Бо пешрафти илму техника, иқтисодиёт, радиову телевизион, соҳаҳои ситорашиносӣ, фанҳои дақиқ, фарҳанг, маданият ва дигар соҳаҳои ҷамъият байни халқу миллатҳои ҷаҳон муносибатҳои иқтисодию иҷтимоӣ, сиёсиву давлатӣ, фарҳангиву миллӣ рушд мекунанд, ки инҳо боиси муоширати байни намояндагони забон ва кишварҳои гуногун мегарданд. Барои ноил шудан ба мақсадҳои дуҷонибаи худ одамонро барои омӯхтани забонҳои дигари ҷаҳон зарурат пеш меояд. Шумораи забонҳои дунё тақрибан ба 7000 баробар аст. Гуногунӣ ва зиёд будани шумораи забонҳо одамонро барои муоширати байни ҳамдигар тавассути тарҷума водор кардааст. Аз ин лиҳоз, яке аз соҳаҳое, ки дар ин ҷода рушд мекунад, тарҷума ва тарҷумашиносӣ мебошад. Тарҷума яке аз фаъолиятҳои мураккаб, қадима ва серпаҳлуи инсоният ба ҳисоб меравад. Вожаи тарҷума сермаъно аст. Яке аз маъноҳои он фаъолияти фикрии инсон, яъне раванди ифодаи мазмуну мундариҷаи як забон ба забони дигар мебошад. Маънои дигари он натиҷаи ин раванд, яъне шифоҳӣ ва ё хаттӣ будани матнро нишон медиҳад [2, c.55]. Дар раванди тарҷума бо ҳолатҳои гуногун, аз қабили фарҳанг, шахсият, тарзи фикрронӣ, адабиёт, давраҳои ҳаёт, сатҳи рушд, расму оин ва низому қоидаҳои мардуми соҳибзабон рӯ ба рӯ шудан мумкин аст. Бо тарҷума соҳаҳои забоншиносӣ, фарҳангшиносӣ, этнография, равоншиносӣ, таърих, адабиётшиносӣ, иқтисодиёт, маориф, тиб ва дар умум бештари соҳаҳои ҳаётан муҳими инсоният алоқамандии зич доранд. Тарҷума ба яке аз шохаҳои забоншиносӣ мутааллиқ аст. Дар нимаи аввали қарни XX-ум мавҷуд набудани рағбати забоншиносон доир ба масъалаи тарҷума ба афзалияти пайдо кардани сохторбандӣ (структурализм) дар забоншиносӣ асос гузошт, ки бештар ба қолаббандии шакли тарҷума мусоидат мекард.
Яке аз воситаи сермаҳсули калимасозӣ дар забони англисӣ мураккабсозии калима ба ҳисоб меравад. Вожаҳои мураккаб дар забони англисӣ бо роҳу воситаҳои гуногуни фонетикӣ, сохторӣ, морфологӣ, семантикӣ, лексикӣ ва услубї сохта мешаванд ва сермаҳсултарин воҳиди луғавӣ ба шумор мераванд. Захираи луғавии забони англисӣ бо воҳидҳои мураккаби луғавӣ хеле ғанӣ аст. Забони англисӣ низ монанди дигар забонҳои дунё аз ҳисоби лексикаи хоси соҳаҳои гуногуни касбу кор, гурӯҳҳои иҷтимоӣ синну сол фаъолона ғанӣ мегардад. Роҷеъ ба омӯзиши воҳидҳои мураккаби луғавии забон забоншиносони ватаниву хориҷӣ ба монанди О.Д. Мешков, П.В. Сарёв, И.В. Арнолд, Ҳанс Марчанд, Е.С. Кубрякова, П.М. Карашук, Ш. Рустамов, С. Ҳошимов, Ш. Бобомуродов, В.А. Капранов ва дигарон таҳқиқот бурдаанд, ки доир ба хусусиятҳои сохторӣ, морфологӣ, семантикии ташаккули вожаҳои мураккаб ва вазифаҳои онҳо дар самтҳои гуногуни забоншиносӣ сухан меравад.
