Такмили кори таълиму тарбия дар ҳар давру замон масъалаи асоситарин ба ҳисоб меравад. Бахусус дар кишвари мо, ки давраи басо мушкили гузаришро аз сар гузаронида истодааст ва дар тамоми соҳаҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва мадании он дигаргуниҳои ҷиддӣ ба амал омада истодаанд, кори таълиму тарбия чун як рукни ҷомеа ба дигаргуниҳои куллӣ ниёз дорад. Аз ин ҷиҳат ташаккули ҷаҳонбинӣ, маънавиёт ва дар ҳамин замина мақсаднок ба роҳ мондани раванди таълими химия, чун илми ҳаётомӯз вазифаи на танҳо сохторҳои мутасаддии соҳаи маориф, балки вазифаи ҳар як омӯзгор мебошад. Яке аз мавзуъҳои илми химия ин оксипайвастагиҳо буда, ба он алдегиду кетонҳо дохил мешавад. Омӯзонидани ин мавзуъ дар курси химияи мактаби миёна аҳамияти калон дорад, зеро спиртҳо дар натиҷаи оксидҳавии карбогидрогенҳо ҳосил шуда бошанд, пас алдегид ва кетонҳо маҳсули оксидшавии минбаъдаи спиртҳо мебошад. Омӯзгор бояд фарқи алдегид ва кетонҳоро аз дигар пайвастагиҳои органикӣ фаҳмонида тавонанд. Яъне, пайвастагиҳои органикие, ки дар молекулаашон гурӯҳи карбонилӣ доранд, алдегид ва кетонҳо меноманд.
Ҳангоми гузаштани мавзӯи алдегид ва кетонҳо хонандагон бо таркиб, сохт, тасниф, феҳраст, изомерия, хосиятҳои физико-химиявии алдегид ва кетонҳо, роҳҳои ҳосилкунӣ, соҳаҳои истеъмол, истеҳсол ва аҳамияти алдегид ва кетонҳо шинос мешаванд. Алдегидҳо (аз калимаи лотинӣ гирифта шуда маънояш alcohol dehydrogenatus - спирти ҳидрогенашро ҷудо карда шуда) ба синфи пайвастагии органикие, ки гурӯҳи алдегидӣ дорад (--СОН) дохил мешавад. ИЮПАК алдегидҳоро ҳамчун моддаҳои дар намуди RCHO муайян мекунад, ки гурӯҳи карбонил бо як атоми ҳидроген ва бо як гурӯҳи карбонилӣ пайваст бударо мефаҳмонад. Калимаи алдегид аз тарафи Юстусом фон Либих пешниҳод карда шуда, дар намуди мухтасари лотинии alcоhol dehydrogenatus-деҳидрогенонии спирт гирифта шуда аст.
Мувофиқи барномае, ки вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия кардаааст дар соатҳои аввали омўзиши ин мавзўъ ба чунин систематикаи махсус диққат дода шавад. Чунки ба таври занҷир фањмонидани мавзуъ барои фаҳмидани хонандагони мактаб осонтар мегардад ва душворӣ пеш намеояд. Дар соатҳои аввали омўзонидан чунин ҷиҳатҳои махсусро бояд ба назар гирифт: таъриф онҳо, тасниф, формулаи умумӣ, сохти электронӣ, номенклатура ва изомерияи алдеҳидҳо ва кетонҳо омўзонида мешавад. Дар соати дигар мувофиқи барномаи корӣ хосиятҳои умумии алдеҳидҳо ва кетонҳо. Реаксияи пайвастшавӣ омўзонида мешавад, ки дар он хосиятҳои махсуси онҳо фарқ карда мешавад. Фарқияти хосиятҳои алдегидҳо ва кетонҳо дар алоҳидаги бояд кушода дода шавад. Реаксияи пайвастшавӣ бошад мисли дигар қисми пайвастагиҳо омўзонида мешавад. Яъне дигар моддаҳо ва ё элементҳоро дар натиҷаи додани як электрони худ ва қабул кардани электрони нав пайваст намояд. Хангоми омўзонидани полиатсеталҳо, атсеталҳо, реаксияҳои оксидшавӣ аз ҳисоби ҳидрогени