Хосияти химиявии алегиду кетонҳо баъд аз мавзӯи изомерия ва номенклатура ва сохти онҳо меояд. Барои пурсиши вазифаи хонагӣ омӯзгор метавонад хонандагонро ба се гурӯҳ тақсим намояд ва ба онҳо номгузорӣ намояд, ба монанди метанал, этанал ва бутанал. Ба гурӯҳи аввал омӯзгор метавонад бозии “Лотои химиявӣ”-ро истифода барад. Барои ин ба як варақи сафеди калон саволҳои оиди алдегиду кетон, изомерия ва номенклатураи он тартиб дода ба тахтаи синф овезон кунад. Хонандагон як нафари ба тахтаи синф баромада давраро чарх мезанонанд ва рақамеро аз дохили он берун мекунанд. Кадом рақамеро ки берун намоянд ба ҳамон савол ҷавоб мегӯянд. Ба гурӯҳи дуюм омӯзгор метавонад крассворд ва рӯзномаи дубахшаро диҳад.
Баъд аз он омӯзгор ба баёни мавзӯи нав шурӯъ намуда оиди хосиятҳои оксипайвастагиҳо маълумот медиҳад ва каме дар бораи хосияти физикӣ маълумот медиҳад.
Ба алдегиду кетонҳо асосан реаксияи пайвастшавӣ хос мебошад. Алдегиду кетонҳо бар хилофи спиртҳо бандҳои гидрогении байнимолеклавӣ ҳосил намекунанд, зеро дар молекулаи онҳо атоми гидрогени мусбат зараяднок вуҷуд надорад. Аз ҳамин сабаб ҳарорати ҷӯшиши алдегидҳо нисбат ба спиртҳо ки миқдори баробари атомҳои карбон доранд, пасттар аст.
Ҳангоми омӯзонидани хосиятҳои химиявии алдегиду кетон бояд реаксияҳои химиявиро дар тахтаи синф нишон дода муодилаи реаксияи химиявиро аз рӯйи қонуни бақои массаи модда баробар карда, моҳияти ин қонунро шарҳ дода тавонад.

Алдегидҳо ва кетонҳо дар маҳлули обӣ бо гидросулфити натрий ба реаксия рафта пайвастагии бисулфитӣ ҳосил менамояд.

Реаксияи сифатӣ ба алдегиду кетонҳо ин реаксияи оинаи нуқрагин ба ҳисоб меравад, ки реаксия чунин мегузарад.


