Дар замони муосир мафҳуми миф, яъне асотир бо “афсона, бофта, тахайюл” шарҳ дода мешавад. Аммо бояд дар назар дошт, ки дар ҷамъияти ибтидоӣ мафҳуми миф ҳамчун як ҳосидаи воқеъӣ , ҳақиқӣ маънидод карда мешуд ва асотирҳо ҳамчун намунаи ибрат хизмат мекарданд.
Дар замонҳои қадим, вақте ки кӯшишҳои аввалини шарҳи мафҳуми асотир ба миён омада буд ва замоне ки олимони Юнони қадим асотирро шарҳ медоданд, онҳо(мифҳо) аллакай муқаддасият ва эътиборнокии худро гум карда буданд. Дар баробари ин нуқтаи назаре пайдо шуд, ки асотирҳо тахайюл ба шумор рафта, ин ё он вазифаро иҷро мекунанд.
Аз ин рӯ номаълум аст, ки асотир чӣ гуна бо тамоми эҳтимолияти аз ҳақиқат дур будан ва сафсата буданаш, ҳамчун ҳақиқат қабул мешуд ва ҳамзамон нофаҳмо буд. Дар давоми чандин қарнҳо, оғозан аз антиқа то давраи романтизм, моҳияти асотир номаълум буд. Ҳамчунин мавҷудияти эҷодиёти халқӣ ё ҷамъиятӣ, ки ин ё он асар маллифи яқин надошт, даркнашаванда буд [5, с.155].
Дар давраҳои Юнони қадим асотирҳо аз ҷониби олимони юнонӣ ҳамчун истиора шарҳ дода мешуданд. Мисолҳо овардан мумкин аст. Эмпедокл, ки дар асри V пеш аз милод умр ба сар бурдаааст, ақида дошт, ки Худои осмон Зевс шакли истиораи оташ, ҳамсари ӯ Гера инъикосгари ҳаво, Гадес инъикосгари замин маҳсуб меёфтанд. Дигар олимони Юнон низ ба ақидаи Эмпедокл ҳамроҳ шуда, банди мантиқии шарҳдиҳиро давом додаанд. Аз рӯи гуфтаҳои онҳо Зевс таҷассумгари осмон, Посейдон – баҳр, Артемида – моҳ мебошанд. Хусусияти асосии худоён ва олиҳаҳо ҳамчун мафҳум қабул карда мешуданд. Масалан, мувофиқи тафсири Анаксагора, Зевс таҷассумгари шуур, Афина таҷассумгари санъат ва ғ.
Мисоли дигар асотири Юнони қадим дар бораи Кронос, ки ба ӯ оиди аз тахт сарнагун шуданаш аз ҷониби яке аз фарзандонаш пешбинӣ шуда буд ва ин сабаб гардида буд, ки ӯ фарзандонашро дарҳол баъд аз таваллуд мехӯрд, чунин тафсир шудааст: Кронос замонро ифода мекард, ҳамсараш Рея бошад инъикосгари замин маҳсуб меёфт. Яъне таваллуди чизе бо ёрии вақт ба амал меояд, ки бо ягон сабабе ҳама чиро нобуд месозад. Асотирҳо инчунин панд ё худ насиҳат ба шумор мерафтанд, ки ба маънои маҷозӣ баён мешуданд. Дар бисёр асотирҳо худоён хиёнаткорӣ мекарданд ва ҷазо мегирифтанд. Аз ин лиҳоз асотирҳо ба роҳи рост ҳидоят менамуданд [5, с.155].
Ҷ. Бэкон дар китоби “Мудрость древних” асотирро шарҳ додааст. Ба ақидаи ӯ асотирҳо шакли киноягии зуҳуроти фалсафавии ҳақиқат мебошанд. Дертар зумраи олимон ин ақидаро тарафдорӣ намуданд. Вале дар замони романтизм мафҳуми асотир тобишҳои нав пайдо намуд. Моҳияти асотир дар умум бетағйир монд, чун пештара ҳақиқат қабул карда мешуд.
Донишмандони Аврупои Ғарбӣ асотирро назар ба асри XIX аз нуқтаи назари дигар таҳқиқ менамоянд. Онҳо ба маъное, ки дар ибтидо ба он (асотир) гузошта шуда буд, таваҷҷӯҳ доранд, яъне асотир ҳодисаи воқеӣ, чизи муқаддас ва намунаи ибрат мебошад. Ба шарофати ин маъно мафҳуми “асотир” шарҳи дуҷониба пайдо мекунад. “Асотир натанҳо тахайюл, балки анъанаи муқаддас ва намунаи ибрат мегардад” [8, с.231].
Асотир бағоят мафҳуми душвор буда, онро метавон бо тарзҳои гуногун шарҳ дод. Пеш аз ҳама, албатта, дар он оиди воқеаҳо, аз ҷумла чӣ тавр ба вуҷуд омадани олам, гуфта мешавад.
