Дар давраи кунунӣ равобити адабӣ дар байни Тоҷикистон ва мамолики дигар суст шуда бошад ҳам, бисёр нависандагони ғаюри тоҷик мустақилона таҷрибаи эҷодии пешқадамтарин нависандагони ҷаҳонро, ки осорашон ба забонҳои русӣ ва форсӣ тарҷума шуда бошанд, меомўзанд. Дар давраи ҳозира омўзиши таҷрибаи адабӣ танҳо бо дастовардҳои адабиёти рус маҳдуд набуда, нависандагони тоҷик вобаста ба имконияти худ чашм ба адабиёти ҷаҳон во кардаанд. Саттор Турсун дар мусоҳиба бо рўзноманигор Ҳокими Азиз ба саволи «Навиштанро бештар аз кӣ омўхтед?» чунин ҷавоб медиҳад:
«-Аз пири тавоно Сотим Улуғзода, аз устод Фазлиддин Муҳаммадиев … Баътар, пас аз интишор додани як-ду маҷмўа, то имкон буд, ба адабиёти ҷаҳон ошно шуда, баръало дидам, ки аз даҳҳо, садҳо устодони сухан омўхтан мумкин аст. Адиб на фақат менависад, балки аз ҳар чизи хондааш сабақ низ мебардорад. Пас ман ҳам алоқадри ҳол аз эҷоди адибони бақуввати дунё омўхтаам» [6, с. 492].
Саттор Турсун дар посух ба саволи мусоҳиби худ аввал аз ҳама Сотим Улуғзода ва Фазлиддин Муҳаммадиевро номбар мекунад. Аз ин ҷо бармеояд, ки адабиёти миллӣ нахустин мактаби омўзиши адабӣ ба шумор меояд. Ҳамин ки нависанда каму беш таҷрибаи эҷодкорӣ пайдо мекунад, ба омўзиши сабақҳои адабии дигар нависандагони олам мепардозад. Пас метавон натуга гирифт, ки на танҳо таҷрибаи як-ду адабиёти миллӣ, балки омўзиши таҷрибаи адабиёти ҷаҳон яке аз муҳимтарин омилҳои тараққиёти адабиёти тоҷик, аз он ҷумла, сабаби рушду камоли эҷодии ҳар як нависандаи соҳибзавқ маҳсуб мешавад.
Cаттор Турсун бузургтарин нависандагонро, ки омўзиши осори онҳо боиси рушду камоли эҷодии ў гардидаанд, ҳатто барҷастатарин асарашонро ёдовар мешавад. Дар байни онҳо нависандаи машҳури арманӣ Грант Матевосян, суханвари тавонои қирғиз Чингиз Айтматов, нависандагони бузурги Амрико ва Амрикои лотинӣ Эрнест Хемингуэй ва Уилям Фолкнер ҳастанд. Нависандаи тоҷик дар бораи аҳамияти омўзиши таҷрибаи адабиёти ҷаҳон ва бузургтарин устодони сухан аз ин муқаддамтар низ изҳори андеша карда буд [8, с. 158-185].
Аммо дар сўҳбат бо Ҳокими Азиз мушаххастар сухан меронад. Ў дар бораи оҳанги «умумиинсонӣ» касб кардани самараҳои омўзиши адабӣ ҳарф мезанад. «Камина ҳам дар ҷараёни мутолиа аз ҳар муаллиф ҳар чӣ омўхтаам, -иқрор мекунад ў -Масалан, дар таълифи «Зиндагӣ дар домани талҳои сурх» ба ман қиссаи адиби арман Грант Матевосян «Говмеш», алалхусус баъде ки онро ба тоҷикӣ гардондам, таъсири аҷиб дошт. Асосан дар шинохти зарбу оҳанги иншо» [8, с. 492].
