Дар чанд даҳсолаи охир дар забоншиносӣ як қатор асарҳое таълиф ёфтанд, ки маҳз ба муаммои хусусият ва вазифаи инкор ихтисос доранд. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки инкор яке аз категорияҳои заминавии забон ба шумор меравад. Дар ҳақиқат, инкор категорияи универсалӣ ва маъноӣ буда, ба ҳама забонҳои дунё хос мебошад ва зуҳури он аз давраҳои қадим сарчашма мегирад. Ҳанӯз дар сарчашмаҳои хаттии қадимаи забонҳои гуногунсохт категорияи инкор дар қатори категорияи тасдиқ дорои шакл ва маъно буд [1, с.9]. А. И. Бахарев мантиқан дуруст қайд менамояд, ки инкор баъди ба миён омадани категорияи тасдиқ пайдо шудааст ва ба ҳар ҳол асоси шубҳаомезе вуҷуд надорад, ки чун категория дар рафти ташаккули забон ба миён омадааст [1, с.10].
Масъалаҳое, ки пажӯҳишгарон дар рафти омӯзиши категорияи мазкур рӯ овардаанд, гуногунанд. Аз ҷумлаи ин масъалаҳо муайян кардани мафҳумҳои инкори забонию мантиқӣ ва муносибати байни онҳо, омӯхтани воситаҳои ифодаи инкор дар забонҳои гуногун ва инчунин таҳқиқи мавқеи категорияи мазкур дар муқаррар кардани сохти ҷумла ва ғ. Мебошанд. Дар забоншиносӣ муаммои категорияи инкор аз тарафи бисёр олимони маъруфи хориҷиву ватанӣ мавриди омӯзиш қарор гирифтааст. Дар асоси афкори олимон метавон ду равияи асосиро оид ба шарҳи категорияи инкор ҷудо кард:
- воситаи шакли ифодаи инкор;
- мазмуни мафҳуми инкор.
Мо шарҳи мафҳуми инкореро дастгирӣ мекунем, ки ба муносибати функсионалӣ-семантикӣ асос ёфтааст. Вобаста ба он инкор чун муайянкунии нестӣ, вуҷуд надоштани вазъияти омӯхташаванда, ё худ, дахл надоштани ҳодиса, аломат ё ашё ба вазъияти ахбор таҳқиқ карда мешавад. Аммо андешаҳое низ вуҷуд доранд, ки, мувофиқи онҳо, моҳияти инкор на бо омили объективӣ, балки бо омили субъективӣ муайян карда мешавад. Масалан, О. Есперсен дар бораи ҳиссиёти нафрат ибрози андеша карда, онро нуқтаи асосии пайдоиши инкор ҳисобидааст [5, с.373-389].
Ҳамчунин К.Д. Дондуаро ҷонибдори муносибати созмонӣ (таркибӣ) ҳисобидан мумкин аст, зеро мавсуф инкорро аз нуқтаи назари синтаксис омӯхтааст. Мавсуф ҷумлаеро, ки дар он ҳиссачаи инкорӣ мавҷуд бошад, инкорӣ меномад [4, р.166]. Қайд кардан зарур аст, ки воситаҳои ифодаи инкор ба сатҳҳои гуногуни забон мансуб буда, танҳо дар доираи ҷумла маҳдуд намегарданд. Дар қатори ин воситаҳо ҳиссачаҳои инкорӣ, пешвандҳо, пешояндҳо, ҷонишинҳо ва зарфҳои инкориро низ метавон дохил кард. Дар ин маврид ҳоҷат ба инкоре низ намемонад, ки бо воҳиди фразеологӣ ё бо воситаи оҳанг ифода шуда бошад. Аммо бояд қайд кард, ки тарафдорони муносибати созмонӣ (таркибӣ) зиёд нестанд.
Аз рӯи ақидаи А.М. Пешковский, «инкор ба қисмати категорияҳои субъективӣ-объективӣ дохил мешавад, зеро он на муносибати байни маълумоту тасаввурот, балки муносибати гӯяндаро нисбат ба ин муносибатҳо ифода менамояд» [9, с.38]. Л. Ҳорн зикр менамояд, ки аз нуқтаи назари онтологӣ инкор категорияи нисбатан сода мебошад. Категорияи мазкур вуҷуд доштан ё надоштани ҳолати муайяни амалҳоро нишон медиҳад. Инкор ба маънои васеъ чун ифодаи тасдиқ ё инкори ҳолати мазкури амалҳо дарк карда мешавад [11, р.93].
