Глагольные веса арабского языка и их морфологическая структура в таджикском языке

Секция

Филологические науки

Ключевые слова

глагольная конструкция
средства словообразования
выражение глагольных значений

Аннотация статьи

Глаголообразование является процессом определения глагольных форм, способов и средств словообразования и глагольного состава, от которых зависит выражение значений глаголов.

Текст статьи

Феъл дар забони арабӣ аз ҷиҳати маънии худ ба гузаранда (الفعل المتعدى ) ва монда (الفعل اللازم) тақсим мешавад. Одатан, маънии гузарандагӣ ва мондагии феъл ба воситаи садоноки мобайнирешагӣ муайян мегардад. Агар ин садонок фатҳа (а) бошад, пас феъл дар аксари ҳолатҳо гузаранда аст: قتلَ – кушт, كتبَ – навишт ва ғ. Вале ҳолатҳое низ иттифоқ меафтад, ки феълҳо дар вазни فعلَ маънии мондагӣ доранд: ذهبَ – рафт, قعد – нишаст [7, c.51; 1, ҷ.1, 227]. Шакл қолиби ифодаи маъност. Дар ҳақиқат маънои феъли гирифтан дигар асту даргирифтан дигар. Монанди ҳамин: гаштан-баргаштан- бозгаштан, истодан-бозистодан, хӯрдан-вохӯрдан. Феълҳо аз ҷиҳати сохт гуногунанд, вале аз рӯи қоидаҳои муайян таркиб ёфта, ба се гурӯҳ ҷудо мешаванд: феълҳои содда, сохта, таркибӣ. Феълҳое, ки аз ҷиҳати сохти морфологӣ ба шакли холис (яъне бесуффиксу префикси калимасоз) воқеъ шудаанд, феъли содда номида мешавад [1, ҷ.1, 227; 4, c.310]. Масалан, афтидан, бурдан, гаштан, давидан ва ғайра. Ин гуна феълҳои содда дар забони арабӣ низ аз рӯи вазни فَعِلَ вохӯрдан мумкин аст:

خرج – مطر – قطع – رمي

Феълҳое, ки ба воситаи префиксу суффиксҳои калимасозии феъл сохта шудаанд, феъли сохта номида мешаванд [1, ҷ.1, 229; 4, 311]. Чунончи, префикси “бар”, ки маънои ба боло, берун, сатҳ ва қафо ҳаракат доштанро ба вуҷуд меоварад. Мисол: дамидан-бардамидан, доштан-бардоштан, овардан-баровардан, омадан-баромадан, хостан-бархостан ва ғайра. Дар забони арабӣ низ префиксу инфикси феълсоз вуҷуд доранд, ки аз рӯи он навъи вазнҳои феълӣ муайян карда мешавад [2, с.120]: донист 2 فعّلَ – علّمَ сафар кард 3 فاعلَ – سافر – баровард 4 افعل – اخرج- омӯхт 5 تفعّلَ – تعلّم – ҷангидан 6 تفاعل – تقاتلَ – тақсим кард7 انفعل – انقسمَ – ҷамъ шуд8 افتعل – اجتمعَ – сурх шуд9 افعلّ – احمرّ- баровард 10 استفعل – استخرج -

Префикси “дар” овардан- даровардан, яъне маънои равон шудан ба дарун, дар ҳолате буданро мефаҳмонад, афтодан-дарафтодан, гирифтан-даргирифтан ва ғайра. Префикси “боз” – маънои феълро қувват медиҳад ва тобиши маъноии такрори амал, ҳаракат ба қафо, нигоҳ доштан пайдо мекунонад: хостан-бозхостан, доштан-боздоштан, гаштан-бозгаштан, истодан-бозистодан ва ғайра. Префикси “во” – маънои ҳаракат ба сӯи предмет ва тобишҳои дигари маъноиро ифода мекунад: хӯрдан-вохӯрдан (рӯ ба рӯ шудан), намудан- вонамудан (нишон додан) ва ғайра. Префикси “фур” – (аз фурӯ ва фуруд) ба феъл илова шавад, ба он маънои ба поён равона шуданро медиҳад ва монанди префикси “во” каммаҳсул аст: омадан-фуромадан, овардан-фуровардан. Префикси “фар”– омадан-фаромадан [1, ҷ.1, c.229; 4, c.312]. Дар забони арабӣ ба монанди забони тоҷикӣ феълҳоеро, ки бо воситаи преффиксҳои фавқуззикр аз як феъл феъли дигарро бидуни тағйироти решавӣ, месозанд, дида мешавад. Аммо дар баъзе ҳолот ҳангоми ба забони арабӣ тарҷума намудани ин гуна феълҳои забони тоҷикӣ мо бевосита аз феълҳои гуногун истифода мебарем: овардан – أحضر – даровардан – أدخلَ; омадан – جاءَ – фуромадан –هبط َ ;

