Дар замони муосир технологияҳои муосири инноватсионӣ ба ҷараёни таълим фаъолона ва босурати шадид ворид мешаванд ва шароиту имкониятҳои ҷадидро барои таълими хонандагон фароҳам меоранд. Яке аз самтҳои умедбахши раванди мазкур истифодаи зеҳни сунъӣ (ЗС) мебошад, ки имкон медиҳад ҷараёни таълим хусусияти фардӣ касб кунад. Ин махсусан дар мактаби ибтидоӣ муҳим аст, зеро кӯдакон қобилиятҳо, сурати омузиш ва шавқу рағбатҳои гуногун доранд. Зеҳни сунъӣ технологияест, ки роҳҳои таълиму омӯзиши компютерҳо, робототехника ва системаҳои таҳлилиеро, ки фаъолияташон ба фикрронии оқилонаи инсон монандӣ дорад, меомӯзад [1].
Аз миёнаҳои солҳои 1950-уми қарни гузашта, инсоният аз имконоти компютерҳое, ки метавонанд ҳамзамон якчанд вазифаро иҷро кунанд, ба ҳайрат омада буд. Дар ҳамин давра, аввалин технологияҳо ва таҳқиқот дар соҳаи зеҳни сунъӣ пайдо шуданд. Таҳқиқот дар ин соҳа ба омӯзиши зеҳни инсон асос ёфта буд ва пас аз он натиҷаҳо ба амалиёти компютерӣ татбиқ карда шуданд. Маълумот барои таҳқиқот дар бораи зеҳни сунъӣ аз манбаъҳо ва фанҳои гуногун, аз қабили математика, технологияи компютерӣ, психология, забоншиносӣ, биология, мошинсозии муҳандисӣ ва ғайра гирифта мешавад. Бар асоси ин маълумот, бо ёрии технологияҳои омузиши мошинӣ, компютерҳо кӯшиш мекунанд, ки амалиёти зеҳнии инсонро тақлид кунанд. [1]
Тибқи маълумоти маъхазҳои таърихӣ зеҳни сунъиро соли 1924 нависандаи машҳури жанри фантастикаи илмӣ Карел Чапек дар яке аз театрҳои Лондон намоишномаеро бо номи "Роботҳои универсалӣ" ба саҳна гузошт. Ин намоиш тамошобинонро ба ҳайрат овард ва калимаҳои "робот" ва "зеҳни сунъӣ" дар забони мардум паҳн гардид. Соли 1956 Ҷон Маккарти муҳаққиқ ва барномасозии компютерӣ дар Донишгоҳи Карнеги Меллон прототипи барномаи зеҳни сунъиро намоиш дод ва сазовори Ҷоизаи Тюринг гардид ва ҳамчунин ихтироъкори истилоҳи "зеҳни сунъӣ" эътироф шуд. Дар давраи Шуравӣ низ ба зеҳни сунъӣ аҳаммияти бузург дода мешуд. Дар он замон академикҳо А.И. Берг ва Г.С. Поспелов барномаи «АЛПЕВ ЛОМИ» - ро таҳия карданд, ки дорои исботи автоматии теоремаҳо буд. Пас аз ин, олимони шуравӣ алгоритми "Кора"-ро таҳия карданд, ки коркарди тасвирҳоро аз ҷониби мағзи сари инсон тақлид мекард. Дар соли 1968, муҳаққиқ В.Ф. Турчин забони махсуси рамзиро бо номи «РЕФАЛ» барои коркарди маълумот эҷод кард. Таваҷҷуҳ ба зеҳни сунъӣ сол аз сол афзоиш ёфт; аз солҳои 2000-ум зеҳни сунъӣ дар соҳаи кайҳоншиносиву ҳаёту фаъолияти ҳаррӯза фаъолона татбиқ карда мешавад ва ҳоло зеҳни сунъиро барои истифода дар соҳаи маориф пешниҳод менамоянд [1].
