Главная
Конференции
Интеграция технологий и общества: мультидисциплинарные решения для устойчивого развития
Сложносочинённые предложения с закрытой структурой в «воспоминаниях» Садриддина ...

Сложносочинённые предложения с закрытой структурой в «воспоминаниях» Садриддина Айни и их русские переводы

Секция

Филологические науки

Ключевые слова

закрытая структура
сложносочинённые предложения
таджикский и русский языки
перевод
Садриддин Айни
стилистика
функции союзов
межъязыковые соответствия
сопоставительная грамматика

Аннотация статьи

Рассматриваются сложносочинённые предложения с закрытой структурой в «Воспоминаниях» Садриддина Айни и их русских переводах. Такие конструкции выражают завершённую мысль, части которой не излагаются, и связываются определёнными союзами. В таджикском и русском языках они имеют сходные синтаксические черты, однако в переводах часто наблюдаются структурные и смысловые изменения. Примеры из текста Айни показывают различия в степени развернутости и способах сокращения. Закрытые структуры активно используются в обеих языковых традициях для передачи сложных идей и литературных образов.

Текст статьи

Дар забоншиносӣ ҷумлаҳои мураккаби пайваст ба ду гурӯҳ ҷудо мешаванд: кушода ва баста. Ҷумлаҳои мураккаби пайвасти баста(минбаъд ҶМПБ.-Н.Х.) фикрҳои мукаммалро ташкил медиҳанд, ки қисмҳои онҳо тафсил намеёбанд. Мустақилияти ҳар як қисм аз маъно ва алоқаи грамматикии онҳо вобаста аст. Дар забони русӣ алоқа тавассути пайвандакҳои пайвасткунанда, аз қабили а, но, да, однако, зато, же, а то, а не то, но и, а следовательно, но зато , дар забони тоҷикӣ бошад – ва, -у (-ю), аммо, вале, лекин, балки сурат мегирад. В. А. Белошапкова хусусиятҳои синтаксисии ин навъи сохторҳоро муфассал омӯхтааст [4, с. 63]. Дар забоншиносии тоҷик, ки ба анъанаҳои русӣ такя мекунад, Ш. Рустамов қайд кардааст, ки “ҷумлаҳои мураккаби пайвасти баста танҳо аз ду ҷумлаи сода иборатанд ва васеъшавиро иҷозат намедиҳанд” [9, с. 225]. М. Норматов ҳам ин нуктаро тасдиқ мекунад [7, с. 226].

Моҳияти илмии ин мафҳум дар он аст, ки дар сохтори баста ҷумлаҳои содаи дохили ҷумлаи мураккаб ба маълумоти иловагӣ ниёз надоранд ва ҳар яке маънои мушаххаси худро доранд. Ш. Рустамов қайд мекунад, ки “мустақилияти қисмҳо аз автосемантикии онҳо вобаста аст, яъне таркиби луғавии онҳо ба тавзеҳ эҳтиёҷ надорад” [9, с. 224]. Дар забоншиносии рус тафсил наёфтани ин ҷумлаҳо бо ифодаи моҳияти ягонаи ҷузъҳо тавсиф мешавад [5, с. 178]. Ҷумлаҳои мураккаб бо қолаби баста дар забонҳои русӣ ва тоҷикӣ муносибатҳои синтаксисии маъноии гуногун ва хусусиятҳои монанд доранд ва бо як тарз ташаккул меёбанд [8, с. 17].

Воқеан, ҶМПБ сервазифа ва серистеъмол буда, баста будани онҳоро чун натиҷаи сохтори мураккаби семантикӣ маънидод кардан мумкин аст: дар ҷузъи хабарии онҳо муносибатҳои хилофӣ, шарту сабаб, инкор ва тасдиқ ва ғайра ифода меёбад. Таҳлили ҶМПБ дар «Ёддоштҳо»-и С. Айнӣ ба мо имкон медиҳад, ки хусусиятҳои гуногуни ин навъи ҷумлаҳоро дар забони гуфтор ва асарҳои адабии ӯ муайян намоем:

1. Тавзењ ёфтани як љузъи ҶМПБ бо муносибати хилофї:

Абдусаттор бо ҳамин зарба ба мурдан расида буд, лекин Шукурбек ба ин ќаноат накарда, ханљари худро аз ғилоф кашида, ба сари дили ў то гулбандаш фурў равонда, кашида гирифт ва ханљари хунолудро ба љомаи маќтул пок карда, ќад рост кард [3, с. 77]. От такого удара Абдусаттор едва не испустил дух, но Шукур-бек этим не удовлетворился, он извлёк из ножен кинжал и всадил в сердце врагу по самую рукопятку; вытащив окровавленное лезвие, он обтёр его о халат убитого и выпрямился [1, с. 445].

