Солимгардонии шаҳрвандон тавассути воситаҳои тарбияи ҷисмонӣ аҳамияти бузурги иҷтимоӣ дорад. Саломатӣ ҳамчун хусусияти муҳими инсонӣ ченаки фарҳанги маънавӣ, нишондиҳандаи сифати ҳаёт ва ҳамзамон натиҷаи маҷмӯи қонунҳои маънавии сиёсати иҷтимоӣ мебошад. Саломати ҳамчун асоси иҷтимоӣ-биологии ҳаёти миллат натиҷаи сиёсати давлат мебошад, ки дар шаҳрвандон талаботи маънавиро нисбат ба саломатии худ таҳкими он таъсис додааст. Шарти таъсирнопазири нигоҳдорӣ ва қавӣ гардонидани саломатии аҳолӣ ин ҷалби оммавии аҳолӣ ба машғулиятҳои фаъолонаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш мебошад [1, с.4].
Аксарияти ходимони маъруф дар синну соли пиронсолӣ фаъолияти эҷодкоронаи худро қатъ накардаанд. Билпул аён мебошад, ки яке аз масъалаҳои муҳими инсони муосир ин масъалаи ташаккули фарҳанги солимӣ мебошад, ки бо тарбияи ҷисмонӣ пайвастагии зич дорад [8, с.15].
Дар давоми ҳаёти инсон организми ӯ ба тағйирёбиҳо дучор мешаванд. Бо мурури замон сохтори тан, ҳамаи хусусиятҳо ва функсияҳои узвҳо ва системаҳо тадриҷан тағйир меёбанд. Аз рӯзи таваллуд то синну соли камолот афзудани ҳаҷми тан, такмили сохтор, баландшавии қобилиятҳои функсионалии узвҳо ба амал меояд. Сатҳи ниҳоии имкониятҳои функсионалии организми инсон дар синну соли камолот ноил мегардад. Пиршавӣ бо протсесси инволютсияи организм тавсиф карда мешавад [10, с.109].
В.В. Фроликс пешниҳод намудааст, ки мафҳумҳои «пиршавӣ» ва «пирӣ» фарқ карда шаванд, зеро пиршавӣ ин протсесси дарозмуддати биологии тадриҷан паст шудани имкониятҳои функсионалии организми инсон мебошад, ки хеле пештар аз фаро расидани пирӣ оғоз меёбад ва дар ҳудудҳои муайян тағйир ёфта метавонад. Пирӣ ин марҳилаи ногузирӣ онтогенез мебошад.
Ба синну соли калонсолӣ давраи аз 55 то 75 сола (занҳо) ва аз 60 то 75 (мардон) маҳсуб карда мешаванд. Пас аз он синну соли пиронсолӣ (75-90) оғоз меёбад. Шахсони аз 90 сола боло дарозумрон ҳисобида мешаванд.
Тағйиротҳои инволютсионӣ, суръат ва шиддатнокӣ он бештар бо хусусиятҳои фаъолнокии ҷисмонии одамони синну соли калонсол ва ҳам тарзи ҳаёти онҳо дар наврасӣ ҷавони ва давраи камолот муайян карда мешавад.
Функсияи иҷтимоии асосии тарбияи ҷисмонии шахсони синну соли 55 сола ва калон ин функсияи солимгардонӣ мебошад [6, с.67].
Вазифаҳои асосии истифодабарии мақсадноки воситаҳои тарбияи ҷисмонӣ дар синну соли калонсолӣ ва пиронсолӣ дар бар мегирад:
Mусоидат намудаан ба дарозумрии эҷодӣ, нигоҳдорӣ ё барқароркунии саломатӣ; боздошт ва паст намудани тағйиротҳои инволютсионии синну солӣ, бо таъмин намудани тавсеаи имкониятҳои функсионалии организм ва нигоҳдории қобилиятнокии кории он;
Pоҳ надодан ба регресси маҳорату малакаҳои ҳаракатии ҳаётан муҳим, барқарор намудани онҳо, ташаккул додани маҳорату малакаҳои муҳим;
Пуррагардонӣ ва зиёд гардонидани донишҳои зарурӣ барои истифодабарии мустақилонаи воситаҳои таарбияи ҷисмонӣ тадриҷан таҷассум намудани донишҳо ва малакаҳои амалӣ
Вазифаҳои хусусии солимгардонӣ ва иловагӣ (масалан устувор намудани узви такягоҳӣ-ҳаракатӣ, беҳтар намудани қаду қомат, беҳтар намудани фаъолияти системаи марказии асаб, баланд бардоштани имкониятҳои функсионалии системаҳои дилу раг ва роҳи нафас, обутобдиҳии организм ва ғайра) вобаста аз синну сол, хусусияти фаъолияти меҳнатӣ, ҳолати функсионалӣ ва қобилиятҳои мутобиқшавии организм, сатҳи омодабошии ҷисмонӣ, рағбатҳои инфиродӣ ва шароити зист муайян карда мешавад.