Эрнест Хемингуэй нависандаи маҳбуби Саттор Турсун будааст. Эҷодиёти ў ба вусъатёбии ҷаҳонбинӣ ва такомули сабки нигориши С. Турсун бетаъсир намондааст. «Солҳои охир аз ин суханвари бузург ҳунари иншоро бештар меомўзам», -мегўяд ў ва таъкид мекунад, ки беҳтарин роҳи омўзиши таҷрибаи нависандагони муқтадир пайваста мутолиа кардан ва ба забони тоҷикӣ гардонидани навиштаҳои онҳост. «Бо эҷодиёташ (эҷодиёти Хемингуэй-У. Ш) қариб пурра шиносам. Аммо вай ба монанди «Алвидоъ, силоҳ!», «Мўйсафед ва баҳр» асарҳое дорад, ки ҳар вақт мутолиа мекунам. Ҳикояҳояш ҳам бақувватанд. Масалан, як қиссаи ў ба номи «Барфҳои Килиманҷаро»…Ман ин мўъҷизаро беш аз даҳ бор, балки зиёдтар ҳам хондаам. Ҳатто мешавад, ки аз кадом ҷояш рост ояд, ба мутолиаи як-ду саҳифаи он банд мегардам. Ва ба зарбу оҳанги асар, ба масъалагузории адиб, ба маънии таҳтонии сатрҳои ў соз гирифта, чӣ душворгузар аст роҳи эҷодиёт, гўё боз як маротиба эҳсос мекунам. Ба вежа, ки дар «Барфҳои Килиманҷаро» рўзгори пур аз тазоди нобиғае асарофарин, нависандае забардаст дар дами маргаш ба таҳқиқу тасвир омадааст» [8, с. 499-450].
Саттор Турсун дар бораи аҳамияти сермутолиагӣ ва тарҷума кардани осори нависандагони варзида ба забони тоҷикӣ дар роҳи сабзишу камолоти аҳли адаб андешаҳои муфид иброз доштааст.
Ин омилҳои хеле муҳим ба равнақи эҷодиёти Ўрун Кўҳзод низ нақши бориз гузоштааст. Вай асарҳои Азиз Несин ва Гарсиа Маркес, Серо Хонзодян ва Владимир Санги, Кришан Чандр ва Денос Домонович, Леонид Ленч ва дигарҳоро, ки ба завқу табъаш мувофиқ омадаанд, ба забони тоҷикӣ тарҷума карда, таҷрибаи фаровони адабӣ андўхт. Албатта, муайян намудани ин, ки кадом асари нависандагони мазкур ва бисёр нависандагони дигар, ки Ўрун Кўҳзод онҳоро мутолиа кардааст, ба кадом қисса, роман ё ҳикояи ў таъсир расонидааст, кори душвор аст ва ин масъала тадқиқоти махсусро тақозо менамояд. Лекин як масъала бебаҳс аст. Ин ҳам бошад, аҳмияти мутолиа ва тарҷумаи бадеӣ дар такмили маҳорати нигорандагии Ўрун Кўҳзод аст. Зеро барои нависанда, ба хусус, тарҷума раванди эҷодӣ маҳсуб мешавад, вай ҷаҳонбинии мутарҷимро васеъ, донишашро амиқ ва бинишу назарашро ба воқеаҳои ҳаёти ҷомеа, ба таърих ва замони ҳозира равшан месозад. Ба тарҷумон ҳам усул, ҳам сабк, ҳам забони нависандаи бузург таъсир мегузорад. Мутарҷим кўшиш ба харҷ медиҳад, ки дар ҷараёни тарҷума на танҳо мазмуну мўҳтаво, ғоя ва дарунмояи асари тарҷумашавандаро риоя намояд, балки ба ҷумлапардозӣ, манзаранигорӣ, таъбироту вожаҳо ва ҳар ҳарфи соҳиби асар диққат ва эътибори ҷиддӣ бидиҳад.
