Дар сарзамини Англия дар қарнҳои XIX-XX шоирону нависандагон ва донишмандону пажӯҳишгарону феҳрастнигорони зиёде ба дунёи илму адаб ворид шудаанд. Ин абармардон дар рушди илму адаби давр саҳми худро гузоштаанд, ки Эдвард Денисон Росс яке аз ин намояндагон ба шумор меравад. Эдвард Денисон Росс шарқшинос ва забоншиноси барҷастаи бритониёӣ буда, ҳамчун донандаи забонҳои Ховари Миёна ва Осиёи Марказиву Шарқӣ дониста мешавад. Ӯ ховаршиносе аст, ки ба забондонӣ машҳур буда, маҳорати вай дар хондану фаҳмиш бар 49 забон ва бар сухан гуфтан бо 30 забону лаҳни дунё гувоҳи ин иддао мебошад. Форсӣ, арабӣ, туркӣ, тибетӣ, сансикрит, урду, фаронсавӣ, англисӣ, олмонӣ, итолиёӣ бархе аз забонҳое ҳастанд, ки Денисон Росс дар дарку фаҳми онҳо малакаи хоса дошт [9, с.5]. Эдвард Денисон Росс 6 июни соли 1871 дар Лондон мутаваллид шудааст. Падари ӯ А.Ҷ. Росс мебошад, ки дар Калисои Сант-Филиппи Степни [Saint Philip’s Stepney] – Калисои Сант Филипп як калисои собиқи Виктория дар Уайтчапел дар Лондон воқеъ буда, ки баъдтар барои истифода ба китобхонаи тиббӣ барои Мактаби тиб ва стоматологияи Лондон табдил дода шудааст ва бо номи Китобхонаи Уайтчапел маъруф аст), ки имрӯз як минтақаи коргарнишин дар қисмати шарқии Лондон воқеъ аст, чун коҳини калисо фаъолият мебурд. Ӯ таҳсили ибтидоиро дар мактаби Малборо [Marlborough] (Малборо як мактаб-интернати мустақил ва муштарак барои хонандагони аз 13 то 18 сола дар шаҳри Малборо, ки воқеъ дар музофоти Вилтшир дар ҷануби Англия мебошад) оғоз карда, баъдтар аз он ҷо ба Лондон рафт ва ба Коллеҷи Донишгоҳии Лондон дохил шуд. Дар мақолае, ки дар рӯзномаи «Evening Standard», ки 20 сентябри соли 1940 нашр шудааст, Денисон Россро «шахси қадпаст ва пурпаҳлӯ бо чашмони барҷаста» тавсиф кардаанд. Ӯро ҳамчун суханвари аҷоиб бо ҳазлу заковат ва инчунин забоншиноси боистеъдод мешинохтанд [1].
Денисон Росс раёсати мадорису марокази муҳимеро бар уҳда дошт. Аз раёсати Мадрасаи Калкутта дар Ҳиндустон то мудирияти Донишгоҳи Шарқӣ ва Африқоӣ. Услуби роҳбарии ӯ дар пешбурди ин муассисаҳои илмӣ ва ҷалби мардум ба омӯзиши забонҳои шарқ ва мутамарказ кардани устодони забонҳои машриқ нақши муҳим бозид. Қаблан ӯ барои омӯзиши забонҳои Шарқ ба Париж ва Страсбург рафта, маҳорати хосса барои омӯхтани забонҳо пайдо карда буд. Бахусус бо ҳамин далели донистани забонҳои форсӣ ва арабӣ, касбу кори худро ба роҳ мондааст. Денисон Росс ҳатто китоби «Қуръон» – ро дақиқан мутолиа менамуд ва ба ҳамин далел ба нашри соли 1922 тарҷумаи китоби «Қуръон», ки аз ҷониби зиёӣ, шарқшинос ва тарҷумони бритониёӣ Ҷорҷ Сэйл (1697-1736) соли 1734 бо забони англисӣ тарҷума шудааст, муқаддима илова кардааст [8, с.3]. Солҳои 1896-1901 дар Коллеҷи Донишгоҳии Лондон ба ҳайси профессори забони форсӣ фаъолият бурдааст. Дар он замон ба омӯзиши забонҳои Шарқ он қадар аҳамияти ҷиддӣ намедоданд, зеро стипендияи кафедраи он нисбат ба мактаби Голдсмит ([Goldsmith’s school] – макони тадқиқотии Донишгоҳи Лондон ба ҳисоб меравад) камтар