Аз ҳамин лиҳоз се сатҳи меъёрии фаъолнокии ҳаракатӣ ҷудо карда мешавад:
Минимуми ҷисмонӣ гигиенӣ, иҷроиши ҳамарӯзаи гимнастикаи пагоҳирӯзӣ, амалиётҳои обутобдиҳӣ ва сайру гаштҳои гигении пеш аз хобро пешниҳод менамояд. Риоя накардани минимуми нишондода дар реҷаи ҳаёти ҳамарӯза барои саломатӣ тақдидовар мебошад.
Минимуми ҷисмонии омодагии умумӣ бо худ шарти ҳатмии иҷроиши минимуми ҷисмонӣ-гигиенӣ бо пуррагардонии бо истироҳати фаъолонаи ҳамарӯзаи 30 дақиқагиро дар бар мегирад, ки истифодабарии мақсадноки машқҳои ҷисмониро пешбинӣ менамояд ва аз рӯи имконият дар ҳавои кушод
- Оптимуми тарбияи ҷисмонӣ ва варзишӣ бо худ ду сатҳи қобилиро дар бар гирифта дар як ҳафта се маротиба бо машғулиятҳои тарбияи ҷисмонӣ ё варзишӣ пурра гардонида мешавад [13, с.48].
Комплексҳои махсуси машқҳои гимнастикӣ ва дар асоси он методикаҳои барои шахсони ин синну сол таҳия гардида (бе истифодаи ҷузъиёт, бо ҷузъиёт, дастгоҳҳои махсус, дар ҷузъиётҳо) ба гурӯҳҳои мушакии заифгардида таъсир расонида тағйиротҳои морфофунксионалии прогресивии узви такягоҳӣ-ҳаракатиро таъмин менамоянд, ба гум шудани қобилиятҳои қуввагӣ ва чандирӣ роҳ надода, қаду қомати ростро нигоҳ медоранд.
Бо мақсади солимгардонӣ ва таъсиротҳои муқаррар ба функсияҳои системаҳои дилу раг, роҳи нафас дар синну соли калонсолӣ ва пиронсолӣ ба таври васеъ роҳгардии воямуайяншуда, дави шиддатнокии мӯътадил дошта, сайру гаштҳо дар лижаҳо, велосипедронӣ, шиноварӣ ва дигар машқҳои ҷисмонии омилии хусусияти аэробӣ дошта истифода бурда мешаванд. Машқҳое бештар судманд мебошанд, ки дар муддати на кам аз 10 дақиқа бо шиддатнокие ба хастагии сабук овардани иҷро карда мешаванд.
Ғайр аз ин чунин бозиҳо ба монанди бадминтон, теннис ва ғайра истифода бурда мешаванд. Дар ин синну солҳо ҳамчун воситаи дастрас ва самарабахш гимнастикаи нафасӣ мебошад, ки се таъиноти асосӣ дорад:
Беҳтар намудани нафас ҳангоми иҷроиши машқҳои ҷисмонӣ: вентелятсияи шушҳо, бартараф намудани қарзи оксигении эҳтимолӣ ва ба дил кӯмак расонидан дар фаъолияти пуршиддати он.
Такмил бахшидан узви роҳи нафас ва нигоҳдории сатҳи баланди қобилиятнокии кории он.
Коркарди дуруст нафас гирифта тавонистан бо таъсиррасонии маҳси ба узвҳои дарунӣ (ҳозима, ҷигар ва дигарон) [8, с.35].
Дар синну соли калонсолӣ бо намудҳои варзиши интихобшуда машғулиятҳо иштирок намудаан дар мусобиқаҳои гуногун дар байни собиқдорони синну соли худ аксар вақт идома дода мешавад.
Шаклҳои ташкили машғулиятҳо. Тарбияи ҷисмонии шахсони калонсол ва пиронсол дар асоси худташаббускорӣ гузаронида мешаванд. Машғулиятҳо дар шаклҳои гуногуни ташкилӣ ба роҳ монда мешаванд: коллективӣ (машғулиятҳо дар гурӯҳҳои саломатӣ, маҳфилҳои омодагии умумии ҷисмонӣ, клубҳои дӯстдорони дав ва ғайра); походҳои туристӣ; машғулиятҳои мустақилона (инфиродӣ)
Машғулиятҳо дар гурӯҳҳои саломатӣ ва маҳфилҳои омодагии умумии ҷисмонӣ 2-3 маротиба дар ҳафта таҳти роҳбарии дастурдиҳанда-методист ба роҳ монда мешавад. машғулиятҳо асосан дар ҳавои кушод мутобиқи барномаи муқаррарӣ бо назардошти синну сол, вазъи саломатӣ ва дараҷаи омодабошии ҷисмонии машқкунандагон гузаронида мешаванд. Дар давраи ибтидоӣ давомнокии машғулиятҳоро аз 45 дақиқа зиёд намудан тавсия карда намешавад. Дар давраҳои минбаъда давомнокии он то 60-75 дақиқа расонида мешавад. чунин давомнокии машғулиятҳо аз унсгирии суст ва мутобиқшавии организми пиршудаистода ба сарбориҳои ҷисмонӣ вобаста мебошад.
