Ҷумлаи мураккаб воҳиди калонтарини синтаксис аст, ки аз ду ва зиёда ҷумлаҳои сода ташкил ёфтааст ва дорои ягонагии маъно, сохт ва оҳанг мебошад. Ҷумлаи мураккаб монанди ҷумлаи сода воситаи ахбор буда, барои ташкил додан, ифода намудан ва фаҳмидани фикр хизмат мекунад. Ҷумлаи мураккаб идроки мураккабтари ҳастӣ, тасаввуроту робитаҳои мураккабтари байни ҳодисаҳои он буда, ба давраҳои нисбатан инкишофёфтаи ҷамъият, забон ва тафаккури инсон вобастагӣ дорад. Ҷумлаҳои мураккаб аз рӯи муносибати маъноӣ ва грамматикии ҷумлаҳои содаи таркиби худ ба ду гурӯҳи калон ҷудо мешаванд: ҷумлаҳои мураккаби пайваст ва ҷумлаҳои мураккаби тобеъ.
Ҷумлаҳои мураккаби тобеъ аз ҷумлаҳои мураккаби пайваст ба куллӣ фарқ мекунанд. Дар ҷумлаҳои мураккаби пайваст ҷумлаҳои сода мустақилии худро то як андоза нигоҳ дошта метавонанд. Дар ҷумлаҳои мураккаби тобеъ бошад, ҷумлаҳои пайрав ба сарҷумлаҳо тобеъ гашта, асосан, мустақилии худро гум карда, сарҷумлаҳоро аз ягон чиҳат (замон, макон, сабаб, мақсад, шарт, натиҷа ва ғайра) шарҳу эзоҳ медиҳанд [2, с. 212].
Дар ҷумлаҳои мураккаби тобеъ ҳамеша яке аз ҷумлаҳои сода ба дигаре тобеъ мешавад. Ҷумлаи содаи тобеъро ҷумлаи пайрав (subordinate clause), ҷумлаи содаи тобеъкунандаро сарҷумла (main clause) меноманд. «Сараъзо» ва «аъзои пайрав» дар ин ҷо шартан номгузорӣ карда шудаанд, чунки ҳамин хел сохторҳо мавҷуд ҳастанд, ки дар онҳо «сараъзо» ҳамчун аъзои ҷумла не, балки чун компоненти вай шуда меояд. Дар сарҷумла ва ҷумлаи пайрав мутобиқати муайяни шаклҳои феълӣ-хабарӣ ба амал меояд. Ин мутобиқати шаклҳои феълӣ-хабарӣ ба ҷумла тобишҳои гуногуни маъной дода, ба ин шаклҳои феълй хабарҳои сарҷумла ва ҷумлаи пайрав як вобастагие ба вуҷуд меорад [3, с. 40]. Сарҷумла нисбат ба ҷумлаи пайрав аз ҷиҳати созмон мустақил бошад ҳам, баъзан бе ҷумлаи пайрав маънои пурра дода наметавонад, ки ин ҳам ба якдигар вобастагии сарҷумлаю ҷумлаи пайравро далолат мекунад. Чунончи, дар мисоли зерин сарҷумла аз ҷиҳати маъно хеле ноқисбуда, ҷумлаи пайрав мазмуни онро пурра мекунад [1, с. 237]: What he learnt was that they had never arrived. (Ch. Bronte, p.53) - Маълум шуд, ки ҳавлии ӯ нисбат ба ҳавлии ман аз тӯйхона дуртар будааст (С.Айнӣ, с.127).
Дар мисоли зерин бе ҷумлаи пайрави пуркунанда мазмуни ҷумла ноқис мебарояд: Ба дили худ мегуфтам, ки ман бояд ҳар илмро омӯзам... (Айнӣ,с.49).
Ҳамин тавр, дараҷаи вобастагии сарҷумла ва ҷумлаҳои пайрав гуногун аст. Байни сарҷумла ва ҷумлаҳои пайраве, ки ягон аъзои сарҷумларо эзоҳ медиҳанд, назар ба он ҷумлаҳои пайраве, ки тамоми сарҷумларо эзоҳ медиҳанд, вобастагӣ бештар мушоҳида карда мешавад, чунки онҳо бо як аъзои сарҷумла алоқаманд буда, аксари чунин ҷумлаҳои пайрав ба ибораҳои феълӣ бармегарданд ва ягон аъзои ҷумлаи сода шуда метавонанд [2, с.76].