Аксар аҳли таҳқиқ дар мавриди категорияи инкор ба ақидаи А.М. Пешковский такя мекунанд, ки гуфтааст: «Категорияи инкор ба қатори категорияҳои “субъективӣ-объективӣ дохил мешавад, зеро он на муносибати байни тасаввурот, балки муносибати гӯянда (ва шунаванда)-ро нисбат ба ин тасаввурот ифода менамояд [9, с.387]. Н.Г. Озерова чунин меҳисобад, ки категорияи грамматикии инкор инкори мантиқиеро ифода мекунад, ки дар муҳокимаҳои инкорӣ ба назар мерасад ва «ҷудоии ашёҳо, аломатҳоро, ки дар ҳақиқат вуҷуд доранд», мефаҳмонад [7, с.10].
Масъалаи гурӯҳбандии ҷумлаҳои инкорӣ дар забони русӣ яке аз мавзӯъҳои мубрам ҳисобида мешавад. Қадамҳои нахустин оид ба гурӯҳбандии мушаххаси ҷумлаҳои инкорӣ аз тарафи А.М. Пешковский гузошта шудааст. Ӯ дар бораи ду намуди ҷумлаҳои инкорӣ сухан карда, омилҳои чунин таснифро аниқ сохтааст: “Маҳз танҳо воситаҳои инкори дар назди хабар қарордошта тамоми гуфторро инкор мекунад, аммо воситаҳои инкори дар назди ягон аъзои дигари ҷумла қарордошта маънои умумии тасдиқии гуфторро тағйир намедиҳанд. Ҷумлаҳое, ки хабари тасдиқӣ доранду ҳиссачаи инкорӣ дар назди дигар аъзои ҷумла ҷой гирифтааст, инкорӣ буда, ҷумлаҳоеро, ки хабари инкорӣ доранд, умумиинкорӣ ё аслан инкорӣ номидан мумкин аст” [9, с.377-378]. Гурӯҳбандии А.М. Пешковский асоси аксарияти дастабандиҳои пажӯҳишҳои минбаъдаро ташкил медиҳад.
Ақидаи О. Есперсенро бо чунин маҳдудияти ҷумлаҳои инкорӣ нисбат додан мумкин аст, ки инкори махсус ва нексусиро вобаста ба мавқеи он дар ҷумла ҷудо кардааст. Нексус аз калимаи англисии nexus гирифта шуда, маънояш “муносибати предикативии байни калимаҳое мебошад, ки чун мубтадо ва хабар қарор мегиранд” [5, с.251]. Муҳаққиқ О.Есперсен қайд мекунад, ки маънои ҷумла ба мавқеи ҷузъи инкорӣ вобаста аст. Дар ин замина гуфтан мумкин аст, ки “мафҳуми инкор мантиқан ба мафҳуми алоҳида (инкори махсус) ё ба ибораи ду ҷузъи нексус (инкори нексусӣ)” нисбият дорад. Вақте ки нексус инкор карда мешавад, ҷузъи инкорӣ одатан дар паҳлӯи феъл ҷой мегирад [5, с.373-389].
Инкор на танҳо ба феъл – хабар, балки ба ягон аъзои дигари ҷумла ҳам дахл дошта метавонад. Мавқеи он барои ҷудо кардани инкори умумӣ (дар назди хабар) ва ҷузъӣ (дар назди дигар аъзоҳои ҷумла) асос шуда метавонад. Вале, аз рӯи ақидаи баъзе пажӯҳишгарон, чун Л.А. Новиков, В.З. Панфилов дар ҷумлаҳои умумиинкорӣ ва қисман инкорӣ инкор асоси предикативнокӣ (мухобира) мебошад. Онҳо таҳти предикативнокӣ категорияеро мефаҳманд, ки тамоми ҷумларо тавсиф мекунад ва ба муносибати байни аъзои ҷумла вобаста буда, предикати мантиқиро ифода мекунад. Масалан, дар ҷумлаи Ту на кашнич, балки ҷаъфарӣ харидӣ, маънои мантиқӣ ин на ҷаъфарӣ, балки предикати синтаксисии харидӣ мебошад. Сифати фикр на аз рӯи хусусияти сохтори он дар сатҳи наҳв, балки аз рӯи хусусияти сатҳи мантиқӣ-грамматикии он муайян карда мешавад [6, с.86]. Илова бар ин, шаклҳои забонии инкор на ҳамеша инкори мантиқиро ифода мекунанд ва, баръакс, шаклҳои забонии мусбат метавонанд инкори мантиқиро ифода намоянд. Масалан, калимаҳои priceless ва precious – бебаҳо, беҳамто, single – муҷаррад ва unmerried – муҷаррад, бе ҳамсарро мефаҳмонанд [8, с.11; 2, с.93].
