Маҷмуаи охирини ашъори Муҳаммад Иқбол «Армуғони Ҳиҷоз» мебошад, ки моҳи ноябри соли 1938 дар Лоҳур, чанд муддат пас аз вафоти шоир нашр шудааст. Лозим ба таъкид аст, ки «Армуғони Ҳиҷоз» аз ҷумлаи осори нотамоми аллома Иқбол маҳсуб мешавад. Ин асарро шоир мебоист бо адои зиёрати Макка ва Мадина ба итмом мерасонид. Муҳаббату ихлоси Иқбол ба Пайғамбари ислом ва сарзамини Ҳиҷоз дар ашъори ин маҷмуа эҳсос мешавад. Аз каломи ӯ дар «Армуғони Ҳиҷоз», ба забони урду бошад ё форсӣ, дар баробари ҷӯшу хуруш оҳанги сӯзу гудоз ба назар мерасад. Дар қисмати форсии он дар дубайтие мегӯяд:
Ба ин пирӣ раҳи Ясриб гирифтам,
Навохон аз сурури ошиқона.
Чу он мурғе, ки дар саҳро сари шом,
Кушояд пар ба фикри ошёна [4, с. 522].
Мутассифона шоир бо сабаби беморӣ ва заъфи бадан ба ин орзуи хеш ноил намегардад. «Армуғони Ҳиҷоз» як навъ сайри руҳии шоир мебошад аз сарзамини Ҳиҷоз.
Ба андешаи Абдуссалом Надвӣ баъзе афрод, осори давраи охири Иқболро воизона ва холӣ аз шӯру валвала хондаанд, вале ин ба ҳамаи ашъори «Армуғони Ҳиҷоз» рост намеояд. Мавсуф менигорад, ки махсусан ашъори вобаста ба Кашмир эҷоднамудаи шоир хеле шӯрангез мебошанд. Ӯ қайд мекунад, ки чароғ пеш аз хомӯш шудан як бори дигар алангааш меафзояд ва ё аз назари аҳли тасаввуф ҳарчанд ки ҷисм заиф гардад, ҳамон андоза руҳ қаввӣ мегардад.
Олим ва муҳаққиқи тоҷик Абдуллоҷон Ғаффоров дар асараш «Муҳаммад Иқбол» роҷеъ ба «Армуғони Ҳиҷоз» маълумот дода менигорад: «Маҷмуа аз ду ҳисса иборат аст. Ҳиссаи якум 394 рубоӣ, дубайта ва қитъаҳои форсӣ ва ҳиссаи дуюм 50 шеъри урдуро дар бар мегирад. Чи дар рубоиву дубайта ва қитъаҳои форсӣ ва чи дар шеърҳои урдуи ин маҷмуа ақидаҳои фалсафӣ, иҷтимоию сиёсӣ, тарбиявию ахлоқӣ ва динии Иқбол инъикос гардидаанд» [2, с. 82].
Муҳаққиқи номбурда, зимни муаррифии қисмати дуюми «Армуғони Ҳиҷоз» теъдоди ашъори урдуро ҳафт адад зиёд нишон дода, ҳамчунин аз зикри рубоиёти урдуи шоир сарфи назар намудааст, ҳарчанд ки дар он ҷо 13 рубоӣ ба забони урду зери унвони «Рубоиёт» ҷой доранд.
«Армуғони Ҳиҷоз» аз ду қисм иборат аст. Қисмати аввали он силсилаи ашъори форсӣ ва қисмати дуввум бошад, ашъори дар лаҳзаҳои охири ҳаёт ба забони урду эҷоднамудаи шоирро дар бар мегирад. Дар қисмати дуввум ба забони урду 30 назм ва 13 рубоӣ шомил аст.
