Главная
Конференции
Наука в действии: от теории к практике в эпоху глобальных перемен
Хусусиятҳои маъноии воҳидҳои фразеологии маҷозӣ ва тарҷумаи онҳо дар забонҳои то...

Хусусиятҳои маъноии воҳидҳои фразеологии маҷозӣ ва тарҷумаи онҳо дар забонҳои тоҷикӣ, англисӣ ва чинӣ

Цитирование

Мусоева Ф. С. Хусусиятҳои маъноии воҳидҳои фразеологии маҷозӣ ва тарҷумаи онҳо дар забонҳои тоҷикӣ, англисӣ ва чинӣ // Наука в действии: от теории к практике в эпоху глобальных перемен : сборник научных трудов по материалам Международной научно-практической конференции 14 мая 2026г. Белгород : ООО Агентство перспективных научных исследований (АПНИ), 2026. URL: https://apni.ru/article/15151-hususiyatoi-maunoii-voidoi-frazeologii-maoz-va-tarumai-ono-dar-zabonoi-toik-anglis-va-chin

Аннотация статьи

Дар мақола хусусиятҳои маъноии воҳидҳои фразеологии маҷозӣ ва масъалаҳои тарҷумаи онҳо дар забонҳои тоҷикӣ, англисӣ ва чинӣ баррасӣ мегарданд. Таваҷҷуҳи асосӣ ба таҳлили хусусиятҳои мусбат, манфӣ ва бетараф (адами баҳодиҳӣ) равона шудааст. 

Текст статьи

Тарҷума яке аз воситаҳои муҳими робитаи байнизабонӣ буда, дар интиқоли маъно, образнокӣ ва хусусиятҳои услубии матнҳо нақши асосӣ мебозад. Хусусан, тарҷумаи воҳидҳои фразеологии маҷозӣ аз забонҳои гуногун, ба монанди тоҷикӣ, англисӣ ва чинӣ, масъалаи хеле мураккаб ба шумор меравад, зеро ин гуна воҳидҳо на танҳо маънои луғавӣ, балки маънои маҷозӣ ва арзёбии эҳсосиву фарҳангиро низ дар бар мегиранд [9].

Дар забони англисӣ низ чунин ибораҳо зиёд ба назар мерасанд: broken reeds (айнан: қамиши шикаста) – «шахси нобоваринок»; babies and suckling (айнан: кӯдакон) – «навкор, шахсони тамоман бетаҷриба»; a dog in the manger (айнан: саг дар рӯйи беда) – «на ба худу на ба каси дигар»; a round peg in a square hole (айнан: мехи гирд дар сӯрохии чоркунҷа) – «шахсе, ки ба вазифа ё муҳити худ мувофиқат намекунад»; a snake in the grass (айнан: мор дар алафзор) – «душмани пинҳонӣ ва маккор»; pea-soup fog (айнан: тумани шӯрбои нахӯдмонанд) – «тумани зичу зарди Лондон».

Дар забони чинӣ низ чунин воҳидҳои маҷозӣ мушоҳида мешаванд: 纸老虎 (айнан: паланги коғазӣ) – «шахси зоҳиран пурқувват, аммо дар асл нотавон»; 井底之蛙 (айнан: қурбоққаи қаъри чоҳ) – «шахси тангназар ва камтаҷриба»; 狐假虎威 (айнан: рӯбоҳ бо қудрати паланг метарсонад) – «шахсе, ки бо такя ба нуфузи дигарон худнамоӣ мекунад»; 笑面虎 (айнан: паланги хандонрӯ) – «шахси зоҳиран меҳрубон, аммо дар ботин маккор»; 对牛弹琴 (айнан: ба гов мусиқӣ навохтан) – «бо шахси нофаҳм сухан гуфтан».

