Нерӯгоҳи барқи обии Роғун яке аз иншоотҳои муҳим ва дорои аҳамияти стратегӣ мебошад, ки дар таъмини рушди устувори иқтисодии мамлакат ва ноил гардидан ба истиқлолияти энергетикӣ нақши калидӣ мебозад. Ин нерӯгоҳ аз бузургтарин объектҳои гидроэлектрикӣ дар ҷаҳон ба ҳисоб рафта, дар оянда бо истеҳсоли нерӯи сабз аз лиҳози экологӣ бехавфтарин ва беҳтарин дар тамоми дунё хоҳад буд, ки ба манфиати мардуми Осиёи Миёна ва кишварҳои ҳамсоя равона шудааст. Бо бунёдкории оммаи халқ ва ибтикори Президенти Ҷумҳурӣ беш аз бист ҳазор нафар бо ҷои кории доимӣ дар ин иншооти бузург машғул гардидаанд. Меҳнат дар ин иншооти азим ифтихормандии ҳар як шаҳрванди кишвари азизи мо буда, ба шиори рӯз табдил ёфтааст. Бунёди калонтарин нерӯгоҳи мардумӣ, ки орзуи ҳамешагии мардуми мо буд, дар шеъри имрӯзи тоҷик бо шаҳомату даъват ба меҳнат сароида шуда истодааст.Ин ҳодисаи таърихӣ мардумро аз бунбасти иқтисодӣ раҳо намуда, барои пешрафти иқтисодиёти мамлакат нақши бузурге мегузорад. Тасвири ин ҳодисаи таърихӣ дар шеъри Неъмат Оташ ба дараҷаи аъло инъикос гардидааст. Ҳамзамон бояд ёдрас шуд, ки шоир дар ситоиши шахсиятҳои барӯманди миллат шеърҳои хубе сурудааст, ки дар гиромидошти эшон ва ҳамчунин тарбияи насли наврас дар рӯҳияи худшиносиву ватандӯстӣ бетаъсир намемонад. Шеъри “Роғун” низ як шеъри хуби иҷтимоӣ аст, ки аз муаммои замон ҳикоят мекунад:
Роғун,
Эй қасри пурҷалоли саодат,
Рӯзе туро муҳаббати беинтиҳои халқ,
Дар тангнои кӯҳ
Бо сад ҳазор муъҷиза бунёд мекунад.
Дар чор самти ту [7, с. 35].
Шоир Роғунро ҳамчун қасри саодат, яъне рамзи хушбахтӣ, шукуфоӣ ва ояндаи дурахшони миллат тасвир намудааст.Баландии мақом ва арзиши маънавии ин иншоот манбаи бахту некрӯзии мардум аст.Вай таъкид мекунад, ки нерӯи асосии бунёди Роғун муҳаббат, ирода ва иттиҳоди мардум мебошад. Яъне Роғун бо зӯру амр не, балки бо муҳаббати самимии халқ қомат меафрозад. Бо вуҷуди тангӣ, сахтии кӯҳистон ва монеаҳои табиӣ, сохтмони ин иншоот имконпазир буда,он меҳвари саодат, самари муҳаббат ва иттиҳоди мардум, муъҷизаи офаридаи инсон дар оғӯши кӯҳҳо мебошад.
Бингар, ки коргар,
Ин паҳлавони аср
То садди оҳанин биниҳад пеши пои руд,
Путки гарон ба даст,
Бо бозуи матин,
Мардонагӣ чу Коваи ҳаддод мекунад [ 7, с. 35].
Ин шеъри бисёр пурмаъноро дар васфи Роғун шоир бо тамоми нозукиҳояш рӯи қоғаз меоварад ва шуои бахти инсонҳоро дар меҳнати ҳалолу хизмат ба ватан мебинад. Вақте мардум ба истиқлолияти энергетикӣ мерасанд шароити беҳтарини иқтисодиву иҷтимоӣ барояшон муяссар мегардад. Эътиқод ва садоқати ватандории шоирро дар шеърҳои ба васфи ватан бахшидаи ин адиби хушкалом мушоҳида кардан метавон. Роғун чун як пораи ҷони Ватан мебошад, намоди зебоӣ, ободӣ ва дилороист. Роғун ҳақиқат асту ҷасорату мардонагист.