Таҳқиқот дар бораи потенсиали истифодаи зеҳни сунъӣ дар соҳаи маориф, ки аз ҷониби коршиносони ЮНЕСКО гузаронида шудааст, таҳлили маълумотро дар бораи иқтидори истифодаи зеҳни сунъӣ барои беҳтар кардани натиҷаҳои таълим пешниҳод мекунад ва инчунин хатару оқибатҳои истифодаи зеҳни сунъиро дар соҳаи маорифи саросари ҷаҳон меомӯзад [2]
Ҷанбаҳои мусбати истифодаи зеҳни сунъӣ дар маориф пеш аз ҳама қобилияти технологияи зеҳни сунъиро дар таъмини дастрасии фарогир ба таҳсил дар бар мегиранд. Новобаста аз хусусияти зеҳнӣ, иҷтимоӣ, ҷисмонӣ, забонӣ ё дигар инсон метавонанд дар муассисаҳои таълимӣ иштирок кунанд.
Баробари воридшавии зеҳни сунъӣ ба соҳаи маориф ва истифодаи самараноки он аз ҷониби хонандагоне, ки имконияти таҳсилро дар мактаб надоранд (бемор, маъюб) хеле осон гардонд, яъне онҳо метавонанд тариқи маҷозӣ (онлайн) ширкат варзанд. Бо ҳамин васила метавон раванди таълимро хусусияти фардӣ бахшида, бо воситаи истифодаи зеҳни сунъӣ тахсилоти фарогир ва дастраси умум будани таълимро таъмин сохт. Вале, бояд дар назар дошт, ки истифодаи зеҳни сунъӣ дар соҳаи маориф метавонад боиси рух додани баъзе мушкилот гардад: омода намудани пойгоҳи ягонаи босифати маълумот, омузонидани омузгорони оянда оид ба усули дурусти истифода ва коркарди зеҳни зеҳнӣ барои дарки технологияи таълим [2].
Доктори илмҳои психологӣ, дорандаи Lynch Consulting Group, LLC Мэттью Линч дар мақолаи илмии хеш «Зеҳни сунъӣ дар соҳаи маориф: ҳафт варианти истифодаи он», ҳафт ҷанбаи истифодаи самараноки зеҳни сунъиро дар соҳаи маориф: мутобиқсозии раванди таълим,фардикунонии таълим, баҳогузории автоматӣ, таълими фосилавӣ, баҳогузории фаъолияти хонанда аз ҷониби омузгор, “муҳраи зирак”, назорати ҷараёни имтиҳон [3].
Зеҳни сунъӣ метавонад асоси таҳсилоти онлайнӣ гардад, ки дар саросари ҷаҳон, бахусус, дар солҳои 2020-2021, пас аз пайдоиши вируси мутатсияшудаи COVID-19 васеъ паҳн шудааст. М. Линч се сабаби асосии татбиқи босуръати зеҳни сунъӣ дар маориф муайян кард: [3]
- Зеҳни сунъӣ раванди таълимро барои беҳтар кардани ҳамкории муаллим ва хонанда мутобиқ мекунад. Бисёре аз мактабҳо тариқи онлайнӣ технологияҳои зеҳни сунъиро дар платформаҳои таълимии худ татбиқ мекунанд, ки барои ноил шудан ба натиҷаҳои мусбати таълимӣ мусоидат мекунад. Зеҳни сунъӣ ҷараёни кор, пешрафт ва усулҳо ва техникаҳои омӯзгорро таҳлил мекунад ва ҷараёни таълимро дар асоси фаъолияти хонанда тағйир медиҳад.
- Зеҳн сунъӣ шавқу завқи хонандагонро нисбати бозиҳои дидактикӣ (геймфикатсия) афзоиш медиҳад. Аксари платформаҳои таълимӣ барои мактабҳои ибтидоӣ дар атрофи бозиҳои онлайнӣ ё таҷрибаҳои асоси қаҳрамонҳо (масалан, платформаи омӯзиши забонҳои онлайнӣ Lingualeo) сохта шудаанд.
- Зеҳни сунъӣ имкон медиҳад, ки тиҷорат ба таври максималӣ автоматикунонида шавад. Имрӯзҳо бисёр порталҳо, платформаҳо ва захираҳои таълимӣ бе дахолати инсон фаъолият мекунанд; ботҳо метавонанд ба саволҳои зуд-зуд додашаванда ҷавоб диҳанд, дарсҳо ва тренингҳо гузаронанд.
