён амалдорон ва сухӣрону ҳаннотон афрӯхта буд, дар нимаи моҳ тамоми кишвари Туркистонро фаро гирифт.

Одинаро ин супориш, ки ба модаркалони худ дар бораи Гулбибӣ кард, дар зери обу арақи шарму ҳаё андохт [7, c.59].

Котибе, ки дар идораи колхоз аризаҳоро қабул мекард, як аризаро аз назар гузаронида аз соҳиби ариза пурсид [7, c.128].

Качалова К.Н. ва Израилович Е. ҷумлаи пайрави тобеи муайянкунандаро ба се тип ҷудо кардааст:

1. Хусусӣ, ки аломати шахсӣ дорад: The letter that I received from him yesterday is very important.

The children who live in that house are my son’s friends.

2. Таснифотӣ, ки ба ягон гурӯҳ таълуқияти предмет ё шахсро дар назар доранд: A letter which is written in pencil is difficalt to read.

Children who live by the sea usually begin to swim at an early age.

3. Тасвирӣ, ки барои тасвири шахс ё предмет хизмат мекунад: We have received a letter, which conains interesting information on the state of the market of weat.

Ҷумлаи пайраи ҳол дар ҷумлаи мураккаби тобеъ вазифаҳои гуногуни ҳолро ифода мекунад. Аз рӯи маънои худ ба гурӯҳҳои гуногун ҷудо мешаванд: тарзи амал, монандӣ, миқдору дараҷа, замон, макон, сабаб, мақсад, шарт, хилоф, натиҷа. Ҷумлаи пайрави тарзи амал дар ҳайати ҷумлаи мураккаби тобеъ тарзу тариқ ва ҳолату вазъияти воқеъ гардидани амали сарҷумларо шарҳ медиҳад. Ҷумлаи пайрави тарзи амал бо сарҷумла бо ёрии пайвандакҳои as if (as though), that дар забони англисӣ ва ки, ба тарзе ки, ба тавре ки, дар ҳолате ки, бе он ки, ба тартибе ки, чунон ки, гӣё ки, мисли он ки дар забони тоҷикӣ тобеъ мешавад: You ought to erite as he does.

Ба ҳамин тариқа, ҳамаи чӯбҳо, бе он ки ба пои халифа осоре расонанд, шикаста пора пора шуда ба замин афтоданд [7, c.63]. Ҷумлаи пайрави тарзи амал низ аз сарҷумла бо вергул ҷудо карда мешавад. Ҷумлаи пайрави тарзи амал дар ҳайати ҷумлаи мураккаби тобеъ пеш аз сарҷумла ё амали он ҷой мегирад. Агар бар эзоҳи калимаи ҳамнисбат омада бошад, пас аз сарҷумла меистад. Ҷумлаи пайрави замон дар ҳайати ҷумлаи мураккаби тобеъ замони вуқӣъ гардидан ё нагардидани амали сарҷумларо мефаҳмонад. Бояд қайд кард, ки ин типи ҷумлаи пайрав пайвандакҳои сершумори таркибӣ дорад. Чунончи where, wherever дар забони англисӣ ва вақте ки, ҳангоме ки, пеш аз ин (он) ки, баъд аз ин (он) ки, ҳамин ки, ҳар гоҳ ки, аз бозе ки, аз вақте ки, то вақте ки, то даме ки, аз замоне ки, то замоне ки… дар забони тоҷикӣ мебошанд.

Список литературы

  1. Грамматикаи забони адабии ҳозираи тоҷик. Ҷилди 3. Ҷумлаҳои мураккаб. – Душанбе: Дониш, 1989. 365 с.
  2. Ильиш Б.А. The structure of Modern English. – Л., 1971.
  3. Матвеева Н.Н. Проблемы парадигматики сложноподчиненного предложения (на мат-ле сов.англ. языка) Л., Изд-во ЛГУ, 1984.
  4. Рустамов Ш. Ҷумлаҳои мураккаб бо пайрави сабаб дар забони адабии ҳозираи тоҷик. Душанбе., 1968.
  5. Смирницкий А.И. Синтаксис английского языка. М., 1957. – 280 с.
  6. Тоҷиев Д.Т. Ҷумлаҳои мураккаби тобеъ дар забони адабии ҳозираи тоҷик. Душанбе., Дониш, 1981.
  7. Айнӣ С. Ёддоштҳо. қисми 3, Сталинобод: Нашриёти Давлатии Тоҷикистон, 1950.
  8. Dickens Ch., Oliver Twist, M., 1981.
  9. Voynich E. The Gadfly. Foreign Languages Publishing House. – M., 1954. – 435 p.

Поделиться

46

Ибрагимова М. И., Иноятов С. Б. Подчинительные союзы в сложных придаточных предложениях // Роль науки в формировании устойчивого будущего: глобальные вызовы и возможности : сборник научных трудов по материалам Международной научно-практической конференции 12 декабря 2024г. Белгород : ООО Агентство перспективных научных исследований (АПНИ), 2024. С. 41-44. URL: https://apni.ru/article/10787-podchinitelnye-soyuzy-v-slozhnyh-pridatochnyh-predlozheniyah

Обнаружили грубую ошибку (плагиат, фальсифицированные данные или иные нарушения научно-издательской этики)? Напишите письмо в редакцию журнала: info@apni.ru

Похожие статьи

Другие статьи из раздела «Филологические науки»

Все статьи выпуска
Актуальные исследования

#51 (233)

Прием материалов

14 декабря - 20 декабря

осталось 3 дня

Размещение PDF-версии журнала

25 декабря

Размещение электронной версии статьи

сразу после оплаты

Рассылка печатных экземпляров

17 января