Главная
АИ #17 (303)
Статьи журнала АИ #17 (303)
Анъанаи тавқеъ ва тавқеънигорӣ дар адабиёти арабизабони форсу тоҷик

Анъанаи тавқеъ ва тавқеънигорӣ дар адабиёти арабизабони форсу тоҷик

Рубрика

Филология, иностранные языки, журналистика

Цитирование

Ҳомидиён Ҳ. К. Анъанаи тавқеъ ва тавқеънигорӣ дар адабиёти арабизабони форсу тоҷик // Актуальные исследования. 2026. №17 (303). URL: https://apni.ru/article/14954-anuanai-tavkheu-va-tavkheunigor-dar-adabiyoti-arabizaboni-forsu-toik

Аннотация статьи

Мақола ба омӯзиши анъанаи тавқеъ ва тавқеънигорӣ дар адабиёти арабизабони форсу тоҷик бахшида шудааст. Ҳамин тавр, аз баррасии тавқеъоти Соҳиб ибни Аббод метавон ба хулосае омад, ки ӯ дар ин навъи эҷод ҳунари аҷдоди худ, яъне мардуми Эронзаминро дар беҳтарин ваҷҳ идома бахшидааст.

Текст статьи

Тавқеъ ин ибораи кӯтоҳва пурмӯҳтавое мебошад, ки дар охири ҳар аризаву дархостҳои амирону вазирон ва ё дигар афроди табақаҳои ҷамъият, ки ба роҳбарон ва ё хоҷагони худ навишта аз онҳо чизеро талаб менамуданд, китобат карда мешуд. Аслан, анъанаи тавқеънигориву тавқеънависӣ пеш аз зуҳури Ислом дар қаламрави эрониён маъмул буд, ки онҳо аз ин навъи адабӣ истифода мебурданд. Далели ин тавқеъоти шаҳриёрони Эрон аз қабили Анӯшервон ва дигарон мебошад, ки дар кутуби адаб ворид шудааст. Онҳо чунин одат доштаанд, ки тавқеъоти худро бо ибораҳои мухтасар ва балиѓ, бо истифода аз зеботарин алфоз баён намоянд. Ҳамчунон ки Хусрави Парвиз ба котибони худ мефармуд: «Сухани мӯъҷазеро баён кунед, ки маънои зиёдеро фарогир бошад» (2, II, 62; 105, 82). Тавқеъ, аслан мазомини панду ахлоқ ва насиҳатҳои муфидро дар бар мегирифт, ки онро мардум ҳифз карда, монанди дигар амсол нақлу ривоят менамуданд. Фозилону донишмандон ва фарҳехтагони эронинажод, ки дар замони хилофати хонадонҳои мухталифи салотини исломӣ, вазифаи китобатро ба дӯш доштанд, ин навъи ҳунари адабии аҷдодии худро тарк нанамуда, баръакс дар пайи нашру интишор ва ба таври анъана даровардани он гардиданд, ки дар натиҷа он ба нуқтаи баланди камолоти худ расид. Онҳо аз рӯйи пайравӣ ба аҷдодони худ кӯшиш намудаанд, ки барои зебову пуртаъсир шудани он аз оёти қуръониву аҳодиси набавӣ ва дигар суханони бузургон истифода бубаранд. Ин навъи маҳорати адабӣ, ки саршор аз фасоҳати арабӣ ва балоѓати форсӣ буд, оҳиста-оҳиста ривоҷ ёфта, ба он ҳадде расид, ки хулафо маҷбур шуданд, ки дар баробари дигар вазоратхонаҳо идораи махсусе ба номи «девони тавқеъот» таъсис намоянд. Лозим ба таъкид аст, ки нависандагону котибони давраи аббосӣ ва хосстан намояндагони хонадони Бармакиён дар китобати ин гуна ҳунари адабӣ аз беҳтаринҳо маҳсуб мешуданд, зеро дар ин хусус ахбори зиёде дар сарчашмаҳо ворид шудааст. Алалхусус, муаллифи «Иқду-л-фарид» дар асари худ боби махсусеро барои тавқеъот ҷудо намудааст, ки дар он қисме аз тавқеъоти подшоҳони сосонӣ, хулафои умавӣ, аббосӣ ва дигар амирону вазирони то замони худро ҷамъоварӣ кардааст (2, II, 62; 2, III, 13).