Камол Насрулло дар шеъри худ “Шуои бахти тоҷикон” умеди ягонаи халқу мардуми тоҷик будани нерӯгоҳи Роғунро ба риштаи назм кашида, ин калиди бахти тоҷиконро сабабгори беҳбудии рӯзгори мардум, бахту саодати халқ номидааст. Шоири мумтоз мулоҳизаҳояшро дар бораи ин нерӯгоҳи азими аср дар матбуоти давр ва расонаҳои хабарӣ низ фаъолона иброз медорад.
Шуои бахти тоҷикон
Роғун, эй Роғун!
Умеди миллати ман,
Дар ҷаҳони ноумедиҳо!
Эй калиди бахти тоҷикон,
Дастовози сафедиҳо!
Роғун, эй Роғун,
Билоди ман!
Эътимоди ман,
Эй ту симои садоди ман [9, с. 5]!
Имрӯзҳо бузургтарин воқеаҳои замони мо – кӯшиш дар ҷодаи истеҳкоми ваҳдати миллӣ, сохтмони Шоҳроҳи ваҳдат, иншооти нерӯгоҳҳои барқи обӣ, ислоҳоти сершумори иқтисодӣ дар адабиёт пурра инъикос ёфтаанд. Ин боиси омӯхтани шеъри замони муосир, бахусус замони истиқлол гардид, дарёфти роҳу равияҳои он, дарёфти муҳимтарин сифатҳои ҷараёни адабӣ, муайян намудани мухтасоту вижагии шеъри ширинкалом гардида метавонад яке аз масъалаҳои ҷолиби диққати илми адабиётшиносии тоҷик қарор гирад.
Эй шукӯҳи ишқи Меҳан
Дар ниҳоди ман!
Роғун, эй Роғун!
Қомати нангини тоҷикон!
Пайкари сангини тоҷикон!
Бо ту пирӯз аст, пирӯз аст
Шӯҳрату таҳсини тоҷикон [9, с. 5]!
Мусаллам аст, ки инсон бидуни зиндагии иҷтимоӣ наметавонад ниёзҳои моддӣ ва маънавии худро бартараф кунад ва бидуни он аз тайи ҳатто ибтидои дараҷоти камол ва тараққии худ оҷиз мемонад. Ин аст, ки масоили иҷтимоии рӯзгор наметавонад ба шеър ворид нашавад. Бале ҷанбаи иҷтимоъ аст, ки мӯҳтаво ва маъно ва ҳатто тасвири шеърро ба таҳрик меорад.
Ба унвонии ин шеър, ки “Созем Роғунро зи меҳр” ном гирифтааст аҳамият диҳем, дарк менамоем,ки ин корзори нангу номуси миллату давлати мо ҳеҷ нафареро бетараф нагузоштаасту башорати хубиву сулҳу ваҳдат гардидааст. Ҳақназар Ғоиб дар шеъри мазкур аз бозуву тавонои халқи бузурги мо,ҷоннисоркуниҳои мардони ватан, номусу нанги мардони майдон ва корзори фарзонамардон қисса менамояд. Бо меҳру муҳаббати махсусу дили пур аз шӯру шавқ ба майдони кор ҳозир шудани мардуми заҳматписанди мо бо як назокати махсус тасвир гардидааст. Ба мисраъҳои поёнӣ таваҷҷӯҳ намоед:
Фарҳодҳои асри нав,
Фарзонамардони диёр,
Дар Роғуни овозадор
Номусу нанг ояд ба кор
Бозуятон дар маҳкамӣ,
Чун бозуи Исфандиёр ,
Дар Роғуни тақдирсоз
Номусу нанг ояд ба кор [4, 7-9].
Дар ин байтҳо шоир сохтмончиён ва бунёдкорони Роғунро «Фарҳодҳои асри нав» меномад. Ин ташбеҳ ба қаҳрамони афсонавӣ Фарҳод ишора мекунад, ки рамзи меҳнати сангин, муҳаббат, сабр ва фидокорӣ аст. Яъне бунёдгарони имрӯз низ мисли Фарҳод бо ҷонфидоӣ меҳнат мекунанд. Мардони хирадманд, ватандӯст ва бошарафи кишварро дар назар дорад, ки сохтмони Роғунро рисолати миллӣ медонанд. Шоир қувваи коргаронро бо Исфандиёр – қаҳрамони «Шоҳнома», ки бадани шикастнопазир дошт, муқоиса мекунад. Ин ташбеҳ рамзи устуворӣ, қувват ва мағлубнашавӣ аст.