Дар раванди кори эҷодии тарҷумонӣ бардоштҳои Ўрун Кўҳзод аз мутолиаи асарҳои нависандагони ҷаҳон ба ташаккули услуби эҷодии ў асари худро гузошта, майлу рағбати ўро ба тадқиқи реалистии воқеият қавитар гардонид. Дар як мусоҳибаи адабӣ рўзноманигор ва нависанда Фотеҳи Абдуллоҳ ба Ўрун Кўҳзод чунин савол дода буд:
«-Шумо аз нависандагони мактаби риёлистӣ (воқеъгароӣ) ҳастед, ки бузургоне мисли Оноре де Балзак, Марк Твен, Лев Толстой, Чарлз Диккенс, Фёдор Достоевский ва Михаил Шолоховро ба адабиёти ҷаҳонӣ тақдим кардааст. Аз дидгоҳатон ин мактаб магар бартариҳое аз мактабҳои румонтикӣ, рамзгароӣ ё риёлизми ҷодуӣ дорад?»
Ўрун Кўҳзод чунин посух додааст:
«-Таърихи адабиёт собит кардааст, ки вуқўъгўӣ афзали ҳамаи равияҳои иншост. Мурод аз навиштан бо хонанда сўҳбат кардан аст. Пас тавре бояд сўҳбат кард, ки хонанда ба маънои суханатон сарфаҳм биравад. «Ба лафз хубу ба маънӣ осон» бошад. Вуқўънависӣ масъулияти зиёдтаре дорад, масалан, аз рамзгароӣ. Ин ҷо воқиаҳо ҳудуд доранд ва чизи зиёдатӣ намеғунҷад. «Роҳи рост якто, роҳи каҷ садто». Ҳам воқеиятро риоя кардан ва ҳам ҷаззоб навиштан аз мушкилтарин усули эҷодист.
Румонтикҳо ва рамзгароён як дараҷа аз масъулияти дақиқгўӣ озоданд, майдони бофти хаёл барои онҳо васеъ ва ҳатто беҳудуд аст, ба мисли афсона, ки ҳар хаёлу иғроқ меғунҷад. Ин ҳам ҳунар аст, вале ҳунарест, ки ба рўзгори инсон таъсири воқеӣ надорад, ҳарчанд ки хонданаш гоҳо завқовар аст..» [5, с. 134-135].
Дар тамоми давру замонҳо нависандагони реалисти рус, Аврупо ва Амрико дар маркази осори худ бузургтарин масъалаҳои иҷтимоӣ ва ахлоқиро мегузоштанд ва тақдири инсонро дар робита ба онҳо ҳаллу фасл мекарданд. Ҳамин риштаро дар эҷодиёти Кўҳзод, аз он ҷумла дар ҳикояҳои ў, метавон дид.
Ҳар як нависандаи тоҷик, ба хусус дар ибтидои фаъолияти эҷодии худ, мухлис ва пайрави ягон нависандаи забардасте будааст, аз таҷрибаи эҷодии ў сабақҳо гирифта, бо мурури камолоти эҷодиаш ба ҳаёт, ки сарчашмаи асосӣ ва хушкнашавандаи адабиёти бадеӣ мебошад, бештар рў овардааст. Бароти Абдураҳмон иқрор мекунад: «Аслан ҳунари нависандагиро аз мактаби эҷодии Ҷек Лондон ва чандин нависандаи оламшумули ибтидои қарни бист омўхтаам, гўям, хато намешавад. Ҳатто маслиҳату раҳнамоиҳои ин нависандаи ростқавлу ҳақиқатнигорро дар дафтаре гирд оварда, дар оғози ҷустуҷўйҳои эҷодиам аз роҳу равиши нависандагии ў илҳом мегирифтам. Алалхусус нозукиҳои тасвири зинда ва эҳсоси нафаси гарми ҳаётро ман аз мактаби эҷодии Ҷек Лондон омўхтам, ки таъсираш воқеан дар ҳикояҳои аввалинам «Барфи аввалин», «Охирин шарики умр» ва қиссаи «Кимиёкаҳ» дида мешавад. Дертар тасвири зинда ва диди воқеии нависандагӣ дар асарҳои минбаъдаам ҷанбаи ҳаётӣ ёфт ва ба маҷрои табиии эҷодӣ гаравид» [1].
