Вазифаи асосии омӯзгор ин қобилияти баланди бо хонандагон кор карда тавонистан, касби худро дӯст доштан, бо усулҳои гуногуни фаъоли таълим кор карда тавонистан ва дониши ғании химиявӣ доштан мебошад. Барои ташаккули дониши хонандагон оиди истеҳсол ва истифодабарии спиртҳо бо усули салоҳиятнокӣ гузаронидани дарс хеле хуб мебошад. Зеро дар раванди салоҳиятнокӣ усулҳои гуногуни таълим истифода бурда шуда, дар он хонанда меҳвар ва омӯзгор раҳнамо мебошад.
Усули истеҳсол ва истифодабарии спиртҳо баъд аз мавзӯи хосиятҳои физико-химиявӣ меояд. Баъд аз қисми ташкилии дарс хонандагон дар бораи олимони соҳаи химия маълумот дода, корнамоиҳои онҳоро муаррифи менамоянд. Барои пурсиши вазифаи хонагӣ омӯзгор метавонад хонандагонро ба се гурӯҳ тақсим намояд ва ба онҳо номгузорӣ намояд, ба монанди ҷойивазкунӣ, кандашавӣ ва оксидшавӣ.
Ба гурӯҳи аввал омӯзгор метавонад бозии “Лотои химиявӣ”– ро истифода барад. Барои ин ба як варақи сафеди калон саволҳое ки ба спиртҳо хос ба монанди таснифоти спиртҳо, хусусиятҳои фарқкунанда, сохт, хосият ва изомерияю номгузории онҳо тартиб дода ба тахтаи синф овезон кунад ва ба онҳо рақамгузорӣ намояд. Хонандагон як нафари ба тахтаи синф баромада давраро чарх мезанонанд ва рақамеро аз дохили он берун мекунанд.Кадом рақамеро ки берун намоянд ба ҳамон савол ҷавоб мегӯянд. Ба гурӯҳи дуюм омӯзгор метавонад крассворд ва рӯзномаи дубахшаро диҳад.
Баъд аз он омӯзгор ба баёни мавзӯи нав шуруъ намуда, оиди усулҳои истеҳсол ва истифодабарии спиртҳои якатомаи сер маълумот медиҳад. Ҳангоми баёни мавзуъ омӯзгор бояд мавзуи гузаштаро бо мавзуи нав алоқаманд намояд. Аз воситаҳои техникӣ, видеонаворҳо ва таҷрибаҳои химиявӣ гузаронида шавқи хонандагонро нисбати фанни худ бедор намояд.
Спиртҳо дар табиат ба шакли озод кам вомехӯранд. Онҳо асосан дар шакли эфири мураккаб бисёртар дучор мешаванд, бинобар ин онҳоро бо усули синтетикӣ ҳосил менамоянд. Омӯзгор бояд усулҳои нави ҳосилкунии спиртҳоро ба хонандагон омӯзонад. Барқароршавии гурӯҳҳои карбонилӣ то гидроксилӣ яке аз методҳои маъмултарин барои ҳосил кардани спиртҳо ба ҳисоб меравад. Ба сифати барқароркунанда намудҳои гуногуни реагентҳоро истифода мебаранд. Усули маъмултарин ин гидрогенонии пайвастагиҳои карбонили мебошад. Бисёртар гидрогенонии каталитикиро бо иштироки никел, платина, палладий ки дар натиҷа спиртҳои якума ва дуюма ҳосил мешаванд.
Дар шароити лабораторӣ барои барқароркунии пайвастагиҳои карбонилӣ гидриди металлҳои комплексиро истифода мебаранд, ба монанди:
- Борогидриди натрий – NaBH4
- Алюмогидриди литий – LiAIH
Дар натиҷа аз алдегидҳо спиртҳои якума ва аз кетонҳо спиртҳои дуюмаро ҳосил мекунанд.