Ҷумлаи матни асл дорои ду љумлаи содаи дутаркиба буда, дар љумлаи содаи аввал амали мубтадо тавзењ наёфтааст, яъне хусусияти бастагии љумла дар њамин хусусият ифода мешавад.

Дар матн бо мазмуни хилофї омада, тафсил ёфтани ин навъи љумлањоро мушоњида намудем, ки љузъи аввали љумла дигар тавзењ наёфтааст, вале дар љузъи дуюм тафсилёбиро мушоњида метавон кард, яъне вобаста ба мазмун амали мубтадои љумлаи содаи дуюм бо хабарњои чида тафсил ёфтааст.

Дар тарљумаи русї мувофиќати мазмунро мушоњида менамоем, вале барои барљаста ифода шудани мазмун мутарљим таркиби рехтаро (ба мурдан расида буд – едва не испустил дух) ба кор бор бурдааст. Хабарҳои ҷумлаҳои муқоисашаванда амалҳои дар замони гузашта ба вуқӯъ омадаро ифода менамоянд. Аз љињати сохт љумлаи содаи дуюми асл аз љумлаи тарљумашуда фарќ мекунад, яъне мутарљим љумлаи содаи чидааъзоро ба се љумлаи содаи дутаркиба ифода кардааст.

2. Ифодаи муносибати ҳамзамонӣ бо тобиши хилофӣ дар ҶМПБ:

Суҳбат дароз кашид, аммо Ҳайрат чизе нагуфт ва фаќат мешунид [3, с. 246]. Беседа затянулась, но Хайрат ничего не говорил, а только слушал [1, с. 586].

Матни асл аз ду қисми баробарҳуқуқ иборат буда, дар қисми дуюм хабарҳо (нагуфт, мешунид) чида шудаанд. Хабарҳои ҷумлаи мураккаби мазкур: кашид, нагуфт замони гузашта ва мешунид замони гузаштаи нақлиро ифода намудаанд, ки тавассути онҳо муносибати ҳамзамонӣ барҷаста ифода гаштаааст. Ҷумлаи мураккаби тарҷумашуда аз рӯйи сохт ва мазмун бо ҷумлаи мураккаби асл мутобиқат дорад.

3. Ҷумлаи мураккаби пайваст бо муносибати сабабу натиҷа:

Ў худ худро хароб накарда буд, балки ўро муҳити пўсидаи феодолии аз ҳад зиёд разилшудаи Бухорои амирї хароб карда буд [3, с. 550]. Не он себя погубил, он явился жертвой в конец разложившейся феодальной среды эмирской Бухары [1, с. 845].

Матни асл аз ҷумлаҳои сода дутаркиба иборат буда, мубтадои ҷумлаи содаи дуюм тафсилёфта (муҳити пўсидаи феодолии аз ҳад зиёд разилшудаи Бухорои амирї) мебошад. Ҷумлаи мураккаби мазкур амалеро ифода мекунад, ки шахс худ хароб нашудааст, балки муҳити иҷтимоӣ сабаби харобии ӯ гардидааст.

Хабарҳои ҷумлаҳои содаи мазкур тариқи феълҳои накарда буд, карда буд замони гузштаи ҳикоягиро ифода намудаанд. Ҷумлаи мураккаби тарҷумашуда аз рӯйи сохт ба ҷумлаи мураккаби асл мутобиқат дошта, дар ифодаи сараъзоҳои дохили ҷумлаи содаи дуюм аз матни асл фарқ ба назар мерасад: муҳити пўсидаи феодолии аз ҳад зиёд разилшудаи Бухорои амирї/хароб карда- он/ явился.

4. Ихтисоршавии мубтадо дар ҶМПБ:

Боре дарди чашм шуда, як ҳафта аз кор мондам ва доруву давои табибон фоида надод [3, с. 137]. Однажды у меня заболели глаза, я проболел целую неделю, и никакие лекарства и снадобья знахарей мне не помогли [1, с. 497].

Дар дохили ҷумлаи мураккаби асл ду ҷумлаи сода тавассути пайвандаки пайвасткунандаи ва ба ҳам алоқаманд гардида, ҷумлаи содаи аввал яктаркиба ва ҷумлаи содаи дуюм дутаркиба мебошад. Мубтадои ҷумлаи содаи якум дар шакли элипсис омадааст, яъне аз хабари ҷумла (Боре дарди чашм шуда, як ҳафта аз кор мондамМан) метавон мубтадоро муайян сохт . Мубтадои ҷумлаи содаи дуюм бо таркибҳои ҷуфтистеъмоли доруву давои табибон барои таъкиди маъно истифода шудааст. Шаклҳои феълии ҷумлаҳои содаи мазкур замони гузаштаро бо муносибати пайиҳамзамонӣ ифода намудаанд. Ҷумлаи тарҷумашуда аз рӯйи сохт аз матни асл фарқ намуда, мазмунан наздики он мебошад. Ҷумлаи мураккаби тарҷумашудаи русӣ аз се ҷумлаи содаи дутаркиба иборат буда, дар ҷумлаи содаи сеюм мубтадоҳо лекарства, снадобья чида шудаанд. Ҷумлаҳои содаи мазкур тавассути оҳанги талаффуз ва пайвандаки пайвасткунанда и ба ҳам алоқаманд гаштаанд.

