Главная
Конференции
Роль науки в формировании устойчивого будущего: глобальные вызовы и возможности
Особенности перевода таджикских сложных слов на английский язык (на примере част...

Особенности перевода таджикских сложных слов на английский язык (на примере частей речи)

Секция

Филологические науки

Ключевые слова

сложные слова
таджикский и английский языки
перевод

Аннотация статьи

В данной статье рассматриваются особенности перевода таджикских сложных слов на английский язык (на примере частей речи). 

Текст статьи

Забони тоҷикӣ яке аз забонҳои қадимӣ ба ҳисоб меравад, ки аз воҳидҳои луғавии сода (содаи рехта), сохта, мураккаб (мураккаби пайваст ва тобеъ) ва таркибӣ ғанӣ мебошад. Калимаҳои мураккаб яке аз гурӯҳҳои воҳидҳои луғавии ҳар як забонро ташкил медиҳанд, ки забони тоҷикӣ низ аз ин қоида истисно нест. Аз ин ҷиҳат, захираи луғавии забони тоҷикӣ ҳам аз давраҳои қадим такмил ёфта, пурғановат гардидааст. Қайд кардан ба маврид аст, ки забони тоҷикӣ забони – мураккаб ба шумор меравад, зеро забони мо қобилияти васеи мураккабсозии калимаҳоро дорад. Ин масъаларо С. Ғаниева ба инобат гирифта, андешаи худро чунин баён кардааст: «Таркиби луғавии забони тоҷикиро калимаҳои мураккаб чунон васеъ фаро гирифтаанд, ки бебаҳо забонамонро забони калимаҳои мураккаб гуфтан ҷоиз аст: аз нисф зиёди калимаҳои «Фарҳанги забони тоҷикӣ»-ро калимаҳои бо ин навъи пурмаҳсули калимасозӣ сохташуда ташкил медиҳанд» [1, с.118]. Сохти забони мо бисёр мураккаб ва печ дар печ мебошад. Нутқи мо ба ҷузъҳо – ҷумла, калимаҳо ва элементҳои аз ин ҳам майдатарини овозҳо, ки фикр ва мафҳумҳоро ифода мекунанд, ҷудо мешаванд [2, с.3].

Захираи луғавии забонамон вобаста ба пешрафту тараққиёти ҷамъият ва илму техника бо калимаҳои мураккаби нав ҳамарӯза ғанӣ мегардад, ки ин хусусият барои рушди минбаъдаи он мусоидат мекунад. Аз таркиби луғавии забон аён аст, ки бо роҳи мураккабсозии калима миқдори зиёди калимаҳо ба миён омадаанд ва чун моли тайёри забон корбаст мешаванд [4, с.122]. Калимасозии вожаҳои мураккаб яке аз воситаҳои маъмултарин ва серистеъмолтарини усули калимасозии забони муосири тоҷикӣ ба ҳисоб меравад. Дар забони тоҷикӣ воҳидҳои мураккаби луғавӣ бо роҳу воситаҳои гуногуни грамматикиву сохторӣ, услубӣ, маъноӣ ва ғайраҳо сохта мешаванд. Мисол: пахтакор, Шаҳринав, чойхона, давон-давон, панҷшоха ва ғайраҳо [2, с.10]. Онҳо барои муъҷазу ифоданок ифшо кардани фикр мавриди истеъмол ќарор мегиранд. Яке аз хусусиятҳои калимаҳои мураккаб маънои яклухтро ифода кардани онҳо мебошад. Дар натиҷаи пайваст шудани калимаҳои мустақилмаъно калимаи мураккаби нав ба вуҷуд меояд, ки маънои ҳосилшуда аз маънои ҷузъҳои калимаи мураккаб фарқ мекунад.

Ҳамзамон, ҳодисаҳои калимасозие ба мушоҳида мерасанд, ки аз нигоҳи татбиқ ва истифодаи забон чандон муносиб набуда, ҳусни баёнро коста мегардонад. Донишманди маъруфи тоҷик М. Шакурӣ ба баъзе гурӯҳҳои онҳо ишора намуданд, ки ёдоварии онҳо дар ин маврид мувофиқи мақсад мебошад. Масалан, калимаҳои мураккаби худтанқидкунӣ, худмуайянкунӣ, ҷустуҷӯкунӣ, харидкунӣ ва ғайра. Оид ба ин гуна сохти калимасозӣ М. Шакурӣ қайд мекунад: «…агар дар ибораи феълӣ феъл аз ду калима иборат бошад, дар вақти калимасозӣ як калимаи ин феълро партофтан лозим будааст. Аз ҳамин сабаб аз ибораи худ дӯст доштан калимаи худдӯстӣ сохтаанд, яъне «доштан»-ро партофтаанд;… яъне «додан» соқит шудааст ва ҳоказо» [5, с.125-126]. Аз ин ҷо бармеояд, ки сохти калимасозии забони тоҷикӣ дар якҷоягӣ се феълро пайи ҳам қабул намекунад, чунки чи тавре ки М. Шакурӣ қайд мекунад: «Қоидаи аслии ин навъи калимасозӣ ҳамин аст. Аз ин қоида маълум мегардад, ки аз ибораи «худ дӯст доштан» калимаи худдӯстдорӣ сохтан нодуруст аст. Барои ин ки калима шакли дуруст гирад, асоси феъл (яъне «дор»)-ро партофтан даркор аст. Ба ҳамин тариқ, агар аз ибораҳои боло калимаҳои худкоркунӣ, худбаҳодиҳӣ худогоҳшавӣ, худширинкунӣ ва ғайра созем, қоидаи калимасозӣ вайрон мешавад» [5, с.125].

