Омилҳои забонӣ махсусан дар шароити хозира мураккабанд. Дар ин замина биллингвизм барои гузариши ҳиссаҳои нутқ ба ҳамдигар мусоидат мекунад. Номи объектҳо, ҳодисаҳо ва равандҳо дар ҷараёни гузариш фаъолона иштирок мекунанд. Илова бар ин, дар фаъолияти фонди луғавии забон, шумораи муошираткунандагон ва шароити муоширати онҳо муҳим аст. Омӯхтани ҳиссаҳои нутқ ба мо барои боз ҳам беҳтар аз худ намудани меъёрҳои грамматикии нутқи адабӣ кӯмак мерасонанд [1, с.98; 2, с.134]. Барои ин мо бояд:
- дар худ малакаи дар ҳамаи ҳолатҳо дарҳол шинохтани ҳамон ҳиссаи нутқро пайдо кунем;
- шакли он ҳиссаи нутқро дақиқ аз худ карда бошем, то ки ҳангоми таҳлили морфологӣ озодона ва бе хато ба он баҳо дода тавонем;
- вазифаи онро дар ҷумла донем, то ки дар ҷараёни таҳлили синтаксисӣ аъзоҳои ҷумларо дуруст муайян карда тавонем;
- қоидаҳои дурустнависии (калимаҳоро) марбут ба ҳар як ҳиссаи нутқ донем ва дар навиштаҷоти худ бе хато истифода бурда тавонем;
- чӣ тавр робитаи дохилӣ доштани ҳамин ҳиссаҳои нутқро бо дигар ҳиссаҳои нутқ, имконияти ба ҳамин ҳиссаи нутқ гузаштани ҳиссаҳои дигари нутқ ва баръакс, ба дигар ҳиссаҳои нутқ гузаштани ҳамин ҳиссаи нутқро донем» [4, с.15].
Ҳамин тавр, ҳиссаҳои нутқ, аз ҷиҳати он ки дорои маънои луғавӣ ҳастанд ё не, аз мавқеи илми морфология боз ба ду гурӯҳҳо ҷудо карда шудаанд, ки якеро ҳиссаҳои мустақил ва гурӯҳи дигареро ҳиссаҳои номустақил ё худ ҳиссаҳои ёридиҳандаи нутқ меноманд. Ҳиссаҳои нутқ – гурӯҳи калимаҳое меноманд, ки бо умумияти маъно (масалан, маънои предмет дар исм, амал дар феъл ва ғайра) умумияти гурӯҳ, хусусиятҳои морфологӣ ва вазифаҳои синтаксисӣ ба ҳамдигар наздиканд ва гурӯҳҳои лексикию грамматикӣ мебошанд. Дар забони тоҷикӣ одатан 10 ҳиссаи нутқро ҷудо мекунанд: Исм, сифат, шумора, ҷонишин, феъл, зарф, пешоянд, пайвандак, ҳиссача, нидо. Дар забони англисӣ низ якчанд ҳиссаҳои нутқро ҷудо мекунанд: Исм, сифат, шумора, феъл, ҷонишин, зарф, пешоянд, пайвандак, ҳиссача, нидо, калимаҳои модалӣ, калимаҳои ҳолат. Муаммоҳои гузариши ҳиссаҳои нутқ ба ҳамдигар бояд бо иштироки намояндагони сотсиолингвистика ва психолингвистика баррасй карда шаванд. Муҳити муошират дар ин ҷо муҳим аст. Илова бар ин, имкониятҳои грамматикии забон низ муҳим аст. Вобаста ба сохти забон раванди гузариш метавонад тез ё суст бошад. Дар вакти гузариш калима ба мухити нави синтаксисй дохил шуда, вазифаи нави синтаксисй пайдо мекунад, дар ин чо маънои нав ба вучуд меояд ва дар натичаи тағйироти морфологй парадигмахои нав ба вучуд меоянд, аз ин лиҳоз, намудҳои зиёди гузариши ҳиссаҳои нутқ ба миён меояд: субстантиватсия, адъективатсия, абвербализатсия, ва ғайра. Ҳамаи забонҳо омили «гузариш» ва мушкилоти марбут ба онро тавсиф мекунанд. Онҳо ҳам дар омӯзиши забонҳои алоҳида ва ҳам забоншиносии умумӣ аҳамияти калон доранд. Чуноне ки, қайд кардем, масъалаи транспозиция бо тамоми зуҳуроташ дар бисёр забонҳо: забонҳои русӣ, англисӣ, олмонӣ, ӯзбекӣ ва дигар забонҳо, аз ҷумла забони тоҷикӣ мавриди омӯзиш қарор гирифтааст. Дар китобхои дарсии имрузаи грамматикаи забони точики барои мактабхои олӣ [6, с.89], ки бахши «Гузариши хиссахои нутк ба ҳамдигар» ба Ш. Рустамов тааллук дорад, муаллиф таъкид мекунад, ки ин падида яке аз роххои морфологию синтаксисии калимасозй мебошад. «Гузаштан аз як ҳисса ба ҳиссаи дигари нутқ бидуни морфемахои хосилшаванда яке аз роххои маълуми калимасозӣ мебошад» [1, с.98]. Имкониятхои гузариши хиссахои нутк ба ҳамдигарро Ю.