Дар нимаи дуюми асри VIII дар хилофати Аббосиён болоравӣ ва рушди бесобиқаи фарҳангӣ-адабӣ ба мушоҳида расида, дар асрҳои IX-X ин пешрафту ривоҷи илму адаб ва фарҳангу тамаддун ба авҷи аълои худ расид. Ин замоне буд, ки илмҳои ҷуғрофия, таърих, математика, астрономия, тиб, фалсафа ва мантиқ бо забони арабӣ ташаккул ёфтанд. Нуктаи ҷолиб он аст, ки дар радифи табаҳҳури комил ба забони арабӣ ин донишмандон ба анъанаҳои фарҳангии замони гузаштаи Сосониён содиқ монда, матнҳои бадеию таърихӣ, мантиқию фалсафиро аз забонҳои паҳлавӣ, юнонӣ ва ҳиндӣ (санскритӣ) ба арабӣ тарҷума мекарданд [19, с. 44].
Ислом ба монанди масеҳият бо фалсафа алоқаманд буда, ду омил боиси ба вуқуъ омадан ва инкишофи он гардид: аввалан, рушди илоҳиёт дар муборизаи шадид бо ақидаҳои фалсафӣ ва илоҳиётии ҳам фирқаҳои дигар ва ҳам бо равияҳои ғайримуқаррарӣ дар худи ислом сурат гирифт; сониян, мусулмонон осори фалсафии атиқаро ба мерос гирифта, ҳифз намуданд ва ҳатто ба тарзи нав дарк ва пешниҳоди башарият карданд [21].
Тарҷумонҳои суриёнӣ, юнонӣ ва форсӣ арабҳоро бо осори Архимед ва Птолемей, Ҳиппократ ва Ҳален, Афлотун ва Арасту оид ба риёзиёт, астрономия, тиб ва фалсафа, бо рисолаҳои тиббии Ҳиндустон ва осори таърихию дидактикии форсӣ шинос карданд. Кори тарҷумаи осори фалсафӣ дар хилофат назар ба Аврупои асримиёнагӣ ба таври васеътар сурат гирифта, барои доираи хеле васеътари «зиёиёни» мусулмон пешбинӣ шуда буд.
Баръакси тарҷумонҳое, ки дар Аврупо таҳти роҳнамоӣ ва назорати руҳониёни насронӣ кор мекарданд, фаъолияти тарҷумонҳои арабро ҳадафҳои динӣ тақозо намекард. Онҳо, пеш аз ҳама, асарҳоеро тарҷума мекарданд, ки донишҳои амалан муфид доранд. Ҳатто асарҳо дар мавзуъҳои ҳаннотӣ низ бо сабабҳои арзиши амалӣ доштанашон тарҷума мешуданд. Андешаҳои фалсафии халқи тоҷику форс дар тули таърих ба ақидаҳои фалсафии дигар халқҳо таъсири мусбат расонидааст. Нақши онҳо дар таърихи афкори озодфикрӣ ва фарҳанги халқҳои Шарқ, бахусус, эрониён ва арабҳо [12, с. 77] то имрӯз хеле ҷолиби диққат аст. Хизмати Ибни Муқаффаъ дар ҳифзи беҳтарин маъхазҳои адабию фалсафӣ дар паҳлавӣ ва ба воситаи онҳо амалӣ намудани инқилоби фикрӣ дар олами маънавии инсон беназир мебошад.
Бинобар шаҳодати маъхазҳои таърихӣ, хизмати ин донишманди асри VIII дар бунёди фарҳанг, бахусус, дар пайвастани афкори фалсафии халқҳои эронӣ бо олами ислом, анъанаҳои фалсафию дидактикии ниёгони мо, инчунин Юнону Ҳиндустон хеле назаррас аст. Ба андешаи муҳаққиқони тоҷик К. Беков и М. Миррахимов чунин фидокории ин марди ҳақиқатдӯст ва шахсияти воқеан қаҳрамон то ҳол сазовори эътироф нашудааст [16, с. 3-8].
