Главная
АИ #34 (269)
Статьи журнала АИ #34 (269)
Инновационные образовательные явления – фактор повышения самостоятельности и фор...

Инновационные образовательные явления – фактор повышения самостоятельности и формирования личности

Рубрика

Педагогика

Ключевые слова

инновационные явления
образовательный процесс
самостоятельность
активность
мышление
интеллект

Аннотация статьи

В статье анализируется передовой методический опыт, доказывающий, что инновационные образовательные явления могут стать основой для углубления знаний учащихся и способствовать активизации любознательности и интеллекта.

Текст статьи

Таҳлилҳо ва таҷрибаи пешқадами методӣ исбот намуд, ки падидаҳои инноватсионии таълим заминаи баланд бардоштани маърифати шогирдро ба фаъолкунӣ чусту чолок зиракӣ раҳнамоӣ карда метавонад. Арзишҳои инноватсионӣ, ки дар раванди таълим омӯзгор дар асоси қонуниятҳои методи фаъол корбарӣ мекунад дар ташаккул додани қобиляти фаъолияти созандаи идоракунии ирода ва бовари ба ақидаи худ дар ҳама вазиъят пешсаф буданро роҳандозӣ мекунад. Дар шароити имрӯзаи пешрафти босуръати ҷомеа, ҳар мамлакат, аз он ҷумла Тоҷикистон, ба мутахассисоне ниёз дорад, ки соҳиби тафаккури навгаро буда, ба фаъолияти созандаи идоракунӣ кобиланд, ба инкишофу эҳёи ҷомеаву миллат ва ташаккули нерӯи ҳалқ мекунданд. Барои ҳалли ин масъала кадрҳои муосир – омӯзгорҳои эҷодкор, мушовирон, коршиносон заруранд, ки маълумоти босифатро барои кор дар шароити иқтисодӣ бозоргонӣ фаро гирифта, ба рақобати шадид дар ҷаҳон тоб оварда метавонанд. Сухан дар бораи роҳбарони форматсияи нав, намояндагони баргузидагони идоракунанда - омӯзгорҳои эҷодкор меравад, ки ба пеш бурдани фаъолияти касбии инноватсионӣ (ФКИ) қобиланд. Менежмент аз бартараф кардани номуташаккилӣ, тасодуфҳо, номуайянӣ иборат аст, зеро маҳз ҳамин падидаҳо номуайянӣ, носаҳеҳӣ, набудани тартиби кафолатноку натиҷаҳои матлубро ба миён меоранд.

Имрӯзҳо дар назди соҳаи маориф бахусус, вазифаҳои ниҳоят муҳим, пеш аз ҳама, баланд бардоштани сифати таълим, ворид шудан ба фазои ҷаҳонии таҳсилот, тарбияи мутахассисони ҷавобгӯи замон, инчунин, ба шароити замона мутобиқ гардонидани мазмуну мундариҷаи таълим гузошта шудааст. Ҳадафи асосии инноватсия тағйироту навгониҳо ворид намудан дар низоми маориф ва усули идораи он аст. Зимни равандҳои таълимӣ инноватсия ду масъалаи муҳими методӣ дар назар шудааст: омӯзиши таҷрибаи навини методиӣ; татбиқи амалии навгониҳои методию психологӣ.

Равандҳои инноватсионӣ дар соҳаи маориф ба таври назарӣ ва амалӣ густариш меёбанд: таҳиияи мундариҷаи нав усул ва шаклҳои ҷадиди таълиму тарбия, татбиқ ва паҳн кардани таҷрибаи педагогӣ, технологияи нави идораи муассисаҳои таълимӣ, дар онҳо гузаронидани озмоишҳои педагогӣ ва ғайра. Дар таълими инноватсионӣ ду омил нақши асосӣ дорад [6, с.25].

Дар асоси арзишҳои иннноватсионӣ дар муассисаҳои таълимӣ асосан зарурати ба амал овардани чунин тадбирҳо ба миён омадааст:

  • рушду такомули таҷрибаю маҳорати инфиродӣ;
  • татбиқӣ таҷрибаи муосир;
  • омӯзиши пажӯҳишҳои илмӣ;
  • усули озмоишӣ.

Тарбияи инсони ҷӯяндаю озодаандеш, шахсияти варзидаи фидокор, дорои дониши баланди илмӣ, омодаи фаъолияти судманди эҷодӣ ва таҷассумгари хулқу атвори ҳамидаи инсонӣ ҳадафи стартегии мактаби муосир ба шумор меравад.