Дар ҳикояҳои нависандагони тоҷик се вижагии рўшан ба назар мерасанд, ки ҳам аз таҷрибаи адабиёти тоҷик дар давраи шўравӣ, ҳам аз таҷрибаи адабиёти ҷаҳон баҳраманд мебошанд. Аввалан, сужети яклухт; сониян, тасвири инсон ва фаъолияти ў; ниҳоят, таҳлили рўҳию равонӣ, ба ибораи дигар бигўем, тасвири психологии қаҳрамони ҳикоя аст. Ин вижагиҳо дар ҳикояҳои С. Турсун, А. Самад, Ҷ. Акобир, Ў. Кўҳзод, М. Ёрмирзоева ва дигарон мушоҳида мешаванд.
Ҷанбаи ғиноӣ дар ҳикояҳои имрўзаи тоҷикӣ ду сарчашмаи адабӣ дорад. Яке адабиёти классикӣ ва насри ривоятии форс-тоҷик, дигаре адабиёти халқҳои ҷаҳон. Бисёр ҳикоятҳои анъанавӣ, ки ҳамчун саргузашт ё ёддошт нақл шудаанд, услуби ғиноӣ касб кардаанд. Дар адабиёти ҷаҳон низ ин услуб маъмул аст. Дар адабиёти рус услуби ғиноӣ дар «Қиссаҳои Белкин»-и А. С. Пушкин, ҳикояҳо ва қиссаҳои тарҷумаиҳолии Л. Толстой ва М. Горкий, Сергей Баруздин, дар адабиёти украин- «Циклон»-и Олесь Гончар, «Гуси- лебеди летят»-и Михаил Стельмах ва дигарҳо ба мушоҳида мерасанд. Устод Айнӣ қиссаи «Мактаби кўҳна» ва «Ёддоштҳо"-и худро бо сабки лирикӣ эҷод кардааст.
Шаклҳои субъективии қиссапардозӣ дар адабиёти шўравӣ солҳои 50-60-уми қарни ХХ рў ба нуфуз овард. Аввал бо таъсири адабиёти мамлакатҳои Аврупо дар адабиётҳои кишварҳои соҳили Балтик-Латвия, Литва, Эстония роҳ ёфт, сипас дар адабиёти украин, белорус, рус. Оҳиста–оҳиста услуби лирикӣ дар адабиётҳои Кафқоз, Осиёи Марказӣ ва Қазоқистон паҳн шуд. Нависандагони тоҷик Ҷ. Икромӣ ҳикояи «Интизорӣ», зиндагиномаи ў «Мактаби ман, устоди ман, худи ман», С. Улуғзода ва П. Толис қиссаҳои «Субҳи ҷавонии мо» ва «Тобистон», Р.Ҷалил «Маъвои дил», Ф. Муҳаммадиев ҳикоя ва қиссаҳои «Мактуби дўст», «Савдои умр», «Ҷага», «Одамони кўҳна», «Писари газета», «Дар он дунё»-ро бо сабки ғиноӣ эҷод кардаанд, ки вай ба дарки воқеияти таърихӣ ва ифшои розу ниёзи дили инсон халал намедиҳад, балки кўмак мерасонад, боиси ба саҳафоти таърих ва ниҳонхонаи қалби қаҳрамон амиқтар сар фурў бурдани таҳкиягар мешавад.
Шаклҳои рамзию самбулии тасвир дар ҳикояҳои нависандагони мо ҳам натиҷаи омўзиш аз адабиёти миллӣ, ҳам бо шарофати аз худ кардани таҷрибаи адабиёти халқҳои дигар аст, ки тавассути мутолиаи тарҷумаи русии он асарҳо ба эҷодиёти адибони тоҷик роҳ ёфтааст. Ф. Муҳаммадиев иқрор карда буд: «Асар, ки ба кас маъқул шуд, нависанда бошад, хоҳу нохоҳ ба эҷодиёташ таъсир мекунад, ба офаридаҳояш нақш мегузорад» [6, с. 412].