Забонҳои тоҷикӣ ва англисӣ забонҳои мураккаб ба ҳисоб мераванд. Онҳо байни ҳам монандиҳо доранд, вале аз рӯйи хусусиятҳои грамматикӣ, сохторӣ, услубӣ ва дигар унсурҳо фарқ мекунанд. Бинобар ин, миёни воҳидҳои мураккаби луғавии забонҳои мавриди назар аз нигоҳи тарҷума ва маъно ҳам монандӣ ва ҳам фарқиятҳо ба назар мерасанд.

Калимаҳои мураккаби забони тоҷикӣ дар рафти тарҷума ба забони англисӣ бо чанд роҳ ифода мегарданд. Чунончи чанде аз калимаҳои мураккаби забони тоҷикӣ ҳангоми тарҷума аз рӯйи сохт мураккаб боқӣ монда, аз рӯйи маъно низ як мафҳумро ифода мекунанд: – … дари мактабро аз дарун занҷир карда, ба зулфинаш чӯб гузаронида буданд, ки даромад-баромад кардани мисли ман бачаи шашсола мумкин набуд…… the door to the school was barred on the inside with a wooden beam that a six-year-old like myself could not have budged (The V.S. 227).

Дар ҷумлаи забони тоҷикӣ калимаи мураккаби шашсола ба забони англисӣ низ аз рӯйи сохтор дар шакли мураккаб интиқол ёфта, аз ҷиҳати маъно ҳам як мафҳумро ифода мекунад: 

  • Халифа чашмони гиряолуди худашро бо остинаш пок карда, лангон- лангон ба ҷояш рафта нишаст.
  • Khalifa wiped his tear-filled eyes on his sleeve, limped over to his place, and sat down.

Дар ин мисол калимаи мураккаби гиряолуд ба забони англисӣ бо калимаи мураккаби tear-filled ифода ёфтааст. Калимаи гиряолуд аз ду калимаи сода гиря ва олуд сохта шудааст, ки бо муодили забони англисӣ ҳаммаъно буда, ҷузъи аввали гунаи англисии он низ дар алоҳидагӣ ҳамон маъноро доро аст ва ҷузъи дуюм аз лиҳози маъно каме фарқ дорад.

Бо вуҷуди ин маънои калима аз забони асл ба забони тарҷума бетағйир боқӣ мондааст: Чӯбзан аз задан бозистод. Аммо фаллоқдорон ҳанӯз ҳам халифаро сар намедоданд. – The beating stopped, but the falloq-holders did not release Khalifa‟s feet.

Дар мисоли мазкур гунаи забони англисӣ бо дар бар гирифтани калимаи тоҷикӣ дар ҷузъи аввал сохта шудааст ва ҷузъи дуюми он аз забони тоҷикӣ ба забони англисӣ дар алоҳидагӣ айнан ҳамон тарҷумаро дорад. Калимаҳои мураккаби фаллоқдорон ва the falloq-holders аз рӯйи сохт, хусусияти грамматикӣ ва маъно (тарҷума) мафҳуми умумиро ифода мекунанд.

Инчунин калимаҳои мураккаби забони тоҷикӣ ҳангоми тарҷума бо чанд калима шарҳ меёбанд ва ё сарфи назар мешаванд: Ҳамаи бачагони чӯбхӯрда кисаҳояшонро кофтанд, аз кисаи як-дуи онҳо намаки кӯфтаи ба латта баста баромад. – The boys who had been beaten looked through their pockets, and one or two of them found some salt wrapped in cloth.