Боиси қайд аст, ки Абдуллоҳ ибни Муқаффаъ аз шахсиятҳои бузурги ҷамъиятии даврони хеш буд ва осори ин марди шарифи бузург дар ҷаҳони мутамаддин осори чашмрас гузоштааст. Ӯ дар тамоми осори хеш кӯшиш мекард, ки дӯстии воқеии пойдори байни одамон, майлу хоҳиш ба ҳаёти осоишта, садоқат, самимият ва меҳру муҳаббат барин принсипҳои фалсафаи ҳаётро муқаррар намояд.
Ҳар касе, ки ба таърихи афкори сиёсӣ таваҷҷуҳ мекунад, дарк хоҳад кард, ки дӯстӣ ҳамеша як унсури марказии консепсияи ҷомеаи некӯкор буду ҳаст. Ҳеҷ як фалсафаи сиёсӣ аз консепсияи дӯстӣ холӣ набуд, зеро Аристотел онро дар китоби худ «Дар бораи арзишҳо» ҳамчун як заминаи мустаҳками муносибатҳои байнишахсӣ, ки асоси он муносибатҳои шаҳрвандӣ бунёд мекунад, баррасӣ кардааст.
Дӯстӣ дар виҷдони инсон маънои аслӣ аст, ки онро хирадмандон тасвир ва таҳлил кардаанд. Абдуллоҳ ибни Муқаффаъ дар тасвири ин хислати писандидаи инсонӣ нақши хоссе дорад. Ӯ дар баҳри бекарони ин рафтори наҷиби башарӣ ғарқ шуда, ченакҳо ва хусусиятҳои онро дар таълифоти шуҷоатмандонаи хеш баён кардааст, ки мояи ифтихори аҳли ин тамаддуни пешрафта ва хирадмандони ақли башар аст. Вобаста ба ин, Абдуллоҳ ибни Муқаффаъ дар китоби машҳури «Калила ва Димна» мефармояд, ки одами оқил набояд ба қадри тавон бо касе дӯстӣ ва наздикӣ накунад, магар касе, ки дар дину илм ва ахлоқ шоиста бошад, то аз ӯ биомӯзад. Ё касе, ки дар беҳбуди он бо ӯ розӣ бошад ва он чиро, ки дорад, дастгирӣ кунад, ҳарчанд бар ӯ шоистагӣ надошта бошад. Ҳеҷ як хешу таборе ба ӯ наздиктар ва маҳбубтар аз касе нест, ки дар сифатҳои нек бо ӯ ҳамфикр бошад ва ӯро афзун намояду қувват диҳад. Ба ҳамин сабаб иддао кардаанд, ки ҷамоати як нодоне, ки бо донишмандон ба воя расида, барои онҳо маҳбубтар аз хирадманде аст, ки бо ҷоҳил ба воя расидааст.
Симои ҳақиқии Ибни Муқаффаъ ҳамчун ҳаким, файласуф, сиёсатмадор ва асосгузори насри бадеии адабиёти араб дар осораш равшан таҷассум гардидааст. Бино ба нигоштаҳои донишманди тоҷик К. Беков дар фалсафа ақлу гуфтори ӯ бо муқоисаҳои мантиқии категорияҳои фалсафаи форсӣ-тоҷикӣ ва Юнони қадим банд буд. Ӯ руҳу дилашро аз меваҳои ширини хиради Ҳинд сероб кард [12, с. 80].
Дар қарнҳои нахусти ислом бисёр эрониён дар ҳикмат ва фалсафаи Юнон вуқуфи комил доштанд ва ба тарҷума ва тафсиру шарҳи осори ҳакимони юнонӣ пардохта буданд. Барои исботи ин гуфтаҳо кофист, ки ба осори Абдуллоҳ ибни Муқаффаъ, махсусан, «Китоб-ул-мантиқ»-и ӯ таваҷҷуҳ намоем. Асари мазкур хулосаи «Мантиқ»-и ҳакими Юнони қадим – Арасту маҳсуб мешавад. Бино бар навиштаи Ибни Надим, эрониён дар қадим аз фалсафа ва мантиқ чизҳоеро ба порсӣ дароварда буданд, ки Абдуллоҳ ибни Муқаффаъ ва дигарон онҳоро ба арабӣ тарҷума кардаанд [13, с. 129].