Ҷумлаҳои пайрави ҳол, ки онро англисшиносон бо истилоҳи Adverbial Clauses номгирй мекунанд аз рӯи маъно гурӯҳи алоҳида ва хеле калони ҷумлаҳои пайравро ташкил намуда, мисли ҳолшарҳкунанда барои шарҳи вазъиятҳои гуногуни воқеъ шудани амали сарҷумла ё ягон ҷумлаи пайрави дигар хизмат мекунанд.
Ҷумлаҳои пайрави ҳол танҳо бо муносибатҳои берунии ҳолат, яъне замон, макон, сабаб, натиҷа, мақсад, шарт, хилоф ва муқоиса кор фармуда мешаванд.
Аз ҳамин сабаб дар муносибат бо сарҷумла ба ҷумлаи пайрави ҳол мустақилият хос аст. Дар ҷумлаҳои мураккаби ҷумлаи пайрави ҳол дошта сарҷумларо бо осонӣ фарқ кардан мумкин аст.
As he was returning the box to his waistcoat pocket, a loud bell rang for the servants’ dinner (Ch. Bronte, p.55).
Чуноне, ки аз мисолҳои дар боло зикршуда бармеояд, бархилофи забони тоҷикӣ, дар забони англисӣ ҷумлаи пайрави замон ҳам пеш аз сарҷумла ва ҳам пас аз он омада метавонад.
As dark night drew on, the sea roughened (Ch. Bronte, p.81). A loud bell was ringing, when I again unclosed my eyes (Ch. Bronte, p.77).
Дар забони тоҷикӣ бошад, ҷумлаи пайрави замон фақат пеш аз сарҷумла меояд.
Вақте маротибаи дигар чашм кушодам, садои баланди ноқус ба гӯшам расид (Ш.Бронте с.46). Ҳангоме ӯ тамокудонашро ба кисаи пиҷак мегузошт, зангулае ки хидматгоронро барои хӯроки чошт мехонд, садо дод (Ш.Бронте, с.21).
Дар забонҳои точикй ва англисй воситаи асосии алоқаи ҷумлаи пайрави замон бо сарҷумла пайвандак ба шумор меравад. Ҷумлаҳои пайрави ҳоли замон дар забони англисй бо воситаи пайвандакҳои хело зиёд сохта мешавад: when, w h e n e v e r, a f t e r, w h i l e, n o w t h a t, a s, a s l o n g a s, a s s o o n a s, b e f o r e, t i l l, u n t i ll , s i n c e ва ҳоказо.
Дар забони точикӣ бошад ҷумлаи пайрави замон ба сарҷумла бо пайвандакҳои зерин тобеъ мешавад: ки, чун (чу), то, то ки, то он ки, то ба оне ки, вақте ки (вақто ки), ҳангоме ки, замоне ки, гоҳе (гаҳе) ки, дамеки,дар вақте ки,дар даме ки, ба вақте ки , аз вақте ки,аз бозе ки,то вақте ки,то даме ки, то замоне ки, ҳамин ки, пас аз он ки, пеш аз он ки, п е ш т а р а з он ки, қабл аз он ки, баъд аз он ки,) баъде ки, баъди ин ки, баъди он ки,баробари ин ки ва ғайра [1, с. 133].
- Пайвандаки аз ҳама маъмул – ин вожаи «when» аст. Он муодили пайвандаки «вақте ки» - и забони тоҷикӣ мебошад: When I heard this, I was beginning to feel a strange chill and failing at the heart (Ch.Bronte, p.192). Вақте ки инро шунидам, сардие вуҷудамро фаро гирифт, дилам аз қафаси сина лағжид (Ш. Бронте, с.158).
- Пайвандаки «before» - «пеш аз он ки»: Before the ladies leave the dinner-table, choose your seat in any quite nook you like (Ch.Bronte, p.112). Пеш аз он, ки хонумон аз паси мизҳои таомхурй бархезанд, барои худ дар меҳмонхона ягон гӯша интихоб кунед (Ш. Бронте, с.165).
- Пайвандаки «after» низ ҷумлаи пайрави замонро бо сарҷумла робитаманд месозад. Ин пайвандак ба забони тоҷикӣ «баъд аз он ки» мебошад: After they had wondered for a long time, they halted. (Ch.Bronte,p.112) - Баъд аз он ки муддати дароз саргардон шуданд, онҳодар ҷое қарор гирифтанд (Ш.Бронте, с.94).
- Пайвандаки «while» низ барои бо сарҷумла алоқаманд кардани ҷумлаи пайрави замон хизмат мекунад. Он ба забони тоҷикӣ бо пайвандаки «вақте ки» ифода карда мешавад: You must go into the drawing-room while it is empty (Ch.Bronte, p.199) - Шумо ба меҳмонхона равед, вақте ки он ҷо ҳеҷ кас нест (Ш. Бронте, с.165).
