Главная
АИ #41 (276)
Статьи журнала АИ #41 (276)
Отражение исторических событий в произведениях современных писателей

Отражение исторических событий в произведениях современных писателей

Рубрика

Филология, иностранные языки, журналистика

Ключевые слова

таджикская литература
проза
историческое событие
повествование
жанровая специфика

Аннотация статьи

Статья посвящена исследованию художественного отражения значимых исторических событий в прозе современных таджикских писателей. Анализируются различные способы репрезентации исторической реальности посредством художественных образов, композиционно-сюжетных конструкций и стилистических особенностей авторского письма. Особое внимание уделяется роли исторических событий в формировании тематико-идеийного содержания произведений. На основе анализа творчества таких авторов, как М. Юсуфов, Д. Мирзо и других, выявляется специфика соотношения исторического факта и художественного вымысла, а также освещается место исторической памяти и социальной действительности в структуре литературного текста.

Текст статьи

Дар адабиёти давраи навини Тољикистон пањлўњои гуногуни мењнат ва муборизаи халќ, аз ҷумла нақши таърих ва фарҳанги миллат дар роњи навсозии мамлакат мавќеи шоиста ишѓол кард. Дар љомеа мавзўю масъалањои тоза пайдо шуданд, ки онњо ба худшиносии миллї, таљдиди суннатњои мардумї, мањкум кардани љанги байни тољикон, ободу осуда гардидани љумњурї ва дигар масъалањо њамдасту њамовоз мебошанд Азбаски насри тоҷик рӯй ба тараққӣ ниҳод, нависандагони тољик ба масъалањои доѓи њаёти љомеа фаъолона дахолат намуда, асарњои шоиста ба майдон оварданд. Ин аст, ки њикоя яке аз ѓанитарин жанрњои адабї гардид ва бо шаклу мазмунњои рангоранг инкишоф ёфт.

Пешрафт, тањаввул, ташаккул ва равнаќу ривољи он ба фаъолияти эљодии А. Бањорї, Ў. Кўњзод, Сорбон, С. Турсун, А. Самад, Р. Ёрмуњаммад, Ю. Юсуфї, Њ. Муњаммадохир, Љ. Акобир, М. Ёрмирзоева, М. Юсупов ва бисёр дигарон вобаста аст. Ин зумра ба тасвиру тадќиќи бадеии пањлўњои гуногуни воќеият бештар ањамият медињанд.

Ба муносибати таљлили 1100-солагии давлати Сомониён ва нашри асарњои асримиёнагии форс-тољик ва тадќиќотњои илмии таърихшиносони муосир худшиносии миллии ањли Тољикистон боло рафт. Нависандагон низ аз мутолиаи он асарњо илњом гирифтанд. Махсусан нашри китоби «Сомониён дар оинаи таърих» чун сарчашмаи судманд барои нависандагон ањамияти калон касб кард.

Бањрабардорї аз ин манобеъ, ки бисёр њикоятњо дар бораи амирони сомонї њам доранд, ба Мубинљон Юсуфов имкон дод, ки ў як силсила њикояи таърихиро дар бораи фарзандони бузурги халќи тољик дар ањди Сомониён тањти унвони «Дар соњилњои Мўлиён» эљод намояд.

Њикояњои ў «Дар соњили Мўлиён», «Нашъаи ѓалаба», «Сўиќасд», «Балъамї» ва «Мунтасир» бо њикоятњои дар китобњои «Таърихи Яминї», Ибни Асир «Таърихи Комил», Гардезї «Зайнулахбор», Мирхонд «Равзату-с-сафо», маљмўаи «Сомониён дар оинаи таърих» мазмунан робитаи ќавї доранд.

М. Юсуфов дар таълифи њикояњои худ «Дар соњили Мўлиён» аз он сарчашмањои таърихї ва адабї эљодкорона истифода карда, маќсад, ният ва орзуи Исмоили Сомониро, ки муттањид кардани халќ ва Хуросону Мовароњуннањр, инчунин барпо кардани давлати ягона ва муќтадири тољикон буд, моњирона ба риштаи тасвир мекашад.

