Главная
Конференции
Гуманитарный и общественный дискурс: интеграция и инновации
Сравнительный анализ типов числительных в английском и арабском языках

Сравнительный анализ типов числительных в английском и арабском языках

Секция

Филологические науки

Ключевые слова

числительные
типы числительных
сопоставительный анализ
сравниваемые языки
сопоставительное языкознание

Аннотация статьи

В данной статье рассматривается сопоставительный анализ типов числительных в английском и арабском языках. Таким образом, в английском и арабском языках соответствующие части речи наблюдаются и играют важную роль в структуре языка и речи. Числительные обоих языков имеют свои собственные грамматические особенности, которые отличаются друг от друга в некоторых отношениях.

Текст статьи

Шумора чун ҳиссаи мустақили нутқ ба миқдор ва тартиби предмет далолат намуда, ададҳоро номбар мекунад ва дар забони англисӣ бо истилоҳи “Numeral”, дар забони арабӣ бо “ العدد” ва дар забони тоҷикӣ бо мафҳуми “шумора” ифода меёбад. Агар шумора бо исм ояд, миқдори муайянро мефаҳмонад. Масалан, дар ибораҳои “three books” ва “severn days” ададҳои “3” ва “7” миқдори предметҳоро фаҳмонидаанд.

Шумора дар забони англисӣ хусусияти грамматикии зиёде надорад. Дар он категорияи шумора (танҳо ва ҷамъ) нест. Предмети шуморидашаванда одатан баъд аз шумораи аз як зиёд дар шакли ҷамъ меояд: two books, three hundred students, ten pencils [2, с.311].

Шумора дар забони англисӣ аз ҷиҳати сохт се навъ мешавад:

  1. Шумораи сода аз як реша иборат аст: аз 1 то 12 one (1), three (3) ва hundred (100), thousand (1000).
  2. Шумораи сохта бо иловаи пасвандҳои “– teen” ва “– ty” ба реша ё адади сода ҳосил мешавад: аз 13 то 19 ва даҳиҳои яклухт – seventeen (17), fifty (50).
  3. Шумораи таркибӣ аз ададҳои гуногун ба воситаи пайвандаки and ё аломати «–» сохта шуда, ҷудо навишта мешавад: аз 21 то 999-twenty-one (21), ninety-nine (99), eight hundred (800), five hundred and forty-three (543).

Аз ҷиҳати маъно ва вазифаашон шумораҳоро дар забони англисӣ асосан ба ду гурӯҳи калон ҷудо мекунанд: шумораи миқдорӣ (cardinal) ва шумораи тартибӣ(ordinal) [1, с.45]. Шумораи миқдорӣ миқдори ашёро ҳангоми ҳисоб фаҳмонида, пеш аз предметҳои шуморидашаванда меояд ва ба саволи “How many?” (Чӣ қадар?) ҷавоб мешавад. Шумораи тартибӣ тартиби предметҳоро бо адад ифода намуда, ба саволи “Which?” (Чандум?) ҷавоб медиҳад. Шумораҳои тартибӣ аз шумораҳои аслӣ ба воситаи суффикси – th истисно (first, second, third) ва бо артикли “the” сохта мешаванд, мисол: адад + th: four + th the fourth; five + th the fifth [5, с.200]. Шумораҳои 1, 2 ва 3 шакли шумораи тартибии худро аз дигар реша месозанд: one – the first, two – the second, three – the third. Шумораи тартибӣ ҳангоми муайян кардани тартиби предмет бо артикли “the” меояд: He did not answer the third question. Ӯ ба саволи сеюм ҷавоб надод. Дар ҳолате ки исм зикр наёфта бошад, артикл пеш аз шумораҳои тартибӣ нигоҳ дошта мешавад. Исм дар як ҷумла агар бо шумора ифода гардад, ду бор номбар карда намешавад, ки ин ҳолат дар муколама, гуфтугӯ бештар ба назар мерасад [5, с.204]: Your second article is better than the first – Мақолаи дуюми шумо назар ба аввалааш беҳтар аст.

