Главная
Конференции
Цифровая революция: трансформация образования, экономики и коммуникаций
Структурно-семантические особенности сложных составных предложений в таджикском ...

Структурно-семантические особенности сложных составных предложений в таджикском и английском языках

Секция

Филологические науки

Ключевые слова

структурно-семантические особенности
сложные составные предложения
таджикский и английский языки

Аннотация статьи

В данной статье рассматриваются вопросы структурно-семантических особенностей сложных составных предложений в таджикском и английском языках.

Текст статьи

Таҳқиқи ҷумлаҳои мураккаби пайваст дар ҳама давраҳо таваҷҷуҳи муҳаққиқони дохиливу хориҷиро ҷалб намудааст. Бо вуҷуди ин, масъалаҳои марбут ба усулҳои камомӯхта ва ҷанбаҳои номакшуфи ташкили ҷумлаҳои мураккаби пайваст дар забонҳои тоҷикӣ ва англисӣ ҳанӯз ба таври комил таҳқиқ нашудаанд. Аз ҳамин ҷиҳат, баррасии қиёсии ин навъи ҷумлаҳо бо забони англисӣ барои мо аҳаммияти хоса пайдо намуд, зеро сохтор ва созмони онҳо, новобаста аз баъзе тафовутҳо, дорои умумиятҳои зиёде мебошанд. Каменский А.И. дар мавриди таърифи ҷумлаҳои мураккаби пайвасти забони англисӣ қайд мекунад, ки онҳо аз ду ва ё зиёда ҷумлаҳои баробарҳуқуқ иборат буда, тавассути пайвандакҳои пайвасткунанда ва бидуни он алоқаманд мегарданд [7, с. 230]. Яъне, мувофиқи андешаи ӯ ҷумлаҳои мураккаби пайваст одатан бо ду роҳ пайваст мешаванд:

  • бо кӯмаки пайвандакҳои пайвасткунандаи and, but, for, or, yet, either… or, neither… nor, as well as, not only… but also ва ғ.. Аломати вергул пеш аз пайвандакҳои зикршуда гузошта шуда, баъзан қабл аз пайвандакҳои and ва or ҳазф мешавад: let’s not buy meat at the bazaar and let’s eat a little less, but please don’t be upset [12, с. 45]. – ... аз бозор гӯшт нахарем, ё ин ки кам харем, хафа нашав [1, с. 15]. ... a great deal of food is served, and at the end everyone is given a joma [12, с. 44]. – ... ба пешашон бисёртар таом мекашиданд ва дар охир љома мепӯшониданд [1, 14].
  • бе пайвандак, яъне бо ёрии вергул пайваст мешаванд: Ӯ дар зери айвончаи меҳмонхона ба чархиосиётарошӣ машғул буд, ба чашмаш айнак гузошта сӯрохҳои паррагузаронии чархро бо як диққат ва ғайрат бо искана мекофт [1, 20]. – He was sitting on the porch, busy carving a mill wheel, his glasses on his nose, painstakingly working on the slots for the blades [12, 50].

Дар забони тоҷикӣ ҷумлаи мураккаби пайваст мувофиқи сарчашмаҳои тоҷикӣ аз ду ва ё зиёда ҷумлаҳои содаи баробарҳуқуқ дар асоси алоқаи пайваст ташкил меёбад [4, с. 215]. Ҷумлаҳои содаи таркиби ҷумлаи мураккаби пайваст мустақилона маънои томро ифода мекунанд. Аммо бештар пайвандакҳо нишондиҳандаи асосии маносибатҳои синтаксии ҷумлаҳои сода мебошанд. Аз ин ҷиҳат муносибат ва алоқаи маъноию грамматикии байни ҳиссаҳои ҷумлаи мураккаби пайваст на фақат бо ёрии пайвандакҳо, балки интонатсия ва мутобиқати шаклҳои ифодакунандаи замон ва воситаҳои гуногуни лексикӣ рӯйи кор меояд.

Ба ҷуз гуфтаҳои боло ҳама навъҳои ҷумлаи мураккабро:

  • воситаҳои грамматикӣ;
  • воситаҳои луғавию грамматикӣ;
  • воситаҳои фонетикию синтаксиси;
  • воситаҳои луғавию синтаксисӣ алоқаманд мегардонанд.

