Проблемаи ташаккули шавқу ҳавас дар бачагони синну соли хурди мактабӣ барои таҳсилоти муосир яке аз вазифаҳои муҳими педагогӣ ба ҳисоб меравад. Дар илми педагогика ин масъала ҳамчун масъалаи бештар муҳокимашаванда табдил ёфтааст. Пеш аз ҳама масъалаи мазкур бо таҳкими саломатии насли наврас ва татбиқи тарзи ҳаёти солим дар фаъолияти ҳамарӯзаи онҳо вобаста мебошад. Дар раванди таълим хонандагон набояд объекти камғайрати таъсироти омӯзгор бошанд. Хеле муҳим аст, ки онҳо мустақилона фаъолнокӣ ва майлу рағбатро барои азхудкунии маводҳои таълимӣ зоҳир намоянд, барои дар сатҳи устувор нигоҳ доштани саломатии худ ва таҳкими тарзи ҳаёти солим саъю кӯшиш намоянд. Таҳти нуфузи машғулиятҳои машқҳои ҷисмонӣ қобилиятнокии фаъолияти зеҳнӣ беҳтар мегардад. Сарбориҳои калони руҳии хонандагони хурди мактабӣ то ҳадди ақал бартараф карда мешавад. Ғайр аз ин машқҳои ҷисмонии дуруст интихобшуда барои хуб азхуд намудан ва такмил додани маводҳои таълимӣ мусоидат менамояд.
Я.А. Коменский роҳҳои нави тарбияро пешниҳод намудааст, ки асоси он инкишофи ҷисмонӣ буда, бидуни чунин инкишоф инсони саломатии хуб доштаро тасаввур намудан имконноразир мебошад. Мутобиқи ақидаи К.Д. Ушинский протсесси педагогӣ бояд ҳамеша дар асоси донишҳои физиологи ва психологии кӯдак истинод шуда бошад. Аз рӯи нуқтаи назари ӯ раванди тарбияи зеҳнӣ дар иртиботи доими бо машқҳои ҷисмонӣ қарор дошта бошад, машқҳои ҷисмонӣ бояд дар ҳамаи машғулиятҳо бояд татбиқ шуда бошад, то ин ки фаъолияти зеҳнӣ боз ҳам самарабахш гардад.
Бозӣ ва рақобат падидаҳои гуногуни иҷтимоӣ мебошанд ва аҳамияти онҳо аз арсаи тарбияи ҷисмонӣ берун мебарояд. Бозӣ дар зинаҳои аввали таърих, бо баробари рушди тамоми фарҳанги ҷомеа, барои қонеъ кардани талаботҳои гуногуни инкишофи кӯдакон равона карда шудааст.
Истифодаиусулибозӣбо худсистемаиметодҳо, усулҳои таълим, шаклҳои ташкили дарсҳо, барои таълим ва рушди амали мушаххаси амалҳои ҳаракатиро дар бар мегирад. Таҳти усули бозигӣ истифодаи машқҳои ҷисмонии равонагии эҷодӣ дошта фаҳмида мешавад, ки ба пойдор намудани робитаҳои синкретикӣ дар соҳаи ҳаракатҳо нигаронида шудааст ва бо ёрии он кӯдак барои худ аҳамияти машқҳои ҷисмонӣ ва табиати татбиқи онҳоро меомӯзад [10, с.154].
Дар системаи тарбияи ҷисмонӣ бозӣ барои ҳалли вазифаҳои маърифатӣ, солимгардонӣ ва тарбиявӣ истифода бурда мешавад.
Моҳияти методи бозигӣ дар он мебошад, ки фаъолияти ҳаракатии машқкунандагон дар асоси мазмун, мундариҷа, шарт ва қоидаҳои бозӣ ташкил карда мешавад.
Методи бозигиро ба ду намуд ҷудо намудан мумкин аст: методи тақлидӣ-бозигӣ ва методи классикӣ.
Методи тақлидӣ-бозигӣ бо худ машқҳо ва ҳаракатҳои тақлидиро дар бар мегирад, ки рафтор, хислатҳои ҳайвонот, ҷузъиётҳо, касбҳои одамонро намоиш медиҳанд. Ҳангоми иҷро намудани машқҳои тақлидӣ кӯдак онро бо саъю кӯшиши зиёд ва иштиёқмандона иҷро менамояд, зеро ин барои ӯ варианти хеле шавқовар мебошад.
Бозӣ ҳамчун методи классикии бозигӣ ҳисобида мешавад.
Бозӣ – ин яке аз методҳои қадимтарин ва дар айни замон методи мубрами тарбияи ҷисмонӣ мебошад.
