Главная
АИ #2 (237)
Статьи журнала АИ #2 (237)
Роль инновационных средств на уроках информационных технологий

Роль инновационных средств на уроках информационных технологий

Рубрика

Педагогика

Ключевые слова

инновационные технологии
уровень усвоения знаний
уроки информационных технологий

Аннотация статьи

В данной статье рассматривается роль инновационных технологий в повышении уровня усвоения знаний на уроках информационных технологий в высших учебных заведениях. Особое внимание уделяется интерактивным платформам, онлайн-курсам и мобильным приложениям, а также их влиянию на эффективность обучения студентов.

Текст статьи

Илму маориф бевосита яке аз беҳтарин сармоя барои ояндаи ҳар як миллату давлат маҳсуб меёбад. Онҳо дар баландравии иқтисодӣ, пешравии инноватсия ва пайдошавии ҷойҳои кории холии нав нақши муҳимро мебозанд. Низоми илм ва маориф бояд чунон ба тартиб дароварда шавад, ки лаёқат ва компетенсияҳоро барои пешрафти инноватсия, таъсири байниҳамдигарии объект ва субъекти раванди таълимро таъмин намояд. Пайдошавии технологияҳои нави иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ ва ҳамҷояшавии онҳо дар соҳаи маориф албатта дигаргуниҳо дар раванди таълимро ба вуҷуд овард: аввалан, дар раванди таълим истифодаи васеи воситаҳои техникии таълим бо истифодаи технологияҳои иттилоотӣ (ТИ) ба назар мерасад: quizizz.com, онлайн-курсҳо, симуляторҳо, тренажерҳо (Stamina); дуюм,технологияҳои иттилоотӣ маорифро ба сатҳи инфиродӣ баргардонидааст, яъне, мундариҷа ва раванди таълим ба талабот ва хусусиятҳои инфиродии донишҷӯ (суръати омӯзиш, намуди таълим ва ғ.)мутобиқат менамояд; сеюм, дар раванди таълим воситаҳои бозӣ хеле рушд кардааст, ки самаранокии азхудкунии мавзуъро имкон медиҳад; чорум, азхудкунии дониш, махсусан, дар макотибҳои олӣ ба амалия бештар нигаронида шудааст. Усули анъанавии дарсдиҳӣ аз фанни технологияи информатсионӣ якчанд муаммоҳоро ба вуҷуд меорад, ки тарзи дарсазхудкунии донишҷӯён ва инкишофи малакаи онҳоро заиф мегардонад. Якчанд аз ин муаммоҳо ин якрангӣ ва набудани интерактивнокӣ, маҳдудияти таҷрибаи амалӣ, усулҳои кӯҳнаи таълим мебошанд. Бинобар ин зарурият пеш меояд, ки метод ва роҳҳои нави интерактивӣ дар раванди таълими фанни Технологияҳои информатсионӣ дар макотибҳои олӣ истифода бурда шавад. Технологияҳои инноватсионӣ дар омӯзиши фанни технологияи информатсионӣ нақши асосиро мебозанд. Онҳо имкониятҳои навро барои таълими интерактивӣ пешниҳод намуда, имкон медиҳанд, ки ҳар як донишҷӯ мувофиқи талабот ва услуби худ ба раванди таълим ҷалб карда шаванд. 

Дар поён якчанд нақши технологияҳои инноватсионӣ дар таълими фанни технологияи информатсионӣ оварда мешавад, ки имрӯзҳо хеле муҳим мебошад:

  1. Дастрасии осон ба сарчашмаҳо ва маълумот. Технологияҳои инноватсионӣ, аз ҷумла Интернет ва китобхонаҳои электронӣ дастрасии васеъ ва бемаҳдудро ба маълумоти акуталӣ пешниҳод менамояд. Ин имкон медиҳад, ки донишҷӯён маълумоти иловагӣ пайдо намоянд ва нигоҳи худро дар соҳаи информатика васеъ намоянд.