Инчунин муњаббати гарму љўшони амир Исмоил ва Малика, њамсари ўро тасвир менамояд, ки ин хатти сужет дар манобеъи таърихї ва адабї ба назар намерасад. «Исмоил рози дилашро ба Малика изњор кард:

- Пањно кардани мулк маќсади ягона нест.Муттањидии кишвар, ягонагии миллат, истиќлоли давлат маро ба ин иќдом (муборизаи ватанхоњона) меандозад. Халќи мо бояд эмин аз парешониву дармондагї бошад, халќе ки сари гањвораи тамаддун меистад, бузургу тавоност» [5, с.72].

Њикояи М. Юсуфов «Мунтасир» низ бар заминаи «Таърихи Гардезї» -и Мањмуди Гардезї ва дигар китобњои таърихї эљод шудааст. Њарчанд ки дар сарчашмањои таърихї ва адабї, инчунин дар тадќиќоти С.Абдуллоев љангу љидоли ватанхоњона ва сарсонию саргардонињои охирин амири cулолаи Сомониён хуб ва муфассал тасвир шудаанд, аммо дар њикояи М.Юсуфов баъзе лавњањои зиндагии ў дар Узген, дар хонаи пиразане ва муошиќати ў бо Ситора ном духтаре, ки ўро дўст медошт ва дар роњи наљоти ў аз асорати туркњо фидокорї карда буд, боэътимод тасвир гардидаанд.

Адиби соҳибқареҳа ғайр аз ин маҷмӯаи ҳикояҳо боз қиссаҳои таърихӣ низ эҷод намудааст, ки якеаш бо унвони “Камолот” ва дигараш “Мо ба фалак расидаем” муаррифӣ гардидааст.

Қиссаи “Камолот” ба ҳаёт ва эҷодиёти Содирхон Ҳофиз бахшида шудааст. Мубинҷон Юсуфов набераи ин шахси бузург буда, ҳодисаю воқеаҳои тасвиргардидаи асар асоси мустаҳками реалистӣ касб кардаанд. Дӯстии бобои нависанда бо симоҳои таърихии он замон, амсоли Бузургхон тӯра,Тошхоҷа Асирӣ, Файёз ва Кошифи Хуҷандӣ боэътимод ва таъсирбахш тасвир гардидаанд.

“Мо ба фалак расидаем”қиссаи бисёр тааҷҷубовар ва ҳақиқатан муҳаббатрез мебошад. Дар ин қисса оиди ҳаёти мутафаккири бузурги тоҷик Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ, сӯҳбатҳову мунозираҳои дӯстонаи ӯ бо Шамси Табрезӣ,ки олами ирфонии онҳоро мунъакис намудааст сухан меравад.

Дар қисмати “Шиносоӣ”- и ин қисса табиати шаҳри Куния,офтоби тирамоҳиву абрҳои пора-пораи онҷо бо ҳунари тамом тасвир ёфтааст. Лавҳаи дигар ин аз роҳи дур омадани мусофири илмҷӯю донишманд Шамсиддин, ки насабаш ба сабаби зодгоҳаш Табрезӣ гардида буд бо як ҳунари махсус инъикос гардидааст.

Шамсиддини ҷавон, ки ғоибона таърифу тавсифи Мавлоно Ҷалолиддинро дар ҳавзаҳои адабии Димишқу Табрез ва Ҳалаб шунида буд ва эҷодиёти ин ориф ба ӯ азиз гардида буд орзу дошт, ки бо нобиҒаи замон вохӯрад ва ба зиёраташ ноил гардад.