Эй ҳамватан,эй ҳамдиёр,
Эй машъалони корзор.
Созем нуристон Ватан,
Бо меҳри дил, бо нангу ор
Бахшад нури ақлатон ,
Роғун бигардад нурбор
Фарҳодҳои асри нав!
Номусу нанг ояд ба кор [4,7-9] .
Шоири ширинкалом Ҳақназар Ғоиб чандин шеърҳои пурмаънои худро доир ба сохмони бузурги аср, иншооти аҳамияти стратегӣ дошта НБО- и Роғун иншо кардааст. Шеърҳои ӯ “Роғун”, ” Нишоти миллат,”Кохи Роғун “ ва аз ҷумла шеъри болоӣ низ маҳсули эҷоди ин шоир мебошад. Зинда намудани исмҳои хоси таърихӣ ба монанди Фарҳоди кӯҳкану Исфандиёр ва ёдовар гардидан аз қаҳрамониҳои эшон падидаи неке мебошад, ки барои таҳкими пояҳои давлатдориву бузургдошти фарҳанги миллӣ мусоидат менамоянд. Эй ҳамватан, эй ҳамдиёр мегӯяд шоир,эй машъалони корзор бояд ҳама ба меҳнату кор пардозем ватанамонро боғистону гулистон мубаддал гардонем.
Шоир Нурмуҳаммад Ниёзӣ низ дар шеъри худ “Баҳори нозанин дил бохт Роғунро”дар бораи фасли зебои сол ,арӯси сол фасли баҳори нозанин ва ба ҳайрат омадани ӯ аз ҳусну таровати Роғуну нашинохтанаш ҳарф мезанад.
Баҳор омад, вале нашнохт Роғунро,
Ба ҳайрат шуд, ки аз нав сохт Роғунро?
Худо то ин ки бинмояд чи қудрат дошт.
Ба лутф оё назар андохт Роғунро?
Ҷаҳон ошиқ ба гулҳои баҳорон аст,
Баҳори нозанин дил бохт Роғунро [10, с. 7].
Баҳор фасли зебою арӯси сол ва бедории табиат мебошад,ки рамзи сарсабзию тозагӣ ва гулафшонӣ аст. Дар ин мисраҳои шеърӣ НБО Роғун ҳамчун рамзи қудрату бунёдкорӣ ва ифтихори миллӣ тасвир шудааст. Шоир мефаҳмонад, ки ҳатто баҳор, ки худ рамзи зебоӣ, эҳё ва навшавии табиат аст, Роғунро намешиносад, зеро он чунон дигаргун ва тозаву бузург бунёд шудааст, ки ҳайратовару шигифтангез аст. Шоир қудрати инсонро бо иродаи илоҳӣ пайванд медиҳад, яъне бунёди ин иншооти бузург на танҳо натиҷаи меҳнати инсон, балки бо лутфи Худо имконпазир гардидааст. Ин иншоот мӯъҷизаи аср, нишонаи эҷодкории инсон,ифтихори миллӣ ва рамзи беҳбудии халқи меҳнаткаш мебошад.
Зи дастони ҳузарби Рустаму Фарҳод
Чи тасвирест, сар афрохт Роғунро
Дурӯғе нест,завқи тоҷикистонӣ
Чу ёри деҳнишин пардохт Роғунро.
Тасанно мерасад аз Нур ба халқе,
Макони пур зи партав сохт Роғунро [10, с. 7].
Зебоии эҳсосу андеша, диду тахайюли шоирона боиси ба зеҳни хонанда амиқтар ворид гардидани мафҳуму мӯҳтаво ва мақсади шоир мегардад. Хонанда тавассути тахайюл ва тасвирҳои шоир дар оғоз, авҷ, анҷом ва хулосаву натиҷаи мӯҳтавои ашъор ҳузур пайдо мекунад. Ин аст, ки ҷанбаи ҳунарӣ дар шеър аз аносири муҳиму созанда ба ҳисоб меравад.
