Дар шароити ҷаҳонишавӣ омӯзиши забонҳои хориҷӣ, хусусан забони англисӣ, аҳамияти махсус пайдо кардааст. Оғози омӯзиши забони англисӣ аз синни томактабӣ яке аз роҳҳои самараноки ташаккули қобилияти забономӯзии кӯдакон ба шумор меравад. Синни томактабӣ давраи ҳассос ва мусоиди рушди нутқ, хотира ва тафаккури кӯдак мебошад, бинобар ин таълими забони хориҷӣ дар ин марҳила бояд бо назардошти хусусиятҳои равонӣ ва синнусолии кӯдакон ба роҳ монда шавад. Солҳои охир масъалаи омӯзиши забони хориҷӣ дар синни томактабӣ хеле маъмул ва мубрам гаштааст. Имрӯзҳо дар ҷомеаи муосир забони англисӣ забони ҷаҳонӣ ба ҳисоб меравад. Аз ин рӯ, омӯзиши забони англисӣ аз синни барвақтӣ шарти муҳимми рушди ҷомеа маҳсуб меёбад [4, с. 9].
Омӯзиши забони англисӣ барои кӯдакони синни томактабӣ ба туфайли давраи ҳассос – давраи махсусе дар зиндагии кӯдак, вақте ки мағзи ӯ қобилияти баландтари азхудкунии забонҳоро дорад, ниҳоят самаранок мегардад. Кӯдакон ба таври табиӣ ва осон ба муҳити нави забонӣ ворид мешаванд, аз қобилиятҳои модарзодии тақлид ва дарк истифода мебаранд. Ин ба онҳо имкон медиҳад, ки забонро қариб ба сатҳи забони модарӣ аз худ кунанд.
Илова бар ин, омӯзиши барвақти забони хориҷӣ ба рушди эҷодкорӣ, беҳтар шудани хотира ва боло рафтани эътимод ба худ мусоидат мекунад. Ҳамин тариқ, давраи ҳассос равзанаи нодири имкониятҳост, ки бояд барои омӯзиши забонҳои хориҷӣ истифода шавад, зеро он ба кӯдак имкон медиҳад бо кӯшиши ҳадди ақал натиҷаҳои баланд ба даст орад. Дар ин раванд интихоби методикаи дуруст муҳим мебошад.
Таълими забони англисӣ ба кӯдакони синни томактабӣ аз ҷиҳати шакл ва методика аз таълими кӯдакони синни мактабӣ фарқ мекунад. Дар синни томактабӣ омӯзиши забони англисӣ хусусиятҳои хоси худро дорад, ки онҳо ба рушди равонӣ ва физиологии кӯдакони ин синну сол асос меёбанд. Кӯдакони синни томактабӣ ҷаҳонро асосан тавассути бозӣ, тасвир, ҳаракат ва эҳсосот дарк мекунанд. Хотираи онҳо бештар ғайриихтиёрӣ буда, маълумотеро, ки бо эҳсосот ва шавқ алоқаманд аст, осон қабул мекунанд. Аз ин рӯ, дар таълими забони англисӣ истифодаи усулҳои хушоянд, бозӣ ва фаъолиятҳои шавқовар ниҳоят муҳим аст.
Ин андеша дар тадқиқоти муосири олимони ватанӣ низ дастгирӣ ёфта, таъкид мегардад, ки самаранокии таълими забони англисӣ дар муассисаҳои томактабӣ аз интихоби дурусти технологияҳои педагогӣ ва мутобиқати онҳо ба хусусиятҳои синнусолии кӯдакон вобастагии зич дорад [1, с. 46].
Дар кӯдакони синни томактабӣ диққат устувор нест. Аз ин рӯ, барои онҳо дар марҳилаи ибтидоӣ таълими зинда, динамикӣ ва ҷолиб хеле муҳим аст, то ки дониш, малака ва маҳоратҳои зарурӣ ташаккул ёбанд ва ҳамзамон диққати ихтиёрӣ инкишоф дода шавад.
Кӯдакони синни томактабӣ маводи луғавиро зудтар ва осонтар аз худ мекунанд. Дар кӯдакони ин синну сол шавқу ҳаваси табиӣ ва воқеӣ ба муошират вуҷуд дорад ва дар онҳо тарс ё монеае, ки метавонад ба муошират бо забони англисӣ халал расонад, дида намешавад.
Барои кӯдакон шиносоӣ бо забони англисӣ мисли як кашфиёти нав мебошад. Агар ба шиносоии кӯдакон бо забони англисӣ дуруст ва боандеша муносибат карда шавад, метавон ба натиҷаҳои дилхоҳ ноил гардид.
Ҳангоми таълими забони англисӣ бинобар ноустувории диққат дар кӯдакон, зарур аст, ки намудҳои фаъолият зуд-зуд иваз карда шаванд. Иваз намудани шаклҳои гуногуни таълим барои кӯдак як навъ истироҳати хуб ба ҳисоб меравад. Аз ин рӯ, дар ҷараёни машғулиятҳои забони англисӣ бояд намудҳои гуногуни таълим бонавбат истифода шаванд, ки дар ин давра махсусан фаъолияти ҳаракатӣ аҳамияти калон дорад.