Дар ҷумлаҳои мураккаби тобеъ пайвандакҳо инчунин метавонанд муносибатҳои замониро ифода кунанд. Дар мисолҳои таҳти рақамҳои як ва чор омада пайвандакҳои «when» ва «while» ҳамзамонии амали ҷумлаи пайравро бо амали сарҷумла ифода мекунад. Дар ҷумлаҳои таҳти рақами се пайвандаки тобеъкунандаи «after» қабл аз амали сарҷумла ба вуқӯъ омадани амали ҷумлаи пайравро нишон медиҳад. Аммо дар ҷумлаи дуюм, пайвандаки «before» анҷоми амали сарҷумларо нишон медиҳад.
Муносибатҳои замонӣ низ, пеш аз ҳама, бо пайвандакҳои тобеъкунанда ифода мешаванд, аммо аксари пайвандакҳо муносибатҳои гуногуни ҳамзамонӣ ва паиҳамзамонии онҳоро нишон дода наметавонанд. Замонҳо ва намуди мутлақу давомнокии феъл он муносибатҳои замониро боз ҳам равшантар менамоянд. Ҷумлаи пайрави замон яке аз воситаи асосӣ ва равшану возеҳ ифода намудани муносибатҳои замонӣ маҳсуб меёбад. Ҷумлаи мураккаби тобеъ бо ҷумлаи пайрави замон имкониятҳои васеи ифодаи муносибатҳои ҳамзамонй ва гуногунзамониро дорад. Амалҳои сарҷумла ва ҷумлаҳои пайрав дар он вақт муносибати ҳамзамониро нишон дода метавонад, ки онҳо (ду ва зиёда аз ду амал ё ҳолат) баробар дар як замони муайян руй дода, то як мавриди муайян ба таври параллелӣ давом кунанд.
Амалу ҳолатҳое, ки дар як вақт содир гардида, ба таври параллелӣ баробар дар як замон ба итмом мерасанд, бо ҳамдигар муносибати ҳамзамонии куллӣ доранд.
When you read it you realized that you were committing an illegal action? (Voynich, p.84) – Вақте ки шумо рӯзномаро мехондед, оё мефаҳмидед, ки кори ғайриқонунй карда истодаед? (Войнич, с.92).
Амалу ҳолатҳое, ки ба таври ғайрипараллелӣ содир шуда, давом мекунанд ва ба итмом мерасанд, бо якдигар муносибати ҳамзамонии ҷузъй доранд, яъне амалу ҳолати ҷумлаи пайрав нотамом буда, амалу ҳолати сарҷумла ба итмом расидааст.
While talking to you, I have also occasionally watched Ade’le… (Ch.Bronte, p.181) - Бо шумо суҳбат карда, баъзан чашм аз Адел намекандам… (Ш.Бронте, с.136).
Муносибати гуногунзамонй бошад, дар ду навъ муносибати замонй – қаблан ё пайиҳам воқеъ шудани амал зоҳир мешавад. Дар муносибати пайиҳамзамонй амалҳо яке пайи дигаре воқеъ мешавад.
When they had left the room, Thomas approached the officer and asked the permission to speak to the prisoner (Voynich, p.53) - Вақте ки онҳо аз хона баромаданд, Томас назди комада аз ӯ хоҳиш кард, ки барои бо маҳбус гуфтугӯ кардан иҷозат диҳад (Войнич, с.53).
Дар муносибати амали қаблӣ бошад, яке аз амалҳо пеш аз амали дигар воқеъ мешавад.
I saw it in your eyes when I first beheld you… (Ch. Bronte, p.196) - Ман инро аз нигоҳҳоятон мушоҳида карда будам, вақте ки бори аввал бо шумо вохурдам… (Ш.Бронте, с.148).
Дар забонҳои англисӣ ва тоҷикӣ пайвандакҳои тобеъкунанда дар ҷумлаҳои пайрави замон чун воситаи асосии ифодаи муносибатҳои замонй хизмат мекунад. Ҷумлаҳои мураккаби тобеъ бо ҷумлаҳои пайрави ҳоли замон дар забонҳои муқоисашаванда дар ифодаи муносибатҳои замонӣ мавқеи муҳим доранд. Дар ҷумлаҳои пайрави замони ҳам забони англисӣ ва ҳам забони тоҷикӣ ҳар ду навъи муносибати замонӣ - ҳамзамонӣ ва гуногунзамонӣ ба назар мерасад.

.png&w=640&q=75)