Шоир Гулназар Келдӣ, муаллифи суруди миллӣ дар шеъраш “Таронаи Роғун” оиди ин иншооти бузурги аср мисраҳои шеърияшро чунин ба риштаи назм кашидааст:
Шарори орзуҳои маро гир,
Барори ҷустуҷӯҳои маро гир,
Умеди бостонии маро гир,
Талоши навҷавонии маро гир,
Аё Роғун, мунаввар бош,
Шабохун зан, музаффар бош [6, с. 4]!
Шоир бо нидои самимӣ ва эҳсосотӣ ба Роғун муроҷиат мекунад. Ин иншооти бузург ҳамчун умед, ормон ва такягоҳи рӯҳии миллат муаррифӣ мешавад. Вай мехоҳад тамоми орзу, талош, ҷустуҷӯ ва нияти неки худро бо ин орзуҳои бунёди нерӯгоҳ тавъам намояд. Ин мисраҳо ҳамчун ҷамъбасти орзуву умедҳои гузашта ва нерӯи насли имрӯз, рамзи пирӯзӣ, рушд ва ояндаи дурахшони миллат тасвир мекунад:
Зи оташхонаи Зардушт бархез,
Ба рӯҳи поки Деваштич омез,
Таҷассум кун фари Сомониёнро,
Такаллум кун каломи ҷовидонро,
Аё Роғун, мунаввар бош,
Шабохун зан, музаффар бош [6, с. 4]!
Истифода бурдани исмҳои хоси таърихӣ ба монанди Зардушту Деваштич дар ин мисраъҳо далели бузургдошти маданиву фарҳангии халқу мардуми мо мебошад. Тамоми шӯру шар ва орзуҳои маро бигиру худат шабохун зан ва ҳамеша зафар намо мегӯяд шоир гӯё ба нерӯгоҳи Роғун муроҷиат намуда. Мунаввар гардидани Тоҷикистон ва ба истиқлолияти энергетикӣ ноил гардидани халқи заҳматписанди мо пешравии асосии ҷомеа ба ҳисоб рафта, на танҳо ба худи мардум ,балки ба ҷумҳуриҳои бурунмарзӣ ва дӯсту ҳамсоя низ манфиатбахш аст.
Баланду пасти дунёро назар кун,
Хаму бунбасти оламро гузар кун,
Ба рағми тангчашмии ҷаҳолат,
Ба қасди зулмату кину ҳасодат,
Аё Роғун, мунаввар бош,
Шабохун зан, музаффар бош [6, с. 4]!
Шоир бунёди иншооти асрро ҳамчун мавҷуди зинда ва рамзи қудрат инъикос менамояд. Хаму бунбаст, роҳҳои баставу мушкилоти иҷтимоӣ, рамзи фарозу нишеб, комёбиҳою нокомиҳо мебошад. Ҷаҳолату торикӣ, ҳасад, кина ва зулмат – ҳамаи нерӯҳои манфие, ки ба тараққиёт монеъ мешаванд, баръакси равшаниву сурур. Ин мисраҳо ҳамчун рамзи мубориза бо монеаҳо, ғалаба бар ҷаҳолат ва зулмат, ва умеди пирӯзии миллат мебошанд. Он рӯҳияи устуворӣ, ҷасорат ва эътимод ба ояндаро талқин мекунад.
Ту нури чеҳраи озодии ман,
Ту пайки равшани ободии ман,
Туро созам зи меҳри бекарона,
Ки мони рӯзи фардоям нишона,
Аё Роғун, мунаввар бош,
Шабохун зан, музаффар бош [6, с. 5]!
