Главная
АИ #19 (305)
Статьи журнала АИ #19 (305)
Ҷозибаҳои шеъри Фарзонаи Хуҷандӣ

Ҷозибаҳои шеъри Фарзонаи Хуҷандӣ

Цитирование

Шарифова Г. Ҳ. Ҷозибаҳои шеъри Фарзонаи Хуҷандӣ // Актуальные исследования. 2026. №19 (305). URL: https://apni.ru/article/15034-ozibaoi-sheuri-farzonai-huand

Аннотация статьи

Дар мақолаи мазкур муаллиф дар бораи ҷозибаҳои шеъри шоири тавонои тоҷик хонум Фарзона бо як самимияту хосу арзанда андеша баён намудааст. Муаллифи мақола менигорад, ки: “Муҳити маънавии шоира хеле фарохдоман буда, ашъори намакину ҷаззобаш сармояи адабиёти муосири форсу тоҷик мебошад. Фарзона, чун адиби ҳикматгӯ ва ситораи тобноки назми оламгири форсӣ тоҷикӣ, бешубҳа, хазинаи тиллоии адабиёти тоҷикро бо як ҷаҳон андешаҳои поку отифӣ, андарзҳои арзандааш зару зевар бахшидааст.

Текст статьи

Адабиёти муосири тоҷик бо зуҳури шахсиятҳои барҷаста ғанӣ гардида, яке аз чунин чеҳраҳои дурахшон Фарзона мебошад. Шеъри ӯ бо ҷаҳонбинии амиқ, эҳсоси нозуки занона ва баёни ҳунармандона дорои ҷозибаи хос буда, хонандаро ба андеша ва тааммул водор менамояд. Шеър оинаи рӯҳи инсон аст ва дар ин оина чеҳраи нозуку пурғановати Фарзона бо тамоми зебоиҳои маънавӣ таҷаллӣ меёбад. Ҷозибаи шеъри ӯ дар самимият, дардшиносӣ ва муҳаббат ба инсону зиндагӣ нуҳуфтааст.

Чӣ чиз шеъри Фарзонаро то ин ҳад таъсирбахш ва хотирмон мегардонад? Ин нерӯи сухан, эҳсоси амиқ ё ҷаҳонбинии шоир аст!

Эй ки бар хониши ин манзума пардохтаӣ,

Эй ки ӯро нигарӣ бо назари бегона.

Чашми ғафлат бикушо – зодаи ишқи туст ин,

Гарчӣ пиндоштияш моли яке Фарзона.

Шеъри хонум Фарзонаи Хуҷандӣ дар адабиёти муосири тоҷик ва кишварҳои Шарқ, бешак, ҷойгоҳи намоёнро ишғол мекунад. Фарзона кайҳост, мисли булбули хушово, дар чаманистони биҳиштосои назми тоҷик сайр дорад ва бо лаҳни ниҳоят ширину шевову дилрабо эҷод мекунад. Эҷоди паёпайи шоира аввал аз сермаҳсулии ӯ, сониян аз арҷ гузоштан ба шеъру ба рисолати шоирӣ, умеди хонандаро тавассути шеър ба ӯ расонидан мебошад!

Маҷмӯи ашъори Фарзона бо номҳои “Шабохуни барқ” (Душанбе, 1989), “Ояти ишқ” (Душанбе, 1984), “То бекаронаҳо” (Хуҷанд, 1998), “Меъроҷи шабнам, (Душанбе, 2000), “Қатрае аз Мӯлиён” дар се ҷилд (Хуҷанд, 2003), “Як ғунча роз” (Хуҷанд, 2005), “Муҳри гули мино” (Хуҷанд, 2006), “Сад барги ғазал” (Хуҷанд, 2008), “Саду як ғазал” (Душанбе, 2011), “Себарга” (Хуҷанд, 2011), “Парниёни ҷон” (Душанбе, 2011), “Ҳама гул, ҳама тарона” (дар ду ҷилд) ва “Девон (иборат аз 500 ғазал) дар Хуҷанд, “Дарёи сӯзон” (2014) ва ғайраҳо барои хонандаи тоҷик пешкаш гардида, баҳри хориҷиён низ ашъори ин отифаи шеър ва ин олиҳаи бузургманиш бо забонҳои англисӣ, фаронсавӣ, олмонӣ, арабӣ, русӣ, ӯзбекӣ, қазоқӣ, қирғизӣ баргардон карда шудааст.