Ф. Муҳаммадиев қиссаи «Ҷамила» ва романи «Дуроҳаи бўронӣ»-и яке аз бузургони тамаддуни ҷаҳонӣ Чингиз Айтматовро ба забони тоҷикӣ гардонида буд. Ў мехост, ки дигар асарҳои ўро низ тарҷума кунад, вале ҳаводорони осори Ч. Айтматов бисёр буданд, аз он ҷумла Сорбон, ки қиссаи «Киштии сафед»-ро тарҷума кард. Ф . Муҳаммадиев рўҳан ба чанд нафар нависандагони бузурги ҷаҳон наздик буд.Диққати нависандаи тоҷикро ба онҳо қабл аз ҳама образҳои барҷаста ва муқтадири инсонӣ, ки онҳо офаридаанд, ба худ ҷалб менамуданд.Худаш гуфтааст: «Нависандаҳое, ки образи пурқуввати қаҳрамонони мусбатро офаридаанд, ба камина наздиканд. Ба ин маънӣ на танҳо ба устодони бузурги адабиёти рус, балки ба эҷодиёти адибони пешқадаму намоёни ҷаҳонӣ ихлос дорам. Чунончи, қаҳрамонони бағоят бақуввати Э. Хемигуэйро аз асарҳои «Пирамард ва баҳр», «Дар он сўи наҳр, дар сояи дарахтон»-ро дўст медорам. Ва романҳои Эрих Мария Демарк «Тоқи зафар» ва «Се рафиқ»-ро. Демарк дар «Се рафиқ» рафоқати ҳақиқии инсониро чунон хуб тасвир кардааст, ки ба назари ман дар адабиёти ҷаҳонӣ камназир аст» [6, с. 412].
Дар воқеъ қаҳрамонони мусбати асарҳои Ф. Муҳаммадиев аз духтари боғуруру ҷасур Зўҳро («Савдои умр», 1958) гирифта, то Носир Аббос, Ивон-амак, Хиромон ва Иброҳимҷон («Палатаи кунҷакӣ») ва дигарҳо одамони соҳибирода, қавию диловар ва шикастнопазир мебошанд. Ҳамин гуна хўву хислат ба қаҳрамонони роману қисса ва ҳикояҳои Ч. Айтматов низ хосанд.
Дар таъсирпазирӣ як вижагии махсус мушоҳида мешавад, ки ба масъалаи пайванди маънавии наслҳои гуногуни нависандагон вобаста аст. Чунончи, Чингиз Айтматов ва Фазлиддин Муҳаммадиев бисёр сирру асрори маҳорати эҷодкориро аз нависандагони бузурги ҷаҳон омўхта бошанд, насли навбатӣ аз онҳо омўхтаанд, яъне адибони нисбатан ҷавон, ки баъд аз Айтматов ва Муҳаммадиев ба майдони адабиёт қадам ниҳода будаанд, таҷрибаи эҷодии сухансароёни забардасти оламро ҳам бевосита, ҳам тавассути эҷодиёти онҳо аз бар намудаанд. Ин аст, ки ҳам Саттор Турсун, ҳам Сорбон, ҳам Кўҳзод ва дигар нависандагони тоҷик аз Ч. Айтматов ва Ф. Муҳаммадиев сабақҳои адабӣ омўхтани худро таъкид кардаанд .
Нависандаи австриягӣ Франс Кафка (1883–1924) ҳикояе дорад ба унвони «Масҳ» (ба русӣ-«Превращение»). Қаҳрамони он инсони боақлу боидрокест, ки дар натиҷаи зўроварии муносибатҳои капиталистӣ бо мақсади намурдан худро ба нонхўрак -таракан табдил медиҳад.
Содиқ Ҳидоят, нависандаи забардасти эронӣ, ба ҳамин вижагии сабки ў ишора карда навиштааст: «Кафка яке аз забардасттарин нависандагон аст, ки шеваи имо ва ишораро думбол мекунад ва дар воқеъбинӣ ба андозае пайравӣ карда, ки пешомадҳои маъмулии зиндагӣ иғроқомез, ҷилва менамояд…Шурўи романҳояш чунон мубтакирона аст, ки бидуни саҳнасозӣ ва пурҷонагӣ (пургўӣ) бо як ҷумла хонанда дар қалби мавзўъ ворид мешавад.