Таҳқиқу баррасии ҷанбаҳои ҳунарии шеър ковишҳои амиқу дақиқро тақозо дорад, зеро дар даҳсолаи охири қарни гузашта асоси рушду такомули шеър ба нерӯманд шудани ҷанбаъҳои ҳунарии шеър тавъам мебошанд. Бешак, дар шеър тасвир, мeҳтаво ва шакл якxоя ҳаракат мекунанд ва ҳаргиз яке пештар аз дигаре буда наметавонад. Мусаллам аст, ки тасвир дар шеър бояд расову пурра бошад, яъне мeҳтаво, ҳис ва андешаро ба ҳам созиш диҳад. Бозёфтҳои шоирона, хаёли шоир асоси бадеият ва заминаи шеърро ташкил медиҳад. Xозибаи шеър пеш аз ҳама ба тозагии тасвир вобаста буда, чигунагии xанбаъҳои ҳунарии шеър пеш аз ҳама ба иқтидори ҳунарии ҳар шоир алоқаманд аст. Маҳорати тасвиргарии шоирон бошад, муайянгари дараxаи ҳунари онҳост. Сароғози саодату бахту хурсандии мардум ин меҳнати ҳалол аст, бахту иқбол танҳо ба воситаи заҳмати ҳаррӯза ба даст меояд. Ба воситаи ҳидоятҳои неку муродбахши Пешвои миллат мо метавонем ҳамеша ба хушбахтиҳову накӯиқболиҳо расида бошем. Қуллаи баланди фатҳу кушоиши мардум низ аз сохтмони ин нерӯгоҳ ва ҷонбозиҳои халқу мардуми мо дар бунёди Роғун мебошад. Шоирон талош меварзанд, ки муҳити иҷтимоӣ, маишӣ ва ахлоқии ташаккули характер ва фикру ақидаи миллӣ, яъне тоҷикиро ҳарчи мушаххастар ва комилтар нишон бидиҳанд. Ҷои рӯйдоди воқеа, манзилу макони қаҳрамон, феълу атвор, ҳаракату амал, сару либос, ахлоқу одоб, муомилаю муносибат, забон ва тарзи баёни ӯ, рангу бӯ ва ҳусну тароват ҳамаи ҳастии қаҳрамони шеъри миллӣ таҷассуми миллият аст.
Шеърҳои давраи истиқлоли миллӣ зуҳуроти дурахшони такомули маҳорати нигорандагии адибони соҳибистеъдод ба шумор меоянд. Онҳо чун ҳамқадами ҳаёти нав ва ҳамнафаси бунёдкорони Тоҷикистони соҳибистиқлол ва ҳуқуқбунёд, ки ба воқеият нигоҳи ҷадид доранд, дар тасвири равандҳои муҳими ҳаёти ҷомеа ва қаҳрамони асарҳо аз меъёрҳои сирф идеологӣ ва иҷтимоию синфӣ ва табақавӣ сарфи назар карданд, дар тасвиру таҳқиқи ҳаёти миллӣ аз мавқеи умумибашарӣ наздик шуданд.
Сафарбар намудани имкониятҳои маънавию зеҳнӣ, истифодаи оқилонаи нерӯҳои илмӣ барои ҷустуҷӯи роҳҳои ҳалли масъалаҳои муосири иқтисодиву иҷтимоӣ ва таъмини рушди устувори ҷомеа ҷавҳари сиёсати имрӯзаи давлату ҳукуматро дар соҳаи илму фарҳанг ва маориф ташкил медиҳад. Чунин муносибат ва таваҷҷуҳи давлат ба илму фарҳанг ва адабу маърифат бесабаб нест, зеро миллати тоҷикро дар ҷаҳон бештару хубтар бо адабиёти оламгири он мешиносанд ва арҷ мегузоранд.
Аз баррасии шеърҳои дар васфи сохтмони иншооти муҳими аср бахшидаи шоирони тоҷик бармеояд, ки гуногунрангии мавзӯву мундариҷа, фарогирии доираи васеи муаммоҳои рӯзгор, таҷассуми мукаммали масоили доғи рӯз ва рухдодҳои муҳими замони муосир боиси он гардидаанд, ки ин мавзӯъ ҳамчун нерӯи азими маънавӣ қодир ба таъсири равшане дар таҳаввули ахлоқиву маънавӣ ва иқтисодиву иҷтимоии мардум гардидааст. Шоирони замони истиқлол бунёдкорони иншоотҳои муҳими асрро ҳамчун қаҳрамонони замони нав, соҳибони номус, нанг, қувва ва ирода, ва масъулони тақдири миллат васф мекунанд.
.png&w=384&q=75)
.png&w=640&q=75)