Ғанӣ будани захираи воҳидҳои луғавии забони англисӣ зарурати омӯзиши махсуси роҳу воситаҳои интиқоли онҳоро пеш меорад. Доир ба роҳу восита ва вижагиҳои тарҷума ва тарҷумашиносӣ забоншиносон аз қабили Л.С. Бархударов, В.Н. Комиссаров, В.С. Виноградов, Л.К. Латишев, А.В. Фёдоров, Л.Н. Беляева, П. Нюмарк, Ф.М. Турсунов ва дигарон таҳқиқот бурда, нозукиҳои ифодаи воҳидҳои забониро аз як забон ба забони дигар муайян кардаанд.
Ҳангоми исмро ифода кардани вожаи асосии калимаи мураккаб калимаи муайяншаванда ҳамчун муайянкунандаи муайян ва номуайян ба ҳисоб меравад, ки бо исмҳои пешоянддор низ мавриди истифода қарор мегиранд. Мисол, self-suggestion – худталқинкунӣ, wordbook – вожанома, print-shop – чопхона, price-list – нархнома. Дар баъзе мавридҳо муайянкунандаи номуайян бо шакли ноаниқи феъл, зарф ва исму баёния ифода меёбад. Мисол, poke- through – халондан, backhand – зарба аз тарафи чап (дар теннис), needle- woman – дӯзанда.
Барои тарҷумаи исм ва сифатҳои мураккабе, ки бо вандҳои (аффикс) гуногун сохта шудаанд, бояд вижагиҳои калимасозӣ ва мафҳуми вандҳои калимасози забони англисиро дар назар дошт. Мисол, пасванди -er шахси фаъолро (paper-hanger – коргаре, ки коғази деворӣ мечаспонад), пасванди – ing (far-reaching – фарогир) сифати амалро ифода мекунанд.
Таҳлили таносуби тарҷума ба таври муқаррарӣ аз интихоби воҳиди тарҷума оғоз мегардад. Роҷеъ ба ин масъала Н.К. Гарбовский чунин қайд мекунад: «Муносибати системанокӣ нисбат ба тарҷума моро бо мушкилии интихоби воҳиди системае рӯ ба рӯ мекунад, ки тарҷума ном дорад. Раванди тарҷума марҳила ба марҳила анҷом дода мешавад ва аз ин сабаб воҳидҳои ҷудогона, ки раванди тарҷумаро ташкил медиҳанд, ҳамчун воҳиди тарҷума эътироф мешаванд [3, c.247-248]. Тарҷума фаъолияти нутқ аст, ки ба системаи забонӣ тааллуқ дорад, чунки масъалаи воҳиди тарҷума бешак дар робита бо воҳидҳои забон ҷой дорад. Чи тавре ки Л.С. Бархударов қайд мекунад: «Зери мафҳуми воҳиди тарҷума мо он воҳиди матни аслро дар назар дорем, ки дар матни тарҷума метавонад муодили худро дошта бошад, аммо ҷузъҳои таркибии он дар алоҳидагӣ дар матни тарҷума муодил надоранд. Ба таври дигар, воҳиди тарҷума дар матни асл хурдтарин воҳиди забон аст…. Воҳиди тарҷума метавонад ҳамаи воҳиди забонӣ бошад» [1, c.174-175].
Барои ноил шудан ба тарҷумаи беғалат, дақиқ ва касбӣ тарҷумонро лозим меояд, ки якчанд қоидаҳою меъёрҳои заруриро донад. Тарҷумон барои тарҷумаи дақиқ бояд алоқаи маъноии воҳидҳои мураккаби луғавиро таҳлил намояд, вижагиҳои сохторӣ ва семантикии онҳоро омӯзад ва донад, донишҳои зеҳнии кофӣ дошта бошад, дорои маҳорати тарҷумонӣ бошад. Барои ифодаи дурусти алоқаи маъноӣ тарҷумон кори басо мушкил ва бузургро анҷом медиҳад. Аз тарафи ӯ интиқоли мундариҷаи идеологии матн бо нигоҳ доштани шакли он ҳамчун воситаи ифодаи мундариҷаи мазкур вогузор карда мешавад. Тарҷумон кӯшиш мекунад, ки бо дарназардошти мафҳуми матни асл онро ниҳоятан осонфаҳм тарҷума намояд. Дар раванди тарҷума бояд ба вижагиҳои миллӣ-фарҳангӣ, сохторӣ-семантикӣ, морфологӣ-синтаксисӣ, услубии вожаҳои мураккаб диққати махсус дод.