“Дар иртибот бо шеъри Фарзона чандин нафар муҳаққиқони ватаниву хориҷӣ, аз ҷумла Сарафроз Юнусов, Тайиба Бобоева, Зоҳидҷон Қурғонов, Фарзона Алишерзода, Масъуди Мирзо, Дилшода Ҳазратқулова (Ӯзбекистон), Парвонаи Барорпур, Суҳайло Ҳусайнӣ (Эрон), Асмоа Аҳмад (Миср) ва дигарон рисолаҳои илмӣ навишта, дифоъ кардаанд” [4, с.7].

Андешаҳои бикри Фарзонаро, ки роҷеъ ба шеъри Бедил гуфтааст, метавон ба худи шоира нисбат дод. “Сухан аз он дарёи раҳмат аст, ки шустану мутаҳҳар тӯли ҳазорсолаҳо ҷорист, ки яке аз он марворид меҷӯяд, дигаре-буттаи обсабз, савумӣ – моҳии тилло, чаҳорумӣ – киштияшро ба тӯфонҳо мезанад, ки рози тӯфонро шиносад. Соддае ҳам ҳаст, ки аз реги соҳил садафи шикастаеро бармедорад ва ба ҳамин қонеъст. Ташнае ҳам ҳаст, ки ба чизе намеандешад, магар ба об” [4, с.35].

Ба гунае, ки шеъри Фарзона “аз танӯри дил фаввора мезанад”. Фарзона алфози хубро мепарастад, ӯ забони бетаровату хушкро намехоҳад ва ҷонибдори забонест, ки он андеша ва маъниҳои бикрро ифода карда тавонад.

Ман низ ҳарфи тоза бояд гӯям,

То чанд ба бозор барам меваи тар [3, с. 181]

Ҷозибаҳои шеъри Фарзона дар он зуҳур меёбанд, ки шеъри ин шоираи шакаргуфтор, дар кадом жанре, набошад, тасхиркунанда аст. Фарзона ба воситаи шеъри оламгираш вожаҳои ноби классикиро зинда мегардонад. Анқариб дар тамоми ашъори ин фариштаи сухан, вожаҳое дида мешаванд, ки аз аслияти забони ноби тоҷикӣ дарак медиҳанд. Вожаҳои “қудсӣ”, “қудсиёна”, “кибриё”, “кибриёӣ”, “мино”, “минуӣ”, “малакутӣ” ва ғайраҳо дар шеъри воқеан қудсии шоира ҷилва мекунанд. Яъне исботи он аст, ки шеъри ӯ шеъри саҳл нест, балки шеъри шӯрангезу шаккарину қудсиёна аст!

Дилам қабулгаҳи муждаҳои миноист,

Нузули ишқи ту бар ҷонам оят-оят бод [1].

Эй насими дарёӣ, бо шамими миноӣ,

Кӯлбор густурдаӣ, ин саҳар чу атторон [1].

Сафири чашмаи дур аст, чашми кибриёият,

Ту шаҳрошӯби офоқӣ, қасам бар рустоият [2].

Шаҳри дарёии хуршеднадида, падруд,

Эй фурӯғи малакут, оташи симои сапедат [2]

Фарзона дар эҷоди шеър ба бузургони адабиёти форсу тоҷик – ба Мавлонову Аттору Бедил, Саъдиву Камол, Ҳофизу Соиб пайравӣ менамояд. Ӯ моҳиронаву соҳирона “баҳрро дар кӯза” ғунҷонидааст! Боиси ифтихори мост, ки каломи шаккарини ин шоираи форсизабон дар радифи Фуруғи Фаррухзод, Симини Беҳбаҳонӣ, Анна Ахматова, Жола Бадеъ меистад. Фарзона дар ашъораш аз шеърҳои ин нобиғагон ҷиҳати тақвияти андешаҳои пандомӯзи хеш низ пайравӣ намудааст. Ҷаззобияти ашъори хонум Фарзона марзҳоро убур намуда, шоирони тавонои дунёро мафтуни худ намудаву водор ба эътирофу эътибор кард. Дар васати занони суханвари дунё шеъри воломақоми ин фариштаи сухан баланд парвоз намуда, ҷаҳони андешаҳои файласуфонааш буруз мекунад. Яке аз рӯзноманигорони форсизабони Инглистон Маъсумаи Турфа ба эҷодгарии Фарзонаи якдона чунин нуктаи назар медиҳад: “Дар воқеъ, Фарзона ҷойгоҳи махсуси худро дорад. Ман ҳамеша эҳсос мекунам, ки дар Тоҷикистон низ ҳамин тавр аст. Бо он, ки шоирон хеле зиёданд, аммо ӯ ба хотири ин ки зан аст ва тамоми зебоӣ ва латофати Тоҷикистонро ҳамроҳ бо худаш дорад, дар зимн фарҳанги ғании забони форсиро ҳама ҷо бо худаш мебарад ва бисёр зани босавод ва пурхонда аст. Ва суолҳое, ки ба ӯ медиҳанд, бисёр файласуфона ҷавоб медиҳад. Фикр мекунам, ки ончи ки Фарзонаро аз дигарон ҷудо мекунад, агарчи ҳар кадоме аз дигар шоирон низ гулҳои пурарзишанд, файласуфмашрабӣ ва зарифии ӯст, ки дар инҷо низ ҳамин тавр маҳсуб мешавад” [3].