Дар достони «Масҳ» мисли ин аст, ки қаҳрамони аслӣ ногаҳон аз ҳолати нимахобу нимкарахтӣ ба худ меояд: «Як рўз субҳ, ҳамин ки Г. Гварсамса аз хоби ошуфтае парид, дид, ки дар рахти хобаш ба ҳашараи тарсноке мубаддал шудааст» [10, с. 133].
Қаҳрамони афсонаи Ю. Юсуфӣ духтараки боақл аз тарси вайронкорию зўроварии ашхоси силоҳдор ва ҷангпараст аз Худо илтимос мекунад, ки ўро ба парандаи Ғамхўрак табдил диҳад. Хоҳиши духтарак иҷро мешавад. Қаҳрамони ҳикояи дигари Ю.Юсуфӣ «Қавми саргардон», ки рўҳи бобои хирадмандашро сахт озор дод, дар шохи дарахт ба скилет табдил ёфт.
Нависандаи немис Рудолф Эрих Распе (1737–1794), муаллифи китоби машҳури «Саргузаштҳои барон Мунхҳавзен» ба эҷодиёти нависандагони тоҷик Мирзо Файзалӣ ва Бурҳон Ғанӣ таъсири мусбат расондааст. Распе адиби ҳангомаписанд мебошад. Саргузашти қаҳрамони ҳикояҳои ў Мунхҳавзен ҷавонмарди сайёҳест, ки дар ҳаққи ў суханони Шайх Саъдӣ рост меояд: «Ҷаҳондида бисёр гўяд дурўғ». Ў бо воҳима аз пашша фил сохта қиссагўӣ мекунад ва бо ҳикоятҳои ҳайратангези дурўғини худ хонанда ва шунавандаро ба ваҷд меорад. Ҳикоятҳои ў ягон заминаи воқеӣ надошта бошанд ҳам, хеле шавқовар ва дилкушоянд.
Нависандагони тоҷик Бурҳон Ғанӣ ва Мирзо Файзалӣ низ солҳои ҳамкориашон дар маҷаллаи ҳаҷвии «Хорпуштак» таҷрибаи эҷодии Р. Расперо дар фаъолияти эҷодии худ истифода кардаанд. Ҳикояҳои онҳо низ моҳияти ҳангомаписандӣ доранд ва аз воқеияти реалӣ фарсахҳо дур ҳастанд, лекин худи гўяндаи онҳо шахси воқеист. Чунон ки барон Мунхҳавзен дар зиндагӣ вуҷуд дошт ва дар армияи Руссияи подшоҳӣ хизмат карда будааст, қаҳрамони ҳикояҳои Мирзо Фазалӣ ва Бурҳон Ғанӣ амаки Абдурасул низ шахси воқеӣ будааст.
Мирзо Файзалӣ, ки баъд аз вафоти дўсти ҳамқалами худ дар ҳамин равия ҳикояҳои зиёд аз дасти таълиф баровардааст, дар пешгуфтори навиштаҳояш «Ба Шумо дурўғу ба Худо рост (Қиссаҳои аҷоиби амаки Абдурасул)» чунин тазаккур медиҳад: «Устод Бурҳон Ғанӣ ва камина солҳои зиёд дар маҷаллаи як замонҳо хеле машҳури ҳаҷвии «Хорпуштак» ҳамроҳ кор кардем. Дар нишасту сўҳбатҳо гоҳ-гоҳ аз гуфтаҳои ҳамдеҳаам амаки Абдурасул нақле ё саргузаштеро ба миён мепартофтам ва он боиси хандаву хушҳолии сомеон мегардид. Албатта дар рафти нақл ба гуфтаҳои амаки Абдурасул илова мекардам, то хандаовару аҷоибтар бароянд» [9, с. 130].