Соҳиб ибни Аббод низ аз машҳуртарин вазирону нависандагони эронитабор маҳсуб мешуд. Вай дар фунуни адабӣ ягонаи асри хеш маҳсуб шуда, дар тавқеънигорӣ ба дараҷаи устодӣ ноил гашта, дар эҷоди он дасти қавӣ ва маҳорати комил дошт. Тавқеъоти ӯ аз рӯи ахбори сарчашмаҳо ба таври очилӣ ва бадеҳӣ навишта мешуданд, ки он ба мисли наводир ва латоифу амсоле, ки дар маҳофил ва маҷолис бетааммул ба забони ӯ меомад, монанд буд. Ӯ гоҳо дар навиштани тавқеъот баъзе оёти қуръониро истифода мебурд ва онҳоро кӯтоҳ ва ба таври ихтисор баён менамуд. Аз ин лиҳоз инҷо якчанд тавқеъоти Соҳиб ибни Аббодро барои намуна, ки аз сарчашмаҳои мухталиф ва алалхусус «Ятимат-уд-даҳр»-и Саолибӣ дастрас шудаанд, зикр хоҳад шуд:

  1. Яке аз фозилони он замон барои Соҳиб мактубе навишта, дар он фасоҳату балоѓат ва ҳамаи ҳунару истеъдоди адабии худро истифода бурд. Чун мактуб ба Соҳиб расид, онро мутолиа кард, ки аксари алфоз ва ҷумлаҳое, ки дар он корбаст шудааст, каломи худи ӯст ва фозил онро аз расоили ӯ сирқа намудааст. Сипас, дар ҷавоби мактуб тавқеъи худро бо ояти 24-уми сураи «Юсуф» навишт: «هذه بضاعتنا رُدت إلينا» (6, III, 234). (Яъне: Ин моли худи мост, ки боз ба мо баргардонида шудааст).
  2. Хозин, китобдори Соҳиб чанд муддат дар дигар кишварҳо фирорӣ шуда, сипас барои Соҳиб мактуб навишт, то ӯро бори дигар ба хидматаш изн диҳад. Соҳиб мактуби ӯро бо ояти 18-уми сураи «Шуъаро» посух дод: «ألم نربك فينا وليدا و لبثت فينا من عمرك سنين و فعلت فعلتك التى فعلت»(7, III, 197). Яъне: Оё мо туро дар ҳоли ҷавониат тарбия накардем ва чанд соли умрат дар назди мо сипарӣ шуд ва кардӣ он кореро, ки кардӣ).
  3. Яке аз ҷосусони Соҳиб ба ӯ навишт, ки марди ношиносе чанд рӯз ҳамроҳи мардум ба сарой дохил мешавад ва гумон меравад, ки суханчин буда, нияти бад дорад. Соҳиб зери номаи ӯ чунин посух навишт: دارنا هذه خان، يدخلها من وفي و من خان (7, III, 197) (Яъне: Дарбори мо хон аст, ба он шахси бовафову хиёнаткор ворид мешавад).
  4. Соҳиб дар зери номаи шахсе, ки аз ӯ шуѓл талаб намуд, чунин тавқеъ гузошт: «التصرف لا يلتمس بالتكفف إن احتجنا إليك صرفناك ، إلا صرفناك»(7, III, 197). (Яъне: Амри идора ба талбидан ба даст намеояд. Агар ба ту ниёз падид ояд, туро ҷалб мекунем, вагарна туро дур хоҳем дошт).
  5. Саолибӣ менависад, ки шахсе аз надимони Соҳиб барои ҳоҷате ба ӯ нома навишт. Соҳиб дар зери мактуби ӯ тавқеъ гузошт. Он шахс ҷустуҷӯ карда тавқеъро наёфт ва ночор ба назди яке аз адибони дарбори Соҳиб, Абулаббоси Заббӣ рафт, то тавқеъро ба ӯ нишон диҳад. Заббӣ баъди ҷустуҷӯи дақиқкорона тавқеъро пайдо намуд, ки он танҳо як ҳарф буд. Он шахс дар номааш чунин навишта буд: « فإن رأي مولانا أن ينعم بكذا فعل » (6, III, 233). Соҳиб ба аввали феъли «فعل»-и навиштаи он шахс, алифро «ا » ҳамроҳ кард, ки он «افعل» (мекунам) гардид. Дар иншои ин тавқеъ, Соҳиб тавонистааст, ки дар нигориши тавқеъ бо ин шакли муъчаз ва бисёр огоҳона устоди тавқеънигор будани худро ба субут расонад.

Ҳамин тавр, аз баррасии тавқеъоти Соҳиб ибни Аббод метавон ба хулосае омад, ки ӯ дар ин навъи эҷод ҳунари аҷдоди худ, яъне мардуми Эронзаминро дар беҳтарин ваҷҳ идома бахшидааст. Чунки анъанаи тавқеънигориву тавқеънависӣ дар қаламрави мардуми Эронзамин, ҳатто пеш аз Ислом ҳам маъмул буд ва Соҳиб дар пайравӣ ба гузаштагони адабпарвари худ тавқеъотеро офаридааст, ки ҳам аз лиҳози шакл ва равониву истифодаи калимот ва ҳам аз ҷиҳати мазмуну мӯҳтаво ҷолиби диққат аст. Чуноне зикр шуд, ба як ҳарф ҷавобия навиштани Соҳиб аз маҳорату донишмандии ӯ дар ин навъи насрро нишон медиҳад ва ӯро миёни адибони он давр ҳамчун устоди тавқеъ муаррифӣ намудааст. Инро бояд таъкид намуд, ки Соҳиб дар нигориши тавқеъот кӯшиш намудааст, ки ба такрори тавқеъот роҳ надода, балки ҳар мактуб ва расоилро бо тавқеъи тозаву нав ва пуробуранг, ҷолибу дилпазир гардонад.