Асотирро манфӣ ё ин ки мусбӣ шарҳ додан дуруст нест. Нақши асотир барои инкишофи инсон хело муҳим аст. Маҳз ба туфайли он инсон ақлнокӣ ва алоқамандии ҳама чизи рӯйдодаро ошкор намуд.
М. Элиаде гумон мекунад, ки асотирҳо ҷузъан моҳияти инсониро ташкил медиҳанд, онҳо метавонанд тағйир ёбанд, ба замони муосир мутобиқ гарданд, вале аз байн намераванд [7, с.342].
Қисми зиёди чеҳраҳо ё бо ибораи дигар қаҳрамонҳо дар асотир махлуқоти ғайриоддӣ ва фавқуттабиа мебошанд. Асотир чун дин зуҳури тамоми муқаддасиётро тавсиф менамояд. Маҳз бо ҳамин амалҳо пайдоиши ҷаҳон ва инкишофи онро то дараҷаи муосир мефаҳмонанд. Он амалҳо ба офариниши инсон низ таъсири худро гузоштааст, яъне ӯро миранда сохт ва ба ду ҷинси муқобил ҷудо намуд [1, с.145].
Асотир таърихи бой ва тӯлонӣ дорад. Ҳанӯз дар замонҳои антиқа кӯшишҳои дарки маводҳои мифологӣ ба миён омада буданд. Бо таҳқиқи асотирҳо дар давраҳои гуногун олимони зерин машғул шудаанд: Эвгемер, Ҷ. Вико, Ф.В. Шеллинг, В.К. Мюллер, А.Н. Афансев, А.А. Потебня, Ҷ. Фрейзер, Е.М. Мелетинский, О.М. Фрейденберг, Элиаде ва дигарон. Бешак дар асарҳои муҳаққиқон нуқтаҳои ба ҳам мувофиқ мавҷуданд. Такя ба ин нуқтаҳрои назар намуда, метавон хусусият ва вазифаҳои асосии асотирро ҷудо кард.
Бояд аз он оғоз намоем, ки намояндагони мактабҳои гуногун , ҷанбаҳои гуногуни асотирро таъкид мекунанд. Чунончи, Р. Реглан (Мактаби маросимии Кембриҷ) асотирҳоро ҳамчун матнҳои маросимӣ эзоҳ додааст, А. Кассирер (намояндаи назарияи рамзӣ) рамзнокии онҳоро таъкид мекунад, А.Ф. Лосев (назарияи мифопоэтизм) ба мутобиқати ғояи умумӣ ва образи ҳиссӣ дар асотир диққат медиҳад, А.Н. Афанасев асотирро чун ашъори қадим муайян менамояд, Р. Барт асотирро системаи коммуникативӣ мегӯяд [3, с.406].
Асотирро гумроҳии инсон ҳисобидан мумкин нест. Баъди гузаронидани тадқиқот вазифаи танзимкунандаи асотир, ташкили ҷиҳатҳои гуногуни ҳаёти ҷамъияти ибтидоӣ маълум мегардад. Асотир илмест дорои хусусиятҳои ба худ хос буда, талаботи донишро қонеъ мекард, ҳамчунин дар он дастурҳое мавҷуд буданд, ки чӣ гуна рафтор карданро мефаҳмониданд (дар марҳилаи аввал ҳаёти иҷтимоиро танҳо асотир идора менамуд, баъдтар ба он дигар шаклҳои идеологӣ, аз он ҷумла, илм ва санъат ҳамроҳ мегарданд).
Дар асотир одоби рафтор муқаррар мешавад, системаҳои арзишро муайян менамояд ва он стрессро, ки аз падидаҳои табиӣ ба миён меоянд, танқид мекунад.
Қайд кардан ҷоиз аст, ки асотир зинаи аввали шуур мебошад, пасон илми мантиқ пайдо мешавад, аммо ин маънои онро надорад, ки асотир аз байн меравад ва ба замони муосир таъсире надорад. Ғайр аз асотири анъанавии антиқа, қисматҳои онро дар системаҳои дин, фарҳанг ва идеология ҷудо мекунанд.
Дар фарҳангҳои гуногун мафҳуми “асотир” бо тобишҳои гуногун маънидод шудааст. Гумон мекунем яке аз таърифҳои дурустро “Литературный энциклопедический словарь” (“Фарҳанги энцлопедии адабӣ”) додааст : “Асотирҳо – офаридаҳои якҷояи умумихалқии сайри хаёлот мебошанд, ки ҳақиқатро дар симои шахсиятҳои ҳассосӣ – конкретӣ ва махлуқоти зинда инъикос мекунанд”. Ин таъриф муқаррароти асосиеро дар бар мегирад, ки зумраи муҳаққиқон ба он ишора менамоянд.