Пас аз Арасту мантиқро пайравон ва ҳаводорони ӯ дар марокизи мухталифи пажӯҳиш дар ҷаҳони ислом паҳн карданд. Ба навиштаи Қифтӣ, нахустин тарҷумони китобҳои мантиқ аз лотинӣ ба арабӣ Абдуллоҳ ибни Муқаффаъ аст, ки дар китоби «Ахбор-ул-уламо» зикр кардааст. Муқаффаъ барои халифа Мансур, ки дувумин халифаи сулолаи Аббосиён буд, се китоби Арасту: «Категория» («Категориюс»), «Парменид» ва «Аналитика» («Қиёс»)-ро тарҷума кардааст [18, с. 74].
Асоси шуҳрати Ибни Муқаффаъ аз лиҳози нақл ва тарҷума аз паҳлавӣ ин муаррифии адабу фарҳанг ва таърихи қадими Эрон мебошад. Бояд тазаккур дод, ки Абдуллоҳ ибни Муқаффаъ дар забонҳои арабӣ ва паҳлавӣ маҳорати хело баланд дошт, лекин муҳаққиқони осори ӯ ба масъалаи дар кадом сатҳ донистан ва надонистани забони юнонӣ посухи ягона надодаанд. Ибни Надим ва Соиди Андалусӣ ӯро дар радифи Ал-Киндӣ Исҳоқ ибни Ҳунайн ҷузъи хулосакунандагони китобҳои «Қотиғурёс» («Мақулоти ашъара») ва «Бари Эрминиас» («Ибора») мешуморанд. Ҳарчанд дар сарчашмаҳо таъкид гардидааст, ки Ибни Муқаффаъ забоне ғайр аз паҳлавӣ ва арабӣ намедонист. Бар мабнои андешаи муаллифи «Ал-Феҳрист» [3, с. 242-249], ӯ китобҳои мантиқии Арасту ва Порфирийро аз паҳлавӣ ба арабӣ нақл кардааст. Ибни Муқаффаъ бархе аз китобҳои мантиқӣ ва тиббиро, ки эрониён аз забони дигар ба забони паҳлавӣ тарҷума намуда буданд, ба арабӣ нақл кард. Пас бо боварӣ метавон гуфт, ки Абдуллоҳ ибни Муқаффаъ аввалин касе мебошад, ки дар миёни мусулмонон баъзе аз китобҳои мантиқиро ба арабӣ тарҷума кардааст.
Қозии Андалусӣ дар «Табақот-ул-умам» [4, с. 38] низ ба ҳамин матлаб ишора карда ниҳоят мегӯяд, ки аз китобҳои муаллифини юнонии мазкур фақат китоби «Қотиғурёс»-и Арасту пеш аз Ибни Муқаффаъ ба арабӣ тарҷума шуда буд. Бинобар ин, сухан бояд фарзияи тарҷумаи онро тавассути Ибни Муқаффаъ заиф бишуморем ва ҳамон сухани Ибни Надим дар «Ал-Феҳрист», ки мегӯяд Ибни Муқаффаъ аз хулосакунандагони китобҳои мантиқ будааст, муътабар бишуморем.
Ҳамин тавр, бо тарҷумаи осори фалсафии юнонӣ аз ҷониби Абдуллоҳ ибни Муқаффаъ, мамнуияти таҳқиқ дар осори фалсафии Арасту аз сӯйи мусалмонон шикаста шуд ва дар олами ислом ҳамаи осори Арасту, ба ҷуз китоби «Сиёсат», ба баҳсу таҳқиқ кашида шудааст. Ба ҳар ҳол, ба гуфтаи Ибни Надим, Ибни Муқаффаъ ин китобро аз форсӣ ба арабӣ даровардааст ва шояд куҳантарин китобе бошад, ки дар мантиқ ба арабӣ тарҷума шудааст [3]. Истилоҳоти мантиқии ин китоб бо истилоҳоти китобҳои мантиқии дигар, ки аз сурёнӣ ва юнонӣ ба арабӣ тарҷума шудааст, фарқ дорад. Ин китоб бо муқаддимаи муфассал ва олимона ҳамроҳ бо «Ҳудуд-ул-мантиқ»-и Ибни Беҳриз дар Теҳрон (1357 шамсӣ) ба табъ расидааст.