Воҳидҳои фразеологии исмии маҷозӣ, ки маънои манфӣ доранд, нисбат ба воҳидҳои дорои маънои мусбат бештар истифода мешаванд. Баъзе аз онҳо махсус ба занон, мардон ё кӯдакон нисбат дода мешаванд. Масалан, fine lady (айнан: хонуми зебо) – «зане, ки худро ашрофзода вонамуд мекунад»; a lounge lizard (айнан: калтакалоси роҳрав) – «бекорхӯҷа ё марде, ки аз ҳисоби занони сарватманд зиндагӣ мекунад»; Peck’s Bad Boy (айнан: бачаи бади Пек) – «кӯдаки шӯху бетарбия»; a weak sister (айнан: хоҳари заиф) – «шахси сустирода».

Дар забони чинӣ низ чунин мисолҳо мавҷуданд: 花花公子 (айнан: писари гулпараст) – «марди айёшу занбоз»; 母老虎 (айнан: паланги мода) – «зани дағал ва ҳукмрон»; 小皇帝 (айнан: императори хурд) – «кӯдаки эркаву нозпарвар»; 两面人 (айнан: одами дурӯя) – «шахси риёкору дуруя».

Савсифи мусбати ашхос

Дар воҳидҳои фразеологии маҷозӣ барои тавсифи мусбати инсон низ аз воситаҳои гуногуни тасвирӣ истифода бурда мешавад. Чунин ибораҳо одатан неру, таҷриба, обрӯ ва ё зебоии шахсро ифода мекунанд. Масалан, дар забони тоҷикӣ «пушту паноҳ» – шахси такягоҳ ва пуштибон, «обу оташдида» – инсони соҳибтаҷриба ва рӯзгордида, «гули сари сабад» – азизу гиромии маҳфил ва ҷамъомад маънидод мешавад. Масалан: «Ана ҳаминҳо буданд гули сари сабади маҷлисҳои Шарифҷон-махдум, ки ман аз суҳбати онҳо бӯи хушеро эҳсос мекардам» [3, с. 267].

Баъзе воҳидҳои фразеологии тоҷикӣ танҳо нисбат ба занон истифода мешаванд: моҳи шаби чордаҳ – «зани бисёр зебо»; кабки хиромон – «маъшуқа ё ёре, ки бо нозу карашма роҳ меравад»; моҳи мунир – «зани хушсимо ва нуронӣ».

Дар забони англисӣ низ воҳидҳои фразеологии дорои маънои мусбат зиёданд: a tower of strength (айнан: бурҷи неру) – «такягоҳи боэътимод ва шахси пурқувват»; a big gun (айнан: тӯпи бузург) – «шахси бонуфуз ва соҳибэътибор».

Дар баробари ин, дар забони чинӣ низ чунин воҳидҳо истифода мешаванд: 中流砥柱 (айнан: сутуни миёни ҷараён) – «такягоҳ ва пуштибони асосӣ»; 女中豪杰 (айнан: қаҳрамон дар миёни занон) – «зани ҷасур ва соҳибэҳтиром»; 人中龙凤 (айнан: аждаҳо ва феникс миёни одамон) – «шахси фавқулода боистеъдод»; 掌上明珠 (айнан: марвориди рӯйи каф) – «фарзанди дӯстдошта ё шахси азиз».

Қисме аз воҳидҳои фразеологии англисӣ ба занон ё мардон нисбат дода мешаванд: the fair sex (айнан: ҷинси латиф) – «занон»; girl Friday (айнан: духтар – Ҷумъа) – «ёвари боэътимод, котибаи муътамад»; a golden girl (айнан: духтари тиллоӣ) – «духтари машҳур ва дӯстдоштаи ҳамагон»; a golden boy (айнан: писари тиллоӣ) – «писари машҳур ва маҳбуб»; the lord of creation (айнан: ҷаноби офариниш) – «мард, тоҷи офариниш»; man Friday (айнан: мард – Ҷумъа) – «ёвари наздик ва содиқ».

Дар забони чинӣ низ чунин ифодаҳо дида мешаванд: 白马王子 (айнан: шоҳзодаи аспи сафед) – «марди ормонии занон»; 贤内助 (айнан: ёвари доно дар хона) – «ҳамсари ғамхору дастгир»; 金童玉女 (айнан: писари тиллоӣ ва духтари яшмӣ) – «ҷуфти зебо ва намунавӣ»; 巾帼英雄 (айнан: қаҳрамони зан) – «зани қаҳрамон ва шуҷоъ».