Бозии серҳаракат, ҳамчун восита ва методи тарбияи ҷисмонии самти маҳсулноки протсесси таълимӣ, тарбиявӣ, солимгардонии методикаи муосири тарбияи ҷисмонӣ мебошад.
Бозии серҳаракат ба он шаклҳои фаъолияти бозигӣ тааллуқ доранд, ки нақши ҳаракатҳо кушоду равшан зоҳир мегарданд. Барои бозиҳои серҳаракат амалҳои ҳаракатии фаъоли эҷодӣ хос мебошанд ва бо сужет мотиватсия карда мешаванд. Ин амалҳо қисман бо қоидаҳо маҳдуд карда мешаванд, ки барои рафъ намудани мушкилотҳои гуногун дар роҳи ба даст овардани мувафақият равона карда шудаанд.
Дар таҷрибаи педагогӣ бозиҳои серҳаракати коллективӣ ва инфиродӣ, инчунин бозиҳои ба фаъолияти варзишӣ наздик истифода бурда мешаванд.
Ҳар як бозӣ, ки дар протсесси тарбияи бачагон истифода бурда мешаванд набояд ба сломатии онҳо таъсири манфӣ расонида бошад. Барои педагог муҳим мебошад, ки сарбориҳои ҷисмонии дар бозиҳо татбиқ карда шударо мутобиқи вазъи саломатӣ, сатҳи омодагии ҷисмонӣ, синну сол, ҷинс, ва хусусиятҳои инфиродии бачаҳо ба танзим дароварда бошад. Барои гузаронидани назорати тиббӣ ва педагогӣ мусоидат карда бошад.
Педагог бояд саъю кӯшиши худро равона намояд: қави гардонидани саломатии бачаҳо; тарбияи сифатҳои муҳими маънавӣ-иродавӣ; таъсис додани қобилиятҳои ташкилӣ; мусоидат намудан ба таъсиси маҳорату малакаҳои ҳаётан муҳим; риоя намуданимуносибатҳои инфиродӣ бо назардошти хусусиятҳои психофизиологии бача [6, с.61].
Барои нигоҳдории рағбати бачагон нисбат ба бозӣ ва иҷроиши вазифаҳои гузошташуда муҳим мебошад: аз қатори бозиҳои маъмулӣ бояд ҳамон бозиро интихоб намуд, ки ба вазифаҳои гузошта шуда мутобиқ мебошад; ба дастрасии бозӣ бахо дода ҳамон бозиро интихоб намуд, ки ба сатҳи ташаккули зеҳнӣ ва ҷисмонии бозингарон мутаносиб бошад. Бозии аз ҳад мураккаб майлу рағбатро коҳиш медиҳад, бозии хеле содда бошад сарбориро талаб наменамояд ва он барои рушду инкишоф мусоидат наменамояд; ҷойи гузаронидани бозӣ бояд пешакӣ омода карда шуда бошад.
Бозии серҳаракат бо қоидахои худ – ин фаъолияти бошуурона ва серҳаракати кӯдак мебошад, ки бо иҷроиши дақиқ ва саривақтии супоришҳои барои ҳамаи иштирокчиёни бозӣ ҳатмӣ тавсиф карда шудааст.
Барои бозиҳои серҳаракат мавҷудияти мундариҷаи маънавӣ-ахлоқӣ хусусинок мебошад. Бозиҳо якчанд сифатҳои ахлоқиро тарбия менамоянд: некхоҳӣ, дастгирии ҳамдигарӣ, поквиҷдонӣ, муташаккилӣ, ташаббускорӣ. Ғайр аз ин гузаронидани бозиҳои мерҳаракат бо афзоиши баланди эҳсосотӣ, хушҳолӣ ва ҳиссиёти озодӣ пайваста мебошад.[9, с.31]
Дар фаъолияти бозигӣ шароити мусоид барои инкишофи диққат, хотира, фароҳам оварда мешавад. Бозиҳои серҳаракат барои инкишофи имкониятҳои потенсиалӣ ва ташаббусӣ эҷодии бача мусоидат менамояд, зеро: шароитҳоро барои фаъолнокӣ фароҳам меоварад; имконияти интихоб намуданро пешниҳод менамояд; вазъиятҳои муаммогиро таъсис медиҳад, ки бачаҳо худашон роҳи ҳалли онро ҷустуҷӯ менамоянд; барои коркарди бозиҳои нав мусоидат менамояд; ба тарзи ба даст овардани натиҷа равона менамояд; дарк намудан, идора намудан ва баҳодиҳии амалҳои худ ва амалҳои рафиқонашро меомӯзонад; сабабиятҳои таълимӣ-донишандузиро ташаккул медиҳад [9, с.32].