Олими машҳури мисрӣ Тоҳо Ҳусайн дар китоби худ «Мин ҳадиси-ш-шеъри ва-н-насри» [7, с. 46] менависад, ки ӯ (Абдуллоҳ ибни Муқаффаъ) аввалин нафарест, ки бисёре аз китобҳои Арастуро дар мантиқ, ҷадал, қиёс ва мақулот (категорияҳо) тарҷума намудааст. Ӯ аз беҳтарин донандаи фарҳанги арабӣ, юнонӣ ва арабӣ буд.
Бояд таъкид намуд, ки дар масъалаи он, ки эрониён дар наҳзати илмӣ ва фалсафии асри Анӯшервон китобҳои фалсафӣ, бахусус, баъзе аз таълифоти Арасту ва Афлотунро ба форсӣ тарҷума карда буданд, шакку шубҳае нест. Ҳатто худи Анӯшервон ба таълифоти ин ду ҳаким ошно буда, зоҳиран худ низ аз ҳикмат бебаҳра набудааст. Мегӯянд замоне, ки Юстиниан императори Рум мадрасаи фалсафии Отнро (Афина) баст, файласуфон ба даргоҳи Анӯшервон паноҳанда шуданд, ки ҳафт нафар аз маъруфтарини онҳоро ба номи Симилюс (Simpluis) ва Домосюс (Damacus) зикр кардаанд. Анӯшервон бо истифода аз фурсати бамиёномада аз эшон дархост намуд, ки фалсафаи Афлотуни ҷадидро барои ӯ тарҷума кунанд [8].
Карл Броккелман дар китоби «Таърихи адабиёти араб» навиштааст, ки Ибни Муқаффаъ китобҳои тиб ва мантиқи юнониро, аз қабили китобҳои Арасту: «Категория» («Қотиғурюс»), «Бор Арманиёс», «Анолитиқо» ва «Масалу Исоғуҷӣ»-и Фарфариюсро аз паҳлавӣ ба арабӣ тарҷума кардааст. Аммо тарҷумаҳои «Қотиғуриёс», «Аналитиқо»-и Арасту ва «Исоғуҷии Фарфариюс», ки дар Китобхонаи «Ал-Асифия», 3:668 мавҷуд мебошанд, аз осори Аҳмад ибни Муқаффаъ мебошанд [5, с. 98].
Илова бар фарҳанги юнонӣ, фарҳанги ҳиндӣ низ дар ин аср ривоҷ дошт. «Калила ва Димна» ва чанд асари дигар аз ҳиндӣ ба форсӣ тарҷума шудаанд. Дар пайвастагӣ ба ин, бояд қайд намуд, ки дар мавриди завқи фалсафии Ибни Муқаффаъ дар нақл ва тарҷумаи «Одоб», «Сияр», «Ҳукм» ва «Мавоат» аз форсӣ, ки ба арабӣ зоҳир мекард, ҷойи шубҳае нест. Аз ин лиҳоз, Ибни Муқаффаъро метавон аввалин касе донист, ки фанни мантиқро дар ислом ривоҷ додааст. Аммо ҳамзамон сухани Тоҳо Ҳусайнро перомуни мустақиман аз юнонӣ ба арабӣ нақл намудани ӯ наметавон ба осонӣ пазируфт, зеро то кунун ҳеҷ кас аз муаррихин ба ин мавзуъ ишора накардааст.
Як нусхаи хаттӣ аз мантиқи Ибни Муқаффаъ дар китобхонаи Қудси Разавӣ мавҷуд аст ва акси он дар китобхонаи Донишкадаи адабиёт нигоҳ дошта шудааст. Инчунин, нусхае аз он дар китобхонаи Донишкадаи Святого Иосифаи фаронсавӣ дар Бейрут мавҷуд аст. Дар он ҷо менависад: «تمت ترجمة الكتاب الثلاثة من ترجمة محمد بن عبد الله بن المقفع » (яъне: «Тарҷумаи се китоб аз ҷониби Муҳаммад ибни Абдуллоҳ ибни Муқаффаъ анҷом дода шудааст» – И.М.Р.), ки бо ин навишта тарҷумаи писари ӯ ба номи Муҳаммад мебошад. Вале ба назари Аллома Қазвинӣ ва Маликушшуаро Баҳор муаллифи он худи Ибни Муқаффаъ буда, аз тарафи нависандагон аз Абумуҳаммад Абдуллоҳ ибни Муқаффаъ ба ин шакл таҳриф шудааст ва бо ин қароину шавоҳид дуруст дармеояд [6, Ҷ.3, с. 159].