Масалан: «Even before they were acquainted he had admired Osborne in secret. Now he was his valet, his dog, his Man Friday» [6, с. 145]. – Ҳатто пеш аз шиносоӣ ӯ пинҳонӣ Осборнро дӯст медошт. Акнун ӯ ба хидматгори содиқ ва ёвари наздики вай табдил ёфта буд.

Адами (мавҷуд набудани) баҳодиҳӣ

Дар қисми муайяни воҳидҳои фразеологии маҷозӣ хусусияти баҳодиҳӣ тамоман мушоҳида намешавад. Чунин ибораҳо бештар барои ифодаи ҳолат, синну сол, касб, мақом ё номгузории шахсон истифода гардида, маънои мусбат ё манфии равшан надоранд. Масалан, дар забони тоҷикӣ «офтоби сари кӯҳ» – шахси куҳансол ва рӯзгордида маънидод мешавад.

Фразеологизмҳои дорои адами баҳодиҳӣ метавонанд номҳои шахсиро низ дар бар гиранд. Масалан, John Hancock – «имзои шахсӣ» [Ҷон Ҳенкок – арбоби давлатии амрикоӣ, ки номи ӯ дар сатри аввали Эъломияи истиқлолият омадааст]; Tommy Atkins – «Томми Аткинс» (лақаби маъмулии сарбози англис ё амрикоӣ); John Bull – «Ҷон Бул» (лақаби рамзии англисҳо).

Дар забони чинӣ низ чунин намунаҳо мавҷуданд: 阿Q (айнан: А Кю) – «шахси сода ва мутобиқшаванда» [қаҳрамони асари Лу Син]; 雷锋 (айнан: Лэй Фэн) – «шахси фидокор ва хизматгузор» [қаҳрамони маъруфи чинӣ]; 孔乙己 (айнан: Кун Ицзи) – «шахси камбағал ва зиёии бенаво» [қаҳрамони адабии Лу Син].

Масалан: «By some, he called… a through-bred Englishman, by some, “a genuine John Bull”» [5, с. 145]. – Баъзеҳо ӯро англиси асил ва баъзеи дигар «Ҷон Бул» меномиданд.

Тавсифи манфии падидаҳои дигар

Дар воҳидҳои фразеологии маҷозӣ на танҳо хусусиятҳои инсон, балки падидаҳо, вазъиятҳо ва ҳодисаҳои гуногун низ бо маънои манфӣ ифода мешаванд. Ин гуна ибораҳо бештар ҳолати рӯҳӣ, эҳсосот, душворӣ ва ё вазъияти ногуворро таҷассум менамоянд. Масалан, дар забони тоҷикӣ «дарди сар» – чизе, ки сабаби ташвишу азоб мегардад ва «зинда дар гӯр» – дар вазъияти бисёр вазнин ва ноумед қарор доштанро мефаҳмонад.

Масалан: «– Усто Барот! Шумо дар куҷо? – гуфта овоз кард ӯ. – Ман дар ин ҷо бо бачагон зинда дар гӯр шуда нишастаам, – ҷавоб дод касе...» [2, с. 41].

Дар забони англисӣ низ чунин воҳидҳои фразеологӣ зиёд истифода мешаванд: a bitter pill to swallow (айнан: ҳабби талх) – «таҳқир ё воқеияти ногуворе, ки бояд таҳаммул кард»; gall and wormwood (айнан: талхак ва явшон) – «чизи нафратовар ва дилгиркунанда»; a stab in the back (айнан: зарба ба пушт) – «хиёнат ва зарбаи номардона»; the last straw (айнан: хаси охирин) – «қатраи охирин, ки сабрро лабрез мекунад».

