Методика обучения созданию и использованию окси-ссылок

Секция

Педагогика и психология

Ключевые слова

метод
обучение
производство
прозрачность
метод «Кейс»
«Диаграмма Венна»
метод «Куша» и «Кто я»

Аннотация статьи

Преподавание каждой темы требует от учителя глубоких знаний, высокого уровня профессиональных навыков и умения доступно передавать химические знания. В данной статье также представлены различные активные методы обучения. Тема производства и использования оксисоединений является очень сложной и требует от учителя высокого уровня научной подготовки. Эффективное преподавание этой темы студентам различными способами, а также её успешное усвоение зависят от способностей, таланта и профессиональных умений самого преподавателя.

Текст статьи

Мақсади асосии омӯзгор ин пеш аз ҳама бо роҳҳои гуногун омӯзонидани мавзуи хосиятҳои физикӣ ва химиявии оксипайвастагиҳо ва дар худ ташаккул додани дониши хонандагон мебошад. Қайд кардан ба маврид аст, ки ҳамаи оксипайвастагиҳо дар молеклаи худ атоми оксиген доранд.

Ҳангоми омӯзонидани ин мавзуъ омӯзгор бояд, аввалан аз манбаъҳои асосие, ки аз он оксипайвастагиҳоро ҳосил мекунанд, гуфта гузарад ва роҳҳои ҳосилкунии онҳоро бо воситаи презентатсия дар тахтаи электронӣ нишон дода, реаксияҳои химиявии дахлдорро дар тахтаи синф бехато ва бо ҳусни хати зебо нишон диҳад. Ҳамчунин он видеонаворҳоеро, ки дар он ҳосил намудани алдегиду кетон оварда шудааст, ба таври актуалӣ нишон диҳад.

Дар ин вақт таълимдиҳанда хонандагонро ба се гурӯҳ тақсим менамояд. Ба гурӯҳи аввал усули “ Диаграмма Венн ”-ро истифода бурда метавонад. Дар он хонандагон монандӣ ва фарқияти алдегиду кетонҳоро бо спиртҳо оиди сохт ва изомерияи онҳо гуфта мегузаранд. Ба гурӯҳи дуюм усули “Хӯша”-ро истифода намояд. Хӯша - усули гирдоварии андешаҳои хонандагон доир ба мавзуъ, мафҳум буда, дар шаклҳои гуногун тасвир меёбад. Хонандагон андешаҳои худро доир ба мавзуъ (мафҳум) баён карда, онҳоро бо ҳам алоқаманд менамоянд. Ин имкон медиҳад, ки онҳо ҳамаи андешаҳои баёншударо дар як ҷо гирд оварда, баробари шунидан аёнӣ бо онҳо шинос гарданд. Дар лавҳаи сиф ё варақи сафед давра мекашем. Дар дохили давра оиди истеҳсол ва истифодабарии алдегиду кетон , мафҳум ва калимаҳои асосии онро менависем. Ба хонандагон оиди ин мавзуъ савол медиҳем ва аз онҳо хоҳиш менамоем, ки ба саволҳо ҷавоб диҳанд ва реаксияҳои дахлдорро баромада ба тахтаи синф қайд намоянд.

Барои шавқовар шудани дарс омӯзгор бояд методҳои шавқоварро фикр намояд ва онро дар вақти зарури гузаронида тавонад. Яке аз усулҳои беҳтарин барои бедор намудани шавқи хонанда ин методи “Кейс” мебошад. Масалан омӯзгор як қуттиро сохта рӯйи онро бо формулаҳои химиявӣ оро медиҳад. Ба дохили он сули ҳосилкунии оксипайвастагиҳор ба таври тезис қайд менамоянд. Баъдан як то-як то дар бораи истеҳсоли он маълумот мегиранд. Баъдан ба дохили қуттӣ инчунин истифодабарии алдегиду кетонҳоро ҷойгир менамоянд. Мисол тарзи умумии истеҳсоли алдегид ва кетонҳо ин оксонидани спиртҳо мебошад. Дар вақти оксид кардани спиртҳои якумин алдегидҳо ва аз спиртҳои дуюмин кетонҳо ҳосил мешаванд. Ба сифати оксидкунанда оксиди мис II, перманганати калий, пероксиди гидроген ва оксидкунандаҳо истифода бурда мешаванд. Дар дохили қуттӣ ҳамаи ин намояндаҳоро ҷойгир намуда, аз дохилӣ он бароварда, ҳамчун айёният нишон медиҳанд.

image.png

Дар саноат алдегидҳоро бо роҳҳои гуногун ҳосил мекунанд. Масалан роҳи арзонтарини истеҳсоли алдегиди формиат ин бо оксигени ҳаво оксид кардани метан мебошад.

image.png

Алдегиди атсетатро аксаран дар саноат бо ёрии реаксияи гидротатсияи атсетилен , ки онро олими рус М.Г. Кучеров соли 1881 кашф кардааст, бо иштироки намакҳои симоб ба даст меоранд.

image.png

Пас аз оне, ки ҳамаи роҳҳои истеҳсоли оксипайвастагиҳоро мефаҳмонад, инчунин аз истифодабарии онҳо низ хонандагон маълумот дошта бошанд. Хонандагон бояд ҳар як намояндаи алоҳидаги алдегиду кетонҳоро дар бораи истифодаи он маълумот дода тавонад. Инчунин оӯзгор низ айёниятҳоро низ истифода бурда метавонад.

