Истилоҳи «шахсият» – «инсон ҳамчун фарди ҷомеа, яъне субъекти маърифаткунанда ва дигарсозандаи олам...» [3, с. 282] бо мафҳуми «омӯзгор» – «мутахассисе, ки дар мактабҳо... бо хонандагон (-у донишҷӯён) корҳои таълимиву тарбиявӣ мебарад» [3, с. 67-168, 189] пайванди ногусастанӣ дорад. Омӯзгор қабл аз он ки дар ҷомеа ҳамчун шахсияти муътабар нуфуз пайдо кунад, мисли ҳамаи афрод таъсирпазирӣ ва таъсиррасонӣ аз доираи коллектив шуруъ месозад.
Тибқи ақидаи аксар назарияпардозони педагогика ва ҷомеашиносони ҷаҳонӣ саҳми коллектив дар шаклгирии шахсияти инсон ва таъсири шахсият дар таҳаввули мафкураи коллектив бисёр назаррас мебошад. Ин нуқтаи назар дуруст аст, аммо бояд ба масъалаи зайл таваҷҷуҳ кард: «Коллектив» ҳамчун «яке аз бахшҳои муҳимтарини ҷамъият; гурӯҳи одамоне, ки бо ягон фаъолияти умумӣ, кор, таҳсил, ҳалли масъалаи мушаххаси ҷамъиятӣ муттаҳид шудаанд» [1, с. 311] имрӯз бо имконияту абзорҳои навину пешрафтаи таъминкунандаи муносибатҳои ҷамъиятӣ дар раванди ҷаҳонишавӣ то чи андоза аз густардагии доираи мутаҳҳидшавӣ – ҷуғрофияи иртиботу иттиҳод бархӯрдор аст?
Оё истифодабарӣ аз шабакаҳои иҷтимоӣ [4, с. 157] омили густариши доираи арзи ҳастии «коллектив», ки аз ҳудуди институтҳои хурди ҷамъиятии мавҷуд дар воҳидҳои ҷуғрофии давлатҳои алоҳида шуруъ шуда, саросари сайёраро фаро мегирад, шуда наметавонад?
Оё вақти он нарасидааст, ки ба истилоҳи «коллектив» ҳамчун мафҳуми педагогика ва ҷомеашиносӣ аз диди «ҷаҳонишавӣ» назар афканем, то барои ҳалли масъалаҳои ахлоқи ҷомеа ва тарбияи насли наврасу ҷавони кишвар аз ҳамин зовия нигарем?
Мувофиқи оморҳо панҷ сол пеш «дар оғози соли 2020 беш аз 4,5 миллиард нафар одамони сайёра дастрасӣ ба интернет доштаанд ва аудиторияи шабакаҳои иҷтимоӣ аз марзи 3,8 миллиард гузаштааст» [4, с. 157]. Дар Тоҷикистон низ сафи истифодарабандагони интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ сол то сол афзоиш меёбад. Агар шумораи истифодабарандагони шабакаҳои иҷимоӣ соли 2021 ба 4,2 миллион нафар баробар шуда бошад [4, с. 158], соли 2022 ин омор ба 4,5 миллион расидааст. Ин омор, новобаста аз фарҳанги истифодабарии аҳолӣ, хусусан қишри наврасу ҷавони кишвар, нишон медиҳад, ки Тоҷикистон ҳам мисли соири давлатҳои рӯбатараққӣ дер ё зуд, ҳароина, вориди фарҳанги рақамӣ хоҳад шуд. Аз ин рӯ, зарур аст, ки дар ин самт омӯзгор ҳамчун шахсият бояд пеш аз дигар афроди ҷомеа, хусусан, ашхоси аз хештаншиносии миллӣ камбаҳра ва каммаърифат вориди ин фарҳанг шавад, вагарна, ончунон ки шоҳиди онем, шабакаҳои иҷтимоии ҷаҳонӣ барои иддае аз шаҳрвандони мо ба ҷойи худнамоӣ ва фазлфурӯшӣ табдил ёфта, агар аз як сӯ ба ҷаҳонбинии истифодарабандагони синну соли гуногун, хусусан наврасону ҷавонони кишвар таъсири манфӣ расонад, аз сӯи дигар арзишҳои миллии моро дар арсаи байналмилалӣ ба ҷойи дар сурати аслӣ нишон додану ҳамзамон таблиғу ташвиқ кардан дар шакли таҳрифшуда манзури ҷаҳониён мегардонанд. Бо чунин вазъу ҳолат мушкил аст, ки мо дар раванди ҷаҳонишавӣ абзору васоити навини иртиботу муносибатро барои ҳифзи ҷавҳари миллӣ ҳамчун сипари маънавӣ ба кор гирем.