Истифодаи мақсадноки технологияи иттилоотию коммуникатсионӣ дар дарсҳо аз фанҳои табиию риёзӣ ва ҷамъиятию гумманитарӣ ҳавасмандии шогирдонро ба омӯзиши ин фанҳо афзун менамояд.

Замони муосир замони техникаю техналогия буда, аз ҳар як омӯзгор тақозо менамояд, ки дар раванди таълим аз ӯҳдаи истифодаи техналогияи иттилоотию коммуникатсионӣ барояд [5, с.30]. Ҳамзамон самараи истифодаи технологияи муосири таълимро аксарияти омӯзгорони фаъолу эҷодкор, шогирдон ва волидайн дар раванди ҷустуҷӯҳои эҷодкорона кайҳо дарк кардаанд ва теъдоди зиёди устодон онҳоро пурра ё лаҳзаҳои алоҳидаи онҳоро имрӯз истифода намуда, ба натиҷаҳои дилхоҳ комёб мегарданд. Илова бар ин, технологияи муосири таълим ба рушди истеъдод, қобилиятҳои тафаккурию зеҳнӣ, бахусус маърифатнокии илмии техникӣ, фарҳангӣ, молик гардидан ба қобилияти фикронии мустақилона ва озод ба таври мусбӣ мусоидат мекунад. Вале истифодаи технологияи нави таълим дар муассисаҳои таҳсилои умумӣ, ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ имрӯз ҳам аз рӯи талабот ба роҳ монда шудааст.

Аз ин рӯ, чӣ сифати таҳсилот ва чӣ сатҳи дониши хонанда аз нигоҳи талаботи замон боло нарафтааст. Ҳамзамон ба ҳамагон хуб маълум аст, ки таълим бо истифода аз усулҳои анъанавӣ ба такмили маҳорат, малака ва дониши хонандагони дорои қобилиятҳои баланди зеҳнӣ равона мегардаду халос, зеро дар ҷараёни онҳо танҳо хонандагони “фаъол” метавонанд мазмун ва моҳияти иттилои пешниҳодшударо ҳифз намоянд. Раванди азхудкунӣ ва бунёди дониш дар ҷараёни ин гуна дарсҳо, ки аз дониши қаблӣ (таҳкурсӣ), шарҳу тафсири маводи нави таълим, мушоҳида ва хулосаҳои худи хонанда маншаъ мегирад, сурат мегирад. Истифодаи технологияи муосири таълим дар ҷараёни таълиму тарбия заминаи воқеии инкишоф ва истифодаи имкониятҳои интеллектуалиро барои ҳар як хонанда фароҳ меоварад. Муҳимтари аз ҳама истифодаи технологияи муосири таълим шогирдонро дар зинаҳои аввалини ҳаёти ҷамъиятӣ баҳри молик будан ба қобилияти фикрронӣ, ташаккули маҳорати зеҳнию тафаккурӣ, маърифатнокии илмию техникӣ ҳидоят менамояд. Самимият, бунёди дониш, озодандешӣ, эҳтироми шахсият ва ташаккули ҷаҳонбинию ҷаҳонфаҳмӣ, истифодаи имконияту тавоноӣ, ҳамкорию муносибати самимонаю инсондӯстона, камолоти маънавӣ, мустақилият, ошкор гардидани лаёқат ва истеъдод, адолатшиноси-чунин аст рӯйхати нотамоми он сифатҳое, ки шахсият дар раванд таълиму тарбия тавассути истифодаи технологияи муосири таълим ба даст оварда метавонад. Ҳангоми истифодаи технологияи муосири таълим дар раванди таълиму тарбия дар сатҳи таълимгоҳҳо ва дарсҳои воқеӣ зинаҳои он бояд ба эътибор гирифта шаванд. Ҳар як омӯзгор дар бораи технологияи мазкур бояд маълумоти дақиқ дошта, роҳҳои татбиқи онҳоро хуб дарк карда бошад ва дар дарсҳояш (амалия) ба онҳо эътибори ҷиддӣ диҳад.

Муҳимтарин зинаҳо инҳоянд:

  • зинаи якуми технологияи таълими босифат;
  • нақши муаллими таърих дар ташаккули шахсияти хонандагон.