гўруҳи алдегидӣ ба амал омаданаш мумкин аст. Реаксияи ҷойивазкунӣ дар атомҳои ҳидрогени назди атоми карбон мавҷуд буда ба амал меояд. Чунки кашиши электронӣ дар он зиёд аст ва қобилияти ҷойивазкуни зиёд хоҳад шуд. Дар вақти омўзонидани алдегидҳо ва кетонҳо монанди ва тафовут дар хосиятҳои алдеҳидҳо ва кетонҳо бояд аз мадди назар набояд дур гирифт. Баъд аз он полимеризатсияи алдегиди формиат омўзонида мешавад, яъне аз ин мебарояд, алдеҳиди формиат ба реаксияи полимершавӣ хос аст , баъдан поликонденсатсияи формалдегид бо фенол омўзонида мешавад. Яъне ҳангоми ҳосилшавии полимери формалдегид бо фенол моддаи иловагӣ ҳосил мешавад, ки дар натиҷа раванд поликонденсатсия ном мегирад. Дар назди омўзгор вазифа гузошта мешавад, ки ҳангоми омӯзонидани мавзуи алдегидҳо ва кетонҳо монанди ва фарқияти алдегиду кетон аз ҷиҳати сохт, хосият, истеҳсол ва истеъмол ба хонандагон фањмонида шавад. Аз сабаби он ки ин мавзуъ хеле калон ва мушкил буда, соати барои омўзонидани он кам мувофиқи барномаи таълими химия чудо карда шудааст. Бинобар омўзгор бояд ин мавзуъро мухтасар бо роҳу усулҳои фаъоли таълим содда ва фаҳмо намуда омўзонад. Ба ғайр аз ин вобаста ба усулҳои нави таълим мо метавонем роҳу усулҳои омӯзонидани мавзӯи оксипайвастагиҳоро ба ҳонанда омӯзонем.
Теҳнологияи FSMU.
Ин метод усули нави таълим ба ҳисоб,рафта асосан дар давлатҳои Аврупо ба вуҷуд омадааст. Ин теҳнология барои ҳаллу фасли масъалаҳои гуногун дар фанҳои дақиқ истифода бурда мешавад. Ин метод ҳонандаро барои мустақилона фикрроний намудан, ҳангоми ҳалли масъалаҳои химиявӣ озодона мантиқи ҳудро истифода бурдан мусоидат мекунад. Мавзӯи оксипайвастагиҳо, ки масъалаҳои душворро барои ҳал намудан дар роҳнамо дода шудааст истифода бурда мешавад.
Дар ин ҷо:
- фикрро баён намудан
- С – ба шарти масъала изоҳ додан
- М – бо далелҳои дақиқ масъаларо кушода додан
- У – умумияти фикр
Омӯзгор ҳангоми дарс аз ин метод истифода барад хонандагон то рафт ҳам ба масъалаҳалкуни шавқ пайдо мекунанд ,ҳам фикрронии мантиқӣ ва химиявиашон зиёд мешавад.
Усули INSERT.
Дар ин усул ҳонанда аввал он чиро ки оиди алдегиду кетон медонанд ва дар ҳаёт истифода бурдаанд, баён менамоянд. Баъдан он чиро аз омӯзгор қабул намуданд ҳамчун маълумоти нав буда, қисми боқимондаро дар вақти мустаҳкамкунӣ ҳангоми хондани китоб иҷро менамоянд. Ҳангоми навиштан дар тахтаи синф омӯзгор чунин аломатҳоро мемонад:
V- медонам
+ -барои ман маълумоти нав
- ман инро аллакай медонам
?-намедонам
Ҷадвали Д.ДШ.БДМ.
Мо дар боло қайд намудем,ки ҳонанда пеш аз мавзӯи алдегиду кетон бояд дар бораи мавзуъ малумоти дақиқ дошта бошад.Дар ин ҷо:
Д – донистам
ДШ – дониста шудам
БДМ – боз донистан мехоҳам
Яъне хонанда аввал фикри худро оиди мавзуъ баён менамояд ва он чиро ки аз омӯзгор қабул менамояд барояш маълумоти нав буда, ҷойҳое ки нофаҳмо буд боз донистан мехоҳад. Ин усулро дар се лаҳзаи дарс истифода бурдан мумкин аст.