Ин маҷмуа бо манзумаи «Маҷлиси Шурои Иблис» оғоз меёбад. Ин охирин назми тавили ба забони урду иншонамудаи Иқбол мебошад, ки дар соли 1936 ба қалам дода шудааст. Дар ин назм Иқбол муколамаи Иблисро бо панҷ нафар мушовиронаш тасвир мекунад. Ин маҷлис дар тасвири Иқбол нақшаҳои ғосибонаи сармоядорони Ғарбро инъикос менамояд. Мурод аз Иблис ин кишварҳои сармоядори Ғарб ва иттифоқчиёнашон мебошанд, ки бо ҳар роҳу восита мехостанд мамолики Шарқро мутеъ созанд. Дар ин назм Иқбол мусулмонони Ҳиндустонро, ки фирефтаи найрангҳои ғарбиён гардида буданд ба худшиносӣ ва бедории сиёсӣ даъват намуда, нақшаҳои тираву шуми сармоядоронро барои онҳо бозгӯ менамояд.
Ба андешаи Иқбол сармоядорони Ғарб аз бедории сиёсӣ ва худшиносии шарқиён меҳаросанд. Чунин маъниро дар назми «Маҷлиси Шурои Иблис» аз забони Иблис чунин ба қалам медиҳад:
He agar mujh ko khatar koi to is ummat se he
Jis ki khakistar me he ab tak sharare arzu
Khal khal is qaom me ab tak nazar ate he voh
Karte he ashke sahargahi se jo zalim vuzu
Ҳароси ман маҳз аз ҳамин уммат аст,
Зеро аз хокистари ӯ ҳанӯз шарори орзу медурахшад.
Дона- дона дар дар миёни ин миллат нафароне мавҷуданд,
К-аз ашки саҳаргоҳиашон золимон таҳорат мекунанд [9, с. 322].
Дар идомаи назм қаҳрамони рамзӣ- Иблис ба мушовирони худ дастур медиҳад, ки миллатҳои шарқро барои худшиносию озодихоҳӣ имкон надиҳанд. Махсусан мусулмононро ба зӯҳду гӯшанишинӣ ва зикру дуои пайваста таблиғ намоянд ва дар ниҳоди онҳо нафратро ба дунё ва неъматҳои он зинда нигоҳ доранд.
Шоири мубориз аз ихтилофоти мазҳабӣ ва баҳсу ҷидоли динӣ, ки қарнҳо боз зеҳни мардуми мусулмонро забт намуда буд, ба шӯр омада, ҳамаи инро омили ақибмондагии ҷомеаи хеш медонад. Ҳамин аст, ки дар идомаи назми мазкур қаҳрамони рамзии ӯ – Иблис ба мушовиронаш дастур медиҳад, ки мусулмононро ҳамеша дар ҳоли баҳсу ҷидол оиди маънии оёти Қуръон ва кашмакашҳои ақидавӣ нигоҳ доранд. Ҳамин баҳсу ҷидоли динниро Иблис «бутҳои ислом» ном мебарад, ки маҳсули заҳмати ӯ ва фарзандонаш мебошанд. Қаҳрамони рамзии Иқбол намехоҳад, ки ба хотири хароб намудани афкори мусулмонон хуни фарзандонаш бирезад. Ӯ ин нақшаҳои худро тавассути барангехтани низоъҳои қавмию мазҳабӣ дар кишварҳои зерҳадаф бо дасти худи мардумони маҳаллӣ пиёда месозад.
Он чи ки аз мазмуни назми «Маҷлиси Шурои Иблис» бармеояд, ҳамин аст, ки аллома тавассути симоҳои рамзӣ нақшаҳои сиёсӣ ва истеъмории ғарбиёнро тасвир намуда, аз оқибати сангини он шарқиёнро ҳушдор медиҳад. Шоири мубориз то охирин лаҳзаҳои ҳаёт бо каломи оташини худ дар муқобили таҳоҷуми сармоядорони ғосиб истодагарӣ намудааст. Чунин маъниҳо дар шеъри «Насиҳати пири балуҷ ба писараш» низ, хеле ҷолибу муассир таҷассум ёфтаанд. Шоир саодату пешрафти миллатро аз масъулиятшиносии ҳар як фарди он сахт вобаста медонад:
Afrad ke hatho me he aqvam ki taqdir
Har fard he millat ke muqadar ka sitara
Тақдири миллат дар дасти афроди ӯст,
Ҳар фард ситораест дар уфуқи миллат [9, с. 323].