Баъзан вақт пеш аз шумораҳои тартибӣ омадани артикли номуайянӣ мумкин аст. Дар ин ҳолат шумораи тартибӣ маънои “дигар”, “боз як”– ро мегирад: We have sent them a second telegram – Мо ба онҳо мактуби дигар (боз як мактуб) равон кардем. Шумораҳои миқдории аз 0 то 12, сад, миллион, ҳазор, миллиард (zero to twelve, hundred, million, thousand, billion) ва шумораҳои тартибӣ ба мисли якум, дуюм, сеюм (first, second, third) шумораҳои сода ба ҳисоб мераванд, зеро онҳо аз як реша иборатанд. Шумораҳо аз 13 то 19 сохта буда, бо роҳи илова шудани пасванди “– teen” ба шумораҳои (даҳии аввал) сода сохта мешаванд, мисол: four (4) + teen = fourteen(14), six(6) + teen = sixteen(16)… Даҳиҳои яклухт (from twenty to ninety) низ шумораҳои сохта ба ҳисоб рафта, бо воситаи ҳамроҳ кардани пасванди “– ty” ба шумораҳои сода (даҳии аввал) сохта мешаванд, мисол: six (6)+ ty = sixty (60), seven(7) + ty =seventy (70) [3, с.315].

Шумораҳое, ки зиёда аз ду таркиб доранд, баъди ҳар адади даҳӣ пайвандаки and мегиранд: three hundred and eighty-six, three million five hundred and sixteen thousand four hundred and thirty-six. Лекин дар забони англисии амрикоӣ пайвандаки “and” партофта мешавад: 375 – three hundred seventy-five, 386-three hundred eighty-six. Дар забони англисӣ баъзе шумораҳои бутуни ҷамъи садҳо (hundreds), ҳазорҳо (thousands) ва ғайраро вохӯрдан мумкин аст, ки онҳо субстантизатсия шаванд, яъне ба исм гузаранд ва морфемаи ҷамъсози “s” – ро гиранд. Дар ин ҳолат онҳо на миқдори муайяни ашёро, балки зиёд будани миқдори предметро фаҳмонида, бо пешоянди of истифода мешаванд [8, с.122]: Millions of people voted in the election. – Миллионҳо одамон дар интихобот овоз доданд.

Шумораҳои касрӣ дар забони англисӣ бо истилоҳи (fractional numbers) ба кор рафта, миқдори предметро бо ададҳои касрӣ мефаҳмонанд ва аз ду таркиб (шумораи миқдорӣ ва тартибӣ) иборат мебошанд: 2/3 – two thirds – аз се ду, 2/4 – two fourth – аз чор ду. Дар гуфтор аввал сурат баъд махраҷ талаффуз карда мешавад [9, с.49]: 2/3 – two thirds, 2/4 – two fourth. Исми баъд аз ададҳои касрӣ меомада, дар ҳолати танҳо истода, пеш аз худ пешоянди “of” мегирад: ⅔ kilogram (two thirds of a kilogram). Касрҳои даҳӣ (decimal numbers) чунин хонда мешаванд: 2.63 – two point six three.

Шумора дар забони арабӣ ҳам гурӯҳи калимаҳоест, ки миқдор ва тартиби предметро ифода мекунад. Аммо дар забоншиносии араб ин калимаҳоро ҳамчун ҳиссаи мустақили нутқ алоҳида ва мустақил ҷудо намекунанд ва он зимни исм номбар мешавад. Танҳо дар матн ҳангоми миқдор ё тартиби предметро ифода кардани чунин калимаҳо онҳо бо истилоҳи “العدد” (адад) таъриф дода мешаванд [6, с.114]. Шумора ҳам мисли исму сифат дорои категорияҳои грамматикӣ: ҷинс, адад, эъроб, ҳолат (муайянӣ ва номуайянӣ) мебошад ва бо маъдудаш аз ҳар ҷиҳат бояд мутобиқат намояд. Дар забони арабӣ маъдуд гуфта, исми шуморидашавандаро дар назар доранд. Исми забони арабӣ дорои категорияи ҷинсият (مذكر) мардона ва (مؤنث)занона мебошад [7, с.232]. Шумораи забони арабӣ ба ду гурӯҳи калон тақсим мешавад: шумораи миқдорӣ ва шумораи тартибӣ. Шумораи миқдорӣ ба миқдори предмет далолат карда, ба саволи (كم؟) ҷавоб медиҳад, шумораи тартибӣ бошад ба тартиби предмет далолат менамояд ва бар вазни فاعل асос меёбад.