Феълҳои монда ва гузаранда, бевосита ва бавосита, тарзи фоил ва мафъул тарзҳои феълро ташкил медиҳанд. Феълҳое, ки ба мафъул (объект)-и бевосита гузаштани таъсири амалро намефаҳмонад, феълҳои монда номида мешавад [1, ҷ.1, 192]. М: хест, нишаст, баромад, давид, омад. Ин тарзи ифодаи феълро дар забони арабӣ феъли لازم меноманд [3, 46; 37, 166; 6, қ.3, 69]. Феълҳое, ки бевосита ба объект гузаштани таъсири амал, яъне ғайр аз муносибати субъектӣ маҳз ба объект нигаронида шудани амалро мефаҳмонад, феълҳои гузаранда меноманд: донист, омӯхт, овард, дид [1, ҷ.1, 192]. Дар забони арабӣ ин тарзи феълро المتعدي меноманд [3, с.34; 5, с.165; 6, с.69]. Феълҳо вобаста ба маънӣ, мавқеъ ва муносибати бо аъзоҳои ҷумла доштаашон гоҳ чун феъли монда, гоҳ чун феъли гузаранда меоянд: шикаст كسر- , пухт طبخ - , рехт – صب пиёла афтоду шикаст- سقط الفنجانُ فانكسر (монда), вай пиёларо шикаст (гузаранда) -كسر الفنجانَ

Дар ин ҷумлаҳои дар боло зикршуда, чӣ тавре ки мушоҳида мешавад феъли шикаст дар ҷумлаи аввали забони тоҷикӣ феъли монда мебошад ва дар ҷумлаи дуюм гузаранда, яъне амали субъект ба объект равона карда шудааст. Аммо дар забони арабӣ, чӣ хеле маълум гашт ҳар як феъл вобаста ба маънояш ва аз рӯи вазнҳои махсуси феълсозӣ сохта мешавад. Дар ҷумлаи якум феъли шикаст - انكسر феъли монда (لازم ) буда, дар ҷумлаи дуюм феъли шикаст – كسر феъли гузаранда (المتعدي ) мебошад. Яъне аз вазни якуми феълии فعل (كسر) - шикаст (المتعدي), вазни ҳафтуми феълии انفعل (انكسر)- ро истифода бурда, феъли лозим сохтем. Аз маънои ҷумла маълум мегардад, ки феъли монда аст ё гузаранда. Аммо дар ҷумлаҳои дар поён омадаро хулосабарорӣ мекунем: Гелос пухт (монда) نضج الكرزُ ; Аҳмад хӯрокро пухт (гузаранда) طبخَ أحمدُ الطعامَ

Дар ин ҷумлаҳо мо наметавонем, ки бо истифодаи вазнҳои феълӣ феъли мондаро ба гузаранда табдил диҳем, зеро дар забони арабӣ пухта расидани мева ва пухтани хӯрок бо феълҳои алоҳида сохта мешаванд, ки вазни якуми феълӣ буда, решаҳои тамоман гуногун доранд. Лекин гоҳе мо метавонем, аз феъли мондаи نضج феъли гузаранда бар вазни أنضجَ -افعلَ- созем ва дар ҷумлаи дуюм истифода барем: أنضجَ أحمدُ الطعامَ

Аз ҷумлаҳои дар боло зикрёфта, натиҷагирӣ намуда, мевонем аз рӯи системаи вазнҳои феълии забони арабӣ аз феълҳои монда феъли гузаранда ва аз рӯи феъҳои гузаранда феълҳои монда созем [3, c.48]:

1. Агар феъл лозим (монда) бошад, мо метавонем бо тағйир додани вазни феъл онро ба мутааддӣ (гузаранда) табдил диҳем - اذا كان الفعل لازماً يُمْكِنُ أنْ نُبَدِّلَهُ الى المُتعدي بتغيير وزنه

Хонандагон ба синф даромаданд -مثال: دَخَلَ – أدْخَلَ: دَخَلَ التَّلَامِيذُ الصَّفَ

Муаллим хонандагонро ба синф даровард - أدْخَلَ المُعَلِّمُ التَّلاميذ الصف

سافر- سَفَّرَ: أسافر إلى قريتي في العطلة القادمة -

Ман ба деҳаам дар таътили оянда сафар мекунам.

سفّرت الجامعةُ معلماً واحداً ومعلمتين إلى المؤتمرِ-

Донишгоҳ як муаллим ва ду муаллимаро ба конфронс сафарбар кунонид.

Вазни чоруми феълӣ أفعلَ амали феълро тобиши гузарандагӣ медиҳад: أكْرمتُ الرسول – ба хабаррасон эҳтиром (аҷр) гузоштам, ки асли феъл аз كرم феъли монда аст [7, c.53].

2. Агар мутааддӣ (гузаранда) бошад, мо метавонем бо тағйир додани вазни феъл онро ба лозим (монда) мубаддал намоем - اذا كان الفعل متعدياً نستطيع أن نبدل الى اللازم أيضا بواسطة تغيير وزنه: انفعل و افتعل

مثال: جمع – اجتمع: جمع الرئيس عماله الى المجلس

Раис коргаронашро ба маҷлис ҷамъ кард.