Хонандаи ашъори шоира метавонад ба умқи андешаҳои печ дар печу беохир ва оинанамои ӯ, ки ҳастиро, чи будани мавҷудияту зистанро меомӯзонад, мафтун шавад, метавонад ба як байти ӯ ошиқ шавад. Фарзона садҳо шоҳбайтҳое дорад, ки ҳар яки он маънои як китобро доранд. Бубинед чи дилпазиранд, фишурдаи табъи латифи шоир!

Рӯз бо як чашми хуршедӣ ҷаҳонбин гаштааст,

Шаб ҳазорон чашми кавкаб дораду кӯр аст боз.

***

Шайтони порсояму карданд ғайбатам,

Дар маҳфили малоикаҳои ҳарамнишин.

***

Сарпӯш бикан аз даҳани шампани хуршед,

Он сон, ки зи бонгаш бипарад хоби гаронам.

***

Кулбаи пурсурури мо рашки тамоми қасрҳост,

Кабкпалав намедиҳад лаззати ин пиёбаро

***

Ифшотар аз суоливу пайдотар аз ҷавоб,

Эй ишқ, ишқи то ба абад беҷавоби ман!

***

Шаб фишори хун дорад, ку лимӯи моҳи ӯ,

Гарм гарм мепечад оҳи ман ба оҳи ӯ [1].

***

Чун аз тариқи симо симои ту дурахшид,

Хуршедвораеро аз моҳвора дидам.

***

Эй хоб, ки умри маро даркашидаӣ,

Аз ман салом гӯ маҳи шабзиндадорро [2]

***

Дар раҳи маҷозу асл, ҷустуҷӯи худ кардем,

Ҳар касе Худоро ёфт, оқибат ҳам Инсон шуд! [1].

***

Дигарон санг фиканданду ту як шохаи гул,

Ман на аз санг, ки аз зарбаи гул афтодам.

Метавон ҷаззобияти ашъори шоираро аз лиҳози эҷоду омӯзишу пажӯҳишу арзишдоварӣ то як андоза муайян намуд. Яъне ҷаззобияти шеъри ин нодирагуфтори Шарқӣ аввал такя ба ғояҳои бузургон ва нобиғагони шеъри форсист; калимасозиву ибораороиҳо ва тасвирсозии балеғ; мавзуъҳои баргузида ва омезиши шеъри сапеду шеъри мудерн; файласуфмашрабӣ ва зарифгӯии ӯ; истифодаи бамавриду шинами вожаҳои байналмилалӣ дида мешаванд. Яъне тамоми назокат ва нафосати сухани шоира аз дил ба дил раҳ меёбад ва ӯ ҷавоби шоираҳои оламро дар эҷод бо он “қанди порсӣ” дод!

Дар шеъри “Дар ҷустуҷӯи кӯчаи ҳақиқат” шоира бо ақидаҳои умедворкунанда, ба сӯи ояндаи нек раҳнамоӣ мекунад ва рисолати худро чун инсони комил низ дар раҳоӣ аз пасмондагиҳо, андӯҳ, нобаробариҳо мебинад. Ақидаҳои файласуфонаи хонум Фарзона хонандаро ба андеша водор мекунад, ки чи гуна шитобону саросема мебояд зист дар ин “дунёи каҷдору марез”. Дар ин шеър шоира менигорад:

Ман ки мехостам бо ханҷари ҳақиқат

фиребу ниёву наҳсро пора кунам,

Дардҳои дигаронро бо фитрати

тилисмкушо чора кунам.

Тангнои тафаккурҳоро

чун масоҳати афлок

беканора кунам.