Дар забони тоҷикӣ ҷумлаҳои содаи таркиби ҷумлаи мураккаби пайваст на ҳамеша баробарҳуқуқ мешаванд, яъне баъзан дар ҳолатҳои муайян аз лиҳози сохт ва маъно ба якдигар вобаста мешаванд. Баҳорон буд, зардолуҳои рӯидаричаи мо гул карда бо шукуфаҳои худ дар боғча зинати хубе дода буданд [1, с. 20]. – It was spring. The apricot trees in our forecourt were in bloom, brightening up the whole garden [12, с. 50]. Аз мисоли боло бармеояд, ки дар намунаҳои тоҷикӣ ва англисӣ ҷумлаҳои сода (зардолуҳои рӯидаричаи мо гул карда, бо шукуфаҳои худ дар боғча зинати хубе дода буданд) – The apricot trees in our forecourt were in bloom, brightening up the whole garden онҳо аз лиҳози маъно якдигарро пур намуда, бо ҷумлаи аввал алоқаманд шудаанд.

Бар асоси андешаҳои боло ҷумлаҳои содаи таркиби ҷумлаҳои мураккаби пайваст ба андозае истиқлолияти грамматикии худро нигоҳ медоранд ва дар асоси алоқаи пайваст (паиҳам, хилофӣ, ҷудоӣ, эзоҳ) муттаҳид мегарданд. Чунин робитаҳои маъноӣ бештар ба воситаи пайвандакҳои пайвасткунанда (copulative conjunctions) ифода меёбанд, ки ин пайвандакҳо барои возеҳтар зоҳир шудани муносибати маъноии таркибҳои ҷумлаи мураккаб хидмат мекунанд. Ҷумлаҳои мураккаби тобеъ робитаҳои мураккаби байни ҳодисаҳои ҳастиро таҷассум мекунанд, бинобар ин ҷумлаҳои содаи таркиби онҳо ҳам дар асоси алоқаи мураккаби мантиқии байни ашёҳо ва ҳодисаву амалҳо (сабаб, замон, хилофӣ, мақсад ва ғ.) ба ҳам алоқаманд мегарданд. Дар ҷумлаҳои мураккаби пайваст пайвандак унсури сохтории яке аз қисмҳо ба шумор намеравад, аммо пайвандакҳои ҷумлаи мураккаби тобеъ ғайр аз он ки ҳолати тобеияти ҷумлаҳои содаро ифода мекунанд, унсури таркиби ҷумлаи пайрав ба шумор мераванд [3, с. 4].

Пайвандакҳо воситаҳои асосии ифодакунандаи алоқаҳои синтаксисӣ ва муносибатҳои маъноию грамматикии байни ҳиссаҳои таркибии ҷумлаҳои мураккаб мебошанд. Пайвандакҳои ҷумлаи мураккаб ба ду гурӯҳ ҷудо мешаванд:

  • пайвандакҳои пайвасткунанда (ва, -у, -ю, аммо, лекин, вале, балки, ё, ё ки, ва ғ.); 
  • пайвандакҳои тобеъкунанда (ки, то, зеро, чунки, агарчи, гӯё ки, чунон ки, вақте ки, модом ки ва амсоли инҳо).

Интонатсия воситаи асосии ташкили ҷумлаи мураккаб мебошад. Агар дар ҷумлаи мураккаб интонатсия ягона набошад, ҳар як ҳиссаи он мустақилият пайдо мекунад ва ҷумлаи мураккаб ба амал намеояд. Нақши интонатсия дар ташкили ҷумлаҳои мураккаби бепайвандак басе калон аст. Интонатсия муносибатҳои семантикию грамматикии байни ҳиссаҳои таркиби ҷумлаи мураккаби бепайвандакро равшан менамояд. Масалан, дар ҷумлаи “Кори нек кун: номи некат мемонад” вобаста ба интонатсия муносибати маъноии натиҷа, сабаб, замон, шарт ба амал меояд [3, с. 6].

Пайвандакҳо воситаи асосии сохтории ташкили ҷумлаҳои пайваст мебошанд. Мусалам аст, ки пайвандакҳо аз рӯйи вазифаашон дар забони тоҷикӣ ба 3 гурӯҳ ҷудо мешаванд:

  • пайвандакҳои пайиҳам;
  • пайвандакҳои хилофӣ;
  • пайвандакҳои ҷудоӣ.