Дар забони чинӣ низ фразеологизмҳои дорои маънои манфии падидаҳо ба назар мерасанд: 雪上加霜 (айнан: ба рӯйи барф шабнам илова кардан) – «вазъиятро боз ҳам бадтар намудан»; 眼中钉 (айнан: мех дар чашм) – «чизи нафратовар ё шахси нописанд»; 火上浇油 (айнан: ба оташ равған рехтан) – «низоъ ё мушкилро шиддат бахшидан»; 晴天霹雳 (айнан: раъди осмони соф) – «хабари ногаҳонии даҳшатовар».

Масалан: «I have summoned you to witness it, because I know it will be gall and wormwood to you!» [5, с. 362]. – Ман шуморо махсус даъват кардам, зеро медонам, ки дидани ин ҳолат барои шумо бисёр талху нохуш хоҳад буд.

Тавсифи мусбати падидаҳо

Дар воҳидҳои фразеологии маҷозӣ баъзе падидаҳо ва ҳолатҳо бо маънои мусбат низ ифода мешаванд. Ин гуна ибораҳо одатан арзиш, зебоӣ, умед ва аҳаммияти чизеро нишон медиҳанд. Масалан, дар забони тоҷикӣ «ганҷи ороста» – сухани фасеҳу пурмазмун ва маҳорати баланди суханвариро ифода мекунад; «барги сабз» бошад, маънои туҳфа ё бахшиши одиро дорад.

Масалан: «“Барги сабз”-и аз Чорҷӯй овардаатон бад нест», – гуфт Миризом ба Мулло Раҳмат ва баъд аз андаке сукут афзуд: «бештарини бойҳо дузданд» [3, с. 97].

Дар забони англисӣ низ чунин фразеологизмҳо дида мешаванд: a break in the clouds (айнан: пароканда шудани абрҳо) – «пайдо шудани умед ё рӯшноии вазъият»; the breath of one’s nostrils (айнан: нафаси бинии касе) – «чизи бисёр муҳим ва барои ҳаёт зарур».

Дар забони чинӣ низ воҳидҳои фразеологии мусбат ба назар мерасанд: 雪中送炭 (айнан: дар барф ангишт фиристодан) – «ёрии саривақтӣ ва хеле муҳим»; 锦上添花 (айнан: ба рӯйи абрешим гул дӯхтан) – «чизи хубро боз ҳам зеботар кардан»; 金玉良言 (айнан: суханони тиллоиву ҷавоҳирмонанд) – «суханони пурқимат ва ҳикматомез»; 阳光大道 (айнан: роҳи пурнури офтобӣ) – «роҳи равшан ва ояндадори зиндагӣ».

Ин гуна фразеологизмҳо дар ҳар се забон барои ифодаи падидаҳои мусбат, умедбахш ва арзишманд хизмат мекунанд.

Аадами (мавҷуд набудани) баҳодиҳӣ

Дар баъзе воҳидҳои фразеологии маҷозӣ хусусияти баҳодиҳӣ дида намешавад. Чунин ибораҳо бештар барои ифодаи вақт, миқдор, ҳаракат ё ҳолатҳои муайян хизмат мекунанд ва дорои маънои бетараф мебошанд. Масалан, дар забони тоҷикӣ «намози шом» – вақти ғуруби офтоб ва «мӯру малах» – маънои бисёрӣ ва шумораи зиёдеро ифода мекунад.

Масалан: «Дар ёбон одамон монанди мӯру малах дар ҳаракат буданд» [2, с. 38].

Дар забони англисӣ низ чунин воҳидҳо ба назар мерасанд: duck and drakes (айнан: мурғобиҳо ва пашшаҳо) – «як навъ бозӣ, ки дар он сангчаҳоро ба рӯйи об мепартоянд»; fox and hounds (айнан: рӯбоҳ ва сагҳо) – «бозие, ки як нафар мегурезад ва дигарон ӯро таъқиб мекунанд». Дар забони чинӣ низ ибораҳои дорои маънои бетараф вуҷуд доранд: 人山人海 (айнан: кӯҳи одамон ва баҳри одамон) – «издиҳоми бузурги мардум»; 日落西山 (айнан: ғуруби офтоб дар ғарб) – «вақти шом»; 猫捉老鼠 (айнан: гурба муш медорад) – «як навъ бозии кӯдакона ё таъқиб кардан».