5. Дар шакли мукалома (диалог) омадани ҶМПБ:

– Ба ин љо даромадани ту дуруст набуд ва дӯкони берун барои ту аз ин љо беҳтар буд [3, с. 140]. Напрасно ты сюда поступил, тебе было лучше работать в той мастерской [1, с. 500].

Матни асл аз ду қисми баробарҳуқуқ иборат буда, мубтадоҳои ин қисмҳо бо шакли тафсилӣ даромадани ту, дукони берун ифода ёфтаанд. Қисмҳои мазкур тавассути пайвандаки пайвасткунанда ва алоқаманд гашта, хабарҳои дуруст набуд, беҳтар буд замони гузаштаи ҳикоягӣ мебошанд. Бояд қайд намуд, ки дараҷаи тафсилёбии ин навъи ҷумлаҳо хеле маҳдуд мебошад.

Ҷумлаи тарҷумашудаи русӣ бепайвандак буда, он низ аз ду қисм иборат аст ва мубтадои қисми дуюми он ҳазф шудааст. Ҷумлаи мазкур мазмунан ба матни асл наздик аст ва хабарҳои он поступил, работать муносибати замонии гуногун доранд.

6. Ифодаи муносибатимаконӣ дар ҷумлаҳои мураккаби баста:

Дар гўшаи ғарби шимолии Масљиди калон мо аз ҳам људо шудем ва ҳар кас ба љойи худ рафт [2, с. 142]. На северно-западном углу, у мечети Калон, мы расстались, и каждый пошёл своей дорогой [1, с. 502].

Дар ҷумла мураккаби матни асл ду ҷумлаҳои сода тавассути пайвандаки пайвасткунанда ва ба ҳам алоқаманд гашта, шаклҳои феълии шудем, рафт замони гузаштаро бо муносибаи пайиҳамзамонӣ ифода намудаанд. Ҷумлаи тарҷумашуда аз рӯйи сохт ва мазмун ба матни асл пурра мувофиқат дорад.

7. Ташаккули ҶМПБ дар асоси мазмуни умумии матн:

Аммо баъд аз интизории бисёр боз Сайидакбархоља наёмадааст ва зиёфат бе ў гузаштааст [2, с. 145]. Но прождали ещё немного, Сайид-акбар-ходжа так и не пришёл, и угощение съели без него[1, с. 136].

Баъзан дар таснифу баррасии ҷумлаҳои мураккаби пайваст зарурати ба инобат гирифтани мазмуни умумии матн пеш меояд, ки мавқеи воситаҳо грамматикӣ дар ин навъи ҷумлаҳо ноустувор ба назар мерасад. Ҷумлаи мураккаби асл аз ду қисми баробарвазн иборат буда, шаклҳои феълии ҷумлаи мазкур наёмадааст, гузаштааст замони гузаштаро бо муносибати пайиҳамзамонӣ ифода намудаанд. Ҷумлаи тарҷумашуда аз рӯйи сохт ба ҷумлаи асл мувофиқат дошта, аммо тарзи ифодааш фарқ мекунад.

8. Ифодаи муносибати замон бо тобишҳои зиёди маъноӣ дар ҶМПБ:

Як шаб њаво соф буд, сармои тунди тирамоњї ба бадани кас монанди бигизи дар оташ тафсида сўзиш кунонида мехалид [2, с. 183]. Однажды ночью погода была очень ясной, пронизывающий осенний холод колол тело, подобно раскалённому на огне шилу [1, с. 171].

Дар дохили матни асл ҷумлаҳои содаи дутаркиба тавассути оҳанги талаффуз ба ҳам алоқаманд гашта, мубтадои ҷумлаи соддаи дуюм сармои тунди тирамоњї тафсил ёфтааст. Матни тарҷумашуда мазмунан ва аз ҷиҳати сохт ба матни асл мувофиқат мекунад.