Қобили зикр аст, ки соли 2019 тибқи ироаи Паём ба Маҷлиси Олӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Рахмон “Бистсолаи омузиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” (сорлҳои 2020-2040) эълон доштанд, ки зеҳни сунъӣ ва истифодаи он дар ҷараёни омузиши фанҳои дакиқ ва дохил кардан ба барномаи таълимии мактабӣ яке аз самтҳои татбиқи барномаи мазкур маҳсуб меёбад.
Муҳаққиқон В.А. Чулюков ва В.М. Дубов дар мақолаи илмии худ "Зеҳни сунъӣ ва ояндаи маориф" қайд мекунанд, ки имкониятҳои зеҳни сунъӣ дар маориф маҳдуданд. Таҳиягарон тавонистанд ба компютер иҷрои мустақилонаи вазифаҳои нисбатан мураккабро омузонанд. Онҳо алгоритмеро эҷод карданд, ки ба худомӯзӣ асос ёфтааст. Муаллифон қайд мекунанд, ки зеҳни сунъӣ бешубҳа мутахассисонро иваз намекунад, аммо он метавонад раванди таълимро беҳтар кунад ва малакаҳои муаллимонро инкишоф диҳад.
Барномаҳои (платфорама) муосири таълимии интерактивӣ ба ниёзҳои хонандагон мутобиқ карда шудаанд, ки дар муайян кардани камбудиҳову мушкилот ва пешниҳоди маводҳои зарурӣ барои такмили малакаҳои онҳо кумак мерасонанд. Истифодаи зеҳни сунъӣ дар мактабҳо, коллеҷҳо ва донишгоҳҳо имкон медиҳад, ки дар раванди таълим иштироки амиқ дошта бошад. Зеҳни сунъӣ инчунин маводи курсӣ, фаннӣ ё мавзуъро коркард мекунад ва ба таври автоматӣ барномаи таълимиро эҷод мекунад, ки ин барои мактабҳо ва муаллимон хеле муфид аст [4].
Зеҳни сунъӣ ба бисёр корҳо қодир аст, аммо вазифаи асосии он ҷамъоварӣ ва таҳлили маълумот, тавлиди натиҷаҳо ва пешгӯӣ кардан мебошад. Таҳаввулоти охирин дар соҳаи зеҳни сунъӣ бар асоси омӯзиши мутобиқшаванда асос ёфтаанд, зеро ин намуди таълим бар асоси моделҳои интерактивӣ асос ёфтааст, ки хусусиятҳо ва ниёзҳои инфиродии ҳар як хонандаро ба назар мегиранд [4].
Third Space Leaning мактаби зеҳни сунъӣ аст, ки тақрибан 500 муаллим дар ин платформа дарсҳои интерактивӣ мегузаронанд. Қобили зикр аст, ки технологияҳои автоматӣ метавонанд сифати дарсҳоро арзёбӣ кунанд. Масалан, вақте ки муаллим тез ва бе эҳсос сухан мегӯяд, шавқи хонандагон ба маводи омӯхташаванда коста шуданаш мумкин. Чунин тавсияҳои методологӣ аз зеҳни сунъӣ дар экранҳои смартфонҳои муаллимон намоиш дода мешаванд ва метавонанд ба фаъолияти маъмул табдил ёбанд [5].
Carnegie Learning як маҳсулоти нармафзорӣ аст, ки технологияҳои зеҳни сунъиро бо фаъолияти маърифатӣ муттаҳид мекунад. Ҳадафи система фардӣ кардани таълим аст ва барнома барои хонандагони мактаб ва донишҷӯёни соли аввали донишгоҳ пешбинӣ шудааст.
Thinker Math барномаест, ки бо ёрии элемеменҳои зеҳни сунъӣ омода карда шуда, аз рӯи мундариҷа ва барнома барои хонандагони синфҳои миёна истифода бурда мешавад. Ин барнома натиҷаи фаҳмиши он аст, ки омузиши математика чӣ маъно дорад ва чӣ гуна таълимро метавон ба тарзе анҷом дод, ки сохторҳои муосири мактаб ва системаҳои таълимиро дастгирӣ намояд.