Аммо дар забони англисӣ пайвандакҳо аз рӯйи вазифа ба 5 гурӯҳ ҷудо мешаванд:

  1. пайвандакҳои пайвасткунанда (copulative);
  2. пайвандакҳои ҷудокунанда (disjunctive);
  3. пайвандакҳои хилофӣ (adverstative);
  4. сабаб (causal);
  5. натиҷа (resultative).

Дар забони англисӣ пайвандакҳои and, not only … but, (also ) neither … nor барои пайваст кардани воҳидҳои хабарии ҷумлаҳои муракаби пайваст ва дар забони точикӣ пайвандакҳои ва, -у, -ю, инчунин баъзан бо ёрии пайвандакҳои дутаркибаи чи ... чи, хоҳ ... хоҳ истифода мешаванд. Ҳар як пайвандаки забонҳои муқоисашаванда дар таркиби ҷумлаҳои муракаби пайваст бо таъсири воситаҳои гуногуни лексикӣ-граматикӣ барои ифодаи муносибатҳои гуногуни мантиқӣ дар байни гурӯҳҳои хабарии таркиби ҷумлаҳои мураккаби пайваст хизмат мекунанд.

Ба андешаи профессор М.Я. Блох ҷумлаҳои мураккаби пайваст тавассути пайвандак ва бидуни он сохта шуда, маъноҳои тазод, ҷудоӣ, сабаб, натиҷа, пайвастшавӣ ва заруратро ифода мекунанд. Чунин навъҳои муносибати маъноӣ байни ҷумлаҳои мустақил ва баробарҳуқуқ ба вуҷуд меоянд. Дар идомаи андешааш таъкид мекунад, ки ин омилҳои мазкур ба олимону муҳаққиқон имкон медиҳанд, ки ҷумлаҳои мураккаби пайвастро ба ҳайси хели махсус қабул накарда, балки онҳоро дар умум ҷумлаҳои мураккаб номанд [2, с. 332].

Муттаҳид шудани ҷумлаҳои баробарҳуқуқ ё ҳамнисбат ба соҳиби Аммо профессор Блох М.Я. ин фарзияро инкор намуда, қайд мекунад, ки байни ҷумлаҳои мураккаби пайваст ва ҷумлаҳои мустақил тафовути бузурги семантикӣ-синтаксисӣ вуҷуд дорад, ки чунин ҷумлаҳо метавонанд дар доираи нутқ, зерматн ё матн тавассути пайвандак ва дигар воҳиду воситаҳои забонӣ аз лиҳози сохтор ва маъно ба ҳам алоқаманд гарданд. Бинобар ин тавассути воситаҳои гуногуни семантикиву синтаксисии воҳидҳои хабарӣ фикру андешаҳои гуногун дар як қолаб ё маҷмуа муттаҳид шуда, дар натиҷа ҷумлаи бисёрхабарӣ (полипредикативӣ) ҳосил мекунанд ва амалу ҳодисаҳои ҳамнисбат ва баробармаъноро ба ҳам васл менамоянд. Мо низ ба гуфтаҳои профессор Блох М.Я.-ро ҷонибдорӣ намуда, дар такя ба асноду далелҳои сарчашмаҳои тоҷикӣ таъкид менамоем, ки воқеан ҷумлаҳои мураккаби пайваст дар натиҷаи нутқ имкон медиҳанд, ки ғояву андешаҳои хешро ба таври гуногун ва мураккаб ифода намояд. Барои исботи андешаҳо якчанд намунаҳо матраҳ мешаванд: Jane adored that actor. Hockins could not stand the sight of him. Each was convinced of the infallibility of one's artistic judgment. That aroused prolonged arguments. Дар боло ҷумлаҳои мустақил оварда шуда, аз як нигоҳ метавонанд андешаҳои Иофик Л.Л.-ро собит намоянд, аммо тибқи қоидаҳои грамматикии забони англисӣ метавон ба таври зайл ин ҷумлаҳои содаро муттаҳид намуд: Jane adored that actor, but Hockins could not stand the sight of him. Each was convinced of the infallibility of one's judgment, and that aroused prolonged arguments [2, с. 334]. Аммо дар ҳолати ба таври дигар ифода намудани ҷумлаҳо, дар байни онҳо ягон воситаи синтаксисӣ ё семантикӣ боқӣ намемонад: Jane adored that actor. But Hockins could not stand the sight of him, each was convinced of the infallibility of one's judgment. And that aroused prolonged arguments.