Мундариҷаи машғулиятҳои мустақилонаи машқҳои ҷисмониро ташкил медиҳанд: гимнастикаии гигении пагоҳирӯзӣ; машқҳои аэробии хусусияти силсилавӣ дошта бо шиддатнокии мӯътадил, ки ҳангоми иҷроиши он баландшавии тези хунгардӣ ва нафаскашӣ ба амал намеоянд, дави солимгардонӣ, шиноварии солимгардонӣ; бозиҳои гуногун бо қоидаҳои сода гардонида шуда; машқҳои варзишӣ бо маҳдуд кардани сарбориҳои тамринӣ ва мусобиқаҳо.
Шахсоне, ки бо машқҳои ҷисмонӣ мустақилона бо мақсади устувор ва нигоҳдории саломати машғул мебошанд, бояд қоидаҳои ташкили машғулиятҳои тамриниро дониста бошанд ва моҳияти қисмҳои асосӣ ва таъиноти функсионалии онро дарк карда бошанд. Ӯ бояд бо истифодаи адабиёти методӣ, ё ба таҷрибаи машғулиятҳои дар мактаб, донишгоҳ, маҳфили варзишӣ гузашта шуда истинод намуда воситаҳои муҳим тамринҳои солимгардонӣ ва воямуайянкунии дурусти онро интихоб намуда тавонад.
Барои мустақилона машқкунандагон донистани қоидаҳо ва дарк намудани моҳияти тамрини ҷисмонӣ, механизмҳои асосии ба даст овардани самарабахшии тамринӣ зарур мебошад [17, с. 351].
Динамикаи умумии дар машғулият намуди хати каҷи мавҷмонанд дорад, ки тадриҷан баланд мешавад. сарбории бештар ба миёнаҳои қисми асосии машғулият рост меояд.
Давомнокии як машғулият аз 35-40 дақиқа то 90-120 дақиқа шуда метавонад. Барои ба таври мӯътадил баланд намудани сарбории физиологии машғулият аз машқҳо барои гурӯҳи мушакҳои майда ва миёна оғоз намудан муҳим мебошад. Пас тадриҷан ба машқҳо барои мушакҳои миёна ва калон гузариш менамоянд. Машқҳои нисбатан мураккаб (нишастҳо, дав, дав бо тезшавӣ, ҷаҳиданҳо аз ҷойи ист) дар миёни қисми асосӣ ва қисми дуюми он ҳангоми организм ба таври мукаммал омода шуда татбиқ карда мешаванд.
Дар як машғулият ворид намудани аз 30 то 50 машқҳои умумиҷисмонӣ бо навбат истифодабарии дав бо роҳгарди тавсиф карда мешавад. шумораи такроршавии ҳар як машқ аз омодабошии машқкунандагон, синну сол, мураккабии машқҳо, вазифаҳои машғулият вобаста мебошад. Дар моҳҳои аввали машғулиятҳо ҳар як машқ 4-6 маротиба такрор карда мешавад, бо гузашти вақт шумораи такроршавиҳо зиёд карда шуда дар охир ба 8-20 маротиба расонида мешавад.
Барои муайян намудани сарбориҳои ҷисмонӣ ҳолати системаҳои дилу раг ва роҳи нафас ба асос гирифта мешавад.
Бо баробари болоравии синну сол ҳаҷми умумии фаъолият дар сатҳи ба даст овардашуда нигоҳ дошта мешавад ва шиддатнокии он тадриҷан паст карда мешавад [17, с. 402].
Ҳангоми гузаронидани машғулиятҳо бо шахсони калонсол ва пиронсол чунин қоидаҳои методӣ бояд риоя карда шуда бошанд.
Машқҳои ҷисмонии татбиқшаванда ба таври қатъи мутобиқи шумораи такроршавӣ, суръати иҷроиш, амплитудаи ҳаракатҳо бо вояҳо тақсим карда мешаванд.
Машқҳо бо шиддатнокии қуввагӣ (масалан, машқҳо бо гантелҳо, бандҳои ёзандаи резинӣ ва ғайра) бо машқҳои осудашавӣ бо навбат бояд иҷро карда шуда бошанд.
Пас аз иҷроиши ҳар як гурӯҳи машқҳо аз 3-4 машқи умумиҷисмонӣ иборат буда, иҷро намудани машқҳои нафасӣ муҳим мебошад.