Ашъори маҷмуаи «Армуғони Ҳиҷоз», каломи марҳилаи охири ҳаёти Иқбол буда, дар онҳо набарди рӯҳии шоир ба хотири бедориву худшиносӣ ва зиракиву ватанхоҳии миллатҳои Шарқ ниҳоят шиддат мегирад. Чунин оҳангҳо дар ашъоре ба мисли «Тасвир ва мусаввир», «Олами барзах», «Муноҷоти дузахӣ», «Масъуди марҳум» ва «Овози ғайб» эҳсос мешавад. Дар ашъори мазкур шоир мазлумию маҳкумӣ ва хӯи ғуломӣ доштани инсонҳоро бо шиддат маҳкум ва мазаммат менамояд. Чунончи дар шеъри «Муноҷоти дузахӣ» қаҳрамони лирикӣ дар дӯзах Худоро шукр мегӯяд:
Allah! Tera shukr ki eh khitae pursuz
Savdagare urap ki gulami se he azad!
Эй Худо! Туро шукр мегӯям, ки ин Хиттаи пурсӯз,
Аз ғуломии тоҷирони аврупо озод аст! [9, с. 326].
Ба андешаи шоир, танҳо Дӯзах аз истеъмори ғарбиён озод аст, боқӣ ҳар куҷо кишвари осудаест, ҳатман панҷаи хунини Аврупо ба он тараф кушодааст.
Рубоиҳои дар «Армуғони Ҳиҷоз» ҷойдошта низ, саропо мазмуни худшиносӣ ва худогоҳӣ доранд.
Чанде аз саҳифоти охири «Армуғони Ҳиҷоз» - ро «Баёзи Муллозода Зайғами Лулобии Кашмирӣ» зиннат бахшидааст, ки дар маҷмӯъ 19 шеърро дар бар мегирад. Ашъори мазкур рақамгузорӣ шуда, аксари онҳо дар шакли қитъа иншо шудаанд, танҳо шеъри нахустин аз ин «Баёз» дар шакли тарона суруда шудааст. Ҳамчунин шеърҳои рақами 14 ва 18, ки яке аз шаш байт ва дигаре аз як байт иборат аст, пурра ба забони форсӣ эҷод шудаанд. Дар шеъри рақами 9 бошад, ду байти охир ба забони форсӣ омадааст. Дар китоби «Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ. Куллиёти форсӣ» (Душанбе: Дониш, 2013) дар қисмати «Ашъори форсии аз маъхазҳои гуногун дарёфтшуда» шеъру мисраъҳои аз маҷмуаҳои ашъори урдуи Иқбол дарёфтгардида бо нишон додани номи маҷмуа ҷамъоварӣ шудаанд, вале ҳамин ду байт на аз «Армуғони Ҳиҷоз», балки бо унвони «Аз маъхазҳои дигар» зикр гардидаанд:
Ҳаёт аст дар оташи худ тапидан,
Хӯш он дам, ки ин нуктаро бозёбӣ.
Агар зи оташи дил шароре бигирӣ,
Тавон кард зери фалак офтобӣ [9, с. 333].
Дар умум ин қисмати осори аллома низ тараннумгари мавзӯҳои тарбиявӣ ва худшиносиву истиқлолхоҳӣ мебошад. Дар интиҳои «Армуғони Ҳиҷоз» се шеъри шоир: «Ба номи Сэр Акбар Ҳайдарӣ, садри Аъзами Ҳайдарободи Даккан», «Ҳусайн Аҳмад» ва «Ҳазрати Инсон» ҷой доранд.
Аз ин шумора назми «Ҳусайн Аҳмад» дар шакли қитъа ва пурра бо забони форсӣ эҷод шудааст. Назми «Ҳазрати Инсон» бошад, аз ҷумлаи ашъори баландмазмуни Иқбол аст, ки ба забони урду ва дар шакли таркиббанд эҷод шудааст. Дар ин шеър Иқбол бори дигар ба мақом, бузургӣ ва нерӯмандии инсони хокӣ ишора намуда, ҳадафи офариниши тамоми мавҷудотро ба хотири зиндагии шоиста ва босаодати «Инсон» таъкид мекунад. Ин охирин шеъри ба забони урду эҷоднамудаи шоир дар «Куллиёти Иқбол» (урду) мебошад.