«Як чиз-ним чизе», ки Мирзо Файзалӣ ба ҳикояҳои амаки Абдурасул илова мекард, аз як тараф маҳсули тахайюли ғанӣ ва рангини ў бошанд, аз ҷониби дигар, бешубҳа, натиҷаи илҳом аз қиссаҳои барон Мунхҳавзен ба шумор меояд. Дар зиндагӣ Мунхҳавзен ва амаки Абдурасул барин одамон будаанд, ки як саргузаштро ба ҳазор расонда, бо обуранги дилкаш қиссаҳо мегуфтанд. Дар Хуҷанд ин гуна ашхоси воҳимагарро «Ҳаштод» гўянд. Баҳманёр чеҳраи яке аз ҳамин гуна «бофандаҳо»-ро дар ҳикояи «Чилдурўғ дар танўр» тасвир кардааст. Дуруст аст, халқи тоҷик дурўғгўҳои ашадиро «Чилдурўғ» низ мегўяд. Мирзо Файзалӣ ҳам аз тафаккури бадеии халқи тоҷик ва ҳам аз таълифоти Р. Распе бархурдор шудааст, вагарна чунин наменавишт: «Инак, қиссаҳои пурмоҷарову аҷоибу ғароиби амаки Абдурасул мураттаб шудаанд. Аз ин пас ҳамдиёрон бо Мунхҳавзени худӣ-амаки Абдурасул ифтихор карда метавонанд» [9, с. 131].
Он чӣ Мунхҳавзен ва амаки Абдурасулро ба ҳам наздик мекунад, дарки ғайриреалистии воқеаҳо, беҳудудии тасаввуроти ҳастӣ ва вижагиҳои афсонавии ҳаёт ва хаёлоти бепоёни рангин аст. Муболиға, иғроқу ғулуве, ки ба доираи тасаввуроти одамӣ намеғунҷад, аммо ҷаззоб, аҷоибу ғароиб аст. Масалан, Мунхҳавзен қисса мекунад, ки рўзе ба ҷангале афтод, ки барои хўрок пухтан оташ надошт. Аммо ў илоҷи муамморо ёфт: ба рўяш силие бераҳмона зад, ки аз чашмаш оташ баромад, ҳезум даргирифт ва хўрок пухт.
Амаки Абдурасул дар деҳаи дурдасти худ тухми кадуе шинонд, ки ҳосили он бағоят бузург шуд. Болои он баромада шаҳри Душанберо тамошо карданд. Гўсолаашон, ки гум шуда буд, даруни каду даромада хўроки зиёд мехўрад ва барзагов мешавад. Рўзе диданд, ки каду меҷунбад. Аз як сўрохиаш назар карда мебинанд, ки буққа он ҷо чарида гаштааст.
Чӣ навъе ки баррасӣ кардем, дар давраи ҳозира нависандагони тоҷик ба адабиёти ҷаҳон бо мароқ назар меандозанд ва дар баробари шаклҳои суннатӣ шаклҳои наву тозаи тасвир ва тадқиқи бадеии ҳаётро дар ҳикояҳои худ истифода мебаранд. Ин усул адабиётро аз якрангӣ ва шаклҳои қолабӣ наҷот дода, ба роҳи васеи ҳунарнамоӣ ҳидоят мекунад.
Дар давраи истиқлолии миллӣ барои нависандагони тоҷик дару дарвозаҳои адабиёти ҷаҳон васеъ боз гардид. Агар адибони мо дар замони шўравӣ бештар ба адабиёти рус ва эҷодиёти муваффақтарин санъаткорони сухани ҷумҳуриҳои бародар ҳусни таваҷҷўҳ зоҳир мекарда бошанд, дар давраи кунунӣ онҳо имкон пайдо карданд, ки таҷрибаи пешқадамтарин нависандагони дунёи мутамаддинро амиқ омўзанд ва дар таълифоти худ корбаст намоянд. Дар ин ҷода омўзиши таҷрибаи адабии нависандагони забардасти Эрон мақоми шоиста дорад. Дар натиҷа дар ҳикояҳои тоҷикӣ шаклҳои тасвиру тадқиқи реалистӣ ва ғайриреалистӣ инкишоф ёфтанд ва самараҳои хуб доданд. Омили муҳими инкишофи жанри ҳикоя дар адабиёти муосири тоҷик таъсири тарҷумаи бадеии беҳтарин намунаҳои адабиёти ҷаҳон ба шумор меояд. Сабақҳои мактаби тарҷумаи бадеӣ баҳо надоранд.
.png&w=384&q=75)
.png&w=640&q=75)