Главная
АИ #14 (249)
Статьи журнала АИ #14 (249)
Классификация омонимов в английском языке

Классификация омонимов в английском языке

Рубрика

Филология, иностранные языки, журналистика

Ключевые слова

омонимы
классификация
современная лингвистика
абсолютные и неабсолютные омонимы

Аннотация статьи

Статья посвящена омонимам и их классификации в английском языке. Следует отметить, что в современной лингвистике они классифицируются на основе определённых критериев.

Текст статьи

Дар системаи луғавии забони англисӣ, аз он ҷумла дар системаи суффиксҳои он, ҳодисаи омонимия васеъ ба назар мерасад, ки барои омӯзандагони забон муаммоҳои зиёд пеш меорад. Дар рафти омӯзиши забонҳо, инчунин забони англисӣ, омӯзандагон ба мушкилиҳое бармехӯранд, ки яке аз сабабҳои паҳнгашта маъноҳои гуногунро ифода кардани як шакли забонӣ мебошад. Чунин ҳодисаи забон дарк намудани матну маълумотҳоро ба забони хориҷӣ хеле мушкил месозад. Омӯзиши омонимҳоро талаботҳои забоншиносии амалӣ низ водор менамояд, барои он ки оминимҳо дар ҷараёни муошират ҳам ба шунаванда ва ҳам ба гӯянда монеъаҳои муайян ба миён меоранд. Бисёрии вақт дар ҷараёни муошират шунаванда, аз сабаби он ки як шакли забон метавонад маъноҳои гуногунро ифода кунад, барои интихоби дурусти маъно ва дуруст дарк намудани фикри гӯянда ба ҳолати ногувор дучор мешавад. Дар ҳолати изҳори фикр бошад, гӯянда кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки ӯро аниқу дуруст фаҳманд.

Инчунин ҳодисаи омонимия барои азхудкунии матнҳои забони хориҷӣ, корҳои лексикографӣ – барои муайян намудани меъёрҳо байни калимаҳо, барои коркарди роҳҳои нишон додани омонимҳо дар луғатҳо ва монанди инҳо, мушкилиҳо пеш меорад. Дар байни олимони забоншинос оид ба таснифоти омонимҳо баҳсу мунозира қариб дида нашавад ҳам, нисбат ба ин масъала нуқтаҳои назари гуногун дида мешавад. Дар забоншиносии муосир омонимҳо дар асоси ин ё он меъёрҳо тасниф карда шудаанд. Дар мақолаи мазкур таснифи омонимҳо дар забони англисӣ дида баромада шудааст.

Дар луғати истилоҳии забоншиносӣ хелҳои асосии омонимҳо қайд шудааст:

  • омонимҳои мутлақ (комил);
  • омонимҳои номутлақ;
  • омонимҳои содда;
  • омонимҳои сохта;
  • омофонҳо;
  • омографҳо;
  • омоформҳо [4, с. 148].

Забоншиноси англис Ҷон Лайонз таснифоти монандро пешниҳод намудааст, ки дар он ӯ омонимҳои мутлақро абсолютӣ меномад. Ҷон Лайонз се шартро муайян намудааст, ки аз рӯи он омонимҳо ба гурӯҳи мутлақ, чи хеле ки ӯ мегӯяд, абсолютӣ, дохил карда мешаванд [3, с. 292]:

  • онҳо бояд аз ҷиҳати маъно ба якдигар алоқамандӣ надошта бошанд;
  • ҳамаи шаклҳои онҳо (шаклҳои хаттӣ, овозӣ) мувофиқат кунанд;
  • шаклҳои якхела аз ҷиҳати грамматикӣ эквивалентӣ бошанд [3, с. 294].

Аз рӯи нуқтаи назари Ҷон Лайонз, агар омонимҳо аз рӯи як ё ду шарти додашуда мувофиқат кунанд, онҳо омонимҳои номутлақанд [3, 294].

Бояд қайд кард, ки дар забоншиносии муосир мафҳуми омонимҳои байнизабонӣ ва паронимҳо низ ба назар мерасад. Масалан: калимаи magazine (маҷалла) - дар забони русӣ мағоза. Омонимҳои байнизабонӣ, аз сабаби он ки ҳодисаи тасодуфианд, дар забонҳо кам дида мешаванд.

Дар забоншиносии муосир олимон дар тадқиқи омонимҳо бештар ба таснифоти А.И. Смирнидский [5] ва И.В. Арнолд [1] такя мекунанд. Дар таснифоти онҳо ҳамаи масъалаҳои ин ё он шакли омонимҳо муфассал дида баромада шудааст.

Забоншинос А.И. Смирнидский омонимҳоро ба ду гурӯҳи калон ҷудо мекунад [5, с. 69]:

  • омонимҳои мутлақ;
  • омонимҳои номутлақ.

Аз рӯи нуқтаи назари А.И. Смирнидский, омонимҳои мутлақ чунин таъриф дода шудаанд: “Омонимҳои мутлақ – ин калимаҳое мебошанд, ки ба як ҳиссаи нутқ тааллуқ дошта, дорои парадигмаҳои якхелаанд (масалан, match – mach)” [5, с. 69].