  2. Таълими интерактивӣ. Платформаҳои таълимии интерактивӣ ва барномаҳо ба донишҷӯён имконият медиҳанд, ки бо маводҳо таъсири байниҳам пайдо намуда, онро дар амалия истифода баранд. Онҳо метавонанд масъалаҳои практикиро ҳал намоянд, таҷриба гузаронанд ва албатта алоқаи баръаксро аз рӯи амалҳои иҷрокардаашон гиранд. Ин ба фаҳмиши чуқуртар ва дар хотир мондани маълумот кӯмак мерасонад. 

  3. Инфиродияти таълим. Технологияҳои инноватсионӣ имкон медиҳанд, ки ҳар як донишҷӯ мувофиқи талабот ва сатҳи дониши худ ба раванди таълим мутобиқ гардад. Масалан, метавон ба донишҷӯ контенти махсусро, ки ба сатҳи ӯ мутобиқ аст, ё вазифаҳои иловагии амалӣ ва супоришҳоро пешниҳод намуд. Ин имконият медиҳад, ки ҳар як донишҷӯ дар дараҷаи худ таълим гирад ва натиҷаҳои беҳтарро соҳиб гардад.

  4. Инкишофи малакаи кор бо технологияҳои муосир. Технологияҳои инноватсионӣ дар худ воситаҳои муосири таъминотҳои барномавиро, ки дар соҳаи информатика истифода мешаванд, дар бар мегиранд. Истифодаи технологияҳои мазкур дар доираи оммӯзиш имконият медиҳад, ки сифати таҳсилот баланд гардад ва малакаи кор дар соҳаи технологияи рақамӣ бештар гардад. 

Технологияҳои инноватсионӣ дар беҳтар гардонии сатҳу сифати раванди дарсомӯзӣ нақши бориз доранд. Бо мисолҳои мушаххас дида баромада мешавад:

  1. Онлайн-таҳсилот: платформаҳои онлайн-таҳсилот, ба монанди Moodle, Coursera, edX, Khan Academy, Scillbox, ки дастрасӣ ба курсҳо ва маводҳои гуногунро пайдо мекунанд. Ин имкон медиҳад, ки донишҷӯён мавзӯъҳоро дар сатҳу дараҷаи худ, дар вақти дилхоҳ аз дилхоҳ нуқтаи ҷаҳон омӯзанд.

  2. Воқеияти виртуалӣ (VR) ва воқеияти иловагӣ (AR): VR ва AR технологияҳо имкон медиҳанд, ки барои омӯзиш муҳити интерактивӣ ва иммерсивӣ муҳайё карда шавад. Технологияҳои мазкур дар визуализатсияи консепсияҳои мураккаб, сохтани лабораторияҳои виртуалӣ ва моделҳои сеченака барои омӯзиш васеъ истифода мешаванд.

  3. Истифодаи замимаҳои мобилӣ ва таҷҳизотҳо: истифодаи таҷҳизотҳои мобилӣ ва таҷҳизотҳои ҳозиразамон (смартфон, планшет, айпад, ноутбукҳо, нетбукҳо) имкон медиҳанд, ки дастрасӣ ба захираҳои иттилоотӣ барои омӯзиши мустақилона, муошират бо устод ва ҳамсабақон бештару ҷулайтар гардад.

  4. Низоми омӯзишии мутобиқӣ: истифодаи алгоритмҳо ва зеҳни суҳнӣ имкон медиҳад, ки платформаҳои ба талаботи инфиродии донишҷӯ сохта шавад, ки натиҷаи раванди омӯзишро ба таври максималӣ беҳтар мегардонад. 

  5. Омӯзиши муштарак ва технологияҳои абрӣ: омӯзиши муштарак, аз ҷумла, лоиҳаҳои ҳамҷоя бо шарофати технологияи абрӣ бештар имконпазир мегардад. Донишҷӯён бемушкилӣ метавонанд бо ҳуҷҷатҳо, иттилоот, ғояҳои худ доир ба лоиҳаҳо бо ҳамсабақон ва устодон дар вақти дилхоҳ мубодила намоянд. 

Аз рӯи таҳлилҳо афзалиятҳои асосии инноватсионӣ дар дарсҳои технологияи информатсионӣ дида баромада мешавад. Яке аз бартариҳои асосӣ ин роҳи ҷалби донишҷӯён ва мотиватсияи онҳо барои дарсазхудкунӣ мебошад.