Падидаҳои инноватсионии таълим барои устод заҳмати доимиро дар худи ҳадафу мақсадро нишон медиҳад, ба ибораи дигар ин иқдом шоиста аст, ки аз рӯйи чаҳорчӯбаи нақшавӣ сурат бигирад. Муҳимтар аз ҳама, дар он маҷмӯи фаъолиятҳо нуҳуфта ва он дорои барномаи фаъолияти мушаххас буда ва мебошад. Ҳамаи ин мушаххасот пойдевори ташаккули шахсиятро дар кори ҳаррӯзаи омӯзгор барало нишон медиҳад. Бояд хотирнишон кард, ки дар баробари ҳамаи ин боз дар ҳаёти шогирдон шакл гирифтани ташаккули иҷтимоӣ нақш дорад, ки онро муносибати ҳамдигарии эшон таъмин мекунад.

Хулоса ин муносибатҳо аз хӯгири ба муҳит ва дорои зеҳнии ҳар як шогирдон вобаста буда, аз сӯи дигар агар устоди тарбиякунанда корҳои таълиму тарбиявиро усулан хубтару беҳтар бо фарогири фаъолияти таълимӣ, маърифатӣ ба роҳ монда тавонад, он гоҳ дар шогирдон дарки баланди парастиши зебоӣ шакл мегирад, ки ин сифатҳо дар тақвиятии шахсияти онҳо хеле таъсиргузор арзёбӣ мешавад. Ҷараёни тарбияро дар ин раванд мутахассисону коршиносони соҳаи методикаи ҷаҳонӣ ва мавқеи зайл муайян намудаанд дар ташаккули шахсият ва фаъолияти мкустақилияту эҷодкории шогирд замина мегузоранд ва мустақилият шогирдро водор мекунад, ки:

  1. Ташаккули шахсият дар зиндагӣ муҳим буда, он арзишҳои асосии инсонро идора мекунад, ки бе он ҳаёти инсон шакл намегирад яъне қобилияти фарқсозии некӣ ва бадӣ, фаҳмиши ҳуқуқу ӯҳдадорӣ, масъулияти вазифа, поквиҷдонию покдилӣ чун асос шуморида мешавад.
  2. Инкишофи зеҳният бо ҷаҳонбинии илмии муосир марбут дониста мешавад. Яъне ин барои он муҳим аст, ки шахс ҳамаҷониба инкишоф меёбад, ҷаҳонро дарк созад, дар ҷомеа мавқеи худро ёбад зеро вай узви ҷомеа аст.
  3. Тарбияи эстетикӣ дар шогирдон зебопаратиро ташаккулу тақвият мебахшад. Қобилияту истеъдоди онҳоро зуҳур мекунад, онҳо ҷаҳони моддиро бехатару хубтар дарк карда ба арзишҳои волои инсонӣ, ки яке он башардӯстӣ аст, сарфаҳм мераванд.

Список литературы

  1. Баранов П.А. Историко-обществоведческое образования в современной школе СП. – М., 2000. 
  2. Боголюбова Л.Н. Методика преподавания обществознания в школе. – М., «Владос», 2002.
  3. Шоган В. Методика преподавания истории в школе. – М., 1999. 
  4. Короткова М.В. Методика обучения истории. – М., 1993.
  5. Шарипов А.М. Технологияҳои иттилоотӣ ва инноватсияҳо дар таҳсилоти олӣ. – Хуҷанд: Нури маърифат, 2020. – 210 с.
  6. Степанищев А.Т. Методический справочник учите ля истории. – М., 2000. 
  7. Вяземский Е.Е. Методика преподования истории в школе. – М., 2010.

Поделиться

7

Хошимова Ш. Ф. Инновационные образовательные явления – фактор повышения самостоятельности и формирования личности // Актуальные исследования. 2025. №34 (269). URL: https://apni.ru/article/12914-innovacionnye-obrazovatelnye-yavleniya-faktor-povysheniya-samostoyatelnosti-i-formirovaniya-lichnosti

Обнаружили грубую ошибку (плагиат, фальсифицированные данные или иные нарушения научно-издательской этики)? Напишите письмо в редакцию журнала: info@apni.ru

Похожие статьи

Другие статьи из раздела «Педагогика»

Все статьи выпуска
Актуальные исследования

#34 (269)

Прием материалов

23 августа - 29 августа

осталось 2 дня

Размещение PDF-версии журнала

3 сентября

Размещение электронной версии статьи

сразу после оплаты

Рассылка печатных экземпляров

17 сентября