Netex Learning як воситаи муҳим барои омузгорон аст; мундариҷаи аудио ва видеоии интерактивӣ дарсҳоро ҷолибтар мегардонад. Барои омӯзгороне, ки таҷрибаи эҷоди маҳсулоти техникӣ надоранд, Netex Learning ба онҳо дар ташкили кор ва таҳияи барномаи таълимии аслӣ бо истифода аз дастгоҳҳо ва барномаҳои рақамии гуногун кумак мекунад.
Supercharge Learning through Personalization як платформаи зеҳни сунъӣ аст, ки аз технологияҳои омӯзишӣ, нейрофизиологӣ ва таҳлили маълумот барои эҷоди роҳи шахсии омӯзишӣ истифода мебарад. [6]
Ҳамин тариқ, платформаҳо вобаста ба ҳадафҳо ва вазифаҳои гуногуни дар муҳити таълимӣ муқарраршуда зеҳни сунъӣ (ИИ)-ро бо роҳҳои гуногун истифода мебаранд, аммо истифодаи чунин барномаҳо ва платформаҳо ба он мусоидат мекунад, ки раванди таълим интерактивӣ, ҷолиб ва аз ҳама муҳимтар, самаранок бошад.
Дар хотир доштани хатарҳои татбиқи зеҳни сунъӣ дар соҳаи маориф низ хеле муҳим аст. Якчанд таҳдидҳо барои татбиқи зеҳни сунъӣ дар фаъолияти инсон аллакай маълуманд. Аввалан, таҳдид ба шуғли инсон вуҷуд хоҳад дошт, яъне баробари истифодаи технологияҳои зеҳни сунъӣ дар соҳаи маориф шумораи маҳдуди одамон лозиманд, ки ин боиси коҳиш ёфтани ҷойҳои корӣ мегардад. Аммо, баъзе коршиносон (Стивен Ҳокинг, Илон Маск) пешниҳод кардаанд, ки агар барномасозии онҳо вайрон шавад ё нодуруст истифода шавад, мошинҳои дорои зеҳни сунъӣ метавонанд баъдан зеҳн пайдо кунанд ва бар зидди инсоният амал намоянд [7].
Ҳамин тариқ, метавон хулоса кард, ки зеҳни сунъӣ, мисли ҳама навовариҳои технологӣ, бартариҳо ва камбудиҳои худро дорад, аммо интизор меравад, ки бо рушди технология татбиқи зеҳни сунъӣ ва истифодаи он дар раванди таълим фаъолтар гардад.
Зеҳни сунъӣ (ИИ) барои эҷоди муҳити таълимии мутобиқшаванда мусоидат мекунад, ки дар он маводи таълимӣ ба таври худкор ба сатҳи дониш ва ниёзҳои ҳар як хонанда мутобиқ карда мешаванд. Платформаҳои таълимӣ бо унсурҳои зеҳни сунъӣ пешрафт ва хатогиҳои онҳоро таҳлил мекунанд ва вазифаҳои душвории мувофиқро пешниҳод мекунанд. Масалан, агар хонандагон вазифаҳоро бомуваффақият иҷро кунанд, система вазифаҳои душвортарро пешниҳод мекунад, вале агар онҳо ба мушкиливу душворӣ рӯ ба рӯ шаванд, шарҳҳои иловагӣ пешниҳод мекунад. Раванди зикршуда ба хонандагон кӯмак мекунад, ки маводро беҳтар аз худ намоянд, шавқу завқро нисбат ба таълиму омӯзиш нигоҳ доранд. Истифодаи зеҳни сунъӣ рушди истиқлолият, худдорӣ ва тафаккури эҷодиро дар хонандагони хурдсол таъмин намуда, кори омӯзгоронро тавассути бозхонди автоматӣ осон месозад. Омезишу баҳамоии ҳамаҷонибаи зеҳни сунъӣ ва усулҳои анъанавӣ сифати таълимро ба таври назаррас беҳтар мекунад ва муҳити бароҳати таълимро барои муваффақияти хонандагон фароҳам меорад.

.png&w=640&q=75)