Барои рӯй надодани сарбории аз ҳад зиёд машқҳои барои дастон иҷро шуда бо машқҳои барои қисмҳои поёнӣ истифодашаванда бо навбат иваз карда шуда бошанд ё машқҳо барои тан истифода шуда бошанд, машқҳо барои мушакҳои қаткунанда истифодашаванда, бо машқҳои барои мушакҳои росткунанда иваз карда шуда бошанд.
Дар шахсони тамрини ҷисмонӣ надошта дар оғози машғулиятҳои машқҳои ҷисмонӣ бардоштани набзи онҳо зиёда аз 30 зарба/дақиқа нисбат ба набзи ҳолати осудагӣ тавсия карда намешавад.
Дар ҳол пас аз машғулиятҳо зудии набзи шахсони амалан солим набояд 100-120 зарба/дақиқа зиёд бошад.
Набзи максималии шахсони синну соли калонсол ва пиронсол ҳангоми гузаронидани машғулиятҳо бо формулаи пешниҳодшуда муайян карда мешаванд.
Зудии набз=190 - синну сол
Тағйиротҳои синну соли дар ташаккулёбии ҷисмонӣ ва вазъи саломатии машқкунандагон муҳимияти риоя намудани принсипҳои методиро (дастрасӣ, муттасилӣ, инфиродигардонӣ) тақозо менамояд.
Сарбориҳои ҷисмонии гуногунхусусият ба организми машқкунандагон нуфузи аҳамиятнок расонида, ҳолати қариб ҳамаи системаҳоро куллан тағйир медиҳанд. ҳамзамон таасуротҳои мутақобили организм ба сарбориҳо гарчанде иҷроиши як машқи ҷисмонӣ дар машғулият истифода бурда шуда бошад ҳам, хусусияти инфиродӣ дорад. Бинобар ҳамин худназораткунӣ аз ҳолати организм ва таасуроти он ба сарбориҳои ҷисмонӣ аҳамияти муҳим дорад.
Тарзҳои арзёбии самаранокии омодагии ҷисмониро мутобиқи нишондиҳандаҳои машқҳои пешниҳодшуда дар боби гузаштаи рисолаи хатм таҳлили худро ёфтааст ва новобаста аз ин мо якчанд машқҳоро ифода менамоем.
дав ба масофаи 2000м бе назардошти вақт
шиноварӣ ба масофаи 50м бе назардошти вақт
походи пиёда дар масофаи 12км
Омодабошии ҷисмонии шахсони аз 60 сола боло тавассути тестҳои 12-дақиқагӣ дар шиноварӣ ва дав бо роҳ монда мумкин аст. Худназораткунии ҳолати организм ба таври мунтазам бояд амалӣ карда шуда бошад ва ҳамаи мушоҳидаҳо дар рӯзномаи худназораткунӣ сабт карда шуда бошад [11, с.29].
Ҳамин тариқ ҳаёти инсон ва тансиҳатӣ бо тарбияи ҷисмонӣ алоқамандии зич дорад. Маҳз тарбияи ҷисмонӣ барои даво ёфтан аз ҳар гуна бемориҳо мусоида намуда дарозумриро таъмин менамояд. Тарбияи ҷисмонӣ ҷузъи ҷудонопазири ҳаёти инсон мебошад. Ҳар як шахс, ки барои машғулиятҳои тарбияи ҷисмонӣ вақти кофӣ сарф менамояд саломатии худро беҳтар менамояд. Машғулиятҳои муттасили тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш шахсони ҳамаи синну сол дар самаранок истифода бурдани вақти холигии худ кӯмак расонида, барои даст кашидан аз одатҳои бадзарари иҷтимоию биологӣ, ба монанди майзадагӣ, истеъмоли тамоку мусоидат менамояд.
Машғулиятҳои тарбияи ҷисмонӣ барои инсон дар ҳамаи давраҳои ҳаёти ӯ хеле мухим мебошад. Дар синну соли кӯдаки ва наврасӣ он барои ташаккули созгори организм мусоидат менамояд. Дар давраи ба камолот расидан вазъи морфофунксионалиро беҳтар гардонида, сатҳи қобилиятнокии кориро баланд бардошта, саломатиро қавӣ мегардонад. Бо баробари ин дар давраи калонсолӣ тағйиротҳои номусоиди синну солиро боздошт менамояд.
Ҳамин тариқ дар сатҳи баланд нигоҳ доштани ҳолати функсионалии организм, қобилиятнокии кории на танҳо ба солимгардонии шахсият, инчунин ба солимгардонии ҷомеа ва пешрафти ичтимоӣ-иқтисодии он мусоидат менамояд.
.png&w=384&q=75)
.png&w=640&q=75)