Дар мавриди тағйир ва ҷудо намудани ҷумлаҳои таркиби ҷумлаи мураккаби тобеъ бояд таъкид намуд, ки на ҳамеша ҷумлаи пайравро аз сарҷума метавон мустақилона ифода намуд, зеро вазифаи ҷумлаи пайрав дар шарҳу тавзеҳ ва равшанӣ андохтани сарҷумла зоҳир мегардад. Бинобар ин дар ҳолати аз ҳам ҷудо сохтани ҷумлаи пайрав аз сарҷумла мазмун ва муҳтавои сарҷумла норавшан мемонад ва шояд фикр нотамом анҷом ёбад. Аз ин лиҳоз наметавон ба ҳамаи андешаҳои профессор Блох М.Я. розӣ шуд ва онҳоро ҷонибдорӣ намуд.

Дар робита ба гуфтаҳои боло метавон қайд намуд, ки дар ҷумлаи  забони англисӣ ду гурӯҳи хабарӣ мавҷуд аст, ки онҳо бо ёрии пайвандаки and пайваст мешаванд. Тибқи маълумоти баъзе сарчашмаҳо дар ҷумлаи мураккаби пайваст байни ду гурӯҳи хабарҳо муносибати шуморӣ ё миқдорӣ мушоҳида мешавад. Дар муқоиса ба ин, дар ҷумлаи забони точикӣ ҷумлаи мураккаби пайваст аз ду ҷумлаи содаи бо ҳам алоқаманд буда иборат аст. Дар  он пайвандаки «ва» нақши дуюмдараҷаро ҷиҳати муайян кардани алоқаи ду воҳиди хабарӣ, ки дар байнашон муносибати шуморӣ дида мешавад, мебозад. Дар ин росто метавон ҳадс зад, ки пайвандаки and (дар забони англисӣ) ва пайвандаки ва (дар забони тоҷикӣ) дар аксар мавридҳо барои муайян кардани алоқаи байни воҳидҳои хабарӣ хидмат намуда, алоқаи шумориро ифода мекунанд. Аз ин ҷо маълум мегардад, ки пайвандакҳои “and” ва “ва” дар мазмун ва маънои грамматикӣ ба ҳамдигар муродиф мебошанд: Ман дарҳол аз ҷо хеста, ҷомаамро пӯшида аз хона баромадам ва Хайбарро садо кардам [1, с. 40]. – I got up at once, dressed, and called Khaibar [12, с. 74]. ... яке аз онҳо ду таноб (ним гектар) буда, бедевор ва дигаре як таноб буда, се похса девор дошт [1, с. 24]. – ... one unwalled with an area of two tanob, and another of one tanob enclosed on three sides by a mud wall [12, с. 55].

Дар забони тоҷикӣ воҳиди пайвасткунандаи энклиткии дигар -у бар акси муродифи худ дар охири калимаи ниҳоии воҳиди хабарии якуми ҷумлаи мураккаби пайваст илова мешавад. Дар байни пайвандакҳои “” ва “ва” тафовути функсионалӣ дар он зоҳир мегардад, ки “” назар ба “ва” ба алоқаи зичтари воҳиди хабарии минбаъда ишора мекунад. Ба ҷуз ин, пайвандак тобиши маънои фаврӣ ва кутоҳии амалро ифода мекунад. Дар баробари ин чунончи қаблан зикр гардид, пайвандакҳои мазкур вазифаи ифодаёбии муносибати шумориро дар байни воҳидҳои таркиби ҷумлаи мураккаби пайваст иҷро мекунад: Ҳаво на сард буду на гарм ва бағоят форам буд [1, с. 20]. The air was neither cold not hot, just perfect [12, с. 51]. Дар мисоли тоҷикӣ пайвандаки -у пас аз воҳиди хабарии “буд” омада, пайвандаки дувуми “ва” алоҳида навишта шудааст. Аммо дар матни англисӣ бошад, баръакс ба ивази “-у” ва “ва” пайвандаки “neither … not”  ва аломати вергул истифода шудааст. Пас, аз ин усули тарҷума бармеояд, ки матни тарҷума ва асл на ҳамеша аз лиҳози сохтори синтаксисӣ ба ҳам тавъъам меоянд.