Химия илми мураккаб ва гуногунҷабҳа мебошад, ки ҷустуҷӯ ва равишҳои махсусро барои донистани он талаб менамояд. Хонанда ҳамчун муҳаққиқ бояд дар олами бузурги донишҳо асли ин фанро пайдо кунад ва ин аслро мустаҳкам ва дар амал татбиқ намояд.
Дар оғози омӯзиши мавзӯи оксипайвастагиҳо хонандагон маълумоти навро бо шавқ қабул мекунанд, зеро он хеле шавқовар ва пурасрор аст, аммо бо мураккаб шудани хосияти химиявӣ таваҷҷӯҳ аз байн меравад, чунки маводи мураккабтар барои хонандагони сатҳи донишашон миёна ва заиф, ки ба неру ва имконияти худэътимодро аз даст медиҳад, камтар дастрас мешавад. Дар натиҷа хонанда аз иштирокчии фаъоли раванди таълим ба шунавандаи ғайрифаъол табдил меёбад. Дар вақти кор аз ҷустуҷӯйи мустақилона даст кашида, навиштани маълумоти заруриро авлотар медонад ва ин ба он оварда мерасонад,ки қисми зиёди дониш бе гузаштани самар аз майнаи ӯ мегузарад ва дар хотираш осоре намемонад. Натиҷа ин паст шудани нишондиҳандаҳои таълимӣ, яъне паст шудани дараҷаи дониш аст [3].
Дар назди омӯзгорон таъмини фаъолияти фикрии кӯдак дар дарс ва бедор кардани худомӯзӣ қарор дорад. Чи тавр ба ин ҳадаф расидан мумкин аст? Ҳангоми кор дар дарс кадом метод ва усулҳоро истифода метавон кард?
Ҳар як омӯзгор роҳи ҳалли ин мушкилотро дар маводи гуногуни методӣ меҷӯяд. Дар ҷустуҷӯйи усулҳои таълими химия ки ба мо кӯмак мекунад, таваҷҷӯҳи шунавандагонро ба фанни худ нигоҳ дорем ва дониши химиявиро ҳатто ба хонандаи сустхон расонем ва ба ин васила ӯро ба дониши худ бовар кунонем. Усули олими ҷопонӣ Каору Исикава мебошад. Методи “Фишбоун” (устухони моҳӣ, скелети моҳӣ) номи содашудаи усули олими ҷопонӣ Каору Исикава ба ҳисоб меравад. Ин техникаи графикии пешниҳоди иттилоот имкон медиҳад, ки ҷараёни таҳлили ягон падида тавассути ҷудо кардани мушкилот, муайян кардани сабабҳо ва далелҳои тасдиқкунандаи он ва таҳияи хулоса дар ин масъала ба таври рамзӣ нишон дода шавад. Дар дарс кӯдакро натанҳо бо дониш балки услҳои кор бо иттилоот аз он ҷумла қобилияти гузоштан ва ҳалли ин ё он вазифаҳо мусаллаҳ кардан зарур аст. Яке аз маълумотҳои беҳтарини пешниҳоди маълумот дар шакли визуалӣ ва мундариҷа бо истифода аз усули фишбоун маҳсуб меёбад. Дар ҷараёни таҳияи скелети моҳи хонандагон:
Омӯзишро тариқи гурӯҳӣ ё ҷуфти бароҳ мемонанд.
Робитаи сабаби натиҷавиро тасаввур мекунанд
Омилҳои гуногунро аз рӯйи аҳамияти онҳо гурӯҳбандӣ мекунанд
Қобилияти тафаккури интиқодиро инкишоф медиҳанд
Баҳо додан ба ҳодисаҳои воқеиятро меомӯзонанд [2].
Тарҳи скелети моҳӣ ба кӯдакон имкон медиҳад, ки ҳалли мувофиқро барои ҳама гуна вазъияти проблемавӣ интихоб карда, ғояҳои навро барои суръат бахшидан ва осон кардани раванди тафаккур захира кунанд. Ин усул махсусан истифодаи техника ҳангоми ҳуҷуми фикрӣ хеле муфид аст, то кӯдакон зуд ва возеҳ баён кардани фикрҳоро омӯзанд.
Қоидаи таҳияи тарҳи скелети моҳӣ чунин аст:
“Фишбоун” пешакӣ тартиб дода мешавад. Имкониятҳои муосири технологӣ имкон медиҳад, ки шаблонҳои ранга ва зебои скелети моҳӣ бо ёрии муҳаррири графикҳо зуд сохта шаванд, аммо дар варақаи оддии А3 ё тахтаи синф низ кашидан мумкин аст.
“Скелети моҳӣ” аз чор қисми иттилоот иборат аст.
Сар, ки дар он савол ё масъала ишора карда мешавад.
Устухонҳои ба боло равона, ки дар он сабабҳо ва мафҳумҳои асосии ин ё он падида ё мушкилот сабт карда мешавад.
Устухонҳои ба поён равона ки дар мавҷудияти ин ё он сабабро тасдиқ мекунанд [4].
Дум, ки хулоса ва муҳокимарониҳо оид ба масъаларо дар бар мегирад.
Муҳим он аст, ки ҳалли мушкилот аз рӯйи дараҷаи аҳамият сохта мешавад. Ҳар қадаре, ки ба сар наздиктар бошад, ҳамон андоза муҳимтар мебошад. Таҳияи навиштаҷот дар бадани моҳӣ тибқт қоидаи (кӯтоҳ, дақиқ, мухтасар) гузаронида мешавад. Беҳтар он аст, ки 1-2 исмро барои ишора ба ин ё он нуқта истифода баред, ки моҳияти падидаро равшан инъикос кунад.
Тарзи сохтани тарҳи скелети моҳӣ метавонад:
Инфиродӣ (ба хонандагон савол дода барои андеша ва таҳияи скелети моҳӣ 10-15 дақиқа вақт дода мешавад, сипас натиҷаҳои кори ҳар яки онҳо муҳокима карда мешавад.)
Гурӯҳӣ ( ба ҳамаи иштирокчиёни гурӯҳ матн тақсим карда мешавад, пас аз хондани он ва дар ҷараёни муҳокима тарҳи скелети моҳӣ пур карда мешавад) [1].
“Фишбоун” метавонад ҳамчун вазифаи хонагӣ барои ягон мавзӯъ, канспекти асосӣ дар дарс, кори мустақилона оид ба санҷиши сифати азхудкунии мавод ва корҳои лоиҳавӣ истифода шавад. Муаррифии натиҷаи пур кардани тарҳи скелети моҳӣ махсусан муҳим аст. Он бояд аҳамияти мушкилотро тасдиқ кунад ва муносибати байни ҳамаи унсурҳои нишондодашударо нишон диҳад.
Баъзан кӯдакон якчанд мушкилотро муайян мекунанд, аммо бо далелҳо барои хонандагон ва тасдиқи ҳар яки онҳо кори осон нест. Ин як ҳолати муқаррарӣ аст, зеро дар ҳаёт низ тахминҳо ҳамеша аз тасдиқҳо зиёдтаранд. Аз ин рӯ устухонҳои поёни метавонанд холӣ боқӣ монанд. Дар мавридҳои хулоса, яъне думи моҳӣ он метавонад дар шакли тайёр ё ба хонандагон барои такмил пешниҳод карда шавад.

.png&w=640&q=75)