Ҳамин тавр, Шамсиддин омадани Ҷалолиддинро интизор шуда, мебинад, ки дар гирду атрофаш шогирдонаш ва ҳаводорони ашъори нобаш мебошанду сӯҳбати рафиқонае доранд,оиди масъалаҳои илму фалсафа суолҳои гуногун ва посухҳои дилхоҳашонро гирифта истодаанд. Аз ин фурсат истифода бурда Шамси Табрезӣ ба сафи шогирдон ҳамроҳ мегардад ва мавриди мувофиқи мулоқотро бо ин орифи бузург интизор мешавад. Ҳамин дам Мавлоно мисраи шеърашро мегӯяду интизори шунидани давоми он мегардад,ки Шамсуддин мисраи дигари шеърро баён менамояд.

Ҷалолуддин ҳис менамояд, ки ин мусофир марди пурҒайрату оқил ва донишманду зирак, вай дарвеши оддӣ набуда,ҷаҳонбинии васеъ ва илми фарох дорад. Бо вуҷуди он ба рӯи мусофир лабханде заду гуфт:

Чор мурғанд ин акосир бастаҳо,
Маргу ранҷуриву иллат покушо.
Пояшон аз якдигар чун боз кард,
Мурғи ҳар унсур яқин парвоз кард [6, с.21].

Аз ин мисраҳои шеърӣ Шамс мутаассир шуда мафтуни каломи пурмаънои ин орифи бузург гашта буд.

“Мавлоно Ҷалолиддин, банда тавсифи шуморо шунидаам ва саодати бузург насибам гашт, ки ба побӯсатон расидам, бо камоли ҳаяҷон ва хурсандӣ изҳор кард Шамси Табрезӣ” [6, с.23].

Ҳамин тавр онҳо сӯҳбаткунон ба хулосае меоянд, ки ба хонаи заргари мумтоз ва ихлосманди каломи Мавлоно, Салоҳиддин мераванд, зеро ки ӯ мунтазири сӯҳбат ва дидори дӯсташ дар манзилаш нишастааст. Ҳамроҳ ба хонаи Салоҳиддини заргар мераванд ва сӯҳбаташонро ҳамон ҷо давом медиҳанд. Дар хонаи заргар Қутбиддини кишоварз ва соҳибхона ҳамроҳ чой нӯшида, сӯҳбати дӯстонае ороста буданд ва аз дидани онҳо Шамсуддин изҳори хурсандӣ менамояд ва маълум мегардад,ки бо Қутбиддини кишоварз шиносоӣ доштааст.

  • Рост мегӯед, ман саодати чашидани маззаи харбузаҳои эшонро доштам,- хандид Шамсиддин. Чӣ хушбахтист, ки боз дида ба дидор расид. Шамсиддин ҳардуи онҳоро ба канор гирифта самимона ҳолпурсӣ кард [6, с.23].
  • Ман ҳам гумон намекардам, ки бо Шумо боз вомехӯрам. Кулбаи хоксоронаи банда пешкаши Хоҷам, - меҳрубонона гуфт Салоҳиддин,- банда дар хизмати Шумо [6, с.23].

Ҳамин тавр лавҳаи шиносоии ин ду дӯстони донишманд бо маҳорати махсуси нависандагӣ эҷод гардида, хонандаро лаҳзае ба мавзеи баргузоргардии воқеа ворид месозад ва аз фазои хуши бадеии он шиносоии таърихӣ бархурдор мегардонад.

Дар қисми ,,Баҳампайвандӣ” оид ба сӯҳбатҳои пурмаънои Ҷалолиддин ва Шамси Табрезӣ, ки атрофиён аз андешаҳои фалсафии онҳо баҳраҳо мебардоштанд тасвир гардидааст. Атрофиён дарк месохтанд, ки Шамсиддин низ аз илмҳои замонааш бархурдор буда, оиди масъалаҳои диниву мазҳабӣ, фалсафаву ахлоқ ақидаҳои олимона дорад. Фикру андешаҳое, ки паҳлӯҳои ахлоқӣ ва рисолати инсонпарварӣ доранд дар гуфтори онҳо падидор мегардид.