Дар забони англисӣ панҷ гурӯҳи пайвандакҳо мавҷуданд, ки дар дохили ҷумлаҳои мураккаби пайваст ҷиҳати ифодаи тобишҳои гуногуни маъноӣ хидмат мекунанд. Масалан, пайвандакҳои and, not only … but, neither … nor (пайвандакҳои ҷуфтӣ низ меноманд) бештар дар ҷумлаҳои мураккаби пайвасти паиҳам корбаст мешаванд. Пайвандаки not only…but таркибан аз калимаҳои ёридиҳандаи зерин иборат аст: ҳиссачаи not, зарфи only ва пайвандаки but. Ибораи мазкур бештар барои пайваст кардани ҷузъҳои ҷумлаҳои содда хизмат мекунад:

In consequence he became embittered not only against Qozi Safi and Murodbek, but against the emir and the office he held from him: without submitting a letter of resignation [12, с. 100]. Ӯ дар натиљаи ин корҳо на танҳо аз қозӣ Сафӣ ва Муродбек нафрат кард, балки аз амир ва мансабдории ӯ ҳам нафрат карда, бе он ки ба амир аризаи истеъфо диҳад [1, с. 59].

But that year something intervened that was not only to shatter my father’s hopes and our peace of mind, but to disrupt the lives of everyone in Bukhara province [12, с. 164]. Аммо он сол дар музофоти Бухоро аҳволе рӯй дод, ки на танҳо умеди падарам ва осоиши мо барбод рафт, балки осудагӣ ва ҳаёти ҳама зеру забар шуд [1, с. 109].

Аз мисолҳои боло равшан мегардад, ки пайвандаи not only…but дар матни англисӣ ҷумлаи мураккаби пайвастро аз лиҳози синтаксисӣ-семантикӣ пайваст намудааст. Аммо аз матни тоҷикии он хулосае бармеояд, ки пайвандакҳои на танҳо ... балки ... ва низ айнан чунин вазифаи наҳвиро иҷро намудааст. Яъне, аз тарҷумаи ҷумлаҳо маълум мешавад, ки пайвандакҳои на танҳо ... балки ... ва ба забони англисӣ дар аксар ҳолатҳо чун not only…but маънидод гаштааст.

Дар ибораи nоt only…but ва муродифи тоҷикии он на танҳо…балки маънои вижае эҳсос мегардад, ки он дар сохтори ҷумлаи мураккаби пайваст дохил шуда, ҷузъи на танҳо…балки (not only…but) аз рӯйи мавқеи худ пас аз гурӯҳи хабарии якум гузошта мешавад. Дар ин мисол нақши not only…but дар муттаҳид намудани ду ҷумла инъикос гаштааст.

Дар ин росто воситаҳои тоҷикии ва, -у, ҳам, на ... на, чи ... чи, балки ба гурӯҳи пайвандакҳои паиҳам дохил шуда, муодилоти онҳо and, neither … nor, also, not oly … but дар забони англисӣ ҷумлаҳои содаи баробарҳуқуқро ба ҳам пайваст намуда, онҳоро аз лиҳози семантикӣ-синтаксисӣ пурра мегардонад. Пайвандаҳои мазкур ҷиҳати шарҳу тавзеҳи ду ва ё зиёда ҷумлаҳои паиҳам омада хидмат мекунанд:

Ман фикр мекардам: «Акнун чӣ кор мекарда бошам? Дар 12-солагӣ ҳам бепадар ва ҳам бемодар, бародарон бемор, акаам бошад, ҳар вақт саломат ёбад, ба хондан меравад ва додарҳои хурдсолро ҳам бояд ман саровонӣ кунам [1, с. 115]. – I wondered what I was to do now: a twelve-year-old with neither father nor mother, my brothers sick, and when my elder brother recovered he would go back to school and I would have to look after my younger brothers [12, с. 174]. Дар намунаи боло пайвандакҳои ҳам ... ҳам бо роҳи тарҷумаи муқобил тавассути пайвандаки neither … nor маънидод шудаааст. Бояд таъкид намуд, ки пайвандаки такрории ва дар матни англисӣ тавассути интонатсия (аломати вергул) ифода шудааст. Ӯ одами софқалби раҳмдил буд ва деҳқонони худро ба чизе ва ба коре маљбур намекард ва ба сари ҳосилғундорӣ намерафт ва одами худро ҳам намефиристод [1, с. 123]. – He was a simple and kindhearted fellow, who never overworked the peasants who farmed his land and neither supervised the harvest in person nor sent overseers [12, с. 187].