Омӯзгор бояд, ҳар як намояндаи алоҳидаи оксипайвастагиҳо дар бораи истифодаи он маълумот дода тавонад. Инчунин омӯзгор метавонад айёниятҳоро мувофиқи мавзуъ истифода намояд.

Истифодаи оксипайватагиҳоро омӯзгор бояд, бо роҳи содаву осонфаҳм баён намуда, дар бораи ҳар як намояндаи онҳо дар алоҳидагӣ ва ба пуррагӣ маълумот диҳад. Истифодабарии онҳоро бо ҳаёти имрӯза алоқаманд гардонида, қоидаҳои бехатарӣ ҳангоми иҷрои кор бо ин моддаҳоро фаҳмонида тавонад. Масалан: мийқдори зиёди онро барои истеҳсоли зифти фенолформалдегид истифода мебаранд. Дар навбати худ аз зифти фенолформалдегид пластмассаҳои гуногун ва фенопластҳо ҳосил мекунанд. Зифти фенолформалдегидро дар атсетон ва ё спирт ҳал намуда, аз он лакҳои гуногун тайёр мекунанд.

Масалан, ҳангоми мустаҳкамкунии дарс омӯзгор усули “ Ман кистам”-ро истифода бурда метавонад. Усули “Ман кистам” яке аз усули беҳтарин ба ҳисоб рафта, онро дар лаҳзаи пурсиши мавзуи гузашта низ истифода бурда мешавад. Барои гузаронидани ин метод 3-4 хонандагон ба як қоғази сафед ба намуди чопӣ формулаи алдегиди мӯрча , алдегиди сирко ва атсетонро менависанд. Хонандагон ба тахтаи синф баромада формулаи ин моддаҳоро ба тарафи худ ё ба паҳлӯи худ нигоҳ дошта меистанд., то ки аҳли синф онро набинанд. Баъдан хонандаи 1 дар бораи моддаи дар дасташ буда маълумот медиҳад. Мисол: ман моддаи моеъ мебошам, ман хосияти лахт кардани сафедаҳоро дорам, таъсири даббоғи мерасонам, барои дуру дароз нигоҳ доштани масолеҳи биологӣ, барои заҳролуд кардани донаҳои тухмӣ, анборҳои сабзавот ва гармхонаҳо ба кор мебаранд. Акнун бигӯед, ки “ Ман кистам”.

Дар ин вақт ки хонандагон дар бораи хосиятҳои физикавӣ ва химиявии оксипайваствгиҳо маълумот доранд бо як овоз хонандагон номи алдегиди мӯрчаро талаффуз менамоянд. Дар ин вақт, хонандагоне, ки ин моддаро дар даст дошта буданд, формулаи онро ба тарафи аҳли синф гардонида бале дуруст ман алдегиди мӯрча ва ё формалдегид ҳастам. Дар ин вақт формулаи молекулавӣ ва структурии моддаҳо ба видеонавор нишон дода мешавад.

Список литературы

  1. Перекалин В.В., Зонис С.А. Органическая химия. М.: 1982. – 660 с.
  2. Гузик Н.П. Обучение органической химии. Издательство «Просвещение», 1988. – 222 с. 
  3. Кузнецова Н.Е., Гаркунов В.П. Методика преподавания химии. Издательство «Просвещение», 1984. – 408 с.

Поделиться

2

Алиева Ф. А. Методика обучения созданию и использованию окси-ссылок // Наука в условиях глобальной нестабильности: уроки, прогнозы, адаптивные стратегии : сборник научных трудов по материалам Международной научно-практической конференции 15 сентября 2025г. Белгород : ООО Агентство перспективных научных исследований (АПНИ), 2025. URL: https://apni.ru/article/13043-metodika-obucheniya-sozdaniyu-i-ispolzovaniyu-oksi-ssylok

Обнаружили грубую ошибку (плагиат, фальсифицированные данные или иные нарушения научно-издательской этики)? Напишите письмо в редакцию журнала: info@apni.ru

Похожие статьи

Другие статьи из раздела «Педагогика и психология»

Все статьи выпуска
Актуальные исследования

#37 (272)

Прием материалов

13 сентября - 19 сентября

осталось 3 дня

Размещение PDF-версии журнала

24 сентября

Размещение электронной версии статьи

сразу после оплаты

Рассылка печатных экземпляров

8 октября