Дар симои заргар нависанда симои мардуми меҳнаткашро, ки фозил ва донишпарвар буданд инъикос намудааст. Ӯ омода буд барои бофароат илм андӯхтани ду орифи бузург хидмат кунад,чой карда ояд, мизбонӣ кунад ва хоҳиши ин донишмандонро ба ҷо оварад.

  • Кам мехӯред, кам истироҳат мекунед, аз нерӯ беш меҳнат менамоед. Метарсам, Худо нахоҳад, ки хаста ё бемор шавед. Он гоҳ вой бар ҳоли мизбон, вой бар ҳоли банда. Охир ба қадри як кӯдак ҳам намехӯред [6,с.21].
  • Заргар бо исрор такрор мекард, ки мабодо аз кам тановул сохтани таому меҳнати барзиёди ақлонӣ ин ду нафар хаста нагарданд ва аз ин лутфу меҳрубонии барзиёд Шамси Табрезӣ ба ваҷд омада табассумкунон гуфт:
  • Дӯстонам, мебинед, ки ҳама сиҳату саломатем, на ба ҷисмамон, на ба руҳамон осебе нарасидааст. Чи хеле фармудаанд,хӯрдан барои зистан,на зистан барои хӯрдан. Сад ташаккур барои меҳрубонӣ,-Заргарро ба оғӯш гирифт Шамси Табрезӣ [6, с.21].

Сӯҳбатҳои орифонаи Ҷалолиддин бисёр шунавандаи зиёд дошт ва ҳар касе мехост аз ин гавҳари ноби илму дониш бархурдор шаванд. Аз фаҳмонидани чор унсуре,ки дар алоҳидагӣ дар ҷисми инсон вуҷуд доранд бо амри рӯҳ аз ҳам ҷудо шуда натавонанд,ки инҳо-оташ,ҳаво,об ва хок мебошанд. Мавлоно ,ки пайрави шариат буду тарицати исломиро хуш мепазируфт ба саволщои ихлосмандонаш ҷавобҳои пурра медод ва камтар хаста гардида ин мисраҳои назмиро замзама менамуд:

Хок гӯяд: Хоки танро боз гард,
Тарки ҷон гӯй сӯи мо о ҳамчу гард.
Ҷисми ман, ту пеши ман авлотарӣ,
Беҳ, ки з-он тан во равӣ,он сӯ парӣ.
Гӯяд оре, лек ман нобастаам,
Гарчи ҳамчун ту зи ҳиҷрон растаам.
Тарии танро биҷӯянд обҳо,
Ки тарӣ боз о, зи Ғурбат сӯи мо.
Гармии танҳо ҳамехоҳанд асир,
Ки зи роҳи аслӣ роҳи хеш гир [6, с.34].

Таљдиди сужањои мардумї, истифодаи образњои мероси бои ниёгони мо, корбасти воситањои тасвири бадеии халќї ба осори ин нависанда ҳусну тароват, ҳарорат ва таровиши зебое зам менамоянд.

Дар њикояи Диловари Мирзо «Мањбус» (1992) љанг, хунрезї, одамкушї, харобкорї, берањмию сангдилї чун амалиёти зидди њаёти хушу хуррам ва зиддихалќї фош гардидааст. Њикоя замону макон, ваќту фазо ва иштирокдорони он ному насаб надоранд. Вай бо услуби лирикї аз номи як нафар мањбусе наќл мешавад, ки пас аз солњои зиёди асорат ва азобу шиканља азми ќотеъи гурехтан мекунад. Усули тасвир силсилаи хотирањои талхи тањкиягар аст, ки рўзгори мардумро аз замони Зардушт то ба имрўз ёдовар мешавад. Ў ба худ мегўяд:

«Лаънат мехонам ба он рўзе, ки бори аввал бародар бародарро аз љоњилї ва тангназарї кушту ин расми шумро дар олам андохт. Агар Ќобил Њобилро намекушт…» [1, с.97].