Дар ин мисол низ пайвандаки ҳам дар раванди тарҷума ҳамчун neither ... nor ба таври муқобил маънидод шудааст. Тибқи қоидаҳои грамматикӣ он бояд both…and тарҷума мегардид, аммо ҷумлаҳои тоҷикӣ ва англисӣ мазмунан ба ҳам тавъам буда, ниёз ба тарҷумаи мустақими он “both…and” намондааст.

Хулоса, дар раванди тарҷумаи ҷумлаҳои мураккаби пайваст мутарҷим Ҷон Перрӣ бештар усулҳои таҳвил (трансформатсионӣ), тарҷумаи муқобил, тавсифӣ, калка ва мустақимро ҷиҳати баробарӣ ва симметрияи муносибатҳои семантикиву синтаксисӣ мавриди истифода қарор додааст.

Список литературы

  1. Aйнӣ С. Ёддоштҳо (чаҳор қисм) / С. Айнӣ. Иборат аз як китоб. Душанбе. Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи миллии тоҷик, 2009. – 680 с.
  2. Блох М. Я. Теоретическая грамматика английского языка: Учебник. Для студентов филол. фак. ун-тов и фак. англ. яз. педвузов. – М.: Высш. школа, 1983. – 383 с.
  3. Грамматикаи забони адабии точик. Ҷилди 3. – Душанбе: «Дониш». 1986. – 220 с.
  4. Грамматикаи забони адабии ҳозира тоҷик. Ҷилди 2. Ибора ва синтаксиси ҷумлаҳои сода. Ҷилди 2. – Душанбе: Дониш, 1984. – 320 с.
  5. Грамматика английского языка: учеб. Пособие / пер. с англ. М.Я. Блох, А.В. Гольдман, Л.И. Кравцовой и др.; под общей научн. ред. д-ра филол. наук проф. М.Я. Блоха – М.: Астрель: АСТ, 2006. – с. 703.
  6. Забони адабии хозираи точик, кисми 2, синтаксис. – Душанбе, нашри солхои, 1970, 1984.
  7. Каменский А.И., Каменская И.Б. Практическая грамматика английского языка: Справочное пособие для неязыковых вузов. – Часть 1. – Харьков: ИНЭМ, 2002. – 278 с.
  8. Камолиддинов, Б. Наҳви забони тоҷикӣ / Б. Камолиддинов. – Душанбе: Собириён, 2010. – 280 с.
  9. Қосимова М. Ҷумлаи пайрави шартӣ дар забони адабии ҳозираи тоҷик. – Душанбе, «Дониш». 1967.
  10. Тоҷиев Д. Ҷумлаҳои мураккаби тобеъ дар забони адабии ҳозираи тоҷик. – Душанбе, «Ирфон». 1981.
  11. Усмонов К. Грамматикаи муқоисавии забонҳои англисӣ ва тоҷикӣ / Усмонов К. Китоби дарсӣ барои донишҷӯёну магистрантони факултети забонҳои хориҷӣ (Ихтисосҳои “Назария ва амалияи тарҷума”, “Забони англисӣ”). – Хуҷанд, Нури маърифат: 2017. – 372 саҳ.
  12. The Sands of Oxus: Boyhood Reminiscences of Sadriddin Aini by Sadriddin Ayni. Translated from Tajik Persian with an introduction and notes by John R. Perry and Rachel Lehr. Costa Mesa, California: Mazda Publishers. – 1998. +ix-275 pp.

Поделиться

4

Рашидова Д. А., Абдуллоева Ш.., Халимова Ш.. Структурно-семантические особенности сложных составных предложений в таджикском и английском языках // Цифровая революция: трансформация образования, экономики и коммуникаций : сборник научных трудов по материалам Международной научно-практической конференции 16 января 2026г. Белгород : ООО Агентство перспективных научных исследований (АПНИ), 2026. URL: https://apni.ru/article/14196-strukturno-semanticheskie-osobennosti-slozhnyh-sostavnyh-predlozhenij-v-tadzhikskom-i-anglijskom-yazykah

Обнаружили грубую ошибку (плагиат, фальсифицированные данные или иные нарушения научно-издательской этики)? Напишите письмо в редакцию журнала: info@apni.ru

Похожие статьи

Другие статьи из раздела «Филологические науки»

Все статьи выпуска
Актуальные исследования

#4 (290)

Прием материалов

17 января - 23 января

осталось 7 дней

Размещение PDF-версии журнала

28 января

Размещение электронной версии статьи

сразу после оплаты

Рассылка печатных экземпляров

4 февраля