Список литературы

  1. Ал Ёсин, Шайх Мухаммад Хасан. Ас-Соҳиб ибни Аббод: Ҳаёт ва замони ӯ. Бағдод, Китобхонаи Ал-Маориф, 1957.
  2. Ибни Абдурраббиҳ, Аҳмад. Ал-икдул-фарид. Ҷилди. 1-4. Қоҳира, Дорул-Фикри Арабӣ, 1967.
  3. Абӯшуҷоъ, Зоҳириддини Рудҳоварӣ. Зайл ат-таҷариб ал-умам. Таҳрири Ҳ.Ф.Амдрӯз, Миср, 1334 ҳиҷрӣ. 528 саҳ.
  4. Ал-Бахарзй, «Думятул-каср ва усрат ахли аср». Таҳрири доктор Муҳаммад ат-Тануҷӣ. Ҷилди. 2. Бейрут, 1993. 1472 с.
  5. Ат-Тавҳидӣ, Абу Ҳайён. Ахлоқи Вазирайн: Ибни Амид ва Соҳиб ибни Аббод. Таҳрири Иброҳим ал-Ғалонӣ, Димишқ, 1961.
  6. Ат-Саалиби ан-Нисобарӣ. Ятимат ад-дахр фи махосин ахли аср. 7 қисм. Таҳрири Муфид Муҳаммад. Дорул-кутубу-л-илмия. 2000.
  7. Ат-Таалиби ан-Найсабарӣ. Ятимат ад-дахр фи махосин ахли аср. Ҷилди. 3-4. Дорул-кутубу-л-махламия. 464.
  8. Ҳасанӣ, Аҳмад ибни Муҳаммад ал-Ҳусайнӣ. Рисолатул иршод фи Ахвол ас-Сохиб ибни Аббод. Техрон: Матбаоти маҷлис, 1342 ҳиҷрӣ.
  9. Ал-Хусрй, ал-Кайравонй. Захрул адаб ва Тамар ал-албоб, чил. 1-4. Заки Муборак. Дорулҷил, Бейрут, 1999. 1168 с.
  10. Хатибй, Хусайн. Фанн Натр дар Адаб Парси. нашри 2. Нашрияҳои Завар. Теҳрон, 1375 ҳиҷрӣ. 637 саҳ.
  11. Ал-Ҳамавӣ, Ёқут Шиҳобиддин. Муъҷам ал-Удобаъ. 20 ҷилд. нашри 3. Бейрут: Дорул-Фикр, 1980 милодӣ.
  12. Аз-Зухайрй, Махмуди Ганавй. Адабиёт дар давраи сулолаи Буйид. Қоҳира, 1368 ҳиҷрӣ, 380 саҳ.
  13. Сезгин, Фуод. Таърихи мероси арабӣ, ҷилди 5. Тарҷумаи арабӣ Маҳмуди Ҳиҷозӣ. Арабистони Саудӣ, 1991, 928 с.
  14. Шамсуддини Иброҳим. Девони Соҳиб ибни Аббод: Шарҳ ва таҳрир. Бейрут, Лубнон, 1422 ҳиҷрӣ/2001 милодӣ, 247 с.
  15. Ат-Толиконӣ, Исмоил ибни Аббод. Номаҳои Соҳиб ибни Аббод. Таҳрири Абдулваҳҳоб Аъзам. Миср: Дорул-Фикри Арабӣ, 1366 ҳиҷрӣ.
  16. Муборак, Заки. Насри бадеӣ дар асри чорум. Ҷилди. 1-2. Қоҳира, 1934.

Поделиться

8
Обнаружили грубую ошибку (плагиат, фальсифицированные данные или иные нарушения научно-издательской этики)? Напишите письмо в редакцию журнала: info@apni.ru

Похожие статьи

Другие статьи из раздела «Филология, иностранные языки, журналистика»

Все статьи выпуска
Актуальные исследования

#18 (304)

Прием материалов

25 апреля - 1 мая

осталось 6 дней

Размещение PDF-версии журнала

6 мая

Размещение электронной версии статьи

сразу после оплаты

Рассылка печатных экземпляров

20 мая