Барқароркунии ферментативии гурӯҳҳои карбонилӣ ба алкаголдегидрогеназа катализ мешавад ва дар организмҳои зинда низ ба амал меояд. Мисол аз атсетоалдегид ба спирти этил мубаддал мешавад.
Барои ҳосилкунии спиртҳо реаксияи пайвастагиҳои магнийорганикиро бо алдегиду кетонҳо ва эфирҳои мураккаб истифода мебаранд. Ин намуди синтез дар ду зина мегузарад. Дар зинаи якум молекулаи пайвастагиҳои магнийорганикӣ бо молекулаи пайвастагиҳои карбонили пайваст шуда, пи-банди гурӯҳи карбонилӣ канда мешавад. Дар зинаи дуюм алкогаляти ҳосилшударо гидролиз менамоянд, ки дар натиҷа спирт ҳосил мешавад.
Намуди ҳосилшавии спирт ба табиати пайвастагиҳои карбонилӣ вобаста аст. Ҳангоми барқароркунии эфири кислотаҳои карбонӣ низ спирт ҳосил мешавад. Ин реаксия назар ба барқароршавии кислотаҳои карбонӣ осонтар мегузарад, ки якчанд вариантҳои истифодаи ин реаксия вуҷуд дорад:
- барқароршавии каталитикӣ;
- барқароршавӣ бо металли натрий дар иштироки этанол;
- барқароршавӣ бо ёрии гидриди металлҳо.
Ҳангоми баҳамтаъсирии пайвастагиҳои магнийорганикӣ бо эфирҳои мураккаб спирти сеюма ҳосил мешавад.
Дар низоми салоҳиятнокӣ омӯзгор меҳвар буда, ба хонандагон роҳ нишон медиҳад. Он усулҳои ҳосилкунии спиртҳо ки дар китоби дарсӣ ҷой дода шудааст, талаботи имрӯзаро қонеъ карда наметавонад. Бинобар ин омӯзгорони имрӯзаро мебоист ки эҷодкор бошанд. Усулҳои навтарин ва муосири ҳосилкунии спиртҳоро аз худ намуда ба хонандагон дастрас намоянд. Дарс дар он вақт самаранок мегардад, ки агар хонандагон як чизи навро аз худ намуда дар ҳаёти ҳамарӯзаи худ васеъ истифода бурда тавонанд.
Соҳаҳои истифодабарии спиртҳоро бо ҳаёт алоқаманд гардонида, ҷиҳатҳои манфӣ ва мусбии онро хуб дарк карда тавонанд.
Ҳангоми мустаҳкамкунии дарс омӯзгор метавонад усул ё методи “Шукуфон шав ”– ро истифода барад. Ин усулро омӯзгор метавонад аз қоғазҳои ранга истифода бурда, ягон намуди гулро созад ва ба даруни он муодилаи тарафи чапи муодиларо нависад. Хонандагон тарафи рости муодиларо навишта баробар намоянд.
Ман бо ин усули салоҳиятноки гузаштани мавзӯи хосиятҳои химиявии карбогидрогенҳои ароматӣ дар МТМУ № 15-и н Б,Ғафуров бисёр ба комёбиҳо ноил гардидам. Ҳангоми гузаронидани ин таҷриба ман ба хулоса омадам ки бо усули салоҳиятнокӣ гузаштани дарс хеле қулай буда, ҳамаи хонандагон дар он корбарӣ карда метавонанд.
Рис.
Аз рӯйи диаграммаи овардашуда ба мо маълум аст, ки сатҳу сифати дониши хонандагон нисбат ба дарси анъанавӣ хубтару беҳтар нишон дода шудааст. Фақат ин усул аз омӯзгор онро талаб менамояд, ки методҳои гуногунро аз худ намуда, дар кадом вақт истифода бурдани онро муайян карда тавонад. Дар раванди салоҳиятнокӣ омӯзгор бояд эҷодкор бошад ва методҳои гуногунро эҷод карда тавонад.