Нуктаи қобили зикр ин аст, ки истилоҳот ва номҳои мантиқии Ибни Муқаффаъ бо мутарҷимони баъд мутафовит буда, чуноне ки ӯ аз ҷавҳар ба (айн) ва аз замон ба (вақт) ва аз ҷисм ба (ҷасад) ва аз навъуланвоъ ба (сурат-ул-сур) таъбир мекунад. Хоразмӣ низ дар «Мафотиҳ-ул-улум», ки дар нимаи дуюми қарни чорум нигоштааст, истилоҳоти болозикрро айнан меовард ва менависад:
»يسمي عبد الله بن المقفع الجوهر عينا و كذلك سمي عامه المقولات وسائر ما يذكر في فصول هذا الباب باسما اطرحها اهل الصناعه فتركت ذكرها ولا تثبت ما هو مشهور في ما بينهم« . [2, с. 143]
(Тарҷума: Абдуллоҳ ибни Муқаффаъ ҷавҳарро айн номидааст ва ба ҳамин тартиб, ақволи умумӣ ва ҳар он чиро, ки дар фаслҳои ин боб омадааст, ба номе, ки аҳли фан муаррифӣ кардаанд, номидааст. Аз ин рӯ, аз зикри он сарфи назар кардам ва он чизеро, ки дар байни онҳо машҳур аст, яъне дар боби муфрадоти мантиқ, тасдиқ намекунам. – И.М.Р.).
Ҳамзамон, Абдуллоҳ ибни Муқаффаъ мутаффакире мебошад, ки нақши махсуси хешро дар таърихи озодфикрии асри VIII боқӣ гузошта буд, аммо шахсияти ӯ то замонҳои наздик ҳатто барои мутахассисони шарқшинос номаълум буд.
Аз ин рӯ, бояд хотирнишон намуд, ки шарқшиносон [9, с. 39-43; 10, с. 48-77; 11, с. 151-163] наздикии нависандаро ба дуализми монавия тахмин кардаанд. Дар ҳоле ки онҳо дар корҳои тадқиқотии худ на аз мавҷудияти таълифоти ҳифзнагардидаи фалсафӣ ва динӣ-тасаввуфии Ибни Муқаффаъ ва на ягон далел аз ақидаҳои мутафаккироне, ки андешаҳои файласуфони атиқаи юнонӣ ва аҳли зиндақаро ба таври фишурда шарҳ додаанд, ёдрас накардаанд.
Рисолаи асосгузори сулолаи Расиҳо, Қосим ибни Иброҳим Ар-Расӣ (ваф. 860 м.) «Ар-Радду ало-з-зиндиқ Ибн Ал-Муқаффаъ» («Посух ба зиндиқ Ибни Муқаффаъ») [4, с. 319-386], яке аз бузургтарин асарҳои то имрӯз ҳифзшуда дар бораи зандақа мебошад. Асари мазкур на танҳо фарогири порчаҳои асили «рамзи эътиқод»-и ин нависандаи барҷаста мебошад, балки инчунин маълумотҳоро дар бораи аҳли амали оин (маросим), яъне пайравони он, дарбар мегирад.
Системаи мазҳабӣ-фалсафии Ибни Муқаффаъ, чуноне ки аз ҷониби Қосим ибни Иброҳим Ар-Расӣ як аср пас аз марги ин нависанда ва мутафаккир бозсозӣ шудааст [14, с. 67-76], аз ҷиҳати моҳияти худ синкретӣ буда, дар як соҳаи теологӣ муқаррароти алоҳидаи таълимоти исломӣ ва насронӣ, инчунин унсурҳои дину оини тасаввуфии Шарқро муттаҳид менамояд.