буд. Соли 1901 Росс дар мадрасаи машҳури он замона Калкутта (шаҳр дар Ҳиндустон, маркази Бангола (Бангола-вилояти қадимии Ҳиндустон дар поёноби дарёҳои Ганг ва Браҳмапудра)) сарвар таъин гардид. Дар соли 1911 ин вазифа бо корманди муҳосибӣ дар Ҳукумати Ҳиндустон ва ёвари котиби Вазорати Маориф муттаҳид карда шуд. Росс соли 1914 ба Англия баргашт ва ба ҳайати кормандони Осорхонаи Бритониё (Осорхонаи Бритониё як осорхонаи ҷамъиятии бахшида ба таърихи инсоният, санъат ва фарҳанг аст, ки дар Блумсбери Лондон ҷойгир аст. Маҷмӯаи доимии он аз ҳашт миллион асар бузургтарин дар ҷаҳон аст) дохил шуд ва барои феҳрист кардани коллексияҳои Аурел Штайн (Марк Аурел Штайн, (26 ноябри 1862 – 26 октябри 1943) бостоншиноси бритониёӣ, зодаи Маҷористон, умдатан бо кашфиётҳо ва бозёфтҳои бостоншиносии худ дар Осиёи Марказӣ маъруф буд. Вай инчунин профессори донишгоҳҳои Ҳиндустон буд) таъин шуд. Вай мудири аслии силсилаи ёдбуди E. J. W. Gibb (Силсилаи «Ёдбуди E. J. W. Gibb» (ихтисоршуда: GMS) як силсила китобҳои шарқшиносӣ бо осори муҳимми таърих, адабиёт, фалсафа ва дини форсӣ, туркӣ ва арабӣ, аз ҷумла асарҳои зиёде дар тарҷумаи англисӣ аст. Баъзе асарҳо ба Маҷмӯаи асарҳои намояндагии ЮНЕСКО дохил карда шуданд) буд [3, с.2]. Ҳангоми сарвар дар Мадрасаи Калкутта ва узви фаъоли Ҷамъияти Осиёии Бангола ([The Asiatic Society of Bengal], ҷамъияти донишмандон, ки 15 январи соли 1784 аз ҷониби сэр Вилям Ҷонс, ҳуқуқшинос ва шарқшиноси бритониёӣ, барои пешбурди шарқшиносӣ таъсис ёфтааст) будан, ӯ натанҳо ба исломшиносӣ маҳдуд шудааст, балки бо забонҳои санскритиву чинӣ то андозае ошноӣ ва дониши амиқтаре бо забони тибетӣ пайдо кардааст. Ӯ дар забони арабӣ ва форсӣ тахассус дошт ва аввалин бритониёие буд, ки аз Англия бо ин забонҳо паём пахш кард. Ӯ 26 солро барои тарҷумаи таърихи арабии асри 16 Гуҷарот (Ҳиндустони Шимолӣ) сарф кардааст. Вай инчунин ба забони португалӣ шавқу рағбат дошт, дар тӯли умраш забони португалӣ ва урфу одатҳои онро омӯхт ва узви Академияи Португалия шуд. Соли 1916 ӯ аввалин директори мактаби шарқшиносии навтаъсис (баъдтар Мактаби шарқшиносӣ ва африқоӣ (имрӯза Донишгоҳи Лондон – SOAS) таъин шуда, то соли 1937 дар сари ин вазифа буд. Таъсиси мактаб ба директори аввалини он имкон дод, ки Лондонро ба маркази шарқшиносӣ ва африқоӣ дар ҷаҳони императорӣ табдил диҳад ва Россро ба бузургии худ расонад. Муваффақият ба ҷалб ва муттаҳид намудани кадрҳои мувофиқ вобаста буд. Барои ин кор Росс бо дониши васеъ ва чуқури олами илми Шарқ ва истеъдоди худ дар интихоби мутахассисон ихтисос дошт. Росс дар ҳоле, ки мудири ин мактаб буд, аз соли 1916 то соли 1937 раёсати кафедраи забони форсии донишгоҳро низ бар ӯҳда дошт. Бо илҳоми ӯ бисёре аз донишҷӯён ба забони форсӣ таваҷҷуҳ пайдо карданд. Аз Росс осори зиёде боқӣ мондааст, ки дар миёни онҳо бо таваҷҷуҳи ислом, шарқ ё Эрон навишта шудаанд, метавон китоби «Ислом», «Эрон ва эрониён», «Адибони Ҳинд ва Шарқ» ва «Тарҷумаҳои ашъори туркиву форсӣ ва таърихӣ» – ро зикр кард.