Одамон гирди ҳодиса ҷамъ шуданд - اجتمع الناس حول الحادث

Тифл шишаро шикаст -كسر- انكسر: كسر الطفل الزجاجةُ

Шиша шикаст - انكسرت الزجاجةُ

Феълҳо аз ҷиҳати воситаи иҷрои амал ва муносибати бо он доштаи фоилу мафъул бевосита ва бавосита мешаванд. Феълҳои бевосита аз тарафи фоил барои худи фоил воқеъ шудани амалро мефаҳмонад. Ба ин гурӯҳ ҳам феълҳои монда ва ҳам гузаранда дохил мешавад: дид, нишаст... Феълҳои бавосита барои мафъул воқеъ шудани амал ва ё ба воситае иҷро шудани амалро мефаҳмонад ва ба асоси замони ҳозираи феъл ҳамроҳ кардани суффикси –он (-ён) сохта мешавад.

Ҳамин тавр, гуфта метавонем, ки ҳам дар забони арабӣ ва ҳам дар забони тоҷикӣ феълҳои монда ва гузаранда мавҷуд аст. Дар забони арабӣ аз феълҳои монда феълҳои гузаранда аз рӯи вазнҳои أفْعَلَ و فَعَّلَ сохта мешавад ва дар забони тоҷикӣ низ аз феълҳои монда феълҳои гузаранда бо ёрии миёнванди –он сохта мешавад. Баръакс аз феълҳои гузаранда феълҳои мондаро низ дар ҳар ду забон сохтан мумкин аст. Дар забони арабӣ аз рӯи вазнҳои انفعلَ و افتعلَ сохта мешавад.

Баъд аз таҳлил ва баррасии маонии вазнҳои феълии забони арабӣ чунин натиҷагирӣ карда мешавад:

  1. Феъл дар забони арабӣ дорои XV вазн буда, дорои маъноҳои хос мебошад. Ҳар як вазнҳои феълӣ аз рӯи вазни فَعَلَ، فَعُلَ، فَعِلَ сохта мешавад.
  2. Вазнҳои серистеъмолтарини забони арабӣ аз I то X мебошад, ки ҳар як ин вазнҳо истифодаи махсуси худро дорад.
  3. Вазнҳои феълии забони арабӣ бо илова кардани як ҳарф, ду ҳарф ва се ҳарф сохта мешавад ва онҳоро дар забони арабӣ феъли рубоӣ (чорҳарфа), хумосӣ (панҷҳарфа) ва судосӣ (шашҳарфа) меноманд. Ҳамин тавр, аз баррасии ин вазнҳо хулоса кард, ки онҳо маъноҳои гуногун доранд ва ҳангоми истифодабарии феълҳо, инчунин тобишҳои гуногуни онҳо бояд ба назар гирифта шавад.

Список литературы

  1. Грамматикаи забони адабии ҳозираи тоҷик. Душанбе: Дониш, 1985. 355 с.
  2. Гранде Б.М. Курс арабской грамматики в сравнительно-историческим освещении. М: Восточная литература РАН, 2001. – 594 с.
  3. Ғалайонӣ, Мустафо. Ҷомеъу –д- дуруси- л- арабабийя. Ҷузъи 1-3. – Бейрут: ал – Мактабату-л- асрия, 1999. – 331 с.
  4. Забони адабии ҳозираи тоҷик (Лексикология, фонетика ва морфология): Қ.1. Душанбе: Ирфон, 1973. – 450 с.
  5. Ковалёв, А.А., Шарбатов Г.Ш. Учебник арабского языка. – М.: Восточная литература РАН, 1998. – 751 с.
  6. Ниъма, Фуод. Мухалласу қавоиди-л-луғати-л-арабийяти. – ат-Табъату ас-сонийяту ва-л-ишрин. – ал-Қоҳира: ал-Мактабу-л-илмӣ ли-т-таълиф ва-т-тарҷамати, 1928. – 214 с.
  7. Сулаймонов, С. Очерки сарф (морфология)-и забони арабӣ (ислоҳшуда ва изофашуда). Душанбе: Хирадмандон, 2019. – 138 с.

Поделиться

32

Ёкубова С. А. Глагольные веса арабского языка и их морфологическая структура в таджикском языке // Экономическое неравенство и социальная справедливость: пути преодоления и создания устойчивого общества : сборник научных трудов по материалам Международной научно-практической конференции 26 февраля 2025г. Белгород : ООО Агентство перспективных научных исследований (АПНИ), 2025. URL: https://apni.ru/article/11331-glagolnye-vesa-arabskogo-yazyka-i-ih-morfologicheskaya-struktura-v-tadzhikskom-yazyke

Обнаружили грубую ошибку (плагиат, фальсифицированные данные или иные нарушения научно-издательской этики)? Напишите письмо в редакцию журнала: info@apni.ru
Актуальные исследования

#8 (243)

Прием материалов

22 февраля - 28 февраля

осталось 7 дней

Размещение PDF-версии журнала

5 марта

Размещение электронной версии статьи

сразу после оплаты

Рассылка печатных экземпляров

19 марта