Аз ҷумла, истилоҳоти дуалистии монавияро истифода бурда, Абдуллоҳ ибни Муқаффаъ тамсилаи масеҳӣ, аниқтараш масеҳӣ-ирфонии кайҳонмарказӣ (космогенӣ)-ро месозад [17, с. 124-125], ки дар он ҷойе на барои зиддияти азалии некию бадӣ (хайру шар(р)) ва на ба ҷудошавии сахти онтологии онҳо мавҷуд нест.
Назарияи судур, ки ҳам ба оини монавӣ ва ҳам ба фирқаҳои ирфонӣ хос мебошад, низ дар порчаҳое, ки Иброҳим Қосим овардааст, инъикос наёфтааст, баръакс, «Нур»-и Ибни Ал-Муқаффаъ худои панэнтеистӣ, Демиург аст, ки мустақилона ҷаҳонро аз моддаи ибтидоии онтологии бетараф меофарад ва танҳо Душмани «офарида» дорад.
Кайҳоншиносии (кайҳонмеҳварии) монавӣ танҳо дар афкори «ибодатӣ»-и пайравони фирқаи Ибни Муқаффаъ инкишоф ёфта, дар амалияи маросимии номҳои арабишудаи архонтҳо (фариштаҳо) ва худоҳо истифода мегардад [20, с. 125-130]. Аммо якҷоя бо худи фарҳанги шарқии номи Абдуллоҳ ибни Муқаффаъ, шогирдони ӯ шакли зоҳирӣ ва маънии мафҳумҳои иқтибосшударо тағйир доданд: ҳам архонтҳо ва ҳам худоён баробар ҳамчун хидматгузорони Нури Илоҳӣ, баргузидагони Ӯ, ҷойгузини амал ва иродаи Ӯ парастиш мешуданд.
Илова бар ин, таълимоти тасаввуфии Абдуллоҳ ибни Муқаффаъ ба эътиқод ба зарурати бартарафсозии гунаҳкоршавии махлуқ тавассути дар инсони «нав» муттаҳидшавии «асмо-ул-ҳусно» (номҳои беҳтарин) даъват менамояд, ки қабл аз ғалабаи охиратии Худо бар қувваҳои иблисӣ дар рӯзи маҳшар ба вуқуъ мепайвандад. Охирӣ, яъне қувваҳои иблисӣ, ба андешаи фақеҳ, кӯшиш мекунанд, ки ба ҷустуҷӯйи «роҳи Нур» монеа эҷод кунанд ва «деворҳои маҳкам»-ро атрофи ашхоси роҳгумзада – назарияи таърихии динӣ, «бунёд созанд» [14, с. 67-76]. Инчунин, таълимоти апологетӣ (ситоишӣ)-и мутафаккир барои муаррихони дин таваҷҷуҳи нисбатан махсусро касб намудааст, ки Абдуллоҳ ибни Муқаффаъ дар ваҳй ва хутбаҳои пайғамбари ислом Муҳаммад (с) ғалабаи ба худ хосси зафармандӣ бар қувваҳои зулмотро медид ва зимнан ба китоби муқаддаси мусалмонон “Қуръон”, ҳангоми тасдиқи назарияи кайҳонмеҳварии худ истинод менамуд.
Абдуллоҳ ибни Муқаффаъ мефармояд [22], ки инсони оқил бояд тамоми хислатҳои бади худро, ки ба дину хулқ ва рафтораш таъсир мерасонанд, ҳисобу китоб намояд ва онҳоро дар андеша ё рӯйи коғаз ҷамъ оварад ва сипас зуд-зуд аз назар гузаронад ва ба ислоҳи онҳо худро водор кунад. Барои ин бояд як рӯз, ҳафта ё моҳе муайян кунад, то як ё ду ё зиёда аз ин сифатҳоро ислоҳ кунад. Ҳар боре, ки аз ин сифатҳо хориҷ шавад, онро дар рӯйхати тартибдода хат занад. Ҳамин тавр, ҳар вақте ба навиштаҷоти хатзадашуда назар меандозад, шод ва ҳар боре, ки рафторҳои боқимондаро мебинад, ғамгин мешавад.