Баъзе фразеологизмҳо метавонанд ҳам ба шахс ва ҳам ба падидаҳои ғайришахсӣ дахл дошта бошанд. Масалан, a dead duck (айнан: мурғобии мурда) – «шахси дар ҳолати бисёр вазнин қарор дошта; кор ё мавзӯе, ки дигар аҳаммият надорад»; a feather in smb’s cap (айнан: пар дар кулоҳи касе) – «боиси ифтихор ва дастоварди муҳим».

Дар забони чинӣ низ чунин воҳидҳо дида мешаванд: 纸老虎 (айнан: паланги коғазӣ) – «шахси зоҳиран пурқувват; чизи беасос ва заиф»; 金字招牌 (айнан: лавҳаи тиллоӣ) – «обрӯ ва номи нек, мояи ифтихор».

Масалан: «This fellow is ambitious, and no doubt believes that closing the Carringbush tote shop will be a feather in his cap» [6, с. 318]. – Ӯ шахси худхоҳ аст ва гумон мекунад, ки бастани муассисаҳои қиморбозии Керрингбуш барои ӯ мояи ифтихор мегардад.

Фразеологизмҳои зикршуда метавонанд дорои маънои мусбат, манфӣ ё бетараф бошанд. Арзёбии мусбат ва манфӣ дар чунин воҳидҳо ба образнокии дохилӣ ва зоҳирии онҳо, инчунин ба маъноҳои луғавии ҷузъҳои таркибиашон вобаста мебошад. Ҳатто агар маънои фразеологизмҳои «пушту паноҳ», «нафаси охирин», «дарди сар», a snake in the grass, a stab in the back, a break in the clouds ва ғайра маълум набошад ҳам, аз таркиби образии онҳо метавон хусусияти маъноии мусбат ё манфиро дарк намуд.

Натиҷаҳо нишон медиҳанд, ки фразеологизмҳо вобаста ба хусусияти маъноӣ метавонанд мусбат, манфӣ ё бетараф бошанд ва ин хусусият дар тарҷума бояд ҳатман ба назар гирифта шавад. Хусусан, фарқиятҳои фарҳангӣ дар интихоби образҳо ва ифодаҳо нақши муҳим доранд.

Список литературы

  1. Амосова Н.Н. Основы английской фразеологии. – Л.: ЛГУ, 1963. – 208 с.
  2. Арнольд И.В. Лексикология современного английского языка. М.: Высш.шк., 1986. – 295 с.
  3. Айнӣ С. Куллиёт “Ёддоштҳо”. Ҷилди 6. Душанбе, 1962. – 408 с.
  4. Айнӣ С. Куллиёт “Ёддоштҳо”.. Ҷилди 7. Душанбе, 1962. – 642 с.
  5. Кунин А.В. Курс фразеологии современного английского языка. М.: Высш. шк., 1986. – 335 с.
  6. Кунин А.В. Англо-русский фразеологический словарь. – М., 1984. – 942 с.
  7. Самокрутово Л.В., Мирсалимов П.К. Русско-таджикский тематический фразеологический словарь. – Душанбе: Маориф, 1990. – 48 с.
  8. Galsworthy J. In Chancery. – М., 1997. – 376 с. 
  9. Maugham S. The moon and sixpence. – М., 1999. – 516 с.

Поделиться

4
Обнаружили грубую ошибку (плагиат, фальсифицированные данные или иные нарушения научно-издательской этики)? Напишите письмо в редакцию журнала: info@apni.ru

Похожие статьи

Другие статьи из раздела «Филологические науки»

Все статьи выпуска
Актуальные исследования

#21 (307)

Прием материалов

16 мая - 22 мая

осталось 6 дней

Размещение PDF-версии журнала

27 мая

Размещение электронной версии статьи

сразу после оплаты

Рассылка печатных экземпляров

10 июня