Ҳангоми интихоби бозӣ ба он бозиҳо таваҷҷӯҳ намуд, ки онҳоро дар ҳавои кушод гузаронидан мумкин бошад. Дар чунин бозиҳо вазифаҳои мутобиқ намудани хонандагон ба муҳити номусоид ҳал карда мешаванд.
Бозиҳои тақлидӣ, эҷодӣ ё нақшӣ-сюжетӣ, бозиҳои гуногуни хушҳолӣ аҳамияти пешбаранда доранд.
Дар тарбияи ҷисмонии мактаббачагон шакли асосии ташкили машғулиятҳо ин дарс мебошад. Лекин дар синфҳои ибтидоӣ бозӣ мундариҷаи асосии дарсро ташкил медиҳад.
Бо назардошти мақсадҳои тарбияи ҷисмонии мактаббачагон, вазифаҳои асосӣ ҳангоми татбиқӣ бозиҳои серҳаракат муайян карда шудаанд: таълимӣ, тарбиявӣ ва солимгардонӣ.
Ба вазифаҳои таълимии бозиҳо ташкил додани ҳаракатҳои табии (роҳгардӣ, дав, часпида баромадан, ҳаводиҳӣ ва ғайра) дар вазъиятҳои тағйирёбанда таалуқ дорад, инчунин вазифаҳои таълимии бозиҳо ин ташкил додани маҳорату малакаҳо аз рӯи қисмҳои гуногуни барномаи тарбияи ҷисмонии мактаббачагон мебошад. Аҳамияти таълимиро бозиҳое доранд, ки аз ҷиҳати сохтор ва хусусияти ҳаракатҳо бо ҳаракатҳои дар машғулиятҳои гимнастика, варзиши сабук, бозиҳои варзишӣ омӯхташуда монандӣ доранд. Малакаҳои оддии дар бозиҳо азхуд карда шуда бо осонӣ аз нав созиш дода мешаванд, ҳангоми омӯзиши амиқ ва дақиқи минбаъдаи техникаи амалҳои ҳаракатӣ, азхудкунии онҳоро осон мегардонанд.
Ҳангоми гузаронидани бозиҳои серҳаракат дар машғулиятҳои тарбияи ҷисмонӣ роҳбари дарс вобаста аз вазъият бояд методҳои фронталӣ ва гурӯҳии ташкили дарсро бо ҳам пайваста татбиқ намояд, бозиҳоро нишон диҳад, ки бо ҳайати начандон калон гузаронида мешаванд ва дар вақтҳои фароғатӣ, дар рӯи ҳавлӣ онҳо ташкил ва гузаронида метавонанд.
Дар бозиҳои серҳаракат машқкунандагон нақшҳои гуногунро иҷро менамоянд (барандаҳо, доварон, ёвари доварон, ташкилкунандагони бозӣ), ки дар онҳо малакаҳои ташкилотчигиро таъсис ва рушд медиҳад.
Вазифаҳои солимгардонии бозиҳои серҳаракат ин мусоидат намудан ба инкишофи муқаррарии ҷисмонӣ ва қавӣ гардонидани саломатии хонандагон мебошад. Истифодабарии пурраи иқтидори солимгардонии бозӣ шарти муҳимтарини татбиқи он дар дарсҳои тарбияи ҷисмонӣ мебошад.
Ҳангоми дуруст ба роҳ мондани машғулият бо назардошти хусусиятҳои синну солӣ ва омодагии ҷисмонии машқкунандагон, бозиҳои серҳаракат ба сабзиш, ташаккули қаду қомати рости бачагон ва наврасон нуфузи мусби мерасонад, имкониятҳои функсионалии организмро баланд мебардорад [8, с.28].
Фаъолияти ҳаракатии хонандагон бояд аз тарафи омӯзгор идора карда шуда бошад, яъне вобаста аз сатҳи инкишофи ҷисмонии хонандагон омӯзгор сарбории ҳаракатиро ё зиёд мегардонад, ё онро кам менамояд. Ин бо якчанд тарзу усул ба роҳ монда мешавад: тағйир додани ҳаҷми майдонча, шумораи иштирокчиёни бозӣ дар дастаҳо, давомоти бозӣ, миқдори бозиҳо, фосилаҳо байни бозиҳо. Ҳангоми интихоби бозиҳо барои машғулият бояд вазифаҳои онро дақиқ муайян намуд. Бинобар дарсҳои омехта бозиҳои серҳаракат бо дигар воситаҳои тарбияи ҷисмонӣ бо ҳамбастагӣ истифода бурда мешаванд, бояд мавқеи бозӣ, пайдарҳамии методӣ, пайвастагии бозӣ ва дигар машқҳои ҷисмонӣ муайян карда шуда бошад.