  1. Ҷалб намудани диққат. Истифодаи технологияҳои нав, ба монанди воқеияти реалӣ, воқеияти иловагӣ, элементҳои бозӣ ва замимаҳои интерактивӣ раванди азхудкунии информатикаро шавқовартар мегардонад. 

  2. Ҳавасмандкунӣ. Истифодаи методҳои инноватсионӣ донишҷӯёнро барои омӯзиш ҳавасманд мегардонад. Ин ба мавзӯъҳои интихобкардаи донишҷӯён, ки амалан истифода бурда, лоиҳаи реалӣ месозанд, алоқаманд аст. 

  3. Ҳамкорӣ ва интерактивӣ. Технологияҳои инноватсионӣ имкон медиҳанд, ки супоришҳои интерактивӣ, викторинаҳо, лоиҳаҳои гурӯҳӣ ташкил карда шаванд, ки фаъолнокии донишҷӯёнро дар раванди таълим бештар мегардонад. 

  4. Мутобиқат ба талаботҳои инфиродӣ. Технологияҳои инноватсионӣ имкон медиҳанд, ки ҳар як мавод ва супориш аз ҷониби омӯзгор вобаста ба дараҷаи дониши донишҷӯ тартиб дода шавад. 

  5. Инкишофи тафаккури танқидӣ ва фикрӣ. Технологияҳои нноватсионӣ аз донишҷӯён на танҳо дониш ва малака, балки фикрронӣ, мантиқ, таҳлил ва ҳалли муамморо талаб мекунад. 

Имрӯзҳо дар Тоҷикистон дар ҷодаи гузариш ба рақамикунонии соҳаҳои иқтисоди миллӣ ҷиҳати таъмин намудани шаффофияти муносибатҳои иқтисодиву молиявӣ чораҳои зарурӣ андешида шуда истодааст. Аз ҷумла, барои вусъат бахшидан ба равандҳои инноватсионӣ ва истифодаи ҳамаҷонибаи имконияти технологияҳои рақамӣ дар иқтисодиёт солҳои 2025-2030 дар Тоҷикистон Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия эълон карда шуданд. Дар умум метавон гуфт, ки технологияҳои инноватсионӣ барои сохтани муҳити осон ва дастрасии омӯзиш муосидат менамояд. 

Список литературы

  1. Алисултанова Э. Д., Маигова Д. Д., Албакова А. Инновационные технологии развития у учащихся цифровых компетенций // Вестник ГГНТУ. Гуманитарные и социально-экономические науки. – 2019. – Т. 15. – №. 1. – С. 61-67.
  2. Быкова О. Г., Овчинникова Е. Н. Применение инновационных технологий обучения в преподавании информатики // Современные образовательные технологии в преподавании естественнонаучных и гуманитарных дисциплин. – 2014. – С. 414-419.
  3. Зайнобиддинов Д. Современные образовательные технологии и тенденции их развития // Общество и инновации. – 2022. –Т. 3. – №. 3/S. – С. 420-426. 
  4. Крайнова Е. А., Тихонов Ю. А., Снадченко С. В. Актуальные проблемы преподавания дисциплин информационного цикла в вузе // Проблемы современного педагогического образования. – 2020. – №. 66-3. – С. 119-122.
  5. Улыбина О. В. и др. Цифровые технологии и индивидуализация обучения // Московский экономический журнал. – 2022. – №. 10. – С. 490-497. 

Поделиться

43

Кодирова Х. М. Роль инновационных средств на уроках информационных технологий // Актуальные исследования. 2025. №2 (237). URL: https://apni.ru/article/11091-rol-innovacionnyh-sredstv-na-urokah-informacionnyh-tehnologij

Обнаружили грубую ошибку (плагиат, фальсифицированные данные или иные нарушения научно-издательской этики)? Напишите письмо в редакцию журнала: info@apni.ru

Похожие статьи

Другие статьи из раздела «Педагогика»

Все статьи выпуска
Актуальные исследования

#3 (238)

Прием материалов

18 января - 24 января

осталось 6 дней

Размещение PDF-версии журнала

29 января

Размещение электронной версии статьи

сразу после оплаты

Рассылка печатных экземпляров

12 февраля