Дар ин ҷумла калимаи мураккаби чӯбхӯрда ҳангоми тарҷума ба забони англисӣ тавассути замони мутлақи гузашта дар тарзи мафъули феъл (The Past Perfect Passive Tense) ифода шудааст: Хаёли ширини ин гуна хар доштан ҳамаи душвориҳои мактабро ба ман осон кард, ман аз гарданшахии худ фуромадам, валекин боз аз падарам як чиз рӯёнданӣ шуда гуфтам:… – Such fantasies dispelled all my nightmares of school, and I gave into my father, though I decided to press my luck just a little:.

Дар ин мисол калимаи мураккаби гарданшахӣ дар тарҷума сарфи назар шуда, танҳо бо бартараф шудани мушкилиҳои қаҳрамони асар он ҳолат тасвир шудааст: Мактабдор боз ба пулҷамъкунии худ даромад… . – The teacher went on collecting the money.

Ин ҷо калимаи мураккаби пулҷамъкунӣ, ки аз чор ҷузъ иборат аст (пул+ҷамъ+кун+ӣ), ба забони англисӣ бо ибораи collecting the money ифода ёфтааст.

Барои таҳлили мисолҳо аз асарҳои бадеӣ метавон гуфт, ки новобаста ба гуногун будани роҳҳои тарҷума, калимаҳои мураккаби забони тоҷикӣ ҳангоми тарҷума ба забони англисӣ маънои худро гум накардаанд ва тарҷумон тавонистааст, ки дар доираи меъёрҳои тарҷума дар кори худ комёб гардад.

Ҳамин тариқ, метавон хулоса кард, ки шаклан тағйир ёфтани калимаҳои мураккаб дар раванди тарҷума ё дар ҳолатҳои ҷудогона сарфи назар шудани онҳо аз ҷониби тарҷумон хилофи қоидаҳои тарҷума намебошад, зеро калимаҳои мураккаб ҳамчун воситаи ифода ҷиҳати шаклии матнро ташкил намуда, маънову муҳтавои онҳо метавонанд бо роҳҳои дигар низ ифода гарданд. Яъне сухан дар бораи тарҷумаи «шакл» нарафта, балки интиқоли мазмун муҳимтараст.

Список литературы

  1. Ғаниева С. Оид ба маҷозияти калимаҳои мураккаб // Масъалаҳои забоншиносии тоҷик. – Душанбе, 1990. – С. 118-122.
  2. Ниёзмуҳаммадов Б., Бузургзода Л. Морфологияи забони тоҷикӣ. – Сталинобод: Нашр. Дав. Тоҷ., 1941. – 169 с.
  3. Ниёзмуҳаммадов, Б. Бузургзода, Л. Морфологияи забони тоҷикӣ. Қисми 2. – Сталинобод: Нашр. Дав. Тоҷ., 1941. – 156 с.
  4. Ҳошимов С. Калимаҳои мураккаби тобеъ дар «Дастур-ул-мулук» // Масъалаҳои забоншиносии тоҷик (маҷмуаи мақолаҳо). – Душанбе: Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон, 1990. – С. 122-131.
  5. Шукуров М. Ҳар сухан ҷоеву ҳар нукта мақоме дорад (нашри севум). – Душанбе: Ирфон, 2005. – 400 с.
  6. Bronte, Ch. Jane Eyre. Charlotte Bronte; edited with an introduction by M. Smith. – Oxford University Press, 1975. – 496 p.
  7. Hemingway, E. The Old Man and the Sea. – www.Asiang.com. – 52 p.
  8. Sadriddin, A. The Village School. Narrative / Sadriddin Aini. – Dushanbe: TJB – Istiqbol‖, 2010. – 276 p.
  9. Stevenson, R. L. Treasure Island/ Robert Louis Stevenson. – GB.: BPCC Paperbacks Ltd, 1993. – 183 p.

Поделиться

56

Ходжибоева М. А., Содикова Р. А. Особенности перевода таджикских сложных слов на английский язык (на примере частей речи) // Роль науки в формировании устойчивого будущего: глобальные вызовы и возможности : сборник научных трудов по материалам Международной научно-практической конференции 12 декабря 2024г. Белгород : ООО Агентство перспективных научных исследований (АПНИ), 2024. С. 54-57. URL: https://apni.ru/article/10793-osobennosti-perevoda-tadzhikskih-slozhnyh-slov-na-anglijskij-yazyk-na-primere-chastej-rechi

Обнаружили грубую ошибку (плагиат, фальсифицированные данные или иные нарушения научно-издательской этики)? Напишите письмо в редакцию журнала: info@apni.ru

Похожие статьи

Другие статьи из раздела «Филологические науки»

Все статьи выпуска
Актуальные исследования

#51 (233)

Прием материалов

14 декабря - 20 декабря

осталось 3 дня

Размещение PDF-версии журнала

25 декабря

Размещение электронной версии статьи

сразу после оплаты

Рассылка печатных экземпляров

17 января