Ҳамин тавр агар дар қисми асосии дарс бозиҳои серҳаракат татбиқ карда шуда бошад, пас бозиҳои пуршиддат бо бозиҳои камшиддат бо навбат ба роҳ монда мешаванд. Ҳамин тариқ ивазшавии сарборӣ бо дамгири таъмин карда мешавад [10, с.147].
Бозиҳои серҳаракат – ин истироҳати фаъолонаи пас аз фаъолияти бардавоми зеҳнӣ мебошад. Бинобар ҳамин онҳоро дар танаффусҳо, баъди ба итмом расидани дарсхо дар гурӯҳҳои рӯзи бардавом дошта, ё дар хона гузаронидан ба маврид мебошад [5, с.89].
Барои ҳалли вазифаҳои гуногуни педагогӣ бо назардошти шароити корӣ таснифоти оддии бозиҳои серҳаракат ба таври васеъ истифода бурда мешаванд.
Интихоби бозӣ аз вазифаҳои мушаххаси дарс вобаста мебошад. Бозиҳои серҳаракат ҳамчун воситаи беҳтар гардонидани нишондиҳандаҳои психофизикӣ (як намуд ё комплекси қобилиятҳои ҷисмонӣ), мустаҳкам намудан ва такмил додани маводи барномавии омӯхташуда татбиқ карда мешавад.
Ҳамин тавр яке аз вазифаҳо ва маҷмӯи вазифаҳо ҳал карда мешаванд. Вобаста аз мазмун ва мундариҷаи бозӣ, шиддатнокии он, дар сохтори дарс бозӣ мавқеи муайянро ишғол менамояд. Дар қисми воридоти ва хотимавӣ дар бозиҳо бо элементҳои сафороӣ, барои диққатнокӣ ворид карда мешаванд. Бозиҳое, ки барои ҳалли вазифаҳои асосии дарс равона карда шуда, танҳо дар қисми асосии дарс татбик карда мешаванд.
Аз рӯи шароитҳои гузаронидан бошад, ҳаҷми майдонча, мавҷуҳизоти муҳимдияти лавозимот ва таҷҳизоти муҳим ба инобат гирифта мешавад. Агар бозиҳо дар толори васеъ ва майдончаи кушод гузаронида шаванд, ягон маҳдудият пешбини карда намешавад. Ҳамаи он бозиҳое, ки ба вазифаҳои дарс мувофиқ мебошанд интихоб кардан мумкин аст. Дар толорҳои хурд имкониятҳо махдуд мебошанд. Дар ин маврид аксар вақт бозиҳо дар ҷойи ист (дар давра, дар катор) истифода бурда мешаванд. Шарту шароитҳои гузаронидани бозӣ инчунин ба ташкили бозигии хонандагон нуфузи худро мерасонад. Ҳангоми мавҷуд будани ҷой ва имкониятҳои ҳаҷми майдонча миқдори дастаҳоро зиёд намудан ва бозиҳоро дар як вақт дар якчанд ҷой гузаронидан мумкин аст (сафи хонандагон дар 2-3 давраҳо барои бозиҳо дар ҷойи ист). Чунин тарзи ба роҳ мондани бозиҳо зиччии ҳаракатии дарсҳоро ва таъсиротҳои педагогиро афзун мегардонад.
Бозиҳо дар барномаи мактабӣ ҷойи муҳимро ишғол менамоянд. Онҳо яке аз воситаҳои муҳимтарини тарбияи ҳаматарафаи ҷисмонӣ мебошанд. Дар бозиҳо ҳамаи намудҳои ҳаракатҳо мушоҳида карда мешаванд: роҳгардӣ, давидан, ҷаҳидан, ҳаво додан, рафъ намудани монеъахо, муқовимат нишон додан. Дуруст ба роҳ мондани бозиҳо барои ташаккули диққатнокӣ, зиракӣ, чолокӣ, босуръатӣ, қувва, тобоварӣ мусоидат менамоянд. Бозиҳои коллективӣ бошад барои тарбияи дӯстӣ ва рафоқат мусоидат менамояд.
Бозиҳои дар майдончаи кушод гузаронида шаванда таъсири калони бардамнамоӣ дошта, фаъолияти тамоми организмро беҳтар мегардонад, ва ҳамчун воситаи истироҳати фаъол истифода бурда мешавад.