Дар њикоя риштаи таърихї мавќеи намоён дорад. Мањбус сањифањои таърихро вараќ мезанад ва љангњои хонумонсўзро ёдовар мешавад ва мањкум менамояд. Њуљуми аъроб, хунрезињои Чингиз, калламанора сохтани Темури Ланг, азият кашиданњои Исои Масењ ва ѓайра падидањои дањшатноки муборизаи Марг бо Њаёт будаанд.

Мањбус воќеањои таърихиро аз назари тањлил гузаронида, тавассути шеъри Носири Хисрав ба мунозира бо эљодкори оламу одам мепардозад, аз Хайём ва Хоља Њофиз байтњо хонда иќрор мекунад, ки «Оламе дигар бибояд сохт в-аз нав Одаме». Чаро бо шуарои бузург мувофиќ шуд мањбус? Зеро фањмид, ки «вањшитарин даррандаи замин одамист!»

Хаёлот мањбусро дар як сония аз асре ба асре, аз шањре ба шањре, аз замони мо ба таърихи куњан мебарад.«Чун гузорам ба Нишопур афтод, хостам рўзе чанд дар сўњбати Шайх Аттор–он ягонаи даврон бимонам ва хотири дардзадаамро дармон кунам аз њикматњои ў, - мегўяд мањбус-Њайњот! Ќисмат ба раѓми бандаи хокї чї бозињое меандешад… Тўи кўчае дидам сари бурида, риши сафедаш ба хоку хун жўлида. Чун тањаффус кардам, сар аз они Шайх Аттор буд, бад-он хорї фиканда.

Дидам сарбозе чашмтангу зиштрўй шамшери хунолудашро бари љомаи маќтул тоза карда, љониби маркаб роњ бурид. Ў буд ќотили Шайх. Фиѓони талхе аз шикофи синаи тангам бурун шуд» [1, с.97].

Њарчанд ки њикояи «Мањбус» воќеањои мудњиши таърихиро дар бар гирифтааст, вай рўњи замонавї дорад.Нависанда риштаи таърихро бо даврони мо барбаста, нишон медињад, ки дар ин замон њам хуношомњо будаанд, ватандўстон, миллатпарастон барњаётанд. Яке аз љавонмардон, ки шояд барои аќидањои сиёсиаш ба мањбас меафтад, андешаи хоси худро дар бораи фарзандони миллат ва њамќадамии эшон бо замон чунин иброз медорад:

«-Фарзанди миллат он аст, ки дарди ўро бидонад. Умри азизро сарфи манфиатњои халќи мењнаткаш кунад. Фарёдраси бечорагон бошад. Њайф, ки дар ин сарзамин чунин ашхос ангуштшуморанд»

Нависанда нишон медињад, ки он љавонмард тибќи рисолати иљтимоии худ фарзанди миллат, њамќадами њаёт мешавад, дарди ўро баён мекунад, панља ба гиребони сарватмандон, њукуматдорону ќонундонон мезанад, аз ѓами зањматкаш бехобї мекашад, дар талошњо мушт мехўрад, њаќорат мешунавад, вале тоб меорад. Аммо нињоят меафтад, пора мешавад, мешиканад. Азбаски иродаи матин дошт, боз ќомат рост мекунад, то фарзанди миллат бошад.

Диловари Мирзо образи фарзандони муборизи роњи саодати халќро ба Эшони Њољї муќобил мегузорад, ки дурўѓгў, авомфиреб, мунофиќ аст, ба љуз манфиати худ манфиати њељ касро ба назар намегирад. Дар сурате, ки бечорагон дар њасрати як бурда нон љон медоданд, Њољї њамчун бўќаламун сарват меѓундорад.

Мањбус пастию баландињои њаёти љомеаро тањлил карда, ба хулосае меояд, ки бе мубориза озодї ва саодат муяссар намегардад ва ў бори аввал пайи њифзи номусу нанг, пайи њифзи зану фарзанд яроќ ба даст мегирад. Яроќ мегирад, барои адолати иљтимої талош мекунад, то ба аслаш бипайвандад.