А. Рубинчик дар грамматикаи забони форсӣ, нишон додааст. Бештари вақт ин падида дар натиҷаи эллипсиси ҷузъи муайяншуда дар ибораи атрибутивӣ ба амал меояд, ки дар ин ҳолат ҳиссаҳои нутқ вазифаи тамоми ибораро ба ӯҳда гирифта, маънои нави лексикию грамматикӣ пайдо карда, ба ҳамдигар мегузаранд [9, с.404]. А.А. Шахматов љараёнҳои гузариши ҳиссаҳои нутқ ба ҳамдигарро бо мафҳумҳои аз қабили «субстантиватсия», «адвербализатсия», «адъективатсия» ва ғайра номидааст [11, с.323]. Чунон ки В.М. Никитевич, қайд кардааст «гузариш натиљаи он аст, ки калимаҳои алоҳида дар асоси тағйироти садоии маънои дар худи худ ба амал омада, вожаҳои ассотсиативии бо онҳо алоқаманд оҳиста-оҳиста аз як тоифа ба категорияи дигар мегузаранд» [7, с.180]. Ба гуфтаи И.В. Арнолд, ҳар як ҳиссаи нутқ хусусияти худро дорад ва метавонад интиқол дода шавад, яъне, вобаста ба категорияхои грамматикии хоси худ ва тарзи ифодаи онҳо метавонад ба гурӯҳи дигар ҳиссаи нутқ гузарад [3, с.99]. В.В. Виноградов оид ба гузариши хиссахои нутк ба ҳамдигар чунин мегӯяд: “Дар забони зинда системаи идеалие вучуд надорад, ки дар байни навъхои гуногуни калима хатхои якхелаи тезу чукур дошта бошад. Фактҳои грамматикӣ аз як категория ба категорияи дигар мегузаранд ва аксар вақт бо паҳлӯҳои гуногун, ба категорияҳои гуногун наздик мешаванд” [5, с.346]. Л.А. Телегин кайд мекунад: транспозиция ва гузариш механизмхои асосие мебошанд, ки таъсири мутакобилаи калимахоро дар забон таъмин мекунанд. Натиљаи онҳо танҳо дар истифодаи нутқ, дар мавқеи муайяни синтаксисї эътироф мешавад [10, с.20].
Сабаби дигари гузариши ҳиссахои нутқ хусусияти тафаккур ва алокаи он бо вокеияти объективӣ мебошад. Забон инъикоси воқеияти объективӣ мебошад, аз ин лиҳоз, хамаи сабабхои падидахои дар забон ба амаломадаро метавон дар олами вокеӣ пайдо кард. Воқеияти объективӣ бо тафаккури инсон инъикос меёбад. Дар натичаи гузариши калимаҳо шумораи онхо зиёд мешавад. Барои азёд кардан ягон саъю кушиши иловагиро талаб намекунад ва ин равандро майлу хохиши сарфакорӣ ҳисоб кардан мумкин аст. Гузашта аз ин, ҳам сухангӯй ва ҳам шунаванда бидуни тавзеҳоти изофӣ ҳамдигарро мефаҳманд, вагарна миқдори зиёди калимаҳоро истифода бурданашон лозим меояд. Муқоиса мекунем: He had no feeling of his left hand but he broke all he could with his right and the line rushed out. – Ӯ дасти чапашро ҳис намекард, бинобар ин, бо тамоми қувва кӯшиш кард, ки бо дасти рост ресмонро нигоҳ дорад, аммо ресмон ҳамоно беист лағжида рафтан мегирифт [Hamingway, 167], …though the big hospitals and the houses in Krems converted into military hospitals they could no longer accommodate all the sick and wounded.... [Tolstoy,712] – ... агарчанде, ки дар госпиталҳои калон ва хонаҳо ба лазаретҳо табдил додашудаи Кремс барои беморон ва ярадорон дигар ҷой набуд.... [Толстой, 439]. Рӯзе аз ҳокими биёбон деви Ҳафткалларо гузар шуда, ин ҷои ободро дида, бағазаб омад. – However, one day the Seven-Headed monster, the master of the desert, was passing by [Шукўҳӣ, 480], Баъди як сол Ҳафткалла боз онҷоро гузар шуда дид, ки он ҷо сабзу хуррам аст [Шукўҳӣ, 480], – A year later, the Seven-Headed monster was again checking out his territory [Shookuhi, 23], Як вақт корфармо омада бо бели оҳанини новашакл аз он қуттй орд гирифта бар рӯи лаълии чубин пошид .... [Айнӣ, 852].
Инак, яке аз омилхои асосии пайдоиши вожахои нав дар забон зарурати ҷуброни лексемахои дар забон мавчуд набуда ва тарафхои воқеияти объективӣ мебошад. Ба онҳо инчунин ангезаҳои ба монанди зарурияти номбар кардани мафҳумҳои наве, ки дар натичаи тараққиёти иҷтимоию иқтисодй, тарақии илму техника, таъсири мӯд ба вуҷуд меоянд, дохил мешаванд.