Тарҷумони асарҳои бадеиро зарур аст, ки ҳангоми тарҷума аз як қатор донишҳо бархурдор бошад. Аз ҷумла оид ба ҷаҳонбинии муаллифи асари тарҷумашаванда, нигоҳи эстетикии ӯ, ҷараёни адабие, ки муаллифи асар ба он мутааллиқ аст, усули эҷодии ӯ, он давраеро, ки дар асар тасвир шудааст, вазъият, шароити зиндагиии мардум, фарҳанги моддиву маънавии халқи дар асар тасвиршуда маълумоти кофӣ дошта бошад. Ҳангоми тарҷумаи асарҳои бадеӣ тарҷумон пеш аз ҳама ду масъалаи муҳимро баррасӣ намояд: якум, дуруст муайян намудани мақсади муоширатии муаллиф ва дувум, дар мувофиқа бо ин санъати тарҷумавиеро интихоб намояд, ки сифати муоширатии матни аслро нигоҳ дошта тавонанд.
Ҳар як забон сохтору қонуниятҳои хоси худро дорад, ки ин вижагиро дар воҳидҳои мураккаби луғавӣ низ мушоҳида кардан мумкин аст. Дар замони муосир қисми бештари назариётчиён яке аз хусусиятҳои асосии тарҷумаро вобаста ба натиҷаҳои он мубодила меҳисобанд, чунки ҳар як забон дорои аломатҳое мебошад, ки ифодаи мафҳуми онҳо дар шароити оддӣ, дар доираи матн ғайриимкон аст. Ин аломатҳои забонҳоро аз ҳамдигар фарқ мекунонад. П. Нюмарк қайд мекунад, ки: «Фарқияти фарҳанг нисбат ба фарқияти сохтори забон барои тарҷумон мушкилии бештар эҷод мекунад» [5, c.78]. Аммо мавҷуд набудани мутобиқати лексикии дақиқ ва доимӣ ба ягон вожа маънои онро надорад, ки мафҳуми вожаи мазкур дар забони тарљума ифода карда намешавад. Калимаҳоеро, ки дар забони дигар муодили худро надоранд, ба таври тасвирӣ, яъне тавассути ибораҳои маъмули забони тарљума, тарҷума кардан мумкин аст.
Сарчашмаҳои илмӣ оид ба назария ва амалияи тарҷума як қатор усулҳои ҳалли мушкилии масъалаи мазкурро баррасӣ менамоянд. Доир ба ин масъала П. Нюмарк ду усули ба ҳам муқобилро пешниҳод менамояд:
- интиқол (transference) – усуле, ки ба воситаи он калимаи забони асл ба забони тарҷума дар шакли аслии худинтиқол дода мешавад, ки ба матн тобиши хос мебахшад, ба монанди исмҳо ва мафҳумҳои фарҳангӣ;
- таҳлили ҷузъӣ (componential analysis), ки ба воситаи он ҷузъи фарҳангӣ ихтисор ва танҳо худи маълумот таъкид карда мешавад.
Хулоса, доираи роҳу усулҳои тарҷумаи воҳидҳои мураккаби луғавиро ба тариқи зайл муайян кардан мумкин аст: тарҷумаи таҳтуллафзӣ ё худ калка, тарҷумаи тасвирӣ, тарҷумаи маъноӣ (дарёфти муодилу муродиф), интиқол тавассути транскрипсия ё транслитератсия.