Дар навбати худ А.И. Смирнидский омонимҳои номутлақро ба се гуруҳ тақсим мекунад:

  • омонимҳои соддаи лексико-грамматикӣ (як ҳиссаи нутқ, ки парадигмаҳояш як шакл доранд, яъне ҳамшакланд): to found – found;
  • омонимҳои мураккаби лексико-грамматикӣ (воҳидҳои ба ҳиссаҳои гуногуни нутқ тааллуқдошта, ки дар парадигмаҳояшон як шакл доранд, яъне ҳамшакланд): maid – made; bean – been;
  • омонимҳои лексикӣ (калимаҳои ба як ҳиссаи нутқ тааллуқдошта, ки фақат дар шакли аввала мувофиқат мекунанд): to can – can [5, с. 75].

Олими дигари рус И.В. Арнолд бошад ҳамаи омонимҳоро ба се гурӯҳи калон ҷудо мекунад:

  • омонимҳо;
  • омофонҳо;
  • омографҳо.

Барои таснифоти пурраву муфассали омонимҳо И.В. Арнолд 12 гурӯҳи омонимҳоро пешниҳод намудааст:

  • омонимҳои номутлақ, ки шакли аввалаи якхела, лекин парадигмаҳои гуногун доранд (light исм, равшанӣ - light сифат, сабук);
  • омонимҳои номутлақ, ки шакли аввала не, балки шаклҳои алоҳидаашон мувофиқат мекунад (might исм, қувват – might феъл, шакли замони гузаштаи феъли may);
  • калимаҳое, ки ба як ҳиссаи нутқ тааллуқ доранд, шакли аввалаашон гуногунанд, лекин дар ягон дигар шакл мувофиқат мекунанд (аxe- axes, axis – axes);
  • калимаҳое, ки аз ҷиҳати маънои лексикӣ ва грамматикӣ гуногун мебошанд. Ин асосан калимаҳое мебошанд, ки парадигма надоранд, ва ба қатори калимаҳои тағирнаёбандаи ёрирасон дохил мешаванд (for пешоянд – for пайвандак);
  • маъноҳои гуногуни лексикӣ бо шаклҳои авалаи якхела, маъноҳои грамматикии якхела бо парадигмаҳои гуногун (lay – lain, lie – lied - lied);
  • калимаҳое, ки ба як ҳиссаи нутқ таааллуқ доранд, лекин маъноҳои лексикиашон гуногунанд (spring – ҷаҳиш, spring – чашма, spring баҳор);
  • мавҷуд будани ҷузъи умумӣ дар маънои лекликӣ (before пешоянд, before зарф, before пайвандак);
  • ҷуфти калимаҳое, ки монандии хело наздик дошта, ҳамчун вариантҳои калимаи сермаъно дида мешаванд;
  • омонимҳои бо роҳи конверсия сохташуда (eye – исм; eye – феъл);
  • калимаҳои ба ҳиссаҳои нутқи гуногун тааллуқдошта, ки монандии онҳо дар асоси реша дида мешавад (thought – исм; thought – феъл);
  • монандии маъноҳои лексикӣ ва грамматикӣ, ки дорои шаклҳои гуногун мебошанд [1, с. 56].

Баъзе олимони забоншинос паронимҳоро (калимаҳои талаффузашон наздик) ба қатори омонимҳо дохил мекунанд, лекин бо вуҷуди хеле наздик будан паронимҳо аз омоним фарқ доранд. Агар омонимҳо аз ҷиҳати талаффуз пурра мувофиқат кунанд, паронимҳо мувофиқати овозии нопурра доранд [2, с. 152].

Хулоса, дар забоншиносии муосир асосан ду намуди омонимҳо шинохта мешаванд: мутлақ, ки дар ин ҳолат шаклҳо аз ҳама ҷиҳат пурра мувофиқат мекунанд, ва номутлақ, дар ҳолате ки шаклҳо фақат аз ягон ҷиҳат мувофиқат доранд, яъне пурра мувофиқат намекунанд.

Список литературы

  1. Арнольд И. В. Лексикология современного английского языка. – 3-е изд., перераб. и доп. – М.: Высшая школа, 1986. – 295 с.
  2. Каращук П. М. Аффиксальное словобразование в английском языке. М., 1965. – 173 с.
  3. Лайонз Дж. Введение в теоретическую лингвистику. – М.: Прогресс, 1978. – 540 с.
  4. Маҷидов Х. Забони адабии муосири тоҷик. Ҷ.1. Луғатшиносӣ. Душанбе. Деваштич, 2007. – 244 с. 
  5.  Смирницкий А. И. Лексикология английского языка. – М.: Московский Государственный Университет, 1998. – 260 с.
  6. Ахманова О. С. Словарь лингвистических терминов. – М.: Советская энциклопедия, 2010. – 576 с.
  7. Лингвистический энциклопедический словарь / Гл. ред. В. И. Ярцева. – М. 6 Сов. Энциклопедия, 1990. – 685 с.

Поделиться

78

Икрамова М. Т., Курбонова П. С. Классификация омонимов в английском языке // Актуальные исследования. 2025. №14 (249). Ч.I. С. 64-66. URL: https://apni.ru/article/11686-klassifikaciya-omonimov-v-anglijskom-yazyke

Обнаружили грубую ошибку (плагиат, фальсифицированные данные или иные нарушения научно-издательской этики)? Напишите письмо в редакцию журнала: info@apni.ru

Похожие статьи

Актуальные исследования

#16 (251)

Прием материалов

19 апреля - 25 апреля

осталось 4 дня

Размещение PDF-версии журнала

30 апреля

Размещение электронной версии статьи

сразу после оплаты

Рассылка печатных экземпляров

14 мая