Кӯдакони синни томактабӣ гурӯҳи махсусе мебошанд, ки фаъолияти асосии онҳо бозӣ аст. Аз ин рӯ, барои расидан ба мақсади таълим, раванди таълим бояд дар шакли бозӣ ташкил карда шавад. Мутахассисони рушди барвақтӣ бар он ақидаанд, ки кӯдакон дар раванди бозӣ меомӯзанд. Бо воситаи бозӣ онҳо ҷаҳонро мешиносанд, робитаҳои сабабу натиҷаро барқарор мекунанд, таҳайюл ва малакаҳои муоширатии худро инкишоф медиҳанд.
Бозӣ усули асосии таълим барои кӯдакони синни томактабӣ мебошад. Тавассути бозиҳои забонӣ, нақшофарӣ, сурудхонӣ ва шеърхонӣ кӯдакон калимаҳо ва ибораҳои англисиро бе зӯрӣ ва фишор аз худ мекунанд.
Тибқи натиҷаҳои таҳқиқот, истифодаи усулҳои бозӣ дар таълими забони хориҷӣ ба кӯдакони синни томактабӣ на танҳо шавқу ҳаваси онҳоро зиёд мекунад, балки ба ташаккули фаъоли малакаҳои муоширати ибтидоӣ низ мусоидат менамояд [2, с. 89].
Масалан, бозиҳои «Who is this?», «What color is it?» ё бозиҳои ҳаракатӣ бо фармонҳои оддӣ (Stand up, Sit down, Jump) ба рушди якҷояи нутқ ва ҳаракати кӯдак мусоидат мекунанд.
Таълими забони англисӣ дар шакли бозиҳо заминаи рушди малакаҳои умумии таълимӣ аз қабили гузоштани ҳадаф ва расидан ба он, назорат, арзёбии амал ва таҳлил мебошад. Ба ин синну сол бахотиргирии ғайриихтиёрӣ, бартарии хотираи механикӣ нисбат ба хотираи маънодор, тафаккури тасвирию аёнӣ, диққати ноустувор ва фаъолнокии зиёди ҳаракатӣ хос аст [5, с. 74].
Дар кӯдакони синни томактабӣ хотираи тасвирию аёнӣ нисбат ба хотираи мантиқӣ бартарӣ дорад. Онҳо бештар ашёҳои мушаххас, рангҳо ва воқеаҳоро хуб ба хотир мегиранд. Аз ин рӯ, пайваст кардани калимаҳо бо ашё ё амали мушаххас шарти муҳими азхудкунии маводи забонӣ дар ин марҳила мебошад [3, с. 112].
Ҳангоми таълими кӯдакони синни томактабӣ воситаҳои аёнии рангоранг ёвари хуб ба ҳисоб мераванд, зеро агар аёният бо ашё, расм ё амале вобаста бошад, кӯдак калимаи англисиро зудтар аз худ мекунад [6, с. 51].
Аз нигоҳи психолингвистика, омӯзиши забони хориҷӣ дар синни томактабӣ бо фаъолияти фаъоли механизмҳои қабул ва коркарди нутқ алоқаманд мебошад. Дар ин марҳила кӯдакон забонро на ҳамчун низоми қоидаҳо, балки ҳамчун воситаи муоширати зинда қабул мекунанд. Ба ақидаи Л.С. Виготский, рушди нутқ дар кӯдак дар раванди фаъолияти иҷтимоӣ ташаккул меёбад [3, с. 117]. Аз ин рӯ, таълими забони англисӣ бояд дар муҳити муоширатӣ ва бозӣ сурат гирад.
Дар синни томактабӣ равандҳои тақлид, такрор ва дарки шунавоӣ нақши калидӣ мебозанд. Кӯдакон калимаҳо ва ибораҳоро бештар тавассути шунидан ва истифода дар вазъиятҳои амалӣ аз худ мекунанд. Истифодаи сурудҳо, шеърҳо ва муколамаҳои кӯтоҳ ба фаъол гардидани хотираи шунавоӣ ва рушди нутқи шифоҳӣ мусоидат менамояд [6, с. 56].
Самаранокии таълими забони англисӣ ба кӯдакони синни томактабӣ аз муҳити таълимӣ вобастагии зич дорад. Муҳити таълимӣ бояд ором, дӯстона ва ҳавасмандкунанда бошад, то кӯдак аз иштибоҳ наҳаросад. Тибқи назарияи фаъолияти таълимӣ, эҳсоси амният ва дастгирии эҳсосӣ шарти муҳимми рушди нутқ ба шумор меравад [5, с. 89].
Шахсияти омӯзгор дар ин раванд нақши калидӣ мебозад. Омӯзгор на танҳо интиқолдиҳандаи дониш, балки намунаи нутқ ва шарики муошират мебошад. Муносибати мусбат, сухани равшан ва ҳавасмандсозӣ ба кӯдак имконият медиҳанд, ки забони англисиро бо шавқ ва хоҳиш аз худ кунад. Мутахассисон таъкид мекунанд, ки муносибати эҳсосии мусбат ба забон дар синни барвақтӣ заминаи омӯзиши муваффақи минбаъдаро фароҳам меорад [4, с. 41].
Ҳамин тариқ, раванди таълими забони англисӣ ба кӯдакони синни томактабӣ хусусиятҳои хоси худро дорад. Ин хусусиятҳо бо омилҳои физиологӣ ва равонии рушди кӯдакони ин синну сол вобаста мебошанд. Омӯзиши забони англисӣ дар синни томактабӣ марҳилаи муҳиме ба ҳисоб меравад, ки кӯдакро ба таҳсил дар мактаб омода месозад, қобилияти дарки нутқи англисӣ тавассути шунавоӣ ва иштирок дар муоширати оддиро ташаккул медиҳад.

.png&w=640&q=75)