Категорияи лингвистии инкор вуҷуд надоштани алоқаи байни ашёҳои ҳақиқатро инъикос мекунад. Маънои мантиқии категорияи забонии инкор мавҷуд набудан ё дар дигар намуду шакл мавҷуд будан, тафовут ва ғ. Мебошанд. Ба мундариҷаи инкори забонӣ метавонанд дигар маъноҳои қисмии денотативии инкор, мисли норизоӣ, эътироз, радкунӣ, манъкунӣ ва ҳоказо дохил шаванд [2, с.76-78]. Мувофиқи андешаи А. Вежбитская, инкор ҷузъи мусбат, сохти боти-нии ҷумла буда, муносибати инкории гӯяндаро нисбат ба мундариҷаи тасдиқ ифода менамояд. Ба ақидаи ӯ, инкор, воқеан, дар забон бемаҳдуд истифода мешавад, зеро нисбати ҳама чиз муносибати инкорӣ изҳор кардан мумкин аст [12, р.138]. Маънои инкор ба он оварда мерасонад, ки инкор ҷавоби номураттаби ақидаҳо ва тасаввуротро изҳор мекунад ё аз номувофиқоии амали чашмдошт нисбат ба ҳақиқат дарак медиҳад. Ҷонибдорони консепсияи психологӣ барои исботи ақоиди худ аз таърихи забони англисӣ далел меоваранд. Инкори қадимаи ne на танҳо чун ҳиссачаи инкорӣ, балки чун нидои содаи нафрат (disgust) таҳлил мешавад [12, с.4]. Этимологияи калимаҳои инкорӣ дар баъзе забонҳо ба нидоҳои содае ишора менамоянд, ки номатлубиро ифода мекунанд
Аз баррасии андешаҳои муҳаққиқон чунин ба назар мерасад, ки онҳо мафҳуми инкорро бештар дар асоси фаҳмиши фалсафии он баҳо додаанд, ки, мувофиқи он, тасдиқ ва инкор ифодаи мақбулкунӣ ва норизоии мундариҷаи субъекти тасаввурот мебошад. Пазироӣ ва мақбул надонистан - ҷавоби баҳодиҳандаи соҳиби ирода ва эҳсосоти инсон ба маънои фикр мебошад. Чунин тақсимот на мантиқӣ, балки психологӣ аст. Зимни ин фаҳмиш, инкор на чун инъикоси олами моддӣ, балки тавлиди ҷавоби манфии гӯянда баррасӣ карда мешавад. Гарчанде ин фаҳмиш қисман дуруст аст, аммо, дар умум, инкор аз доираи ифодаи ноумедӣ, ғайриқаноатмандӣ ва муқобилат берунтар меояд. Дар ҷумлаҳои инкории навъи Дарахтони палма дар шимол намерӯянд; Хоҳарам аз ҷануб барнагашт ягон нишона ё маънои муқобилат ифода наёфтааст. Ба ин монанд на ҳамаи созмонҳои инкорӣ ташдидӣ ё таъсиррасон мебошанд [3, с.81-82; 10, с.75]. Мақсади ниҳоии системаи гуфторҳои инкорӣ дар нутқ водор кардани адресат барои аз нав дида баромадани ақидаи худ, бартараф кардани амал аз тарафи ӯ мебошад.
Ҳамин тавр, мафҳуми инкор чун ифодаи мавҷуд набудани алоқаи объективӣ қисман дуруст аст. Инкор мавҷуд набудани алоқаҳои объективӣ ва инчунин худи ашё ва ё ашёҳост, ки алоқаҳои объективӣ низ ба қатори онҳо дохил мешаванд.
.png&w=384&q=75)
.png&w=640&q=75)