Услуби насри классикї дар њикояи «Мањбус» бо ду шакл идома пайдо мекунад. Яке истифодаи порчањои шеърї дар муњокимаронињои ќањрамон, дигар корбасти унсурњои саљъ дар гуфтори ў. Масалан, порчае аз ќасидаи Њоќонии Шервонї дар забони мањбус дар матни зерин ба назар мерасад, ки эњсоси баланди дили ўст:

«Соли вазнин буд. Чингиз даъвии худовандии замин дошт. Пањлўи шањрњои холї, шањрњои вайрону валангор, шањрњои пур аз дахма мегузаштам ва аз бебаќоии умри инсон афсўсу надомат дар лаб месурудам:

Њон эй дили ибратбин, аз дида назар кун, њон,
Айвони Мадойинро ойинаи ибрат дон.
Маст аст замин зеро хўрдаст ба љойи май
Дар коси сари Њурмуз хуни дили Нўширвон.
Гуфтї, ки куљо рафтанд он тољварон инак,
З-эшон шиками хок аст обистани љовидон.
Аз хуни дили тифлон сурхоби рух омезад,
Ин золи сапедабрў в-ин моми сияњпистон» [1, с.97].

Як мисол ба хотири ин, ки истифодаи унсурњои саљъ дар њикоя њамчун падидаи сабки Диловари Мирзо фаровон аст:

«Каф мефарсоям дар реги биёбон, мечашам зањри неши маѓелон, месўзам аз навозиши шамъи тобон» [1, с.97].

Вожањои биёбон, маѓелон, тобон аз як љониб, калимањои мефарсоям, мечашам, месўзам, аз љониби дигар, ќофиянок буда, луѓоти мусаљљаъ ба шумор меоянд. Онњо суханро равон ва таъсирбахш мекунанд.

Воқеаҳои гуногуни таърихӣ нависандагони муосирро бетараф нагузоштанд ва ба ин минвол ба адабиёт мавзўъњое ворид шуданд, ки замони пеш аз истиқлол вуҷуд надоштанд ва мазмуну мундариҷаи тозаро касб карданд.

Список литературы

  1. Мирзо, Д. Мусаввараи нотамом. – Душанбе: Адиб, 2005. – 520 с. 
  2. Сиёсатномаи Низомулмулки Тўсї. – Тењрон, 1320. – 154 с.
  3. Шукуров, М. Насри реалистї ва тањаввули шуури эстетикї. – Душанбе: Ирфон, 1987. – 456 с.
  4. Юнусї, И. Њунари достоннависї. – Тењрон: Сўњравардї, 1360. – 498 с.
  5. Юсуфов, М. Дар соњилњои Мўлиёнв. – Хуљанд: Нашриёти давлатии ба номи Рањим Љалил, 1999. –321 с. 
  6. Юсуфӣ, М. Асарҳои мунтахаб. Ҷилди 1 Хуљанд: Нашриёти давлатии 
  7. ба номи Рањим Љалил, 2011 - 460 с
  8. Юсуфї, Ю. Афсонаи њафтдодарон.–Душанбе: Адиб, 2007. – 304 с.

Поделиться

6

Шарифова У. Р. Отражение исторических событий в произведениях современных писателей // Актуальные исследования. 2025. №41 (276). URL: https://apni.ru/article/13273-otrazhenie-istoricheskih-sobytij-v-proizvedeniyah-sovremennyh-pisatelej

Обнаружили грубую ошибку (плагиат, фальсифицированные данные или иные нарушения научно-издательской этики)? Напишите письмо в редакцию журнала: info@apni.ru

Похожие статьи

Другие статьи из раздела «Филология, иностранные языки, журналистика»

Все статьи выпуска
Актуальные исследования

#42 (277)

Прием материалов

18 октября - 24 октября

осталось 6 дней

Размещение PDF-версии журнала

29 октября

Размещение электронной версии статьи

сразу после оплаты

Рассылка печатных экземпляров

12 ноября