Талошҳои ӯ дар намоишгоҳи осори форсӣ, ки ба муваффақияти он кӯмаки зиёде кард, боиси маъруфияташ дар олами форсӣ гардид. Вай дар бисёр китобҳо муқаддимаҳо навишт, мақолаҳо дар китоби «Таърихи Кембриҷи Ҳиндустон» ва дигар силсилаҳову маҷаллаҳои сершумори илмӣ саҳм гузоштааст. Яке аз онҳо бо Эйлин Пауэр (9 январи 1889 – 8 августи 1940) муаррихи иқтисодӣ ва асримиёнагии Бритониё буд), ӯ силсилаи 26 ҷилд аз The Broadway Travelrs» – иро навишт ва таҳрир кард, ки аз ҷониби George Routledge ва Sons (Routledge (/ˈraʊtlɪdʒ/ ROWT-lij) як нашриёти бисёрмиллии Бритониё аст. Он соли 1836 аз ҷониби Ҷорҷ Роутлеҷ таъсис дода шудааст ва ба таъмини китобҳои илмӣ, маҷаллаҳо ва захираҳои онлайн дар соҳаҳои гуманитарӣ, маориф, ҳуқуқ ва илмҳои иҷтимоӣ тахассус дорад. Ширкат ҳар сол тақрибан 1800 маҷалла ва 5000 китоби нав нашр мекунад ва рӯйхати он беш аз 140 000 номро дар бар мегирад. Routledge бузургтарин ношири академии ҷаҳонӣ дар соҳаи илмҳои гуманитарӣ ва иҷтимоӣ мебошад) нашр шудааст [6, с.21]. Силсила рӯзномаи капеллани баҳрии асри 17 Ҳенри Теонг (Ҳенри Теонг як рӯҳонии англис ва капелони Нерӯи Шоҳии баҳрӣ буд, ки рӯзномаҳои иттилоотии сафарҳоро дар солҳои 1675-1676 ва 1678-1679 нигоҳ медошт) дар бар мегирад [2, с.11].
Соли 1934 Эдвард Денисон Росс дар ҷашни ҳазорсолаи Фирдавсӣ дар Теҳрон ширкат кардааст. Соли 1935 Ҷамъияти шоҳии Осиё (Ҷамъияти шоҳии Осиё дар Британияи Кабир ва Ирландия як созмони шарқшиносӣ аст, ки соли 1823 дар Лондон таъсис ёфтааст), ки дар он солҳои тӯлонӣ узви шӯро, ноиби президент ва директор буд, ба хотири саҳми бузурги ӯ дар илми Шарқ ӯро бо медали тилло мукофотонид [1]. Барои инсоне, ки ташнаи илм аст, монанди Росс, ба нафақа баромадан дар соли 1938, гарчанде ки аз синни муқаррарии 65-солагӣ ду сол ба таъхир афтода бошад ҳам, душвор буд, хусусан вақте ки ӯ бори гарони бекориро бо сар задани ҷанг дар моҳи сентябри соли 1939 эҳсос мекард. Моҳи январи соли 1940 ба вазифаи сардори Бюрои информасионии Англия дар Истамбул бо рутбаи машваратчӣ таъин шуданаш ба ӯ шодии калон бахшид. Зеро ин ба ӯ имкон дод, ки бори дигар ба ватани худ, дар байни халқе, ки ҳамеша нисбат ба ӯ ҳамдардии бузург дошт ва пешвои бузурги ӯ Камол Отатурк шахсан бо ӯ ошно шуда буд, хизмат кунад [7, с.11].
Ҳамин тавр, марги занаш ба Росс захме буд, ки ӯ ҳеҷ гоҳ аз он шифо наёфт ва дар он ҷо 23 сентябри соли 1940 дар синни 69-солагӣ, пас аз чанд моҳи вафоти занаш даргузашт.