9. Ҷумлаҳои мураккаби пайваст бо муносибати ҳамроҳӣ:

Як рўзи бозор Ќурбонниёзи таѓоиям моро то Ѓиждувон бурда монд, мо аз он љо бо бозорчиёни Соктаре ба дењаи худ рафтем [2, с. 309]. Дядя Курбон-Ниёз довёл нас до Гидждувана, а оттуда мы вместе с возвращавшимися с базара соктаринцами отправились к себе в деревню [1, с. 280].

Дар ҷумлаи мураккаби бастаи мазкур, ки аз ду ҷумлаи содаи дутаркиба иборат аст, муносибати пайиҳамзамонӣ ифода гаштааст. Хабарҳои он замони гузаштаро ифода намуда, муносибати замонӣ ва макон амали мубтадоро возеҳ менамояд. Матни тарҷумашуда аз нигоҳи сохту мазмун бо матни асл мувофиқат дошта, воситаи алоқаи грамматикӣ (...,...//...,а...) фарқ мекунад.

Ҳамин тавр, метавон гуфт, ки ҷумлаҳои мураккаби пайваст ду навъ буда, ҶМПБ фикрҳои мукаммал ва мустақилро ташкил медиҳанд, ки бандҳои онҳо тафсил намеёбанд ва аз назари маъно ва алоқаи грамматикӣ мустақил мебошанд. Дар забони тоҷикӣ ва русӣ чунин ҷумлаҳо бо пайвандакҳои мушаххас бо ҳам пайваст мешаванд ва сохтору хусусиятҳои синтаксисиашон монанд аст.

Мафҳуми ҷумлаи мураккаби пайвасти пӯшида дар он аст, ки ҷузъи он камтар тафсил ёфта, чунин ҷумлаҳо бештар дар асарҳои адабӣ истифода мешаванд ва метавонанд муносибатҳои гуногуни маъноӣ, аз ҷумла хилофӣ, сабабу натиҷа, ҳамзамонӣ, маконӣ ва ғайраро ифода кунанд.

Мисолҳои аз осори Садриддин Айнӣ нишон медиҳанд, ки тарҷумаҳои русӣ аксар вақт бо тағйироти сохтори ва маъноӣ дучор мешаванд. Хулоса, ҷумлаҳои мураккаби пайвасти пӯшида дар забонҳои тоҷикӣ ва русӣ бо сохтори муайян ва алоқаи грамматикӣ, ки маъно ва мазмунро мукаммал месозанд, барои ифодаи фикрҳои мураккаб ва ифодаҳои бадеӣ серистеъмол мебошанд.

Список литературы

  1. АйнӣС. Воспоминания (перевод А. Розенфельд) – Москва; Ленинград, 1960. – 1090 с.
  2. АйнӣС. Куллиёт. – Душанбе, 2020. – Т. 10. – 560 с.
  3. АйнӣС. Куллиёт. – Душанбе, 2021. – Т. 11. – 699 с.
  4. Белошапкова В.А. Сложное предложение в современном русском языке. – Москва, 1967. – 160 с.
  5. Виноградов В.В. Грамматика русского языка. – Москва, 1954. – 392 с.
  6. Горегляд Е.Н., Глаздовская В.В. Сложное предложение: методические рекомендации – Витебск: ВГУ, 2013. – 50 с.
  7. Норматов М. Забони адабии муосири тоҷик. – Душанбе, 2015. – 324 с.
  8. Рустамов Ш., Камолиддинов Б. Грамматика современного таджикского литературного языка (на тадж. языке). Ч. III – Душанбе, 1989. – 221 с.
  9. Рустамов Ш. Забони адабии ҳозираи тоҷик (Синтаксис, қисми II) – Душанбе: Маориф, 1995. – 335 с.

Поделиться

148

Нарзикулова Х. М. Сложносочинённые предложения с закрытой структурой в «воспоминаниях» Садриддина Айни и их русские переводы // Интеграция технологий и общества: мультидисциплинарные решения для устойчивого развития : сборник научных трудов по материалам Международной научно-практической конференции 14 августа 2025г. Белгород : ООО Агентство перспективных научных исследований (АПНИ), 2025. С. 37-41. URL: https://apni.ru/article/12802-slozhnosochinyonnye-predlozheniya-s-zakrytoj-strukturoj-v-vospominaniyah-sadriddina-ajni-i-ih-russkie-perevody

Обнаружили грубую ошибку (плагиат, фальсифицированные данные или иные нарушения научно-издательской этики)? Напишите письмо в редакцию журнала: info@apni.ru

Похожие статьи

Другие статьи из раздела «Филологические науки»

Все статьи выпуска
Актуальные исследования

#39 (274)

Прием материалов

27 сентября - 3 октября

Остался последний день

Размещение PDF-версии журнала

8 октября

Размещение электронной версии статьи

сразу после оплаты

Рассылка печатных экземпляров

22 октября