Шумораи забони арабӣ аз ҷиҳати сохт 4 хел мешавад:

  1. Шумораи муфрад – аз 1 то 10 عشر...واحد˛ اثنان
  2. Шумораи мураккаб – аз 11 то 19 تسعة عشر …احد عشر، اثنا عشر
  3. Шумораи маътуф – аз 21 боло اربعة و ثلاثون، خمس و عشرون...
  4. Шумораи уқуд – 20, 30, 50. عشرون˛ ثلاثون

Шумораҳои муфради аз 1 то 10 аз ҷиҳати эъроб тағйирёбанда ба ҳисоб мераванд. Шумораҳои 1 ва 2 дар ҳама ҳолат бо маъдудаш мутобиқат мекунанд. Калимаи (واحدة) واحدсифат аст ва бинобар ин баъд аз исм омада, бо маъдудаш дар ҷинс, эъроб ва ҳолат мутобиқат мекунад [4, с.357]: رجل واحد “як мард”, امراة واحدة “як зан”, дар ҳолати мансубӣ رجلا واحدا˛ امراةً واحدةً Лекин, адади (اثنتان) إثنانтибқи исми шумораи дугона тасриф мешавад ва дар ду ҳолат меояд:

 اخذت من المكتبة كتابين اثنين و مجلتين اثنتينМан аз китобхона ду китоб ва ду маҷалла гирифтам.

Ададҳои аз 3 то 10 дар ҷинс баръакси маъдуд меояд. Маъдуди ин ададҳо дар ҳолати ҷамъ омада, ба хотири музофун илайҳи (муайянкунанда) буданаш маҷрур мегардад [10, с.82]: ثلاثة طلابٍ се донишҷӯ

Шумораҳои аз 11 то 19 дар забони арабӣ мураккаб ба ҳисоб рафта, тавассути ба адади муфрад ҳамроҳ кардани даҳ “عشر” сохта мешаванд, мисол: احد عشر احد+ عشر=

Дар шумораҳои зикршуда маъдуди онҳо дар дар ҳолати мансубӣ меояд. Ададҳои мураккаб ба ҷуз (12) мабнӣ буда, вобаста ба ҳолаташон дар ҷумла тағйир намеёбанд. Шумораҳои мураккаб дар ҳолати муфрад омада, ҷузъи аввали онҳо дар ҷинс бархилофи маъдуд мешавад.

Ҳамин тавр, дар забонҳои англисӣ ва арабӣ шумора дида шуда, дар сохтори забон ва нутқ нақши муҳим дорад. Он дар забонҳои англисӣ ва тоҷикӣ ҳамчун ҳиссаи мустақили нутқ омӯхта шуда, дар забоншиносии араб зимни исм номбар карда мешавад. Шумораҳои забонҳои қиёсшаванда хусусиятҳои грамматикии ба худ хосро доранд, ки аз ягон ҷиҳат аз ҳамдигар фарқ мекунанд.

Список литературы

  1. Аракин В.Д. Практический курс английского языка 1 курс. – М.: Гуманит.изд.центр ВЛАДОС, 1998. – 536 с.
  2. Беляева М.А. Грамматика английского языка. – Москва, 1997. – 333 с.
  3. Верба Л.Г. (Верба Г.В.) Грамматика современного английского языка. Справочник. – Киев, Логос, 2001. – 368 с.
  4. Гранде Б.М. Курс арабской грамматики в сравнительно-историческом освещении. – Москва: Восточная литература РАН, 2001. – 592 с.
  5. Кобрина Н.А., Конева М.И. и др. Грамматика английского языка Морфология. Синтаксис. – Санкт-Петербург:Союз, 1999. – 496 с.
  6. Чернов П.В. Справочник по грамматике арабского литературного языка. – М.: 1995. – 473 с.
  7. Шагаль В.Э., Мерекин М.Н. Учебник арабского языка. – М.: Воениздат, 1983. – 784 с.
  8. Шалаева Г.П., Дядичева А.В. Вся грамматика английского языка в таблицах. 20 таблиц. – М.: Эксмо, 2004. – 63 с.
  9. Шахобова М.Б. Опыт сопоставительного исследования строя таджикского и английского языков. – Душанбе: Дониш, 1985. – 252 с.
  10. Юшманов Н.В. Грамматика литературного арабского языка. – Санкт-Петербург, 1999. – 173 с.

Поделиться

14

Низомова С. И. Сравнительный анализ типов числительных в английском и арабском языках // Гуманитарный и общественный дискурс: интеграция и инновации : сборник научных трудов по материалам Международной научно-практической конференции 26 декабря 2024г. Белгород : ООО Агентство перспективных научных исследований (АПНИ), 2024. URL: https://apni.ru/article/10839-sravnitelnyj-analiz-tipov-chislitelnyh-v-anglijskom-i-arabskom-yazykah

Обнаружили грубую ошибку (плагиат, фальсифицированные данные или иные нарушения научно-издательской этики)? Напишите письмо в редакцию журнала: info@apni.ru

Похожие статьи

Актуальные исследования

#52 (234)

Прием материалов

21 декабря - 27 декабря

осталось 6 дней

Размещение PDF-версии журнала

1 января

Размещение электронной версии статьи

сразу после оплаты

Рассылка печатных экземпляров

17 января