Натавонистам [1]

Шеъри сапеди шоира шабеҳи раддаи марҷон фаҳмову равону салис хонда мешавад ва хонандаи он намехоҳад, ки аз ин нафосату равондармонӣ раҳоӣ ёбад. Шеъри пурсурур ва оганда аз нур захми қалбҳои хастаро дармон мебахшад. Истифодаи ва корбурди вожазори маънӣ, ифодаи боғайратонаи фикри бикр, шинохти манзалати бузургон ва пайгирии онон, бо ин бузургмашрабӣ эътироф кардани шеъри як навшогирд аз хасоили наҷиби хонум Фарзона мебошад. Шоира дар созиши зебои шаклу мазмуни шеъри воло, сувари хаёл ва таркибофариниву иборасозӣ нақши бориз дорад. Ӯ беҳтарину муқаддастарин вожаҳоро мавриди истифода қарор медиҳад, ки шеъраш дилчаспу гуворо ва ҳадафрас бошад, зеро ин вазифаи шоирии ӯст: ба дарди дили хонанда расидан! Бешак, Фарзона ибораороиҳои ҷаззобе дорад, ки аз тахайюлоти бою рангини шоириаш дарак медиҳад ва ин бевосита хазинаи маънавии хонандаро ғанӣ мегардонад: Вожаҳои худсохти шоира: “тозатанин”, “субҳваш”, “марямистон”, “шабнамистон”, “хуршедмашраб”, “оинамазҳаб”, “шаболуд”, “фалакҷӯш”, “малакназир”, “шириншамоил”, “шакаристон”, “ҳеҷистон” ва ҳазорҳо чунин гулвожаҳоеро мебинем, ки “таровати шеър”-ашро дучанд гардонидаанд.

Ибораҳои зебову гӯшнавози “орзуҳои ёсуманбӯсам”, “ғуссаи зангбаста”, “чашмзахми наҷот”, “рақиби садқабо”, “муборакқосиди соҳибкаромат”, “дарёи риндмашраби тӯфонхурӯҷ”, “қалби садобшуста”, “хусрави малаксимо”, “наварӯси отифа”, “субҳи орзуварзон”, “саҳарандоми шафақпешонӣ” ва боз садҳо ибораву мафҳумҳое, ки табъи латифро сайқал медиҳанд, шоира ба мисли устодаш Лоиқи зиндаёд эҷод намудааст.

Саропои вуҷуди ин чеҳранигори тавоно, кохи меҳру муҳаббат аст. Муҳити маънавии шоира хеле фарохдоман буда, ашъори намакину ҷаззобаш сармояи адабиёти муосири форсу тоҷик мебошад. Фарзона, чун адиби ҳикматгӯ ва ситораи тобноки назми оламгири форсӣ тоҷикӣ, бешубҳа, хазинаи тиллоии адабиёти тоҷикро бо як ҷаҳон андешаҳои поку отифӣ, андарзҳои арзандааш зару зевар бахшидааст. Дар баъзе маҳфилҳо Фарзонаро дӯстдорони ашъораш “шоири классик” низ меноманд, ки ин баландтарин баҳо мебошад. Фарзона тавонист шеъри анъанавиро бо шеъри сапеду мудерн васл кунад.

Фарзона, ин фариштаи заминӣ, бо каломи қудсӣ, бо чеҳраи малакутӣ, бо он нигоҳи маъсуму зебову шармгин тавассути шеъри дилнишинаш, ки марзҳоро убур намудааст, моро ба сӯи дуриҳои дур, ки ғарқи нур ва шодиву сурур аст, ҳидоят менамояд. Раҳнамоӣ мекунад, исбот менамояд, ки шоирон ворисони пайғамбаронанд ва шеър рушанибахши дилҳост! Метавон гуфт, ки ҷозибаи шеъри Фарзона аз ҳамбастагии амиқи воқеият ва тахайюлоти рангин сарчашма мегирад. Ҳуруф ба ҳам қиём шуда, вожа месозанд, вожаҳо шаддаи марҷон гардида, мавзуну бомаром, ба ақлу ҳуши хонанда мешинанд ва тавлид мешавад шеъри воло!

Список литературы

  1. Фарзона. Ҳама гул ҳама тарона. Қисми 1. Хуҷанд, Хуросон, 2014, – 504 с.
  2. Фарзона. Ҳама гул ҳама тарона. Қисми 2. Хуҷанд, Хуросон, 2014, – 500 с.
  3. Фарзона. Қанди баста: Мақолаҳо, номаҳо, пешгуфторҳо, сафарномаҳо, меҳрномаҳо, ёдномаҳо. –Хуҷанд: Ношир, 2024. – 512 с.
  4.  Хоҷамуҳаммади Муҳаммадзод. Фариштаи ишқ. Душанбе, Адиб, 2022, – 256 с. 

Поделиться

11
Обнаружили грубую ошибку (плагиат, фальсифицированные данные или иные нарушения научно-издательской этики)? Напишите письмо в редакцию журнала: info@apni.ru

Похожие статьи

Другие статьи из раздела «Филология, иностранные языки, журналистика»

Все статьи выпуска
Актуальные исследования

#19 (305)

Прием материалов

2 мая - 8 мая

осталось 4 дня

Размещение PDF-версии журнала

13 мая

Размещение электронной версии статьи

сразу после оплаты

Рассылка печатных экземпляров

27 мая