Дар шароити муосири рушди ҷомеа ва ҷаҳонишавии равандҳои иҷтимоӣ-иқтисодӣ масъалаи омодасозии мутахассисони рақобатпазир яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатии соҳаи маориф ба ҳисоб меравад. Дар ин раванд мактаби олӣ ҳамчун муҳити муҳими ташаккули шахсияти касбӣ ва ҷаҳонбинии донишҷӯён нақши калидӣ мебозад. Яке аз вазифаҳои муҳими муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ташаккули ғояҳои касбӣ дар донишҷӯён мебошад, ки онҳо дар раванди таҳсилот муносибати мусбат ба касб, худшиносии касбӣ ва омодагии амалӣ ба фаъолияти касбиро ба даст оранд.
Ташаккули ғояҳои касбии донишҷӯён раванди мураккаб ва бисёрҷанба буда, омилҳои гуногуни иҷтимоӣ, равонӣ ва педагогиро дар бар мегирад. Дар ин раванд муҳити таълимии мактаби олӣ, муносибатҳои байни омӯзгор ва донишҷӯ, истифодаи технологияҳои инноватсионӣ ва таҷрибаи амалии донишҷӯён нақши муҳим мебозанд.
Мақсади мақолаи мазкур таҳлили хусусиятҳои ташаккули ғояҳои касбии донишҷӯён дар фазои таълимии мактаби олӣ ва муайян намудани роҳҳои самараноки рушди онҳо мебошад.
Ғояҳои касбӣ қисми муҳими ҷаҳонбинии шахсро ташкил медиҳанд ва ба интихоби касб, муносибат ба фаъолияти меҳнатӣ ва рушди минбаъдаи шахсӣ таъсири назаррас мерасонанд. Ғояҳои касбӣ маҷмӯи дониш, арзишҳо, муносибат ва ангезаҳоеро дар бар мегиранд, ки шахс нисбат ба фаъолияти касбӣ дорад.
Таҳқиқотҳои олимони соҳаи педагогика ва психология нишон медиҳанд, ки ташаккули ғояҳои касбӣ дар давраи донишҷӯӣ фаъолона сурат мегирад. Дар ҳамин давра донишҷӯён на танҳо донишҳои назариявиро аз худ мекунанд, балки ҷаҳонбинии касбӣ ва муносибати худро ба фаъолияти касбӣ ташаккул медиҳанд.
Ташаккули ғояҳои касбӣ ба як қатор омилҳо вобаста аст:
- муҳити таълимии муассисаи таҳсилоти олӣ;
- фаъолияти твълимӣ ва илмии донишҷӯён;
- таҷрибаи амалӣ ва истеҳсолӣ;
- таъсири омӯзгорон ва роҳбарони таълимӣ;
- муҳити иҷтимоӣ ва касбӣ.
Муҳити таълимии мактаби олӣ бояд ба рушди шахсияти касбӣ ва ташаккули ғояҳои касбӣ мусоидат намояд. Дар ин раванд нақши омӯзгорон хеле муҳим мебошад, зеро онҳо ҳамчун намунаи касбӣ барои донишҷӯён хизмат мекунанд.
Фазои таълимии мактаби олӣ муҳити иҷтимоӣ-педагогӣ мебошад, ки дар он раванди ташаккули шахсияти касбӣ амалӣ мегардад. Ин фазо аз унсурҳои гуногун иборат аст:
- муҳити таълимӣ;
- муҳити илмӣ;
- муҳити иҷтимоӣ;
- муҳити фарҳангӣ.
Ҳар як унсур ба ташаккули ғояҳои касбии донишҷӯён таъсири муайян мерасонад. Масалан, муҳити таълимӣ имконияти гирифтани донишҳои назариявӣ ва амалиро фароҳам меорад. Муҳити илмӣ ба рушди тафаккури таҳлилӣ ва эҷодӣ мусоидат мекунад. Муҳити иҷтимоӣ бошад, муносибатҳои касбӣ ва малакаҳои муоширатро ташаккул медиҳад.
Дар шароити муосир истифодаи технологияҳои инноватсионии таълимӣ, аз ҷумла таълими интерактивӣ, омӯзиши лоиҳавӣ ва таҳсилоти рақамӣ ба ташаккули ғояҳои касбӣ таъсири мусбат мерасонанд. Ин технологияҳо фаъолияти мустақилонаи донишҷӯёнро фаъол гардонида, онҳоро ба фаъолияти касбӣ омода месозанд.
Фаъолияти таълимӣ яке аз воситаҳои асосии ташаккули ғояҳои касбӣ мебошад. Дар раванди таълим донишҷӯён донишҳои касбӣ, малака ва маҳорати заруриро аз худ мекунанд.
Усулҳои самараноки ташаккули ғояҳои касбӣ дар раванди таълим:
- истифодаи усулҳои интерактивии таълим;
- ташкил намудани машғулиятҳои амалӣ;
- истифодаи технологияҳои инноватсионӣ;
- ташкили корҳои мустақилонаи донишҷӯён;
- истифодаи омӯзиши лоиҳавӣ.
Ин усулҳо ба донишҷӯён имконият медиҳанд, ки донишҳои назариявиро дар амал истифода намоянд ва ба фаъолияти касбӣ омода шаванд.
Таҷрибаи амалӣ яке аз омилҳои муҳими ташаккули ғояҳои касбӣ ба ҳисоб меравад. Дар раванди таҷриба донишҷӯён бо фаъолияти воқеии касбӣ шинос мешаванд ва малакаҳои амалиро аз худ мекунанд.
Таҷрибаи амалӣ ба донишҷӯён имконият медиҳад:
- муҳити касбиро дарк намоянд;
- малакаҳои касбиро рушд диҳанд;
- муносибати мусбат ба касбро ташаккул диҳанд;
- худшиносии касбиро инкишоф диҳанд.
Аз ин рӯ, дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ бояд ба ташкил намудани таҷрибаи амалӣ аҳамияти ҷиддӣ дода шавад.
Барои ташаккули самараноки ғояҳои касбӣ риояи шартҳои педагогии зерин муҳим аст:
- Ташкили муҳити мусоиди таълимӣ.
- Истифодаи технологияҳои инноватсионӣ;
- Баланд бардоштани фаъолияти донишҷӯён;
- Ташкили таҷрибаи амалӣ.
- Рушди худшиносии касбӣ.
Риояи ин шартҳо ба ташаккули ғояҳои касбӣ ва рушди шахсияти касбии донишҷӯён мусоидат менамояд.
Ҳамин тариқ, ташаккули ғояҳои касбии донишҷӯён дар фазои таълимии мактаби олӣ раванди мураккаб ва бисёрҷанба мебошад. Дар ин раванд муҳити таълимӣ, фаъолияти таълимӣ, таҷрибаи амалӣ ва таъсири омӯзгорон нақши муҳим мебозанд.
Барои ташаккули самараноки ғояҳои касбӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ зарур аст:
- истифодаи технологияҳои муосири таълим;
- ташкили муҳити мусоиди таълимӣ;
- рушди фаъолияти мустақилонаи донишҷӯён;
- баланд бардоштани сифати таҷрибаи амалӣ.
Татбиқи ин тадбирҳо ба омодасозии мутахассисони рақобатпазир ва рушди ҷомеа мусоидат хоҳад кард.

.png&w=640&q=75)