Дар рафти бозиҳо бачаҳо ҳамеша фаъол ва ташаббускор мебошанд. Ҳамзамон шарт ва қоидаҳои бозӣ онҳоро ба худдорӣ водор менамоянд.
Фаъолнокӣ ва худдорӣ дар бозиҳои дуруст ба роҳ монда шуда якҷоягии бомуваффақиятро нишон медиҳанд.
Бозиҳо бо сароидани суруд, таҳти мусиқӣ, ва бозиҳои мусиқӣ барои тарбияи эстетикии хонандагон мусоидат менмояд.
Дар бозиҳо бачагон табии будани рафтори худро нишон медиҳанд, онҳо пурра хусусиятҳои мусбӣ ва манфии худро ошкор менамоянд ва ин барои омӯзгор имконияти боз ҳам дурусттра омӯхтани бачаҳо имкониятҳо медиҳад. Бозиҳо бачаҳоро барои ба таври васеъ намоиш додани хусусиятҳои шахсии худ, фаъолнокӣ ва ташаббускорӣ ҷозибадор мегардонанд. Дар бозиҳо иштирокчиёни он, беш аз дигар машқҳои ҷисмонӣ, ҳаракатҳои гуногуни бисёрро бо он тавре ки ба онҳо писанд аст ва қобилияти онҳо имконият медиҳад, иҷро менамоянд. Бозиҳои «Бумча» ё «Ба назди байрақчаҳои худ» бо чунин ҳаракатҳои бой доро мебошанд. Дигар омили ҷозибанокии бозиҳо ин хусусиятҳои мусобиқавии он мебошад. Боз ҳам хусусиятҳои ҳаяҷонбахш дошта ин бозиҳои гурӯҳӣ ва даставӣ мебошанд. Дар чунин бозиҳо ҳар як шахс дар даста ва даста ҷидду ҷаҳд менамояд, ки худро нишон диҳад, ба натиҷаҳои беҳтарин ноил шаванд ва ғалаба ба даст оваранд. Бояд қайд намоем, ки дар як бозиҳои гурӯҳи ҳамаи иштирокчиёни он дар як вақт ва якҷоя амалҳоро иҷро менамоянд, ба иштироки шахсии хонанда таваҷҷӯҳи дуруст зоҳир карда намешавад. Бозиҳои гурӯҳи ҳастанд, ки саҳми ҳар як иштирокчӣ дар алоҳидагӣ хеле бузург мебошад ва ба ҳаракатҳои бозингар дигарон таваҷҷӯҳ менамоянд. Дар бозиҳо бачаҳо талаботҳои ба худ хосро қонеъ мегардонанд.
Бо гузаронидани бозиҳо таъсиргузаронии хос ба гурӯҳи мушакҳо, буғумҳо ва дигар узвҳои машқкунандаҳо имконнопазир мебошад. Бинобар ҳамин бозиҳоро бо якҷоя намудани дигар воситаҳои тарбияи ҷисмонӣ истифода бурдан зарур аст [10, с.163].
Корҳои мактабӣ доир ба тарбияи ҷисмонӣ бо шаклҳои гуногун ифода карда шудааст, ки аз хонандагон зоҳир намудани фаъолнокӣ, ибтикор ва ташаббусро талаб менамояд, ки барои ташаккули шавқу ҳавас нисбат ба машғулиятҳои тарбияи ҷисмонӣ мусоидат менамояд. Тарбияи ҷисмонии хонандагони хурди мактабӣ хусусиятҳои хоси худро дорад, ки аз хусусиятҳои анатомӣ-физиологӣ ва психологии онҳо вобаста мебошад. Мутаасифона машқҳои ҷисмонӣ барои бачаҳо на ҳама вақт шавқовар мебошанд.
Барои хонанда шавқовар намудани фаъолияти таълимӣ яке аз вазифаҳои муҳим ва мушкили дидактика мебошад, ки ҳалли он дар ташаккули қобилиятҳои зеҳнии бача мусоидат менамояд, тарбияи ахлоқии ӯро таъмин менамояд.
Бинобар ҳамин хеле муҳим аст, ки иштиёқи хонандагон нисбат ба дарсҳо ва машғулиятҳои мустақилона пойдор карда шуда бошшад. Барои ин мо бояд навоварӣ карда бошем, бозиҳо ва лаҳзаҳои бозигӣ ва технологияи муосири таълимро татбиқ карда бошем.
.png&w=384&q=75)
.png&w=640&q=75)