Имрӯз, омӯзгор,бо вуҷуди он ҳама донишу таҷрибаи педагогӣ, агар аз уҳдаи истифодаи дурусту бомақсади абзорҳои иртибот, воситаҳои навини таблиғу ташвиқи андеша ва таҷрибаҳои корӣ баромада натавонад, «шахсият»-и вайро ҳамчун фарди соҳибнуфуз, ончунон ки худаш манзури ҷомеа карда метавонад, дигарон, ҳатто рӯзноманигорон муаррифӣ карда наметавонанд, чи расад ба корбарони саҳифаҳои шахсии шабакаҳои иҷтимоӣ, ки, новобаста аз сатҳу савияи ҷаҳонбинӣ, ҳадафи аксарашон тавассути «лайк»-гирӣ даромадафзоист. Хушбахтона, дар миёни ҳазорҳо корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ афроде бомаърифат ва ҷаҳонбинияшон васеъ ҳастанд, ки бо талошу кӯшиши нашри маводи тарбиявӣ ва ахлоқӣ ҷойи омӯзгоронро то андозае пур карда метавонанд. Ҷойи хурсандист, ки дар миёни чунин афрод муаллимони мактабҳои миёна ва олӣ низ ба назар мерасанд.
Мо дар кишвар низоми таҳсилоти фосилавиро ҷорӣ кардаем, аммо дар доираи истифодабарии маводи электронӣ маҳдудем ва ҳанӯз аз усули дарсҳои бархат ва вебинар, ки шахсияти омӯзгорро дар назари донишҷӯй ба таври барҷаста нишон дода, таъсиру нуфузи ӯро ба объекти фаъолият бештар мегардонад, самаранок истифода бурда наметавонем.
Таҳсилоти фосилавӣ, ки барои омӯзгорони муассисаҳои олии кишвар минбари аз фосила арза кардани шахсият аст, метавонад барои онҳо ҳамчун мактаби коромӯзиву таҷрибаандӯзии истифодабарии абзору васоити навини иртиботи интернетӣ хидмат ҳамчун кунад. Омӯзгор аз ин минбари арзаи фосилавӣ таҷрибаи кофӣ ҳосил карда, метавонад тадриҷан барои вуруд ба шабакаҳои иҷтимоӣ ҳамчун корбари фаъолу намуна ва таъсиргузор ба мафкураи ҷомеа заминаи мусоид фароҳам оварад ва ҷойгоҳи худро ҳамчун шахсияти соҳибнуфузу таъсиррасон дар фазои маҷозӣ бо мақсади хидмат ба миллату давлат пайдо намояд. Чунки, ба қавли доктори илмҳои сиёсатшиносӣ Саидмумин Ятимов «яке аз муҳимтарин масъалаҳое, ки дар назди давлати миллии мо қарор дорад, сохтани ҷаҳонбинӣ, ба вуҷуд овардани ҳисси баланди хештаншиносӣ ва худшиносии миллӣ аст. Таъкиди доимии Пешвои миллат иборат аз он аст, ки тарбия ва таълим бояд қудрати бузурги дигаргун сохтани инсонро ба манфиати ҷомеа ва рушду нумӯи он дошта бошад» [6, с. 8-9].
Барои ба ин мақсад ноил шудан омӯзгор, яъне нуфузи худро ҳамчун фарди таъсиргузори ҷомеа дар фазои маҷозӣ ба даст овардан, бояд шахсияти худро дар муҳити воқеии фаъолият бо фазилатҳои педагогӣ, аз ҷумла садоқат ба пеша, виҷдони омӯзгорӣ, ҳифзи арзишҳои инсонӣ ороста созад, то эҳтироми вай назди объекти фаъолият воҷиб гардад. Яке аз падидаҳои номатлубе, ки мақоми омӯзгорро дар байни дигар қишрҳои ҷомеа пасту бемоҳият нишон медиҳад, суистифодаи иқтисодӣ аз масъулият аст, ки дар ҷараёни санҷишу имтиҳонот рух медиҳад.
Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки бо сиёсати маорифпарварона пайваста дар фикри ғамхории омӯзгоронанду бо ин дастгирии ҳамаҷониба хостори пешрафти низоми маорифи кишвар ҳамчун ниҳоди офаранда ва назораткунандаи мафкураи ҷомеа мебошанд, дар Паёми навбатии худ ба ин масъала таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир карда, чунин таъкид намуданд: «Ба хотири ҳарчи зудтар ба фазои ягонаи таҳсилоти байналмилалӣ ворид гардидани маорифи Тоҷикистон соли 2004 ба низоми кредитии таҳсилот гузаронидани муассисаҳои таҳсилоти олии мамлакат оғоз гардид ва соли 2014 ҳамаи муассисаҳои зикршуда ба ин низом гузаронида шуданд. Вақти он расидааст, ки бурду бохти низоми зикршуда аз ҷониби гурӯҳи коршиносон таҳлилу баррасӣ гардида, зимни супоридани имтиҳонҳои ҷорӣ ва хатм омилҳои инсонӣ пурра аз байн бурда шаванд» [7].