Бартарияти ақлу хирадро дар зиндагӣ ва фаъолияти инсон таъкид намуда, менависад, ки ақл асоси ҳамаи некиҳо, калиди ҳар як хоҳиш аст ва ҳеҷ кас бе он кор намекунад. Он тавассути таҷриба ва таълим ба даст меояд ва табиати пинҳонӣ дар инсон аст, ки чун оташ дар сангу чӯб ниҳон асту намоён намешавад, то касе, ки аз берун ба он даст назанад ва чун ин ҳодиса рӯй медиҳад, нур ва шуъла дар он ошкор мешавад.
Ҳамин тавр, ақл низ дар инсон ниҳон аст, он дида намешавад, то он даме ки онро бомаърифатӣ ошкор накарда, ба он қувваи таҷриба намедиҳад, вақте ки он пойдор ва устувор мегардад, аввал ба сӯйи хайр мешитобад ва ҳама зарарро дур мекунад. Чизе беҳтар аз ақлу хирад ва бомаърифатӣ нест. Офаридгор ба касе, ки ақл додааст ва худи он шахс онро бо ҷидду ҷаҳд ва хоҳиши зиёди ба даст овардани дониш тақвият медиҳад, хушбахтӣ қисмати он нафар аст, ӯ дар дунёву охират ба ҳама умедҳо мерасад [23].
Бо дарназардошти таҳқиқи анҷомдода метавон чунин хулосабпрорӣ намуд:
- Абдуллоҳ ибни Муқаффаъ бо донишҳои фарогири худ тавонист бори аввал дар таърихи фалсафа ва мантиқи араб китобҳои файласуфони юнониро ба забони арабӣ тарҷума ва хулоса намуда, истилоҳоти илми фалсафаро мураттаб намояд. Минбаъд файласуфони исломию араб маҳз аз истилоҳоти фалсафаии эҷоднамудани ин нобиғаи форсу тоҷик дар асарҳои хеш истифода намуданд.
- Бо боварӣ метавон гуфт, ки Абдуллоҳ ибни Муқаффаъ на танҳо асосгузори насри бадеии адабиёти араб мебошад, балки поягузори фалсафа ва яке аз аввалин истилоҳофаринҳои илми фалсафа ва мантиқ бо забони арабӣ маҳсуб мешавад.
- Ибни Муқаффаъ натиҷаи ҷустуҷӯҳои илмии худро дар амал татбиқ намуда, ақидаҳои фалсафӣ, мантиқӣ, иҷтимоӣ ва сиёсию ахлоқии худро барои пешрафту дигаргунии ҷомеа кушоду равшан ва тавассути офаридани образҳои тамсилӣ дар асарҳои хеш баён дошта, як инқилоби зеҳнию иҷтимоиро дар хилофати Аббосӣ ба миён овард.
- Ибни Муқаффаъ дар наҳзати адабии даврони Аббосӣ дар садри аввал қарор дошта, дар интишори рисолаҳои мантиқию фалсафӣ саҳми босазо гузоштааст. Андешаҳои фалсафаии Абдуллоҳ ибни Муқаффаъ ҳам дар тарҷумаи осори фалсафии юнонӣ ва ҳам дар тарҷума ва таҳияи китобҳои «Калила ва Димна», рисолаҳои «Ал-Адаб-ул-кабир» ва «Ал-Адаб-ус-сағир», «Ойиннома фӣ одоти-л-фурсӣ», «ат-Тоҷ фӣ сирати Анӯшервон» ва ғайра баён гардидаанд.
Бо натиҷагирӣ аз мавзуи баҳс бояд таъкид намуд, ки мутаассифона, андешаҳои фалсафӣ ва динӣ-тасаввуфии Абдуллоҳ ибни Муқаффаъ то ҳанӯз аз тарафи муҳаққиқони ватанию хориҷии осори ин нобиғаи асримиёнагии тоҷику форс ба таври лозима мавриди омӯзиш қарор нагирифтаанд ва ҷустуҷӯ ва таҳқиқоти амиқи илмиро тақозо доранд.

.png&w=640&q=75)