Аз иқтибоси мазкури Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бармеояд, ки бояд низоми кредитии таҳсилот барои таълимдиҳанда ва таълимгиранда шаффофияти татбиқи раванди таълиму тарбияро фароҳам оварда, субъекту объекти таълиму тарбияро нагузорад, ки аз доираи салоҳияту масъулият берун раваду даст ба сӯистифода зада, баробари помолсозии шахсияти худ ба шаъну шарафи омӯзгорӣ ва мақому ҷойгоҳи вай муаллим дар ҷомеа низ латмаи маънавӣ ворид созад.
Хушбахтона, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақоми омӯзгор» 17-уми декабри соли 2025, №2215 ба тасвиб расид, ки он аз 6 боб ва 16 модда иборат мебошад.
Қонуни мазкур дар баробари он ки доираи ҳуқуқи кору фаъолият ва шахсияти омӯзгорро нишон медиҳад, дахлнопазирии шаъну шарафи омӯзгорро таъмин карда, на фақат дигарон, балки худи ӯро низ ба эҳтироми мақоми худ водор месозад.
Моддаи 2 ("Дахлнопазирӣ ва ҳифзи шаъну шарафи омӯзгор») боби 2-и Қонуни мазкур аз се банди зерин иборат аст:
- «Шаъну шарафи омӯзгор дахлнопазир аст.
- Шаъну шарафи омӯзгор аз ҷониби давлат ҳифз карда мешаванд.
- Амалҳое, ки бевосита ё бавосита ба паст задани шаъну шарафи омӯзгор равона шудаанд, манъ аст» [2].
Муҳтавои ин се банд бозгӯйи он аст, ки шаъну шарафи омӯзгор ҳамчун ҷавҳари шахсияти ӯ дар ҷомеа аз тарафи давлат мавриди ҳимояи ҳуқуқӣ қарор гирифта, амалҳои пасткунандаи шаъну шарафи омӯзгор қонун манъ мебошад. Дар боби 2 – «Вазъи ҳуқуқии омӯзгор», моддаи 6 – «Уҳдадориҳои омӯзгор», банди 2-юми чунин омадааст: «ба амалҳое, ки шаъну шарафи омӯзгорро дар ҷомеа паст мезананд, роҳ надиҳад» [2]. Ин банд қонунан омӯзгорро масъул месозад, ки ҳуқуқи худашро помол насозад.
Албатта, сатҳи маърифати ҳуқуқии ҷомеаи мо сол то сол боло рафта истода бошад ҳам, тибқи андешаи дотсенти кафедраи назария ва таърихи давлат ва ҳуқуқи факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Саъдӣ Шарифзода бояд моҳияти ҳар як банд ва муқаррароти қонуни мазкур дар доираи гурӯҳи корӣ бо ташкили конференсия, мизҳои мудаввар аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатӣ дар ҳамаи муассисаҳои таълимӣ новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ ба омӯзгорон ва хонандагону донишҷӯён фаҳмонида шавад, то ба ин васила ба шуури ҳар як омӯзгор ва хонанда мавқеи омӯзгор ва нақши он дар ҷомеа ҷой карда шавад. Ҳамчунин, вай таъкид мекунад, ки бояд панҷ соли аввали татбиқи қонуни мазкур омӯзгорон аз аттестатсияи давлатӣ гузаронида шаванд, зеро дар асоси қонуни мазкур омӯзгор шахсе мебошад, ки воқеан, ин касбро дӯст медорад ва метавонад ҳастии худро барои таълиму тарбияи насли нав ва барои ҳифзи соҳибихтиёриву арзишҳои миллӣ равона карда бошад [5].
Таҳлилу баррасии фавқ бозгӯйи он аст, ки омӯзгори асри ХХI бояд ҳамчун фарди соҳибнуфуз баробари иҷрои масъулияти педагогии худ дар муассисаҳои таҳсилоти миёна, миёнаи махсусу олӣ доираи иртиботу таъсиррасонии худро аз маҳдудаи “коллектив”-и асри ХХ берун бурда, бо истифода аз абзору васоити навини нашри андеша ва ташвиқу тарғиби ғояҳои давлатдории миллӣ ба густаришбахшии ҷуғрофияи аудиторияи худ ҳиммат гуморад ва дар рушди андешаҳои худшиносии миллии қишрҳои гуногуни ҷомеа саҳми шоиста гузорад.
Дар таҳаққуқбахшии ин амри барои ҷомеаи мутаммаддин ниҳоят заруру ҳатмӣ заминаҳои моддиву маънавӣ ва ҳуқуқӣ барои омӯзгорон фароҳам омада, аз онҳо фақат иҷрои рисолати педагогӣ, ки ҳавола ба виҷдони онҳост, тақозо карда мешавад.

.png&w=640&q=75)